пятница, 14 марта 2008 г.

Қаҳрамонҳои самарқандии исёни Абў Муслим

Аз исёнҳои истиқлолхоҳи ва мубориза бар зидди зулму истибдоди хоричи танҳо исёни Абў Муслими Хуросони, ки дар он мардуми Осиёи Маркази чун бародарони баробар чабрдида иштирок кардаанд, асарҳои таърихиву достонҳои ривоятии халқиро ба вучуд овардааст. Ба ин сабаб ин асарҳои таърихиву ин ривоятҳоро (аз чумла “Абўмуслимнома”, “Замчинома”, “Тобутнома”-ро) халқҳои точику ўзбек баробар мероси шифоҳии худ меҳисобанд, зеро қаҳрамонҳо муштараканд. Адабиётшиноси шодравон Юсуф Салимов дар мақолаи худ “Робитаи адабиёти точику ўзбек дар қиссаҳои ривояти” навишта буд: “Осори насри ривояти дар роҳи равобити адабиёт ва наздик шудани забони ин ду халқ саҳми муайян гузошт. Насри ривоятии точику ўзбек таърихи қадима дошта, аз асрҳои ХIIIII огоз ёфтааст. Дар асрҳои XIV-XV романи ривоятии “Самаки айёр” ба забони точики тарчума шуд. Чолиби диққат аст, ки чилди панчуми романи мазкур нобуд шудааст, аммо тарчумаи туркии он то кунун боқист. Аз осори ба ўзбеки тарчумашудаи насри ривоятии точик романҳои пурмочарои “Самак”, “Қаҳрамони қотил”, “Шоҳнома”, “Абўмуслимнома”, “Чаҳор дарвеш”, қиссаҳои тахайюлии “Саргузашти Ҳотами Той”, “Ризвоншоҳ” ва чанд осори дигарро номбар кардан мумкин аст”.

Ба тарчумаи ин достонҳо адибони соҳирсухани ўзбек даст задаанд. Масалан шоири доираи адабии Хоразм Санои, ки худ қиссагўи боистеъдод будааст, як силсила қиссаҳои точикиро, чи ба назму чи ба наср ба забони ўзбеки тарчума кардааст.

Аммо муносибати халқҳои точику ўзбек ба “Абўмуслимнома” ва давоми он – қиссаҳои “Замчинома” ва “Тобутнома” самимитар будааст. Зеро Абў Муслим ва дигар ёрони самарқандиву бухороиву хоразмии ў шахсони афсонави не, балки таърихи будаанд ва дар муборизаи мусаллаҳонаи ў фаъол иштирок карда, аввал лашкари азими халифаи араб, сипас лашкари императори Хитойро шикаст додаанд. Таърих дигар чунин корномаи бузургро ёд надорад, ки аз ин пеш халқи Хуросону Мовароунаҳр (ўзбекҳо, точикҳо, эрониҳо ва арабҳои камбағалу ғулом) ба ду лашкари бузурги азим шикасти калоне дода бошанд. Торумори хилофати араб соли 748 сар шуда дар соли 750 ба охир мерасад. Шўриши Абў Муслим на танҳо хусусияти байналмилли, балки умумиинсони дошт. Азбаски Абў Муслим ҳама инсонҳоро новобаста аз ранги пўсту забону дин баробар ҳисоб мекард, зардуштиён низ ба он ҳамроҳ буданд. Абў Муслим ва ҳамсафонаш чунин фикр мекарданд, ки агар ба чои халифаи золим – Марвон каси дигар халифа шавад, зулму истибдод кам шуда ҳуқуқҳои мусулмонони Осиёи Миёна ва Эрон поймол нахоҳад шуд. Ба ин сабаб дар исёни ў табақаҳои гуногуни чамъият аз ҳунармандону кишоварзон сар карда то ҳокимон иштирок кардаанд.

Задухўрди лашкари Абў Муслим бо лашкари Хитой дар назди рўди Талас, назди шаҳри ҳозираи Чамбули Қазоқистон соли 751 рўй додааст. Маълум, ки қазоқҳо низ дар тарафи Абў Муслим чангидаанд.

Натичаи исёни Абў Муслим чунин аст, ки ба чои халифаи Марвони кушташуда ба тахти хилофат намояндаи аббосиҳо ас-Саффоҳ нишаст. Бо супориши Абў Муслим Зиёд ибни Солеҳи соли 753 волии Мовароуннаҳр таъин гардида аз халифа ас-Саффоҳ ба чои Абў Муслим волии Мовароуннаҳр таъин мешавад. Ас-Саффоҳ ба қимати ин мансаб мехоҳад, ки Зиёд бар зидди Абў Муслим исён кунад. Маълум мешавад, ки аз обрўи бузурги Абў Муслим халифаҳо метарсидаанд ё ки талабҳои Абў Муслимро оиди кам кардани андозҳо ичро кардан намехостанд.

Чанги лашкари Абў Муслим бо лашкари Зиёд дар Самарқанд ё атрофи он сурат гирифтааст. Тамоми мардуми Самарқанд тарафдори Абў Муслим будаанд, бо нишондод ва роҳбарии ў деворхои мудофиавии шаҳру қалъаҳои Самарқанд аз нав сохта шудаанд. Дар чанг Зиёд мағлуб мегардад ва дар хонаи Баркас ном деҳқони самарқанди пинҳон мешавад. Баркас Зиёдро кушта каллаашро оварда пеши пои Абў Муслим мепартояд.

Соли 754 Абўчаъфар Мансур ба тахти хилофат нишаст, ки ин низ аббоси буд. Дар ин муддат мардуми Бухоро зидди хилофат шўриш бардоштанд, вале халифа бо лашкари Абў Муслим ва бухорхудот Кутайба ибни Туғшода шўришро пахш кард. Баъди ин воқеа Абў Муслим ба ҳач равон мешавад ва сари роҳ назди халифа Мансур даромада талаби мардумро гуфтан мехоҳад. Аммо Мансур фармон медиҳад, ки баробари ба назди ў даромаданаш посбононаш Абў Муслими бесилоҳро бо шамшер зада кушанд. Ин куштори номардона ғазаби тамоми мардуми Хуросону Мовароуннаҳрро овард. Соли 755 Сумбоди Муғ дар Хуросон шўриш бардошт, сипас Муқаннаъ дар Мовароуннаҳр исён кард, ки инҳо низ шўришҳои истиқлолхоҳи ва зиддиараби буданд.

Баъди он ки халифаҳои Аббоси хиёнат карданд, тарафдорони Абў Муслим ба чои чомаҳои сиёҳи аббоси, чомаҳои сафед ба бар мепўшанд ва сафедчомаҳо номида мешаванд. Абў Муслим чанд сол дар Самарқанд истодааст, аниқ нест, аммо ба шаҳодати таърихнавис Гардези сафедчомаҳо соли 757, яъне баъди ду соли кушта шудани Абў Муслим ҳоким Абў Довудро мекушанд. Дар китобҳо дарч аст, ки часади Абў Муслимро дўстони чонфидои ў Меҳтар Боди Ялдои Самарқанди ва Маликзод Хокони Хоразми ба Самарқанд меоранд ва дар мазори Хоча Тамими Ансори ба хок месупоранд. Меҳтар Боди Ялдои Самарқанди, чуноне ки адабиётшинос доктор С. Саъдиев иттилоъ доданд, тибқи навиштаи тазкираи Малеҳо дар поёни гузари Фақеҳ Абўлайс дар Чокардиза гўронида шудааст.

Солҳои шастум ё ҳафтодум ҳокимони Самарқанд дар Хоча Рўшнои ба вайрон кардани мақбараи Биби Тақалбоз ном шахс фармон дода будаанд, ки ба зиёраташ мардуми зиёд меомад. Дар хабари дар газетаҳо дарчшуда нависта будаанд, ки ў намояндаи Абў Муслим будааст. Яке аз қаҳрамонзанҳои самарқандии исёни Абў Муслим дар “Абўмуслимнома” Мачлисафрўз ном дорад.

Занҳо ва мардҳое, ки дар разведкаи Абў Муслим хизмат мекарданд, аз айёрон буданд. Айёр, ахи, фати ҳама ба ҳаракати пинҳонкори чавонмарди тааллуқ дошта маънои “чавонмард”-ро ифода мекунанд. Занҳои узви ин ҳаракатро эҳтимол тақалбоз мегуфтанд, зеро айёр Биби Сити “Тақалбоз” ном дорад. Азбаски қабри Биби Сити дар Ҳирот маълум аст, мақбараи вайрон шудаи “Биби Тақалбоз”-и Самарқанд ба қаҳрамони “Абўмуслимнома” Мачлисафрўзи Самарқанди тааллуқ доштагист.

“Абўмуслимнома”-ро солҳои шўрави бо фикри ғалати “адабиёти дини” чоп намекарданд, гарчанде ки инкори ин фикри нодуруст аз чониби И. Брагинский, устод Айни, Х. Мирзозода таъкид шуда буд. Соли 1985 дар ш. Душанбе монографияи Қамчин Чиллаев “Абўмуслимнома – романи халқи” чоп шуд. Муаллиф муайян кардааст, ки дар дигар раманҳои халқи унсурҳои дини чи қадар бошанд, дар “Абўмуслимнома” низ аз он зиёд нест.

Ба вучуди ин чилди якуми “Абўмуслимнома” ба ҳарфи кирилии точики бори аввал соли 1994 чоп гардид, ки он ҳам ба мухлисони романҳои халқи дар Ўзбекистон дастрас намебошад.

Аз рўи ривоятҳои анъанави рўи қоғаз овардани достониАбўмуслимнома”-ро Маҳмуди Ғазнави (998-1030) ба Абў Тоҳир Тарсуси фармуда будааст, ки ин дар бисёр дасхатҳои туркии ин асар таъкид шудааст, зеро худи Абў Тоҳир зодаи Туркия будааст. Аммо В. Бартольд аз рўи номҳои он чойҳои Марв, ки дар асар номбар мешаванд, эчоди “Абўмуслимнома”-ро кори охири асри ХI ва аввали асри ХII, яъне замони қарохониҳо ҳисобидааст.

Азбаски асари таърихи оид ба Самарқанд навиштаи Абў Хафси Насафи (вафоташ 1142-43) аз рўзгори Абў Муслим бо такя ба “Абўмуслимнома” нақл мекунад, метавон бовар кард, ки пештар аз ин замон китобат шудааст.

Бино бар ин дарҚандияи хурд”, ки ба забони руси с. 1900 В. Вяткин аз рўи даҳ нусхаи дастнавис чоп кардааст, аз чониби Меҳтар Боди Ялдо ҳамроҳи Маликзод Хоқон ба Самарқанд оварда шудани часади Абў Муслим ва дар мазори Хоча Тамими Ансори гўронидани он таъкид гардидааст. Аммо дар чои дигари ҳамин асар навиштаанд, ки қабраш дар Исфаҳон аст. Сипас таъкид мекунад, ки Абў Муслим чанд вақт ҳокими мутлақи Самарқанд буд. Эҳтимол ҳамон солҳо дар назар аст, ки халифа тарсидааст, ки Абў Муслим Хуросону Мовароуннаҳрро тамоман мустақил намуда ўро аз бочу хироч маҳрум хоҳад намуд. Ва Абў Муслимро аз вазифаи волии Хуросон сабукдўш намуда ҳамаи ҳокимиятро ба дасти Зиёд муҳр карда супоридааст. Сипас мардуми баору номуси Самарқанд ба ҳимояи пешвои худ Абў Муслим бархостаанд.

Аз “Қандияи хурд” маълум мешавад, ки Абў Муслим дар Самарқанд деворҳои мудофиавии шаҳрро тамоман нав карда дар он бурчу тиркашҳо ва дарвозаҳои нав шинонда барои чанг мувофиқ гардондааст. Дар “Қандияи хурд”-и нашри В. Вяткин оиди низоми зиёрати мазорҳо сухан рафтааст ва ибораи “Амири Хуросон” истифода гардидааст. Баъди зиёрати мазори Абў Насри Қассоб ба таъзими Амири Хуросон биштоб, гуфтааст дар ин манбаъ. Азбаски танҳо Абў Муслим чунин унвон дошт, (дар Самарқанд дигар ягон Амири Хуросон набуд) маълум мегардад, ки дар замони навишта шудани китоби “Қандияи хурд” мазори Абў Муслим машҳур будааст.

Тахмин меравад, ки ё солҳои истилои муғул ё фочиаи бузурги ба сари Самарқанд овардаи кўчманчиҳои қазоқ дар солҳои 1752-60, ки Самарқанду атрофи он тамоман беодам мондааст, қайроқи катибадори сари гўри Абў Муслим гум шудааст ва дигар ягон шоҳиди зинда набудааст, ки ба ҳамасрони худ чои қабри ўро нишон дихад.

