воскресенье, 13 апреля 2008 г.

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ...

Соли 1993 аз Душанбе ба Самарқанд бо даъвати роҳбарони рўзномаи навтаъсии «Овози Самарқанд» омадам, ки дар тарбияи журналистони ҷавони тоҷик барои ин нашрияи нав кўмак расонам. Муаллимҳои синфу мактабҳои тоҷикӣ шикоят мекарданд, ки Тоҷикистон китобҳои дарсии тоҷикиро намефиристад.

Боре ба Душанбе рафта (он вақт режими виза набуд ва муаллимони баъзе мактабҳои тоҷикии вилоятҳои Бухоро, Сурхондарё ва Қашқадарё ба Душанбе рафта китобҳои дарсиро харида меоварданд) ба Вазорати маориф даромадам, ки ба худи вазир ин муамморо бигўям. Вазир банд буд ва академик Муҳаммадҷон Шакурӣ низ дар қабулгоҳ менишастанд. Дар дасташон китоби писарашон оид ба таърих нависта дар Маскав чопкардаро дидам. Чанд саҳифаашро хондам, ки хеле шавқовар ва хотирмон навишта шудааст. Устод Шакурӣ ба ман гуфтанд, ки ба вазири маориф ҳамин китобро нишон дода талаб кардан мехоҳанд, ки барои мактабҳои Тоҷикистон низ навистани чунин китобҳои дарсии шавқоварро фармоиш диҳад.

Сипас, котиба ба пеши вазир даромаду баромада гуфт, ки вазир шумоёнро имрўз қабул карда наметавонад, зеро ҳоло бояд як ваколати хориҷӣ ояд.

Ман дигар вақт надоштам ва ба Самарқанд омадам. Сардабири рўзнома ба ман фармуд, ки ба шўъбаи маорифи шаҳр даромада сабаби кам шудани теъдоди синфҳои тоҷикиро муайян кунам. Ин ҷо бо як корманди хеле куҳансол – пиразани ҳаштодсолаи рус, ки ба чашм айнакҳои хеле ғафс дошт шинос шудам, ки мутасаддии мактабҳои тоҷикӣ буд.

Ў ба ман рўирост чунин гуфт: – Пеш аз ҳама обрўи маорифи тоҷикиро баланд бардоштан лозим. Ин бошад бе кадрҳои хубу китобҳои нави дарсӣ намешавад. Ва як даста китобҳои дарсии дар Русия чопшударо ба ман нишон дода гуфт: – Акнун фаҳмидед, ки чаро тоҷикон фарзандонашонро ба синфҳои русӣ мемонанд?

Ман он китобҳоро ба даст гирифта дидам, ки оид ба ҳар як фан чандин муаллиф китобҳои гуногун доранд ва муаллим имкони интихоби китоби дарсии шавқовартареро дорад.

Дар рўзномаи “Овози тоҷик” мақолаи Абдулло Субҳон (шумораи 20, 12 марти 2005) дар бораи сифати китобҳои нави дарсӣ чоп шуда буд. Муаллиф бо дилсўзии хоси як рўшанфикри поквиҷдони тоҷик оиди беҳтар кардани сифати китобҳои дарсии тоҷикӣ қалам рондааст. Дарҳақиқат дар идораи “Овози тоҷик” имрўз қаламкашоне кор мекунанд, ки дар бобати забону адабиёт дониши фаровон ва илова бар ин таҷрабаи омўзгорӣ доранд. Ба эҷодиёти Абдулло Субҳон ва Паймон барин эҷодкорони “Овози тоҷик” танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ баҳои ҳаққонӣ додааст. Яъне ҳар ду ҳам адибони касбии шинохта ҳастанд ва метавонанд дар бораи чигунагии барномаи таълими забону адабиёти тоҷик, сифати китобҳои дарсӣ фикрҳое бигўянд, ки ба беҳ шудани таълими забону адабиёти тоҷик таконе мегардад.

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор ка
ҷ.

На танҳо чанд нафар ҷонсўзи идораи “Овози тоҷик”, балки ҳар як рўшанфикри тоҷик бояд барои беҳтар шудани сифати китобҳои дарсӣ саҳми худро гузорад. Агар мо сифати китобҳои дарсии худро ба дараҷаи сифати китобҳои дарсии миллатҳои пешрафтаи дигар, ақалан китобҳои дарсии Русия, Фаронса ва дар Эрон чопшуда расонида натавонем, мактаби тоҷикӣ обрўи худро аз даст медиҳад ва оқибат чӣ мешавад, ҳама медонанд...

Донишмандони тоҷики Ўзбекистон ҳама китобҳои забони тоҷикиро навишта ба чоп ва муҳокима пешниҳод кардаанд. Яъне як заминаи асосӣ барои китобҳои дарсии сифатан беҳтари минбаъда фароҳам оварда шуд. Барномаи таълимӣ ҳам дастраси кормандони маорифи тоҷик гардидааст ва дар ҳама мактабҳо ҳаст.

Мутаассифона, омўзгорони тоҷик оиди нуқсонҳои ин барнома (агар як мақолаи дар “Овози тоҷик” чопшудаи омўзгорон Р.Шарифзода ва С.Алиеваро сарфи назар кунем) чизе нанавиштанд. Дар ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ низ мешавад. Мо ҳоло аз қолабҳои фикрии замони шўравӣ пурра халос нашудаем. Он вақт аз Маскав истода талаб мекарданд, ки ба омўзиши фолклор фалон соат дода шавад, зеро ба назари маъмурон адабиёти хаттии ҳазорсолаи мо бо адабиёти бехати баъзе халқҳои шўравӣ ҳамсанг дониста мешуд.

Акнун вақти он расидааст, ки оиди китобҳои дарсии забону адабиёти тоҷик бояд чӣ гуна бошад, баҳсе ташкил карда шавад. Албатта, рўзномаи ҷумҳуриявии “Овози тоҷик” ин баҳсро ташкил карда метавонад. Ҳамаи омўзгорони забону адабиёти ҷумҳурӣ, падару модарон, рўшанфикроне, ки ин китобҳо дастраси онҳо шудаанд, бояд дар ин баҳс иштирок кунанд.

Масалан, шоир Ҷаъфари Муҳаммад метавонад дар бораи чигунагии инъикоси илми пешқадами адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ дар китобҳои дарсии Эрон мақолаи муфиде нависад. Ё ки мулоҳизаҳои донишманди бемонанд Мўҳсин Умарзода дар бораи илми имрўзаи забоншиносӣ магар наметавонад ба беҳ гардидани сифати китобҳои дарсӣ хизмат кунад?

Яъне дар ҷумҳурӣ ҳам омўзгорони пуртаҷриба, ҳам донишмандони варзидаи соҳа ҳастанд, фикри онҳоро ҷамъ оварда, ба муаллифони китобҳои дарсӣ пешниҳод кардан лозим. Баъди як-ду соли ҷамъбасти баҳс як конфронс бо иштироки муаллифони китобҳои дарсӣ ва омўзгорони пуртаҷриба гузаронидан лозим меояд. Ҳамин тавр, батадриҷ барои эҷоди китобҳои сафатан беҳтари дарсӣ муҳити илмӣ ва маънавӣ ба вуҷуд хоҳад омад.

Аммо таҷрибаи барои эҷоди китобҳои дарсӣ дар Тоҷикистон мавҷударо сарфи назар кардан нашояд. То ҳол ба мо маълум нест, ки олимони Тоҷикистон ягон китоби дарсии ба талаби замон ҷавоб дода метавонистагиро навишта чоп карданд ё не.

Комментариев нет: