вторник, 26 февраля 2008 г.

Фольклор - заминаи маҳалгарои

Фольклор чист? Ба фикри ман фольклор маҳсули эчоди қисми бесавод ва қафомондаи чамъият аст. На ҳама намунаҳои он ба пешрафти фикри мусоидат мекунад. Дар илми чаҳони фольклор чузъи этнография аст на адабиёт. Дар фалаксарои ҳама бадбахтии худро аз фалак донистан мазмуни асосии матн аст, яъне барои қашоқиамон худамон айбдор нестем, роҳбарони камхирад айбдор нестанд, ҳамааш аз тақдир - аз фалак вобастааст.

Таъсири хурофот, дин, ақидаҳои кўҳнаи асримиёнаги дар фольклор зиёд аст ва ба матни сурудҳои фалаки низ.

«Ҳама чиз аз фалак вобаста бошад, барои беҳбудии зиндаги мубориза бурдан чи лозим?» - фикр мекунад шунавандаи фалак.

Дар Точикистон 10-уми октябрро Рўзи фалак эълон кардаанд. Аммо фикри Хайём пешрафта аст:

Гар бар фалакам даст буди чун яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.

Дар бобати он ки на ҳар чузъи фольклорро милли, точики метавон номид, боре бо академик Рачаб Амонов сўҳбате доштам. Раҳмати зўр зада исбот кардани шуданд, ки «Гўруғли» решаҳои бостонии точики дорад. Ман дар чавоб гуфтам: Қиссаи қаҳрамонҳои «Шоҳнома» дар деворнигораҳои Панчакенти бостони тасвир шудаанд, дар дастхатҳои қадимаи суғди ёфт шудаанд. Агар шумо яке аз онҳоро вобаста ба «Гўруғли» пайдо кунед, баъд бовар мекунам. Яъне агар точики мебуд, дар ягон матну тасвири бостони ё осори ягон классики адабиётамон инъикоси худро меёфт. Аммо дар байни мардуми чануб шўҳрате дорад. Бозор Собир мегўяд:

Чун дуру дароз мекашад бодаш «ҳи»
Форам бувад ин ба гўши файзободи
Гуфти, нафаси Ризои Ҳикмат бошад
Ин бод, ки месарояд аз «Гўруғли».

Ҳазор кўшиш кунед, ҳам аз осори классикон номи қаҳрамонҳои асоси Аваз ва Гўруғлиро пайдо намекунед. Мазмун ҳам туркисту тарзи сароидан бо «ҳи»-и боди саҳрои низ.

Ба ҳамин сабаб аз Яғноб то Бухоро Гўруғлисарои набуду нест, аммо Шоҳномахониву Маснавихони, Абўмуслимномахони буду имрўз низ кўшиши эҳёи он ҳаст.

Дар замони шўрави ба фольклор аҳамияти зиёд дода мешуд, зеро ба фикри Маскав халқи асосии мутамаддин дар Иттиҳоди Шўрави русҳо буданд ва адабиёти дигарҳо бояд аз сифр - аз фольклор оғоз мегардид.

Тибқи ин сиёсат ба китобҳои дарсии точики баробари Рўдакию Фирдавсии бузургу безавол бо дуторчаҳои худ шоирони бесаводи халқи даромаданд ва чойро барои классикону шеъри ноб аз чумла Фирдавси кам карданд ва дигар точики чунин мактабро хатмкарда дар пеши микрафон чумлаеро ба забони адабии шифоҳи бехато гуфта наметавонист. Агар оҳанги фалаксарои барои баъзе маҳалҳо мефорад, бигзор Рўзи гиромидошти «Фалак» бошад, аммо дар сурате ки Рўзҳои Шоҳнома, Абўмуслимнома, Ҳофизхони, Бедилхони, «Маснавии Маънави» низ бошад. Набояд гузошт, ки фольклор ба классика ва достонҳои қаҳрамонҳои афсонави чун Гўруғли бар достони Абўмуслими шикастнопазир афзалият пайдо кунад. Риояи як таносуби оқилона лозим будагист! Ҳар як чиз аз чумла бахшҳои фарҳанг мақоми аслии худро дорад. Агар онро бо қароре аз мақоми аслиаш бигиреду болотар гузоред, мақоми дигар намудҳои фарҳанг поинтар хоҳад шуд ва ин вайронии таносубро ба вучуд хоҳад овард.

Фалак ҳамчун фольклори мусиқи вижагии худро дорад ва ҳатто оҳангсозони касби ба он таваччўҳ мекунанд. Ҳунари маҳорати фалаксароии Давлатманди Хол хеле олист, аз дастоварди санъати сарояндагии точи каст.

Аммо матни сурудҳо бояд ба талаби рўз чавоб диҳад, барои ваҳдати мардум, истиқлоли кишвар хидмат кунад. Ҳоло барои ба ин мақсад муваффақ шудан хеле заҳмат бояд кашид. Он унсурҳое, ки дар эчодиёти мардуми мо ё оҳанги турки доранду ё ба назарамон бегона метобад, вижагии ин фарҳангро таъмин мекунад ва ёдрас мекунад, ки мо бо қавмҳои турки ҳазорон сол паҳлўи ҳам зистаем ва ин ҳамзисти хоҳ нохоҳ ба фольклори точик бетаъсир набудааст.

Таваччўҳи аз ҳад зиёд ба фольклори маҳалҳои худ дар озмун - азназаргузарониҳои «Бўстон» дар солҳои шўрави маҳалгароиро он қадар ривоч дод, ки беасос нест агар бигўям: фольклор заминаи маҳалгарои аст.

Комментариев нет: