пятница, 14 марта 2008 г.

Қиссаи “қаҳрамони ошиқ”-и Самарқанд

(1200-солагии шўриши Рофеъ ибни Лайс)

Рофеъ ибни Лайс яке аз қаҳрамонҳои номдори Самарқанд аст. Ў муборизаи Абў Муслимро барои истиқлол баъд аз шикасти шўришҳои пайравонаш Муқаннаъ ва Сумбоди Муғ давом додааст. Рофеъ ки буд?

Агар дар ёд дошта бошед, душмани асосии Абў Муслим ҳокими дастнишондаи халифа дар Хуросон Наср ибни Сайёр буд, ки бо ҳамин ном дар “Абўмуслимнома” низ ёд мешавад.

Наср ибни Сайёр барои мустаҳкам кардани мавқеи худ дар байни мансабдорони волемақом духтари Бухорхудот Туғшодаро ба зани гирифта буд. Аз ин занушўии арабу точик ду писар таваллуд шуда ба воя расиданд, ки яке аз онҳоро Рофеъ ибни Лайс меномиданд.

Рофеъ баъди он ки ба камол расид, ўро ба яке аз қисмҳои лашкар меҳтар таъин карданд. Сардор ё раисро он вақт меҳтар меномиданд.

Рофеъ аз он ки халифаҳо аз аҳолии Хуросону Мовароуннаҳр бочу хирочи бисёр мегирифтанд, норози буд.

То ба сари ҳокимият омадани халифа Ҳорун-ар-Рашид вазоратро дар хилофат Бармакиҳо, ки эронинажод буданд, идора мекарданд. Ғорун-ар-Рашид Бармакиҳоро кушт ва зулмро зиёд кард. Волиёни араб Мусайяб ва Ғитриф ба номи худ тангаҳои нав сикка заданд, ки танҳо аз шаш як ҳиссаи он нуқра дошт. Халқ ин фиребро пай бурда ба шаш тангаи ғитрифи ва мусайяби як дирҳами собиқаро медодаги шуд. Волиёни араб хирочи Бухороро шаш маротиба зиёд карданд. Заминдорон бошанд мачбур буданд, ки аз се як ҳиссаи ҳосилро ба давлат ба сифати андоз диҳанд.

Дар ҳамин вазъият халифа ба Хуросон волии навро таъин кард, ки Али ибни Исо ном дошт. Али ибни Исо ба ғорати рўирости сармоядорон сар кард. Ў як қисми молу мулк ва ғуломони ғораткардаашро ба сифати пешкаш ба халифа мефиристод ва халифа-пешвои ислом аз ин амали мусулмонкушии волии таъинкардааш мамнун буд.

Рофеъ ба сифати меҳтари лашкари ҳокими Хуросон баъд ҳамчун афсар ин ҳуқуқпоймолкуниро тарафдори карданаш лозим буд. Аз ин ҳолати ногувори худ азоби рўҳи мекашид. Ўро хешони точикаш таъна зада мегуфтанд: ¾ Мардуми мо ба он умед мусулмон шуд, ки дини Муҳаммади оини адлу инсоф аст. Вале аз рўзи мусулмон шуданаш ин мардум ҳатто як рўз ҳам адлу инсофро аз ҳокимони дастнишондаи халифаҳо надидааст. Босабру тоқат буд Рофеъ ва мегуфт: ¾ Зулм дар намепояд, зеро дар ҳадис ҳаст, ки паёмбар гуфтаанд: Ҳар подшоҳе, ки ба мардуми Самарқанд зулм мекунад, сарнагун ҳоҳад афтод.

Рофеъ медонист, ки бо лашкари бисёри мусаллаҳи ҳокимони араб мубориза кардани танҳо худаш бо ҳазор ё ду ҳазор тарафдораш натичае ҳосил намешавад. Вале воқеае рўй дод, ки косаи сабри ўро шикаст. Рофеъ дар байни ҳунармандон дўстони зиёде дошт. Боре дар дўкони заргар нишаста аз қаҳрамонии Абў Муслим ҳикоя гўш мекард, ки ба дўкон зани чавони хеши халифа Ашрас омад. Рофеъ бо дидани ин зан ошиқи беқарор шуд. Чавонзан низ ба ў ошиқ шуд ва мегуфт, ки ўро аз чанголи Ашрас халос кунад. Рофеъ талаб кард, ки Ашрас ин занро талоқ диҳад. Аммо Ашрас талоқ надод. Он гоҳ Рофеъ ба маъшуқааш маслиҳат дод, ки аз дини ислом берун шавад, то ки ў тавонад никоҳ кунад. Аз дин баргаштаро муртад мегўянд. Зан муртад шуд ва ўро Рофеъ ба никоҳи худ даровард. Ашрас ба халифа шикоятнома навист. Ҳорун-ар-Рашид аз ҳокими Самарқанд талаб кард, ки Рофеъро чазо диҳад. Ҳокими Самарқанд фармон дод, ки Рофеъро ба хар чаппа шинонанд, рўяшро сиёҳ кунанд ва дар кўчаҳои Самарқанд гардонда муноди нидо кунад: ¾ Чазои касе, ки хилофи шариат рафтор мекунад, ҳамин аст!

Ҳоким намедонист, ки дар Самарқанд ҳанўз чавонмардоне, ки дар рагҳояшон хунашон ба мисли хуни рагҳои Меҳтар Боди Ялдо мечўшад, зиёданд ва шабҳо дар меҳмонхонаҳо қиссахонҳо достони Абў Муслимро мегўянду лаънат ба халифаи араб мефиристанд.

Муноди вақте ки дуюм бор нидо дардод, аз кучое чўбе парида омада ба даҳонаш зад ва даҳонаш пури хун ва дандонҳояш шикастанд. Сипас чанд тан чавонмардон бо табарҳои худ ба сарбозони мусаллаҳе, ки Рофеъро чазо медоданд, ҳучум карда, онҳоро куштанд. Чавонмардон банди пойҳои Рофеъро, ки аз зери шиками хар бастаги буд, бо ханчар буриданд. Рофеъ онҳоро шинохт: Айёрони капанакпўше, ки яроқашон табар аст. Капанак нимтанаи намадии беостин буд, ки танҳо айёрон мепўшиданд. Яке аз онҳо гуфт: Рофеъ, акнун кучо мерави?

Рофеъ гуфт: ¾ Ман бо шумоям. Акнун мардумро мехезонем, то Бағдод меравем, ки сари халифаи золимро ба дор кунем!

Ҳамин тавр самарқандиён соли 806 шўриш карда ҳокими арабро гурезонданд ва ин шаҳри бостони, чун дар замони Абў Муслим боз маркази шўриши зидди хилофати араб гардид. Шўришро дар Бухоро бародари Рофеъ-Башир ибни Лайс сарвари кард. Бо даъвати самарқандиҳо мардумони Чоч (Тошканд), Фарғона, Хўчанд, Усрушана (Истравшан), Чағониён, Балх, Тохаристон ба по хестанд. Водии Зарафшону Қашқадарё, пеш аз ҳама ба шўриш ҳамроҳ шуд.

Анбас ибни Муҳочир ва Учайф ибни Анбас, ки бо дастаҳои ҳарбии худ дар Иштихон меистоданд, шўриши Рофеъро дастгири карданд.

Волии Хуросон барои пахш кардани шўриш ба Насаф (Қарши) лашкар фиристод. Насафиҳо аз Рофеъ ёрдами ҳарби пурсиданд. Рофеъ барои торумори лашкари волии Хуросон лашкари тошкандиҳоро бо сарварии ҳокими Чоч (Тошканд) мефиристад ва соли 807 лашкари душмани шўришчиён муҳосира ва торумор гардид. Соли 807 халифа гўё ба кўмаки Али ибни Исо лашкари сеҳазорнафариро бо сардори Ҳарсама ибни Айён равона кард. Ҳарсама ба Марв омада Али ибни Исоро асир гирифт ва молу мулкашро мусодира намуд. Ҳарсама аз Амударё гузашта бошад ҳам пеш рафта натавонист ва ба халифа нома навишт, ки шўриш тамоми шаҳру ноҳияҳои Мовароуннаҳрро фаро гирифтааст. Ҳатто эълони аз чониби халифа кам гардидани хироч дигар таъсире надорад.

Инро фаҳмида халифа бо лашкари азим то Тўс омад ва аз он чо истода ба чанги зидди шўриши Рофеъ ибни Лайс роҳбари кард. Бо чунин лашкари азим Ҳарсама аввал Марв, сипас Бухороро гирифт. Бародари Рофеъ Башир, ки дар муҳосира монда буд, асир афтод. Ҳарсама ўро ба Бағдод ба назди халифа Ҳорун-ар-Рашид фиристод. Ҳорун ўро ба тариқи ваҳшиёна ҳалок кард. Лашкаркашони араб Учайфа ибни Анбас ва Анбас ибни Муҳочир, ки тарафдори Рофеъ буданд, соли 808 хиёнат карда ба тарафи Ҳарсама гузаштанд.

Ҳамин тавр Ҳарсама ба Самарқанд омад ва онро муҳосира кард. Аз туркҳои бодиянишин қарлуқҳо ба арабҳо ҳучум карда вазъияти онҳоро танг карданд. Халифа писари худ Маъмунро волии Хуросон таъин карда буд. Маъмун лашкари Тоҳир ибни Ҳусейнро ба ёрдами Ҳарсама фиристод, ки вазъиятро ба фоидаи арабҳо тағйир дод.

Вазъияти шўришгарони дар ҳисори Самарқанд муҳосирашуда хеле бад буд. Фарзандони Асад ибни Сомон-худот, ки дар хизмати Тоҳир буданд, Рофеъро ба таслимшави бе хунрези рози кунонданд. Онҳо ўро бовар кунонданд, ки волии нав Маъмун ҳокими одил аст ва хирочро чоряк (25%) кам кардааст. Рофеъ зиёда муқовимат карданро хилофи ақл дониста силоҳ ба замин гузошт. Ўро асир гирифта бо ҳамроҳи дигар роҳбарони шўриш ба Бағдод фиристоданд. Халифа хилофи ваъдаи худ, ки таслимшудагонро намекушад, ҳамаи онҳоро кушт.

Халифа Маъмун лашкари Тоҳир ибни Ҳусейнро барои ба тахти хилофат соҳиб шудан истифода кард. Маъмун тарафдорони худро дар Эрон ва Мовароуннаҳр ҳокимони мустақил таъин кард. Ҳамин тавр давлатҳои аз бисёр чиҳат соҳибистиқлоли тоҳириён ва сомониён ба вучуд омаданд, ки ин истиқлол натичаи муборизаҳои Абў Муслим, Муқаннаъ, Роффеъ ибни Лайс буд.

Соли 817 Нўҳ ибни Асад ба Самарқанд, Аҳмад ибни Асад ба Фарғона, Яҳё ибни Асад ба Чоч (Тошканд), Илёс ибни Асад ба Ҳирот ҳоким таъин гардиданд. Танҳо Илёс ба Тоҳириҳо тобеъ буд, бародарони дигар тобеи ҳокими Самарқанд Нўҳ буданд. Баъд аз Маъмун ба сари ҳокимият Мўътасим меояд. Истиқлол ба халифа Мўътасим (833-844) маъқул набуд ва ў ба волии Хуросон Абдулло ибни Тоҳир (830-844) мактуби таҳдидомез навист. Абдулло ин мактубро ба ҳокими Самарқанд Нўҳ мефиристад. Нўҳ чавоб мегардонад: “Тарсидан лозим нест. Дар Мовароуннаҳр сесад ҳазор қария ҳаст. Агар ҳар қария камаш як сарбози пиёда ва ва як сарбози савора диҳад, 600-ҳазор нафара лашкар тайёр аст, ки муқобили душман бичангад”. Халифа фаҳмид, ки дигар Хуросону Мовароуннаҳрро тобеи худ гардонда наметавонад.

Вақте ки шўриши Абў Муслимро бо шўриши Рофеъ ибни Лайс муқоиса мекунед, мебинед, ки шахсияти Абў Муслим бузургтар аст:

1. Абў Муслим аз шўришчиён лашкари тавоно ва пуриқтидори мағлуб нопазир ба вучуд оварда тавонист ва маркази хилофатро гирифт.

2. Ў бо ҳамин лашкар императори Хитойро, ки бо лашкари зиёд ба Осиёи Маркази ҳучум кард, шикаст дод.

3. Абў Муслим тамоми ҳаракати чавонмардии Осиёи Марказиву Эронро тобеи разведкаи худ гардонда тавонист ва аз ҳар як ҳаракати ҳарбии душман зуд огоҳ мегардид.

4. Абў Муслим мардуми гуногунирқу гуногунмиллатро зидди душмани умуми муттаҳид карда тавонист. Аммо дар шўриши Рофеъ дар муҳосираи Самарқанд аз туркон танҳо қарлуқҳо ба тарафдории Рофеъ чангидаанд. Дигарон бетарафиро ихтиёр карда буданд.

5. Абў Муслим гарчи мисли Рофеъ подшоҳзода ва афсари ҳарби набуд, тактика ва стратегияро хуб медонист. Ба ҳар кор оқибаташро пухта фикр мекард. Ин аз тайёрии ў дар мустаҳкам кардани дарвозаю деворҳои шаҳри Самарқанд маълум гардид. Рофеъ бошад ҳамроҳи шўришчиён дар муҳосираи бисёрмоҳаи Самарқанд аз чониби лашкари араб бе хўроквори ва об (арабҳо ягона роҳи обро ба шаҳри куҳна бастанд) монда, ба ҳолати бад афтод.

6. Абў Муслим пеш аз муқобили халифа Марвон халқро хезондан, аввал ба Арабистон рафт, аз хонаводаи пайғамбар душманони Марвонро пайдо кард ва аз сарвари онон хати иршод (ичозати шаръи барои шўриш) гирифт. Яъне пеш аз ҳама ў сиёсатмадор ва дипломат буд.

Ягона камбуди Абў Муслим ин буд, ки фикр мекард: Ба чои Марвон каси дигар халифа шавад, зулм барҳам мехўрад. Ин хатои ўро сарбадорон, ки соли 1365 ба лашкари муғулии Илёс Хоча дар Самарқанд шикасти сутунмўҳраги доданд, ба инобат гирифта давлати барои ҳамон замон демократии роҳбарии коллективиро ташкил карданд. Гарчанде ин давлат бо роҳбарии Мавлонозода дар Самарқанд умри зиёд надид, вале дар Хуросон бо марказаш дар шаҳри Сабзавор аз соли 1337 то 1381 арзи вучуд кардааст. Агар шўришҳои Абў Муслиму Рофеъ намебуданд, ин пешрафти фикри дар паи ислоҳи сохти давлатдори рух намедод. Самарқандиҳо дар тўли асрҳои зиёд ҳодисаҳои таърихии фочиавии худро таҳлил карда натича мегирифтанд ва самти асосии мақсадҳои олиро барои чомеаи адолатпарвар муайян менамуданд.

Ҳар ки наомўхт аз гузашти рўзгор,
Ҳеч наомўзад зи ҳеч омўзгор.

гуфтааст Рўдаки.

Аз “гузашти рўзгор” илми таърих дар назар аст.

1 комментарий:

david santos комментирует...

Thanks for your posting and have a good weekend.