суббота, 24 февраля 2018 г.

Ибораҳои обдори самарқандиён – 12

Аз ришаш бурида ба мӯйлабаш часпонид. Оид ба корҳои ноӯҳдабароёна.

Пайравӣ кун раҳрави устодро,
Аз ғалат в-аз гумраҳӣ ёби роҳо.

Нокардакор туро ба ин кор чӣ кор? Яъне корҳои ҷиддиро бо таҷрибаи кофӣ бояд анҷомид.

Таваккал нар бувад, андеша мода. Дар Самарқанд аксар таваккал ба маънои «шавад обӣ, нашавад лалмӣ» истифода мешавад, на ба маънои аслиаш умед ба худо. Ин мақол таъкид ба он дорад, ки танҳо андеша чизе мезояд ва ба он такя бояд кард.

Санги вазнина об намебарад. Дар ҳама ҳолат инсон бояд пурбардошт ва собир бошад.

суббота, 17 февраля 2018 г.

Ибораҳои обдори самарқандиён – 11

Ба як пул намеарзад. Ба як пул намегирам. Ба як тини сиёҳ намеарзад. Инҳоро дар мавриди ба нокас баҳо додан мегӯянд.

Ба як пули пучак намеарзад. Низ мегӯянд. Тахмин пули пучак ба маънои пули қалбакӣ омадааст.

Ҳама ош-ба қаттиқ. Қаттиқ калимаи ӯзбекӣ буда мости зардобаш гирифтаро гӯянд. Ин мақол оиди касе, ки ба ҳама кор бинӣ мехалонад.

То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст.

Решеш об-ба. Яъне захира ҳаст.

среда, 14 февраля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 10

Ба гузашта салавот.

Худованди карим имрӯзеша додас.

Фардо – худо подшоҳ.

Некӣ бимонад ҷовидон.

Некӣ куну ба дарё (ба об) андоз. Яъне ҳамон замон фаромӯш кун.

Ман ин писарама сараша дута карданӣ. Яъне зандор карданӣ.

Даҳонсӯхта оба пуф карда менӯшад.

вторник, 13 февраля 2018 г.

Ояндаи Америка чӣ мешавад?

Як донишманди ӯзбек, ки дар ИМА дар як донишгоҳ кор карда будааст, аз телевизиони «Ӯзбекистон» чунин гуфт: Ман дар Амрико бо ректори донишгоҳ ҳамсӯҳбат шуда будам. Ҳамагӣ як писар дорам, гуфт ӯ. Пурсидам, ки мехонад ё кор мекунад? Ректор гуфт, ки мошин мешӯяд.

- Ҷаро ба донишгоҳи худатон надаровардед?

- Донишаш кофӣ нест,- гуфтааст ректор.

- Ин хел мошин шустан гирад, ояндааш чӣ мешавад?- гуфтааст донишманди ӯзбек.

- Ин  хел одам ба донишгоҳ қабул гардад, ояндаи Америка чӣ мешавад?- гуфтааст ректор.

Акнун дар бораи онҳое, ки дониши кофӣ доранду ба курси якуми мактаби олии Амрико дохил мешаванд. Доктор Мясников, ки барномаи саломатии РТР-ро мебарад, гуфт, ки аз чорсад нафар ба курси якуми донишкадаи тиббии Амрико дохилшудагон даҳ фоизи онҳо яъне чил нафар қобилиятноктари онҳо диплом мегиранд.


четверг, 8 февраля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён -9

Зани ёшу (ҷавону) шӯйи пир,
Сабат мону чӯҷа гир.

Чирчиракҳои зери тобут. Ҳамин чӯҷаҳо (кӯдакон).

Бо ту буданам мушкил, бе ту буданам мушкил (зан).

Аз борон гурехта ба лойдон афтид. Аз коре гурехта ба бадтар аз он дучор шудан.

Марда мард мекардагӣ ҳам зан, номард мекардагӣ ҳам зан.

четверг, 1 февраля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самаркандиён – 8

Овозаи Рустам беҳ аз Рустам. Дар  овоза аз даҳон ба даҳон ҳар кас ягон гап илова мекунад. Овоза ҳақикат нест, ба он набояд бовар кард.

Муш гӯш дораду девор муш. Ба маънои он ки дар ҳама ҷо хабаркаше ҳаст.

Оқилон пайрави нуқот нашаванд. Ин ҷо нуқот ба маънои нуқтаҳост. Ба маънои эрод гирифтан омадааст. Яъне оқилон айбкобӣ намекунанд.

Баъди ид ҳиноро ба кунат банд. Самарқандиён дар арафаи идҳо ба дастони худ ҳино мебанданд. Ба ин сабаб дар ҳавлиҳо гули ҳиноро мекоранд. Ин ҷо ишора ба он ки ҳар корро дар вақту соати худаш бояд анҷом дод.

Варианти дигараш: Баъди бод шикастан чорзону.

вторник, 30 января 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 7

Ҳар рӯз ид нест, ки чалпак хӯрӣ. Дар Самарқанд чалпак – хамири туники дар равған бирёндаро одатан дар арафаи ид пухта ба ҳамсояҳо медиҳанд. Ин мақолро ба он маъно мегӯянд, ки аз рӯзи оддӣ бештар маталаб, яъне баднафс набош.

Худашба тӯппа (лахчак) бурида наметавонаду ба дигарон угро даста мезанад.

Кӯри худу бинои дигарон. Яъне камбудии худро набинаду айбҳои дигаронро овоза карда мегардад.

Аввал таҳорати дарун, баъд таҳорати берун. Яъне покии дарун (дил) дар ҷои аввал аст.

Давидани гӯсола то каҳдон. Яъне одами камақл танҳо хӯрданро фикр мекунад.

Дод гӯм мезанан, дод нагӯм деви мачитро мебаранд (дуздон).

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 6

Пушти ману табари қассоб. Шиори баъди обед бойшудагиён. Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад низ шиори онҳост.

Замин миннатдор бош, ки ман пой мемонам. Шиори зану духтарони куртаи «рыбка»-пушӣ баъди обед бойшудагиён.

Аз берун ялдар-юлдур, аз дарун тақар-туқур. Куртаҳои ялдар-юлдурпӯши бойзану духтарон ва дарун аз маънавиёт холии онҳо.

Гов мурад ҳам алоии чашмаш намеравад. Маънои ин мақол хеле васеъ буда, ба он маъно низ меояд, ки таъсири бади одами ганда баъди мурданаш низ давом мекунад.

четверг, 25 января 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 5

Одам бо одам зинда аст.

Аз замини ҷар замин нахар. Дар иқлими Самарқанд дар пастхамиҳо токро сармо мезанад. Яъне ба маънои «аз ҷуқурӣ замин нахар» аст.

Хона нахар, ҳамсоя хар.

Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар.

Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар. Яъне аз ҳосили боғат ба ҳамсоя низ бидеҳ.

Ангур аз ангур ранг мегирад, ҳамсоя аз ҳамсоя панд.

Ифодраҳои обдори самарқандиён – 4

Садақа – радди бало.

Кайф кайфи безанӣ, фатир пазӣ танҳо занӣ (хӯрӣ). Ба ҷои «танҳо занӣ» баъзан «дулунҷа занӣ» мегӯянд. Барои шӯхӣ мегӯянд, зеро медонанд, ки безанӣ кайф он тараф истад, бештар азоб аст.

Ошат ҳалол бошад, дар миёни кӯча хӯр. Ба маънои он ки ошатро русти нахӯр, бо дигарон бо ҳам бин.

Гапфурӯш лаб-лаби бом,
Фисфисак кора тамом.
Визвизак лаб-лаби бом низ мегӯянд.