Доктори илми филология Қурбон Восеъ дар сарсухане, ки ба чилди якумиАбўмуслимноманавиштааст, таъкид намуда, ки Боди Ялдо дар майдондори ва паҳлавони азимтарин чеҳраи адабиёти чавонмардист. Ў дар ҳама ҳолати инқирози худро гум накарда роҳи халосиро пайдо мекунад. Вақте ки Абў Муслим асир меафтаду ҳама ёрон рўҳафтода мешаванд, Боди Ялдо худро ғуломи сарвари душман вонамуд карда ба лагери душман меравад ва Абў Муслимро аз банд озод карда гирифта меорад. Боди Ялдо дар ҳама ҳолат манфиати мардумро мехоҳад. Ин аз он саҳна маълум мегардад, ки дар як шабрави бо се нафар дузд тасодуфан рў ба рў меояд, дуздҳоро шанохта ҳамаи онҳоро бе ҳеч гапу ҳарф корд зада мекушад.

Ихтирокории ў аз донишмандиаш гувоҳи медиҳад. Ў барои чанг найзаи оташфишон ихтиро мекунад. Аз нўги найзаи дарунхолии ў оташ фаввора зада душманро месўзонад. Вай чунон тез ва бесадо роҳ мерафт, ки ба ў Бод ном ниҳода буданд.

Дар “Абўмуслимнома” чунин қаҳрамононе, ки аз Самарқанданд, танҳо нестанд. Фазли Самарқанди низ аз чунин айёрони бебок ва доност.

Дар роман Биби Сити, Чамила, Саида барин образҳои чолиб, ки дар онҳо доноиву часорати бемонанди занон мучассам аст, ҳастанд. Яке аз инҳо бонуи самарқанди Мачлисафрўз мебошад.

Вақте ки ҳама айёрони машҳур – дўстони Абў Муслим аз асир афтодани ў ба дасти Насри Сайёр – душмани хунхори асоси рўҳафтода ва малул буданд, (зеро ҳабсхонае, ки ўро нигоҳ медоштанд паси ҳафт қабат дар буд ва ҳама дарҳо даҳҳо посбонҳо доштанд), Мачлисафрўзи Самарқанди мегуяд: “ Ман Абў Муслимро халос мекунам” ва начот медиҳад. Ва агар ин воқеаро нақл кунем, сухан дароз мешавад. Ҳамин тавр дар “Абўмуслимнома” воқеаҳое тасвир шудаанд, ки ҳам заминаи таърихи доранд ва ҳам бофтаҳои мардуми ҳастанд, ки қиссанавису қиссахонҳо аз рўи муҳаббати самими ба ин қаҳрамонони диловар ба онҳо нисбат додаанд. Аммо як чиз рўшан ва раднопазир аст, ки тавассути часорати Абў Муслим ва исёни озодихоҳонаи мардуми Осиёи Миёнаву Эрон хилофати араб мағлубшаванда будани худро фаҳмид ва ин барои минбаъд ба истиқлоли комил ноил шудани давлатҳои Ачам шароит фароҳам овард. Ҳукуматдорони Хитой бошанд фаҳмиданд, ки агар мардуми ғайринизоми бо роҳбарии як нафар чавонмарде чун Абў Муслим ин тарз чангида лашкари бо яроқи беҳтарин мусаллаҳ ва варзидаи кишвари азими онҳоро шикаст дихад, минбаъд ба Осиёи Миёна лашкар кашидан беақлист.

Истиқлоле, ки имрўз дорем, реша ба корномаи Абў Муслим ва қаҳрамониҳои Меҳтар Боди Ялдои Самарқанди, Қуззоти Самарқанди, Фазли Самарқанди, Мачлисафрўзи Самарқанди ва дигар қаҳрамонони таърихи доранд.

Мешунавем, ки дар ин ё он кишвар ба қаҳрамонони ягон асари бадеи пайкара гузоштаанд. Мо чаро ба Абў Муслим в ҳамсафарони машҳури ў чун Меҳтар Боди Ялдои Самарқанди, Мачлисафрўзи Самарқанди, Фазлу Қуззоти Самарқанди мучассамаи ёдгори нагузорем?

Дар сурате, ки онҳо на танҳо персонажҳои романи халқи, балки қаҳрамонҳои воқеи будаанд ва барои адолат, истиқлол, озоди ва ҳимояи шаъни инсонии пешгузаштагони мардуми мо мубориза кардаанд.

Комментариев нет: