понедельник, 17 марта 2008 г.

Малика Меҳрубонхонум ва мадрасаҳои зарринқабои ў

Дар Самарқанд вобаста ба таърихи ин ё он ёдгории меъмори бо номи занҳои машҳуре метавон дучор шуд, ки дар ҳаёти сиёси ва мадании замони худ мақоми баланде доштанд.

Оиди зани калонии Амир Темур Сарой Мулкхонум (Бибихонум), ки иморати мадрасаи Бибихонум бо ташаббуси ў қомат рост кардааст, қиссаҳои зиёде ҳастанд ва мардум ҳоло ўро ҳамчун зани соҳибқирон ва бинокор бештар мешиносанд.

Аз занҳои шоҳзодаҳои темури номи ҳамсари Султон Абўсаид (1451-1469) Ҳабиба-султон-бегим бо сохтмони ёдгории меъмории Ишратхона вобаста аст. Вақте ки духтари ў Хованд-султон-бегим вафот мекунаду дар Ишратхона ба хок супорида мешавад, Ҳабиба-султон-бегим барои Ишратхона вақфнома месозад. Ҳабиба-султон-бегим духтари амир Чалолиддин Сўҳроб будааст. Азбаски кўшки истироҳатии чорбоғҳои подшоҳиро "тарабхона" ва "ишратхона" мегуфтаанд, бинои кўҳнаи чои ёдгории меъмории Ишратхона иқоматгоҳи духтари ў дар чорбоғи Фирўза будааст, ба ин сабаб баъди гўронда шудани шоҳдухтар низ ин номро нигоҳ доштааст. Пеш аз он ки ба қиссаи Меҳрубонхонум бипардозем, назаре ба он масъала меафканем, ки дар дарбори шайбониён, ки ҳукуматро аз темуризодаҳо кашида гирифтанд, занҳо чи мақоме доштанд. Шайбониён тибқи одати қавми занро баробари шавҳар шоҳ меҳисобиданд. Мақоми аз ҳама баландро зани Муҳаммад Шайбонихон Муғул-хонум доштааст. Шайбонихон ду бор ба шоҳи Эрон Исмоили сафави, ки аз туркҳои чалоири буду лашкараш низ аз туркҳои қизилбош иборат буд, нома фиристода ба чанг даъват кардааст. Вақте ки Муҳаммад Шайбонихон дар наздикии Марв дар интизори лашкари шоҳ Исмоил истода буд, хабар мерасад, ки ў бо қўшуни зиёде омадааст. Сардорони қўшун ба Шайбонихон маслиҳат медиҳанд, ки чангро сар накарда расидани қувваҳои иловагиро аз Мовароуннаҳр интизор шавад. Аммо Муғул-хонум ба шавҳараш мегўяд, ки ду бор Исмоилро ба чанг даъват карди, акнун, ки омадааст, ба чанг набаромадан, беномуси аст. Қувваҳои шоҳ Исмоил, ки бисёр буд, Шайбонихон шикаст хўрд ва кушта шуд. Ин воқеа баёнгари равшани он аст, ки сухани зани шоҳ дар давлатдории шайбониён нақши ҳалкунанда доштааст.

Турбати Муҳаммад Шайбонихонро ба Самарқанд оварда дар саҳни мадрасаи Олияи Хонияи чаласохти ў – рў ба рўи Чорсу мегўронанд. Пеш аз ў бародари дар чанг кушташудаи ў ин чо гўронда шуда буд.

Шайбониён чангҳои худро дар кишварҳои ҳамсоя зери шиори муборизаи зидди мазҳаби шиа мебурданд, аммо ҳадафи асоси ғорати мардум буд. Ба шаҳодати шоирони дарбории Шайбонихон Муҳаммад Солеҳи ўзбак ва Камолиддин Биноии точик дар вақти истилою ғорати Ҳисори Шодмон, Хатлон, Бадахшон, Кундуз ва Бағлон шайбониён он қадар тиллову сангҳои қимматбаҳои аҳолиро тороч карданд, ки танҳо барои ба Самарқанд бор карда фиристодани корвонҳо ду моҳ ками кард. Ба ғайри ин аз ин маҳалҳо 10 ҳазор сар гўсфанд, 50 ҳазор сар асп, 50 ҳазор нафар асир, алмосу тиллою, лаълу атласи зиёде ғанимат гирифта ба Самарқанд фиристоданд.

Ҳарисию хасисии Шайбонихон ба чое расида буд, ки ба раисушуарои худ Камолиддин Бинои фармон додааст, и ҳатто аз шоирон бо пули тилло боч ситонида шавад. Яъне Муҳаммад Шайбонихон сохтмони мадрасаи Олияи Хонияро бо пули ҳамин мардум сар кардааст ва дар сохтмони Қўшмадраса асосан сарвати мардуми ғоратшуда истифода бурда шудааст.

Муҳаммад Темурсултон (писари Шайбонихон) дар бераҳми аз падари худ кам набуд. Агар Муҳаммад Шайбонихон танаи бинокорони сусткори мадрасаи Олияи Хонияро ба чои хишт ба зери девори мадрасаи чаласохти худ хобонда бошад, писари ў Темурсултон дар Бозори Аспи Бухоро аз каллаҳои мардуми шўришгари Қароқўл калламанора сохта буд.

Аз соли 1510 сар карда ҳокими асосии шайбониён Суюнч-хочахон мешавад ва Темурсултон барои чори кардани тартибу интизом дар Самарқанд баробари ҳоким вазифадор мегардад. Ба ў Шаҳрисабз, Насаф, Ғузор, Дарбанд ва заминҳои то соҳили Амударё низ дода мешаванд. Аммо Темурсултон умри дароз надидааст. Соли 1514 ҳангоми як юриш ба муқобили лашкари Бобур дар Ҳисор Темурсултон касал шуда мемурад. Мурдаи ўро ба Самарқанд меоранд. Зани ў Меҳрсултон-хонум баъди дар назди қабри Шайбонихон гўрондани шавҳараш Темурсултон риштаи корҳои давлатро ба дасти худ мегирад. Маълум, ки ба эҳтироми мардум сазовор шудааст, зеро дар байни халқ бо номи Меҳрубонхонум ва Маҳди Улё машҳур гардидааст. Лақаби Улёро ба модари шоҳ медоданд ва маънояш “гаҳвораи оли” аст. Бобур дар “Бобурнома” қайд мекунад, ки хонҳои ўзбак ба дарбори ў сафирони худро фиристода будаанд ва дар байни онҳо сафирони Меҳрубонхонум ва писари ў Пўлодсултон низ буданд.

Ин аз зиракии Меҳрубонхонум гувоҳи медиҳад. Зеро ў шунида буд, ки Бобур дар Ҳинд соҳиби давлати бузурге гардидааст ва метавонад тамоми Мовароуннаҳро тасарруф кунад. Аз чониби Бобур қабул кардани сафирони хонҳои ўзбак маънои сулҳро дошт. Бобур наметавонист сафирони фиристодаи Меҳрубонхонумро қабул накунад, зеро зан асту бо зан чанг кардан қадри мардро паст мекунад. Меҳрубонхонуми зирак ба сифати сафирҳо аз авлоди Хоча Аҳрор Хоча Калон ва Хоча Абдушаҳидро интихоб кардааст. Бобур Хоча Аҳрорро пири худ ҳисоб мекард ва наметавонист пешвоз нагирад.

Бобур ҳамаи сафиронро гарм пазируфта ба онҳо хилъатҳо фохира ва тўҳфаҳои гаронбаҳо ҳадя мекунад. Ба ғайри ин Бобур дар ёд дошт, ки падари Меҳрубонхонум ҳокими заминҳои Сирдарё амир Бурундуқ бо Шайбонихон мечангид. Шайбонихон роҳи ҳиларо пеш гирифт ва духтари ўро ба писари худ келин кард.

Аз он ки соли 1519 Бобур ба Самарқанд ба номи Пўлодсултон девони ғазалиёти худро тўҳфа фиристодааст, гувоҳи медаҳад, ки Бобур ба Пўлодсултон ва модари ў – Меҳрубонхонум муносибати самими доштааст. Яъне кина надоштааст.

Аз рўи “Вақфнома”-е, ки Меҳрубонхонум тартиб додааст, муҳаққиқон ба чунин хулоса омадаанд, ки ў дар рў ба рўи Чорсу, чои кинотеатри собиқи ба номи Навои иморатҳои зеринро сохтааст:

1. Як қисми сохтмонаш ба анчом нарасидаи Мадрасаи Олияи Хония. 2. Мадрасаи Шимолия. 3. Пештоқи равоқи дарвозае, ки Мадрасаи Олияро бо Мадрасаи Шимолия пайваст карда буд. 4. Суфа-мақбараи мармарии шайбониён ва айвони болои он. 5. Ҳаккокии катибаи сангҳои рўи қабрҳо.

Аз матни вақфнома маълум мегардад, ки Меҳрубонхонум дар ин мадрасаҳо кутубхона ва масчид низ созонда будааст. Зеро барои фаъолияти онҳо аз дўкону заминҳои вақф маблағи муайяне фармудааст.

Дар вақфномаҳои Хоча Аҳрори Вали ба ибораи “вақфи мадрасаи Мир Бурундук” дучор мешавем. Эҳтимол номи падари Меҳрубонхонум аст, агар ин тавр бошад, барои Меҳрубонхонум мадрасасози анъанаи оилавист.

Эҳтимол шахсоне пайдо шаванду бигўянд, ки “ҳамин ҳам гап шуд? Дар Самарқанд мадрасаву масчид сохтагиҳо магар кам буданд?”.

Ҳама гап дар сари он ки Қўшмадрасаи Меҳрубонхонум ба мисли мадрасаҳои Регистон ансамбл, яъне мачмўа буд. Меҳрубонхонум дар бомпўшии он тиллоро дареғ надошта буд. Кошинҳои девораш зарҳал доштанд ва дар нури офтоб чилояш чашми ҳар як бинандаро хира мекард.

Дар бораи тоқе (ровоқе), ки ҳар ду мадрасаро мепайвандад, дар “Вақфнома” навишта шудааст, ки “аз шаъшааи тилло ва лочуварди ў анвори беҳчатосор ба дару девори он буқъа тобад”. Яъне на танҳо дар ороиши гунбазҳо, манорҳои бурчи ва дару девори ҳар ду мадраса, балки дар ороиши тоқе, ки ҳар ду мадрасаро бо ҳам пайванд дода будааст, тиллоро ба кор бурдаанд. Аз ин иқтибосе, ки овардем, хонанда худ пай бурдагист, ки “Вақфнома”-и Меҳрубонхонум ба забони китобии точики ба услуби насри мусаччаъ навишта шудааст, ки аз шахси босаводи замони худ будани Меҳрубонхонум гувоҳи медиҳад. Ва мақоми баланди забони точики ҳамчун забони расмии ҳуччатнигори, яъне давлати. Агар Меҳрубонхонум танҳо забони точикии омиёнаи самарқандиёнро медонисту таҳсили мадрасаро намедид, забони ин вақфномаро, ки дар он сухан аз забони ў меравад, намефаҳмид. Нусхаи форсии ин вақфнома ва тарчумаи русии он дар рисолаи илмии Р. Мукминова “К истории аграрных отношений в Узбекистане XVI в” По материалам “Вакф-наме” (Тошканд, нашриёти “Фан”, 1966) оварда шудааст ва камина ин маълумот ва иқтибосро аз ин китоб гирифтам.

Ба қавли шоҳидони дигар низ акси нурҳои офтоб аз ин мадрасаҳо бархоста биноҳои атрофро нурафшон мекарданд. Маълум, ки ин иморатҳо аз биноҳои зеботарини таърихии Самарқанд будаанд. Илова бар ин бо фармоиши Меҳрубонхонум Мадрасаи Шимолия дар шакли аҳром (пирамидаҳои Миср) сохта шуда будааст, ки дар санъати меъмории Самарқанд навовари ҳисоб мешавад. Борои таъмиру тармими иморатҳо ин мадрасаҳо, таъмини маоши мударрисону мулобачаҳо Меҳрубонхонум он қадар замину дўкону чувозу ҳаммомҳоро ба вақф мубаддал кардааст, ки вақфномаи ў шакли як китоби колонро гирифтааст. Танҳо аз тумани Шавдор (ноҳияҳои ҳозираи Тайлоқ ва Ургут) 144 қитъа замини корами калон ба вақфи Қўшмадраса (Мадрасаи Олияи Хония ва Мадрасаи Шимолия) дода шудаанд. Аммо баъди вофоти Меҳрубонхонуми мутаваллиҳои беинсоф маблағҳои аз вақфҳо омадаро дуздида як дирам ҳам ба таъмири мадрасаҳо сарф накардаанд.

Суратҳои пештоқи яке аз мадрасаҳо ва нақшаи як мадрасаи Қўшмадраса–мадрасаи Олияи Хония аз чониби олимони рус соли 1871 кашида шудааст. Аммо дар аввали асри XX ин як мадраса ҳам аллакай вучуд надошт.

Дар асри XIX Суфа – мақбараи шайбониён (самарқандиён “Дахма” мегуфтанд) ба сабаби сохтмони роҳи нав ба чои дигар кўчонида мешавад, ки мўйсафедҳои Самарқанд дар хотир доранд – ба ҳавлии Хонаи Муаллимон (Дом учителей). Дертар аз он чо низ ба паҳлўи Мадрасаи Тиллокори кўчонадаанд. Гўри Шайбониён саргардон шудааст. Ҳоло номи бисёре аз ҳокимони шайбони дар ёди касе нест.

Аммо номи Меҳрубонхонумро ҳамчун ходими намоёни давлати, ки бо Бобур алоқаҳои дўстиву дипломати барқарор карду барои Самарқанд Қўшмадрасаи оличанобе сохт, дар таърих ба неки ёд хоҳанд кард.

Малика Меҳрубонхонум душманиро байни ҳукуматдорони шайбони ва хонаводаи хочаҳои аҳрори барҳам дод. Азбаски хочаҳои аҳрори пири муршиди шоҳзодаҳои темури буданд, ба таъқиби сахти шайбониҳо дучор шуда буданд. Муҳаммад Шайбонихон вориси Хоча Аҳрор сарвари хочаҳои аҳрори Хоча Муҳаммади Яҳёро бо фарзандонаш қатл карда худ умри дароз надид. Меҳрубонхонум хочаҳои аҳрориро боз ба корҳои давлати чалб карданаш аз он маълум аст, ки ду нафари ин хочаҳо ҳамчун намояндаи ҳукумати Самарқанд ба дарбори Бобур ба Ҳиндустон фиристода мешавад. Ба сабаби сиёсати сулҳчўёнаи Меҳрубонхонум Бобур ва фарзандони ў имкон пайдо карданд, ки барои таъмиру тармими ёдгориҳои меъмории темури маблағҳои калон чудо кунанд ва ба Самарқанд фиристанд.

Меҳрубонхонум васият карда будааст, ки ўро дар Даҳмаи Шайбониён (Суфаи маълуми мармари) дар поёни пои шавҳараш гўронанд. Аммо аз ин даҳма тахтасангеро, ки дар катибааш номи Меҳрубонхонум (Меҳр-Султон-хонум) бошад, пайдо накардаанд.

Охирин маълумот дар бораи Қўшмадраса дар китоби “Самария”-и Абўтоҳирхоча дучор мешавад. Ин асар солҳои 1835-48 навишта шудааст. Абўтоҳирхоча дар бораи танҳо як мадраса – Мадрасаи Олияи Хония сухан рондааст, яъне дар вақти навишта шудани “Самария” аз Мадрасаи Шимолияи Қўшмадраса нишоне намонда будааст. Абўтоҳирхоча навиштааст: ”Дар вақти харобии вилояти Самарқанд ин мадраса хароб ва абтар шуд”. Муаллиф аз чониби қазоқҳо солҳои 1722-30 тороч ва вайрон шудани Самарқандро дар назар дорад, ки на танҳо дар дохили шаҳр, балки дар деҳоти атрофи он ягон нафар одами зинда намонда буд. Сипас Абўтоҳирхоча хабар додааст, ки Амири Масъум (Амири Бухоро Шоҳмурод) ин мадрасаро таъмир ва вақфҳои онро чори кунонд, “Ҳоло маҳалли тадрис (дарс) ва чои истиқомати аҳли илм аст” – таъкид кардааст муаллифи “Самария”.

Дар охир чун ҳусни хотима аз шеърҳои зиёди точики, ки дар “Вақфнома”-и мазкур истифода шудаанд, чанд мисраъ иқтибос мекунам, то ки хонандагон аз завқи баланди шеърфаҳмию адабиётдўстии Меҳрубонхонум огоҳ бошанд, ки дар васфи ҳар ду мадраса аст.

Ду мавзеъ дилпазир чун орази дўст,
Ду мавзеъ аз хуши чун чеҳраи ёр.
Якеро саъд гардун карда маъмур,
Якеро бахти маймун буда меъмор.
* * *
Зи давлатҳо расад гўйи башорат,
Ки шоҳонро шавад майли иморат.
Имороте, ки дар офоқ бошад,
Чунон беҳ к-аз латофат тоқ бошад.
Чу анвори қамар аз рўшнои,
Чу айвони фалак дар дерпои.
Мураввеҳ буқъаҳо, фаррух биноҳо,
Ки гўяд ақли кул онро саноҳо.
Ки аз ҳар буқъаи фирдавсмонанд,
Фузун шуд равнақи мулки Самарқанд.

Ин чо буқъа ба маънои чой, маймун ба маънои табаррук, мураввеҳ ба маънои рўҳафзо омадааст.

Комментариев нет: