вторник, 26 февраля 2008 г.

Фарёди Раҳими Қубодиёни

Китоби дарсии «Назарияи адабиёт» китоби дарсии беҳтарин аст, ки натичаи заҳмати Раҳими Мусулмониёни Қубодиёни мебошад.

Ҳеч бовар надоштам, ки эшонро дар Теҳрон вомехўрам. Сафарам ба Машҳад буд ба воситаи Теҳрон. Ҳавопаймои Машҳад баъди 12 соат бояд мепарид. Профессор Мусулмониён инро шунида ба фурудгоҳи байналхалқии Теҳрон омада рост истода будаанд ва ҳамин ки аз гумруки фурудгоҳ гузаштам, чеҳраи нурониашон ба дилам сурур бахшид. Хеле кўшидам, ки ҳамин чо дар фурудгоҳ сўҳбат кунем, рози нашуданд ва ба хонаашон бурданд. Нони самарқандиро ба чашмашон молида бўсида ба аҳли байташон доданд. Аз шом то рўз сўҳбат кардем. Зиндагии хоксорона ва маоши каме доштаанд. Ҳама сарвати эшон чанд чевон китоб. Сипас саҳар ба фурудгоҳ омаданд, ки гусел кунанд ва ин чо 5-6 нафар адабиётшиносони донишгоҳҳои Теҳрон пайдо шуда эшонро миёнагир карданд. Он қадар эҳтиром ва самимият зоҳир мекарданд, ки аз обрўи баландашон дар доираҳои илмиву адабии Эрон гувоҳи медод. Вақти видоъ ду китобчаи нав чопкардаашонро ҳадя карданд, ки «Саду як андеша» ном дорад. Солҳои 1999-2000 дар Теҳрон чоп кардаанд. Дар ин китоб нуқтаҳои чолиб зиёданд, вале фарёди дили эшон ба фикри ман дар ин сатрҳост:

Дарахти миллат
Агар миллат дарахт аст, заминаш мактабу донишгоҳ, решааш шогирдону омўзгорон ва устодон. Ва мевааш - истиқлол.

Ниҳоли истиқлол
Ниҳоли истиқлоли кишвару ободи ва пешравии онро дар боғи мактаб мешинонанд.

Аз хошияи дарсҳои Устод
Ҳар фарде аз аҳли Точикистон, агар намехоҳад пеши ояндагон бо ҳуввияти шикастаи худ бадном шавад, бояд бо дасту дандон Точикистонро нигоҳ дорад. Қадами нахустин ва ҳалкунанда дар ин кори шарофатмандона - таваччуҳ аст ба мактабу донишгоҳ…

Аммо ин фарёди Мусулмониён то ҳануз ба гўше нарасидааст. Фарёди марди танҳоест дар биёбони беохир. Вагарна дар соҳаи маорифи Точикистон нақшаи ислоҳоти азиме кашида мешуд ва амали мегардид. Ва ҳар як чавони мардикоре, ки бо корҳои сиёҳи ғайрикасби машғул аст, панч панчааш ҳунар мешуд ва аз корҳои вазнину чиркин халос.

Комментариев нет: