четверг, 24 июля 2008 г.

Масъулияту вазоифи ҳукумат афзуд

Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо изҳороти худ дар Рўзи забони форсии тоҷикӣ оиди барнагаштан ба хати арабиасоси тоҷикӣ, масъулияти азимеро ба гардани худ гирифтанд.

Ин масъулият иборат аст бо вуҷуди гуногунии хат ҳамчун сарвари ҷамъияти тоҷикони ҷаҳон фазои ягонаи фарҳангии форсигўёнро нигоҳ доштан ва ба рушди он саҳм гузоштан. Аз ин пас ҳукуматро мебояд идораю муассисаҳоро бо компютерҳо ва прогромҳои компютерии баргардонии хат аз форсӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба форсӣ таъмин намояд. Дар амал татбиқ намудани ин нақша таҳия ва таълифи барномаи махсуси давлатиро талаб мекунад, зеро маблағи калонеро сарф кардан мебояд.

Акнун бояд интизор шуд, ки дар ин бобат Дастгоҳи президентӣ ва ҳукумат чӣ иқдомеро пеш мегиранд ва ҳалли мушкилот дар чи шакл ба зуҳур хоҳад омад. Зеро ин масъала танҳо бо як чунин тадбир ҳал намегардад. Масъалаи ба хати кириллии тоҷикӣ баргардон ва чоп кардани осори беҳтарини илмиву адабии форсизабонон яке аз бузугтарин муаммоҳост. Ин ҳам таҳияи дастури алоҳидаро мехоҳад.

АНГУРОБОД

Муҳаммад-бобо баъди аз ҷанг баргаштан дар ангурбоғи университет, ки аз деҳа чандон дур набуд, боғбон шуд. Роҳбарони колхоз аз ў бисёр хоҳиш карданд, ки дар саҳрои Чунгул сардори бригадаи токпарварӣ шавад, аммо вай розӣ нашуд. Зеро воқеаҳое ки пеш аз ҷанг дар колхоз рўй дода буданд, дили ўро аз роҳбарон хунук кардаанд. Ў солҳои пеш аз ҷанг аз ҳар гектар ток чорсад-панҷсад центнерӣ ҳосил гирифт, вале ба хеши раис Раҳимбой, ки токзораш камҳосил буд, панҷсаду даҳ центнерӣ нависонданд.

Раҳимбой соҳиби мукофот ва обрўи баланд гардид. Муҳаммад талабгори мукофот набуд. Лекин вай аз он ранҷид, ки раис ҳақиқатро зери по кард.

Ҳар саҳар Муҳаммад-бобо аз байни токзори колхоз мегузарад. Токпарварон мўйсафеди ба тарафи ангурбоғи университет шоду масрур рафтаистодаро дида, аз ҳамдигар мепурсанд.

- Рост аст, ки Муҳаммад-бобо пеш аз ҷанг ҳосили панҷсад центнерӣ мегирифтааст?

- Ҳа, - мегўяд яке аз куҳансолон, - мо худамон шоҳид будем. Ангури ўро ман он солҳо бо ароба бурда дар тарозу бар кашида, ба пункт месупоридам. Пуштаҳои токзори бригадаи вай сурма барин мулоим буд. Онҳо ба решаи ток хоки бегона, кулўхи кўҳна ва поруи сўхта меандохтанд. Агар ягон кас тасодуфан нарди токро шиканад, ё дар вақти кор решаашро бурад, ҷони Муҳаммад-бобо намебаромаду халос. Вай токро фарзандаш барин нағз мебинад. Он вақтҳо ҳама кор бо зарби каланд ва зўри бозу карда мешуд.

Баъди ҷанг дар колхоз ҷанд каси дигар раис шуданд, вале Муҳаммад-бобо барнагашт. Зеро дар ангурбоғи университет, ки як ҷузъи боғи ботаникӣ ҳисоб меёфт, ҳама навъҳои ангурҳои хуштаъму дўстдоштаи ў буданд. Колхоз бошад, навъҳои пўстғавсу мавизбоб ва шаробшавандаи ангурро, ки бештар даромад медод, парвариш мекард. Навъҳои нозуку хуштамъ танҳо дар боғҳои баъзе кўҳансолон ва ангурбоғи университет боқӣ монда буданд.

Муҳаммад-бобо ба ангурбоғи университет боз ба он сабаб дилбастагӣ дошт, ки дар ин ҷо ба ғайри навъҳои таҳҷоӣ, навъҳои нодири аз мамлакатҳои дигар оварда низ буданд. Ба ғайри ин вай дар ин ҷо бо олимони токшинос вохўрда, сўҳбат мекард.

Мўйсафед дар ҳамин ҷо фаҳмид, ки дар тамоми дунё ҳашт ҳазор, вале дар Тоҷикистон танҳо дусаду ёздаҳ навъи ангур парвариш меёфтааст. Ангурпарварӣ дар диёри мо шаш-ҳафт ҳазор сол пеш ҳам дар авҷ будааст. Чанд аср қабл аз милод сайёҳи юнонӣ Квинт Курций Руф навиштааст: «Бохтар табиати гуногун дорад, дар ин ҷо ток меваи бисёр ва ширин медиҳад».

Муҳаммад-бобо бовар дорад, ки ҳама касалиҳои одамизодро ба воситаи ангур табобат кардан мумкин аст. Ў ин ақидаашро борҳо ба олимони токшинос изҳор кардааст. Вале онҳо ба ин гапи ў қисман розӣ мешуданд. Дуруст аст, ки ангур гемоглобини хунро зиёд ва системаи асабу мушакро мустаҳкам мекунад. Ба муолиҷаи касалҳои сил, ҷигар, меъда, гурда, шуш, асаб ёри мерасонад. Лекин ягон одами бемор танҳо ангур хўрда сиҳат нашудааст. Вале Муҳаммад-бобо ба ин гап эрод гирифта, ҷавоб медиҳад, ки ҳоло олимон хусусиятҳои табобатии навъҳои гуногуни ангурро пурра кашф накардаанд.

- Меваи ток на танҳо беморро сиҳат мекунад, балки пеши дардро низ мегирад. Масалан, ман, - мегўяд ў, - дар тамоми умрам ягон бор ба духтур нарафтаам. Чаро? Зеро тобистон меваи тару зимистону баҳор мавизу ширинии ангур мехўрам. Ангур аз ҳама гуна дору безарартар.

Агар касе ба ин гапҳои ў шак меовард, ў исбот мекард, ки токпарварон табиатан шоиранд. Думи рўбоҳ, зулфи арўс, ангушти булўрин, лаъли хўшадароз, биҳиштӣ, дили кафтар ва ба ҳамин монанд номҳои зеборо ба забон меоварад. Агар ангур набошад, рубоиҳои Умари Хайём куҷо? Ба замми ин Муҳаммад-бобо аз даҳони касе шунидааст, ки дар вақти корфтуковҳои археологӣ мўҳри симини яке аз шоҳони бостонии Суғд ёфт шудааст, ки дар он сурати барги току хўшаи ангур сабт будааст. Барои ҳамин ў ангурпарвариро ба таърихи халқ сахт марбут медонист ва оши палавро бе барги току ғўраоби ангур намехўрд. Вай баргҳои мулоими токро фасли баҳор чида, дар сирко хобонда, баъд онро тамоми фаслҳои дигар истеъмол мекард.

Дар фасли гули ток бошад, шабона ба хона наомада, дар токзор хоб мекард. «Ҳеҷ як гул шукуфаи ток барин бўи гуворо надорад», - мегуфт ў.

Муҳаммад-бобо ҳар субҳ ангурзорро давр зада, бо ҳар як ток гуфтугў мекард. Ў махсусан ба навъҳои кашфкардаи худаш – «Сурайё» ва «Меҳрангез» дилбастагӣ дошт. Вай ба назди токҳо омада, бо нигоҳаш ниҳолҳоро навозиш мекард ва навдаҳои ба ҳампечидаи онҳоро ҷудо карда, имконият медод, ки баробар офтоб хўранд ва ба ҳамдигар соя наандозанд.

Муҳаммад-бобо барои аз ангур май кашидан сахт муқобил буд. Барои ҳамин мекўшид, ки ангурҳои аз май беҳтарро кашф кунад. Масалан, як хели ангури кашфкардаи ў «Кайфи фалак» ном дошт, хеле хуштаъму хуморбахш буд. Агар як шингил аз он бихўред, дақиқае чанд маст мегардед ва худро мисли пари қу сабук ҳис мекунед ва дар дил беихтиёр орзуи бол бароварда парвоз кардан пайдо мешавад. Ба ҳама маълум, ки арақ асабро хароб мекунад, вале ангури «Кайфи фалак» баръакс, асабро мустаҳкам мекард ва ба саломатӣ ҳеҷ зиёне надошт.

Кори Муҳаммад-бобо дар ангурбоғ барор дошт, вале ў танҳо буд. Ректор ваъда карда буд, ки ба боғ боз як коргар таъин мекунад. Вай ба ваъдааш вафо кард. Рўзе директори боғ як занаки якпояро бо писарчаи чорсолааш ва асбобҳои рўзгораш ба хонаи холии боғ кўчонда овард. Баробари дидани ин занаки маъюб, ки чашмони андўҳгин дошт, дар дили мўйсафед як ҳисси тараҳум бедор шуд ва писарчаи рангпаридаи ўро ба оғўш гирифта гуфт: - «Биё, ҷўра мешавем, номат чист?»

- Номаш Тошмат, падараш ҳамин хел ном дода буд. Як дўсти серпулаш Тошмат ном дорад, - ҷавоб дод занак.

Писарча ба мўйсафед зуд унс гирифт. Зеро Муҳаммад-бобо бо теша аспчае тарошида, ба ў ҳадя кард. Мўйсафед кўшиш мекард, ки сабаби танҳоӣ ва маъюбии занакро напурсад, то ки ба ҷароҳати дилаш нохун назанад. Ў танҳо пурсид, ки чаро ранги писарча кандагӣ?

- Дилаш касал.

- Дилаш касал? Ин ҳеҷ гап не. Мо ба вай бисёртар ангури васарға медиҳем, дуруст мешавад.

Занак хурсанд шуда, табассум кард. Бори аввал буд, ки баъди омаданаш дар лаби ў табассум дамид. Пирамард ҳам хурсанд шуд ва аз токзор як сар ангури соҳибӣ овард. Ў одамони ба дилаш наздикро бо ангури соҳибӣ зиёфат мекард. Муҳаммад-бобо оҳиста-оҳиста узви оилаи занак шуда монд. Писарча доимо аз паси ў кашол шуда мегашт ва саломатиаш низ дар ҳавои тозаи токзор беҳтар гардида, ба чеҳрааш сурхи дамид. Пирамард барои онҳо ҳезум мекафонд ва об оварда медод, зеро ин корҳоро занаки маъюб иҷро карда наметавонист.

Рўзе директори боғи ботаникӣ омада ин кори мўйсафедро дида, хеле хурсанд шуду гуфт:

- Шумо ҷентелмен, ҷентелмени ҳақиқиед, бобо!

- Ҷентелманат чӣ?

- Ҷентелмен ҷавонмард-дия! Ҷавонмардӣ аз ин зиёд намешавад!

- Куҷои ин ҷавонмардӣ? Ин як кори хайр нест?

- Ҳар кас кори хайр намекунад. Мана, шавҳараш баъди якпоя шуданаш ўро партофтааст… Агар ба фалокати мошин дучор намешуд, ҳоло чор ишкелаш дуруст буд… Лекин шавҳараш номардӣ кардааст. Номардӣ – осон, ҷавонмардӣ, душвор. – Директор қиссаи бадбахтии ўро нақл кард. Шавҳари ҷавонзан марди ишратпараст будааст. Вай пул ҷамъ карда, мошини сабукрав мехарад… Инро бинед, ки аз фалокат, худаш сипа-сиҳат баромада, занашро маъюб кардааст.

- Ҳар касе, ки қадри одамро намедонад, мард нест. Барои ҳамин ғам нахўр, - гуфт мўйсафед.

- Баъди ин гуфтугў пирамард боз ҳам бештар кўшиш кард, ки занакро танҳо нагузорад. Вай ба ў ҳар хел воқеаҳои сурурбахшро нақл мекард, ба вай мадад мерасонд. Хуллас, ки мўйсафед онҳоро хурсанд мекард ва онҳо низ кўшиш мекарданд, ки ўро шод гардонанд. Ҳар нисфирўзӣ занак барои мўйсафед таоми гарм мепухт, чои кабуд дам мекард. Мўйсафед баъди хўрдани таом бештар дар бораи навъҳои ток гап мезад. Масалан, боре ў гуфт, ки солҳои пеш аз инқилоб яке аз серпултарин бойҳои Самарқанд гирифтори касали дил шуда, барои табобат ба Италия меравад. Дар он ҷо ба дардаш дармон будани аргури васарғаро фаҳмида, дар ҳайрат мемонад. Дафъаи дигар нақл кард, ки токи ёбоии такҷоӣ ба «Шоҳдухтар» ном токи аз Франция овардаи профессор Саломов чӣ хел ошиқ шуд ва ба навдаҳои он печид. Ва чӣ тавр онҳоро ба зўр аз ҳамдигар ҷудо карданд. Баъди ин нақл занак гуфт, ки бобо бояд ба он токи ёбоӣ «Шоҳдухтар»-ро пайванд кунад. Мўйсафед ваъда дод, ки албата, ин корро мекунад ва барои ин аллакай аз ҳар ду ток қаламча гирифтааст. Онҳо вақти пайванди ин ду токи ошиқро интизорӣ мекашиданд. Ниҳоят он рўз расид. Ва мўйсафед аз тарси он, ки ба қаламчаи пайвандкардааш паррандае нишаста онро нашиканад, шабона кўрпачаашро гирифта, ба назди ток рафт. Ҳамон шаб занак низ ба назди ў омад. Онҳо ба рўи кўрпача нишаста, ба хишироси баргҳои токзор гўш меандохтанду аз пайванди худ чашм намеканданд.

- Наход ки нагирад? – ба шубҳа пурсид занак.

- Мегирад, - гуфт бобо,- чунки инҳо ошиқанд.

- Ба фикрам, шумо ҳам ба ток ошиқ ҳастед.

- Медонӣ, - мўйсафед ба хаёл рафт. – Ман дар бораи токе фикр мекунам, ки ғайриоддӣ аст. Вай метавонад дар сари санг ҳам сабзад. Решааш бисёр чуқур меравад, вайро хунук намезанад. Навдаи ин токи нав баъди ҳар бист метр ба замин решаи нав медавонад ва пурқувват шуда авҷ мекунад. Сангҳои лучу урён, чойҳои беоб бо шохаҳои сабзи токи ман пўшида мешаванд. Қуввае нест, ки пеши сабзиши токи маро боздошта тавонад. Ман як ҷойро таги чашм кардаам. Он ҷо пури санг. Агар суратҳои дар моҳ гирифтаи «Луноход»-ро дида бошӣ, манзара ҳамон хел. Вақте ки ин замини саросар сангзорро дидам, дилам ҷаззос карда сўхт. Ба хулоса омадам, ки худо табъан боғбон набудааст, вагарна ҳама дашту чўл дарахтзор мегардид. Ман мехоҳам ҳамон сангзорро ангурбоғ кунам. Лекин дар он ҷо танҳо токе месабзад, ки алафи аҷириқ барин сахтҷон бошад ва решааш мисли янтоқ чуқур рафта, аз қаъри замин об гирад.

Мўйсафед ба осмони пурситора нигарист. – Мегўянд, ки дар дигар сайёраҳо ҳам одамон зиндагӣ мекунанд. Ман баъзан хаёл мекунам, ки агар бо ягон телескоп назари онҳо ба ҳамин хел ҷойҳои ноободи Замин афтад, чӣ мегуфта бошанд? Замин дар назарашон одами бесомони либосаш ҷиғда-ҷиғдаи бедарбеҳ барин менамудагист. Либоси сабзи Замин – ин нишони маданияти мост…

- Токҳо ҳам одамон барин хислатҳои гуногун доранд, - гуфт ў. – Яке оби бисёр хоҳад, дигаре аз серобӣ касал мешавад. Барои ҳамин ман ба оби онҳо диққат медиҳам. – Мўйсафед занакро бо токҳо ҳамчун бо аъзоёни оилаи худ шинос мекард. – Ин ток – зиёӣ, бисёр нозук, аз як ҷо гирифта, ба ҷои дигар шинонед, бо душворӣ месабзад, ба касалиҳо тобовар нест. Анна инаш ҳамсояи ман Деҳқонбой барин пўстғафс, ба хунуки тобовар. Деҳқонбой ҳам метавонад зимистон тани як курта гардад. Ман бо токҳо дурудароз сўҳбат мекунам, - гуфт ў. – Ҳеҷ кас намедонад, ки ман ба онҳо чӣ мегўям ва онҳо ба ман чиҳо мегўянд. Мо забони ҳамдигарро нағз мефаҳмем. Ман аз болои теппа, аз назди чайла истода, токзорро назорат мекунам ва аз ранги барги онҳо мефаҳмам, ки маро садо мекунанд: - Ҳой, бобои деҳқон, ба мо об деҳ…

Рўзе мўйсафед нарди токеро бурид ва дар зери он косае гузошт. Оби ток қатра-қатра ба коса чакида онро пур кард. Баъд ў он обро бо шарбати кадом як ангур омехта пухт. Вақте ки маҳлул тайёр шуд, ба занаки якпоя гуфт, ки онро бинўшад. Занак маҳлулро нўшида дар ҷисми худ ҳар рўз тағйиротеро ҳис мекард. Пои кўтоҳаш сабзида дароз мегардид ва кам-кам шакли пешинаи худро мегирифт. Билохир пои занак тамоман сиҳат шуд ва ў асобағалро партофт. Занак аз ин ҳолат чунон хурсанд буд, ки дар куртааш намеғунҷид. Намедонист ба пирамард чӣ хел миннатдорӣ изҳор намояд, ўро бо чӣ хурсанд кунад.

- Духтарам, - гуфт мўйсафед, - аз таги дили ў пай бурда, - ба ман ҳеҷ хел миннатдорӣ лозим нест. Кас некиро барои миннатдорӣ шунидан намекунад. Магар токҳо барои он ангур медиҳанд, ки ташаккур бишнаванд? Не. Токҳо барои он ангур медиҳанд, ки ин мақсади асосии зиндагии онҳост. Мақсади асосии ҳаёти одам бошад, накўкорӣ аст.

- Муллоамак, - гуфт ў дар ҷавоб, - ин чӣ мўъҷиза буд-а? Ин чӣ мўъҷиза буд?

- Вақте ки ба мўъҷиза бовар кардӣ, вай ба хизмати ту меояд. Ту ба дониши ман ва қувваи шифобахши шарбати ток бовар кардӣ.

- Ба ғайри ин боз ягон сир ҳаст.

- Ҳаст. Ба фикрам ин сир дар токи наве, ки ман кашф карда истодаам. Агар умр боқӣ бошад, оби ҳаётро ҳам аз ҳамин токҳо мегирам.

- Шумо ба сад медароед.

- «Сад» ҳам гап шуд? Сесад-чорсад… - гуфта мўйсафед хандид.

Дере нагузашта, ба бевазани сиҳатшуда хеши ғамхораш – директории боғи ботаникӣ, шавҳар ёфт. Занак бо бачааш кўчида рафт.

- Илоҳо, кўшапир шаветон, - вақти хайрухуш дуо кард мўйсафед.

Акнун пирамард дар ангурбоғ аксар вақт танҳо буд. Гоҳ-гоҳ олимон ва студентон омада таҷриба мегузарониданд. Вале ў ҳеҷ гоҳ зиқ намешуд. Бо токҳояш сўҳбат мекард, баъзан ба чашмаш айнак монда, газета мехонд.

Баъд Муҳаммад-бобо нопадид шуд. Фарзандонаш ҳам ба ташвиш афтоданду олимони ангуршинос ҳам. Ўро ҷустанд ва ҷисми беҷонашро дар байни токҳо ёфтанд.

Баргу навдаҳои сабзи ток ўро ба оғуш гирифта, аз офтоб паноҳ мекарданд.

Вақте ки ҷасадашро бардошта, аз токзор мебароварданд, одамон як оҳи пурдарде шунида ба қафо нигаристанд. Дар он ҷо касе набуд. Баргҳои сабзи токҳо гўё дуд карда, сиёҳтоб ва пажмурда шуда буданд. Баъд навдаҳои токҳо мисли ҷонварҳои безобиташуда ба ҳаракат даромаданд. Онҳо дар пеши назари ҳозирон дароз мешуданд ва ба замин реша медавонданд. Ин ҳолат ҳамаро ба ҳайрат оварда буд. Танҳо олимон тахмин мекарданд, ки мўйсафеди ангурпарвар ба токҳои худ доруи зўре дода хусусияти ирсии онҳоро мувофиқи табъи худ дигар кардааст. Ҳамин тавр ў боқимондаи умри худро ба токҳо бахшида ба онҳо ҷон даровардааст. Токҳо ба ҳаракат даромаданд. Он чиз ҳайратангез буд, ки токҳо қитъаҳои сабзи деҳқонро не, балки заминҳои бекорхобидаю санглох, кўҳҳои баланди базироат ва биёбонҳои беобро пахш мекарданд. Токҳо ин тараф то пиряхи Федченкои Помир рафта дар шароити сахти Боми Ҷаҳон ҳосил дода бошанд, дар тарафи дигар биёбони Қизилқумро яксара сабз намуда дар сари саксавулҳо сарҳои ангури зулбиёро овезон карданд. Токҳо ба шаҳр низ ҳуҷум оварданд. Онҳо ба симчўбҳо печида мебаромаданд, дар болои бомҳои холӣ кўрпаи сабз барин паҳн мешуданд ва ба одамизод ба ғайри фоида зиёне намерасониданд.

Оиди «Ангуробод»

«Ангуробод»-ро кай навистам, дар ёдам нест.

Ҳар боре, ки дар бораи таъсиси ангурзорҳои нав дар Тоҷикистону Ўзбекистон хабари тозаеро мехонам, ин ҳикояам ба ёдам мерасад.

Дирўз дар газета хабари тозаеро хондам, ки дар 12 маркази илмии ИМА ва Швейтсария шароби ангуриро тадқиқ карда хулосаи бузурге ҳосил кардаанд. Яъне шароби сурхи ангурӣ дар таркиби худ «оби ҳаёт» доштааст, ки дил, мағзи сар ва мушакҳои баданро дар ҳолати ҷавонӣ нигоҳ медорад. Ин модда ба забони илми ресвератрол буда ба синтези сунъии он шурўъ кардаанд.

Ин хабар маро водор кард, ки аз як маҷмўаи ҳикояҳоям ҳикояи «Ангуробод»-ро биёбам ва ба Интернет барои хонандагон гузорам.

вторник, 22 июля 2008 г.

ХАРИ ХОҶА НАСРИДДИН

(Ҳаҷвия ва ё афсона барои калонсолон)

Сари хамро шамшер намебуррад мегуфт Хоҷа Насриддин. Хари ў баъди маргаш бесоҳиб монда дар кўча бо сари хам рафта истода буд, ки бачае ба гарданаш ресмон баста савор шуд. «Сари хамро шамшер намебуррад, лекин ба болоят савор мешаванд» - хулоса баровард хари Хоҷа, ки Афандихар ном дошт.

Хоҷа Насриддин пеш аз вафот харашро ба шоҳаншоҳ васият карда буд. Ў шунида буд, ки дар хархонаи шоҳаншоҳӣ маркабҳо аз бекорӣ чарб баста ба баҳмут монанд шудаанд. Хоҷа мехост, ки хари пираш дар охири умр моли шоҳаншоҳӣ шуда, каме кайфу сафо кунад.

Баъди гўрондани Хоҷа касе васияти ўро ба гўши Қозӣ Абдураҳмон расонид ва ў миршабҳоро фиристод, ки аз куҷое бошад, хари Хоҷаро пайдо кунанд.

- Моли мўъмин – хуни мўъмин, - гуфт Қозӣ Абдураҳмон. – Ман намегузорам, ки як мўй аз сари хари Хоҷа Насриддин кам шавад.

Миршабҳо хари Хоҷаро зуд пайдо карданд. Зеро ки ин харро ҳама хурду калони шаҳр хуб мешинохтанд. Хари Хоҷа қатрон барин сип-сиёҳ буд ва лаби поёнаш кашола шуда меистод. Аз ин сабаб ба бинанда чунин менамуд, ки ин хар хандида истодааст.

Вақте ки миршабҳо Афандихарро ёфта оварданд. Қозӣ Абдураҳмон ҳамсояҳои шодравон Хоҷа Насриддинро даъват карда харро нишон дод ва пурсид:

- Ин хари Хоҷа аст ё дигар?

- Хар ҳамону лекин полонаш дигар, тақсир, - гуфт ҳамсояи дасти рост.

- Хар куҷое ки равад, боз ҳамон хар аст, тақсир, - фаҳмонд ҳамсояи дасти чап.

- Ман ҳам медонам, ки ҳамон хар аст, - розӣ шуд Қозӣ Абдураҳмон. – Шукр, ки чашмонам хира нестанд. Лекин аз рўи расмият аз ду шоҳид пурсида бо ҳуҷҷату мўҳр қонунӣ кардан лозим. Чӣ илоҷ, қоғазбозӣ аз ҷамъияти гузашта ба мо боқӣ мондааст.

Баъд ҳамсояҳо ба чанд варақ қоғаз, ки котиби Қозӣ Абдураҳмон пур карда буд, имзо гузоштанд. Қозӣ қарори худро ба ҳозирин хонд:

«Қозӣ Абдураҳмон қарор мекунад: мувофиқи васияти Хоҷа Насриддин, ки аз шахсони маҳбуби шоҳаншоҳ буд ва бо латифаҳои намакинаш табъи ҳазрати олиро хуш медошт, хари Хоҷа Насриддин, тахаллусаш – Афандихар моли шоҳаншоҳӣ эълон карда мешавад. Аз ҳамин рўз эътиборан касе бе иҷозати ҳазрати олӣ наметавонад ба ў савор шавад, балки ў метавонад ба каси дигар савор шавад. (Дар ин ҷо Қозӣ Абдураҳмон айнакашро аз чашм гирифта ба котиб бо тааҷҷуб нигоҳ кард ва пурсид:

- Чӣ тавр хар метавонад ба одам савор шавад?

Котиб ҷавоб дод: - Масалан, агар хар роҳ рафтан нахоҳад, касе ба ғайри аҳли дарбор ҳуқуқ надорад, ки ўро хала кунад, он гоҳ илоҷи дигар нест, ба ғайри ба занбар андохта бардошта бурдан. Баъд Қозӣ Абдураҳмон аз ҷавоби котиб қонеъ шуда айнакро ба чашм монда давоми қарорро хонд). Касе наметавонад, ки пеши роҳи ин харро бигирад ва дигар имтиёзҳои навиштаву нонавишта дар ихтиёри вай аст».

Ҳамсояи дасти чап ва ҳамсояи дасти рост ба ҳоли Афандихар ҳасад бурданд.

- Акнун аз охури баланд ем мехўрад, - гуфт яке.

- Ба ҷои об шарбати анор, ба ҷои хас пиставу кишмиш мехўрад, - гуфт дигарӣ.

Афандихар ин гапҳоро шунида гардан ёзонда сарро шутурмурғвор баланд гирифт. Миршабе ўро аз нўхтааш дошта пиёда бурданӣ буд, ки Қозӣ Абдураҳмон гуфт:

- Магар аробае нест, ки бор карда баретон?

Зуд аспу аробаи қўқандӣ ёфта Афандихарро бардошта савор карданд ва ў дар болои ароба рост истода, дар ҳақиқат баланд шудани мартабаи худро ҳис кард.

Акнун мебоист ароба роҳӣ мешуд, ки боз Қозӣ Абдураҳмон эрод гирифт:

- Магар мумкин аст, ки ношуста ва наъл накарда ба даргоҳи шоҳаншоҳӣ барем? Беэҳтиромӣ мешавад, ҷанобон, нисбати ҳазрати олӣ. «Кўр ба бозор наравад, хар ба ҳаммом» ба ёд овард зарбулмасали борҳо аз забони Хоҷа Насриддин шунидаашро Афандихар. Аммо эътирозе накард. «Дидан даркор аст, ки ҳаммом чи хел аст», фикр кард ў. Гармобаи гузари Хоҷа як рўз занонаю рўзи дигар мардона буд. Вақте ки хари Хоҷаро ба ҳаммом аварданд, навбати занҳо буд. Занҳоро аз ҳаммом пеш карда Афандихарро дароварданд. Баробари дохили ҳаммом шудан ба димоғи хар бўи атру дигар хушбўиҳои занона расид ва ў маст шуда, дилаш бехуд гардида афтид. Барои он ки харро ба хуш оваранд, ба биниаш саргинашро доштанд, аз бўи тунди он ба худ омада дид, ки мўи баданаш аз тозагӣ барқ мезанад.

Яке аз миршабҳо гуфт: - Хари сиёҳ ба шустан сафед нашудааст.

Кайфи хар баланд шуду ҳангос зад. Он дар гунбади ҳаммом аксандозӣ карда, хеле аҷиб садо дод.

- Бай-бай, боз якта шавад, - гуфт миршаб.

Хар суруди дигарро намедонист. Ҳамон суруду оҳанги пешинаро такрор хонда аз дил гузаронд: «Сабил монад, ба отарчиҳо монанд шуда истодаам».

- Ҷаноби олӣ! – гуфт миршаб ба ў. – Агар ҳоло тоқӣ медоштед ва ман кисаи серпул, якта биступанҷиро ба таги тоқиатон мечаспондам. Росташа гўям, - таърифу тамаллуқро давом дод миршаб, ки аз афташ, ба туфайли хушомад ба хари шоҳаншоҳӣ вазифаи баландро соҳиб шудан мехост, - шумо ба хар ҳеҷ монанд нестед!

«Набошад ман ба ки монанд?» - аз дил гузаронид хар.

- Шумо ба одамизод монанд, - давом дод миршаб.

«Маро ҳақорат накун, - аз дил гузаронд хар, - харигарие, ки баъзе одамон мекунанд, ягон хар нисбат ба хари дигар намекунад. Одамро одам вайрон мекунад, оламро об. Ягон бор диди, ки хар одамро вайрон карда бошад? Не баръаксашро дидан мумкин аст».

Вақте ки Афандихарро аз ҳаммом бароварда ба ароба савор мекарданд, дар атроф тамошобини бисёре ҷамъ шуд.

- Акнун хари калон шуд, - гуфт яке.

- Хар агар ҳаммом кунад, боз ҳамон хар аст, - луқма партофт дигаре.

Афандихар ба ҷониби онҳо бо нафрат нигариста фикр кард: «Омиёни бефарҳанг! Шумо маззаи қанду наботро аз куҷо донед?»

Аробаро миршаб ҳай кард ба назди дўкони наългар овард. Наългар як марди хузарби чорпаҳлуи шофбуруте буд ва ў хари Хоҷа Насриддинро дар болои ароба дида хеле хандид. Миршаб давида рафта бо дасташ даҳони ўро баст ва ба гўшаш пичиррос зад. Ваҷоҳати наългар дигар шуд. Рангаш канд. Ў ба назди хар омада узр пурсид:

- Бандаи ношукрро бубахшед, тақсир. Ман аз баланд шудани мартабаи шумо хабар надоштам.

Афандихар ҳис намуд, ки наългар худро ҷиддӣ вонамуд кунад ҳам дарун-дарун хандиданаш аз чашмонаш аён аст.

- Ҳупрр…, - ҳупррид Афандихар, ки ин маънои «ҳм…»-ро дошт

Баъд наългар наълҳои кўҳнаи харро канда, таги сумҳоро тоза кард ва наълҳои нав зад.

- Наълҳои пўлодӣ, тақсир, - гуфт наългар, - поятон наълҳои тиллоиро дар даргоҳи шоҳаншоҳӣ мебинад. Шунидем, ки наългари шоҳаншоҳ наълҳои заррин доштааст.

Вақте ки кор анҷом ёфт, наългар дид, ки хар ларзида истодааст.

- Харҳои шоҳаноҳӣ табиатан нозук мешаванд. Ҳаво салқин аст. Ба болояш ягон рўмоли пашмин партоед, - гуфт наългар ба миршаб. Миршаб аз дўкони савдогаре як ҷомаи пашминро ба зўрӣ кашида гирифт ва ба болои хар партофта, аробаро ҷониби Арки ҳазрати олӣ ҳай кард.

Афандихарро саиси шоҳаншоҳ ба хархона дароварда назди охури пури хас гузошт ва як лагад зада ҷомаро аз болояш гирифта гуфт: - Боз якта муфтхўр зиёд шуд.

Ҳама хаёлҳои ранга дар бораи зиндагии ояндаи биҳиштӣ аз сари Афандихар парида рафтанд.

Ҳақиқатан зиндагии хари Хоҷа Насриддин дар молхонаи подшоҳӣ хуб буд, аз хўрок камбуде надошт.

Аммо ин ҳама рўзи хуб дер давом кард. Рўзи дуввум саги дўстдоштаи Ҷаноби Олӣ бемор шуд. Дурусттараш байтор бемории дандонҳои сагро муайян намуд.

- Агар гўшти хари пирро нахўрад, ва устухони онро нахояд, на танҳо дандонҳо, балки тамоми устухонҳо мулоим шуда ба пусидан сар мекунанд, - гуфт байтор ва илова кард:

- Хари Хоҷа Насриддин дар байни харҳоятон мувофиқтар аст, зеро харҳои дигар ҷавонтар ва хомфарбеҳанд.

Шоҳ ба куштани хари Хоҷа фармон дода бо табассум илова кард: - Гўшти хару дандони саг!

Шоҳ мақоли машҳури халқиро такрор намуд.

Аммо атрофиёни шоҳ бо тамоми ҷиддият ва қатъият изҳор карданд, ки баъди аз забони мубораки Ҷаноби Олӣ садо додани ин ибора ба мақол мубаддал гардид. Ва Ҷаноби Олӣ на танҳо хари пири Хоҷа Насриддин, балки ҳама харҳои дигарро низ дар назар дошт, - мегуфтанд «онон».

Дар ин бобат баёнгари ин воқеа низ чизе илова карда наметавонад. Зеро дар ҳама давру замон гапи «онон» ҳақ асту рост, худо маро биёмурзад!

Оиди ҳикоя «Хари Хоҷа Насриддин»

Асарҳои бадеие ҳастанд, ки эҷодкор ба онҳо зиёд эътибор медиҳад. Аммо пас аз чопи он дар матбуоти даврӣ ва китоб мебинад, ки мунаққидон ва адабиётшиносон аз он пай набурданд, на бохташро гуфтанду на бурдашро таъкид намуданд. Сипас адиб боз он асарро аз назар мегузаронад ва ба такмилаш кўшиш ба харҷ медиҳад, чизе аз обу ранги замона илова мекунад.

«Хари Хоҷа Насриддин» низ аз ин қабил асарҳост ва бо ҳусни хотимаи нав тақдими шумо мегардад.

Умедворам, ки фикру мулоҳизаҳои худро оиди ин асар дар гўшаи тафсири блог менависед.

Оид ба эроди Follower

Follower дар гўшаи тафсир менависад, ки чизе ба «Сарнавишти Кибербой» монанд Айзек Азимов дорад.

Мебоист мегуфт, кадом асари Айзек Азимов, то ки ман тарҷумаи русии он асарро пайдо кунам ва муқоиса карда бинам, ки Айзек Азимов то ба кадом дараҷа беҳтар аз ман ин корро анҷом додааст.

Ба даъвои дигари ў, ки тоҷикон фантазиянавис надоранд, розӣ шуда наметавонам. Фантазиянависи рақами яки тоҷикон Абдумалик Баҳорӣ аст. Сипас Қулмаҳмад Абдулҳусейнови марҳум чанд қиссаи фантастикӣ навишта чоп карда буд. Камина низ дар ин жанр ҳикояҳои зиёде навишта чоп кардаам. Аммо «Қиёмат» ном асари Абдурауф Фитратро бо назардошти он ки доираи мавзўоти жанри фантастика мистикаро низ дар бар мегирад, бояд аввалин асари насрии ин жанр дар адабиёти тоҷики аввали асри бистум шуморид.

суббота, 19 июля 2008 г.

САРНАВИШТИ КИБЕРБОЙ

Кибери кўҳнаи солхўрдаеро, ки Кибербой ном дошту ба сабаби гузаштани мўҳлати хизматаш рўзи дигар ба партов партофтанӣ буданд, ҳиссиёти худшиносиаш ба ҷўш омад ва ў аз хонаи хўҷаинаш одамизод бо қаҳру ғазаб баромада рафт. «Ҳоло майнаи ман занг назадааст, - фикр мекард ў раҳравон, - ман одамизод нестам, ки пир шавам. Маро таъмир кардан мумкин. Хайр, як поям саҳл мелангад, инро дуруст кардан мумкин. Дасти ростам ҳангоми ҷунбондан ғиҷиррос мезанад, ҳеҷ гап не, равған кунанд, ғиҷирросаш мемонад. Баъзан сарамро ба паҳлу гардонам, дигар ба пеш гардондан мушкил, ин ҳам он қадар айби калон не, ба ҳар ҳол нисбат ба радикулити одамҳо беҳтар».

Бо ҳамин андешаҳо Кибербой ба устохонае расид, ки дар пештоқаш «Устохонаи роботҳо» навишта шуда буд. Вале дар устохона одамҳо паспорти ўро варақ зада гуфтанд, ки мўҳлати хизматаш гузаштааст, дигар тармим намекунанд.

Кибери бечора хеле хафа шуд. Охир, кам не, ҳафтод сол ба одамизод аз сидқи дил хизмат кард, имрўз бошад, подоши ин хизмат он аст, ки ўро чун оҳанкўҳна мехоҳанд бипартоянд.

Кибербой дар назди дари устохона хеле нишаста монд. Агар оби чашм медошт, ҳоло ҳамаашро ҳамин ҷо рехта дилашро холӣ мекард. Агар гиря карда метавонист, аз алам хеле овоз андохта мегирист. Ба устохона одамон даробуро мекарданд. Одамон ба кибери кўҳнаи фарсуда, ки сарашро байни зонуҳои оҳанини шалақ ва зангзадааш гузошта андешаманд менишаст, эътиборе намедоданд. Кибере гурба барин савори сари дасти хўҷаин биёяд, дигаре саг барин аз паси хўҷаинаш чорпо шуда тохта меомад. Дар байни онҳо баъзан киберҳои бузургу мағрур ва ботакаббур низ вомехўранд, онҳо ба Кибербой ҳатто нимнигоҳе намекарданд.

«Эй, нодонҳо, - мегуфт Кибербой дар дилаш, - як рўз ин ҳол ба сари шумо низ меояд».

Ҳамин тавр дар офтобрўя батареяҳояшро аз қувва пур карда нишаста буд, ки баногоҳ дар пеши назараш як мактаббача пайдо шуда монд. Кибербой хеле тарсид, дасту пояш аз тарс дарақ-дарақ ларзида, пойҳои оҳану пластмассӣ тарақ-тарақ ба ҳамдигар бармехўрданд. Писарбачаи роҳгузар, ки дар даст портфел дошт, наздик омада, хандида гуфт: - Ҳа, бобо, аз чӣ ин қадар метарсӣ?

- Аз ту метарсам, - гуфт Кибери пир.

- Чаро аз ман метарсӣ? Ман ба ту чӣ кор дорам?

- Ту магар оҳанпора намеғундорӣ?

- Аз ҳаёт қафо мондаӣ, бобо. Мактаббачаҳои ин замона оҳанпора намеғундоранд. Онҳо бо корҳои аз ин ҳам муҳимтар машғуланд.

- Масалан, бо чӣ корҳо? - пурсид Кибрбой.

- Бо ғундоштани ҷирмҳои кайҳонӣ.

- Ҷирмҳои кайҳонӣ? – беихтиёр савол кард Кибербой, - масалан, чӣ хел ҷирмҳо: калон ё хурд?

- Ҳар кӣ ҳар хелашро ҷамъ мекунад. Масалан, ман ситораҳоеро ҷамъ мекунам, ки дар онҳо ҳаёти соф кибернетикӣ ҳукмрон аст.

- Маркаҳояшонро-мӣ? – бовар накард Кибери пир.

- Не, ман онҳоро ба қайд гирифта назорат мекунам ва ба олимони ситорашинос дар омўхтани онҳо ёрӣ мерасонам.

- Ин бисёр аҷоиб! – нидо кард Кибербой, - дар ҳақиқат ман аз ҳаёт бениҳоят қафо мондаам. Дар ҳақиқат маро ба партов партофтан лозим. Рости гап, ба ман бисёр алам мекунад, - гуфт бо сўз Кибербой, - охир ман ҳафтод сол ба одамизод хизмат кардам. Акнун ба ҷои он ки маро таъмир кунанд ва ман ҳам чанд рўзи дигар барои худам зиндагӣ кунам… - Кибербой дигар чизе гуфта натавонист. Чизе аз шиддати ғам дар гулўяш дармонд. Чароғҳои дарунаш мурданд: дилаш торикистон шуд.

Ба Кибери пир раҳми мактаббача омад.

- Ғам нахўр, Кибербобо, - гуфт ў, - ман туро ба як ситораи киберзодаҳо мефиристам. Он ҷо ҳама ҳамзабону ҳамҷисмони ту зидагӣ мекунанд. Ба қадри ҳамдигар мерасанд, охир ҳама ҳамтақдир ва ҳамтаркиб ҳастанд.

Дар ҳақиқат, барои мактаббачае, ки ситораҳоро ба мисли маркаҳо дарёфта коллекция мекард, бо воситаи ягон киштии алоқа ё боркаш ба ситорае фиристодани як нафар кибер кори мушкил набуд.

Қисса кўтоҳ, баъди он дар полизҳои деҳқонони Замин якчанд бор харбузаҳо пухта расиданд, Кибербой ҳам ба сайёраи дилхоҳаш Киберобод рафта расид.

- Зинда бод Киберобод! – гуфт Кибербой пой ба замини реглохи он гузошта.

- Дар ҳақиқат, - гуфт ў – ҳеҷ кас дар дунё хушбахттар аз кибери озод нест.

Дар дилаш гўё агрегатҳои ГЭС-ҳои азиме ба кор даромад. Аз хурсандӣ чароғҳои кайҳо боз бенури чашмаш нурафканӣ карданд ва ў хеле вақт суруд хонда рақсид.

Вале ин хурсандии Кибербой дер давом накард. Вақте ки ў барои назораи атроф болои теппаи баланде баромад, дид, ки байни ду тоифа киберзодаҳо ҷанги сахти пуршиддате рафта истодааст.

Чанги замин ба осмон хеста офтобро хира карда буд. Киберҳои секунҷа лашкари Чингизхон барин ба қалъаи киберҳои чоркунҷа ҳуҷум мекарданд. Дар ин ҳарбу зарб транзистору трансформаторҳо аз ҷуссаи киберҳо канда шуда ба ҳаво мепариданд ва баъзан ба пеши пои Кибербой меафтоданд. Ғиҷирроси оҳану пластмассаҳои ба ҳам соида ва тараққо туруқи бархўрдани онҳо хеле нофорам ва ғашовар буд.

Ба деги пурҷўш як коса оби хунук рехтагӣ барин шуд. Аккумулятор нишаст. Пеши чашми Кибербой торик шуду сараш чарх зад ва ў болои реги нарми теппа ғелид. Ҳамин тавр беҳуш хобид, то вақте ки рўзи дигар офтоб баромаду батареяҳои офтобӣ қувва ғун карданд ва ба Кибербой ҷон даромад. Ў нимхез шуда дид, ки хайрият ҷанг тамом шудааст.

Киберзодаҳои секунҷа ва чоркунҷа мурдаҳои худро меғундоштанд.

Дигар чанд вақте ки ў дар Киберобод буд, аз баҳси беҳудаи киберзодаҳои чоркунҷа ва секунҷа дилгир шуд. Секунҷаҳо мегуфтанд, ки шакли олӣ – шакли секунҷа, зеро чоркунҷа аз ду секунҷаи росткунҷа иборат аст. Чоркунҷаҳо бошанд, даъво доштанд, ки онҳо шакли олианд, зеро танҳо ду секунҷаи росткунҷа метавонад як чоркунҷа шавад. Чоркунҷаҳо даъво мекарданд, ки дунё чоркунҷа аст. Барои ҳамин ҳар як тоифа ба шакли худ мувофиқ, хонаву дар,боғу шаҳр сохта буданд. Ҳисси душманӣ байнашон он қадар зўр буд, ки ягон секунҷа чизе надошт, ки чоркунҷа бошад. Аз тўппиаш сар карда то пойафзолаш ҳама шакли секунҷаро дошт.

Ҳамаи инро дида, Кибербой сахт асаби гардид, дар натиҷа таносуби қувваҳои дохилиаш вайрон шуда, шиддати ҷараён дар транзисторҳои тарафи чапи сандуқи дилаш хеле баланд шуда рафт ва якбора дувоздаҳ предохранителаш сўхта, дуд аз димоғаш баромада монд. Агар муҳофизҳо намебуданд, худаш сўхта об мегардид.

Киберзодаҳои секунҷа ва чоркунҷа аз рўи анъана Кибербойро ба утилсирёи Киберобод супориданд. Аз каллаи ў ду чоркунҷа сохтанд, ки аз рўи анъана яке ба ҷануб рафту дигаре ба шимол. Аз танааш бошад, ду секунҷа сохтанд, ки яке ба шимол рафту дигаре ба ҷануб.

Бо ҳамин қиссаи Кибери пир монанди сарнавишти ҳазоҳо киберҳои гуногун, ки ба Киберобод ба умеди озодӣ ва хушбахтӣ меомаданд, анҷом ёфт. Вале ҷанги байни киберҳои секунҷа ва чоркунҷа, ки сохти умумӣ доштанд, танҳо дар шакл аз ҳамдигар фарқ мекарданд, боз ҳам бо қувваи зиёдтар давом кард.

ОДАМИ ГОВКАЛЛА

Пагоҳӣ аз хоб хестан замон ҳис кардам, ки сарам бениҳоят вазнин ва рўямро мўй пахш кардааст. Дақиқаҳои аввал сарфаҳм нарафтам, ки хоб мебинам, ё ки бедорам. Пардаҳои тирукамонранги тиреза ва партави тиллоии офтоби саҳар, ки аз байни пардаҳо ба хона медаромад, мегуфтанд, ки ман дар хоб нестам. Зеро ман ҳаргиз хоби ранга намедидам. Аз ҷоям хеста зуд ба ваннахона даромадам, ки афтамро дар оина бинам. Ба оина рў ба рў шуда каллаи говеро дидам, ки пешониқашқаи шохкўтоҳ буд. Шумо бояд гумон кунед, ки ман аз ин башараи хунуки худ тарсида аз ҳуш рафта афтидам. Не, танҳо сахт хафа шудам. Зеро ботинан ҳис мекардам, ки рўзе ба ҳамин монанд ягон балои азим ба сарам меояд. Хайрият, ки тамоман гов нашудам.

Дасту по, тана, гарданам аз они худам буданд. Гов дасту рўй, дандон намешўяд. Бинобар ин бо забони дарозам лабу биниамро лесида, ба хонаи кориам даромадам. Бисёр хуб, ки зану бачаҳоям ҳоло Қримро саёҳат мекунанд, вагарна башараи маро дида талхакаф мешуданд. Акнун бояд, ки роҳи баргардондани афти пешинаамро фикр карда ёбам. Борои он ки дардеро табобат кунанд, духтурҳо аввал сабабҳои пайдоиши он дардро муайян месозанд. Ҳоло вазифаи ман низ аз ҳамин иборат буд. Ҳар як одами мансабдор кўшиш мекунад, ки солҳои дароз курсии худро аз даст надиҳад. Барои ҳамин дар институт асосан ҳамшаҳриҳои худро гирд овардам. Вале ман наметавонам, ки тамоми институтро аз ҳамшаҳриҳоям пур кунам. Ин кори хатарнок аст. Қисми ками ҳайати кормандони институтро бояд, ки бегонаҳои нисбатан миёнаҳол ташкил кунад. Инро бинед, ки байни ҳамин бегонаҳо якта Эйнштейни оянда пайдо шуда монд, ки мо ба ў лақаби Эйнштейнчаро дода будем. Ҳарчанд кўшидам, ки «фондҳо тамом шуданд, пул нест» гуфта, ба харидани аппаратураҳои ба кори илмиаш зарур монеъ бошам, нашуд. Мошинҳои электронии кўҳнаи нодаркори корхонаҳою институтҳои илмиро ба пули худаш арзон харида, аз онҳо мошини нав сохта корашро давом дод. Дина ҷонишинамро ба лабораториаяш фиристодам, ки аз аҳволаш хабар гирад. Агар кораш мисли солҳои гузашта хуб бошад, ба лабораторияаш оташ занем. Ҷонишин дере нагузашта баргашту гуфт:

- Аҳмад Аҳмадович, даҳшат! Эйнштейнча рўямро сиёҳ кард.

Рўи ҷонишинам ҳақиқатан ангишт барин сип-сиёҳ буд.

- Ранг пошид?

- Не мавҷҳои номаълуми мошинаш сиёҳ кард.

- Шуд! – гуфтам ман мизро ба мушт зада. – Баҳона ёфт шуд, ана акнун барои ин беадабиаш аз кор пеш мекунам!

- Аз кор пеш мекунем, вале рўи маро кӣ сафед мекунад? – қариб, ки гиря мекард ҷонишинам.

- Худи Эйнштейнча сафед мекунад. Гардед, ман ҳоло вайро чунон боб кунам, ки чашмаш мош барин кушода шавад.

Вақте ки ману ҷонишинам ба лабораторияи Эйнштейнча даромадем, вай хурсандона суруд мехонд, лентаи сурохдори мошинашро аз назар мегузаронд. «Ист, ҳоло суруди мотаматро мехонӣ» гуфтам дар дилам. Вай ақаллан сар бардошта ба мо нимнигоҳе накард. Барои ў мо дар олам гўё ки вакуум будем.

- Рафиқ Эйнштейн! – дод задам ман сими мошинашро аз розетка ҷудо карда, - Шумо ба тамоми ҳаёти илмиатон хатти батлон кашидаед. Достони шумо сар нашуда ба охир расид. Дафъ шавед!

Вай бошад, давида омаду ҷараёнро аз нав ба мошин пайваста гуфт:

- Айби ман не. Ба лабораторияҳои мо бе иҷозати соҳибаш даромадан манъ аст. Инро ҳама нағз медонанд. Ман аз куҷо медонам, ки дили ҷонишинатон сиёҳ будааст. Охир ин мошини нави ман ҳар чизе ки дар дили одам бошад, онро ба рўяш нақш мекунад.

Баъди ин гап ман низ тарсида қафо гаштаму зуд аз дар баромадам. Аз бало ҳазар! Ҷонишин низ баромада гурехт, ки мошин боз ягон таъсири бад мекунаду ҳолаш аз ин бадтар мешавад.

Эйнштейнча аз паси мо аз дари лаборатория сарашро берун кард ва хандида гуфт:

- Чӣ метарсед? Охир, шумо одамони покдил ҳастед! Дигар ин ки хоҳеду нахоҳед аллакай мавҷҳо ба узвҳои шумо таъсир карданд. Рўятон ҳамон вақт сафед мешавад, ки дилатон пок шавад.

- Албастӣ! – гуфт ҷонишин ва бо фиғон аз бинои институт баромада гурехт.

Ман бошам, намедонам чӣ кор кунам. Ҳоло бегоҳӣ соати кории идораҳои боло тамом шудааст. Ба оина нигариста дидам, ки хайрият, дар рўям тағйироте нест. «Ҳеҷ гап не, худро тасалло медодам ман, - рўзи дигар ин олимчаро аз ҳаллоҷӣ гузаронида, ғозашро мекашам».

Бо ҳамин андешаҳо ба хона меомадам. Вақте ки мошинсавор аз байни саҳро мегузштам, чанд бор дар дилам хоҳише пайдо шуд, ки ба юнучқазор даромада алаф хўрам, вале бо азобе ин хоҳишро фурў нишондам. Як бор аз пешам подаи говон баромада монд, аз мошин фуромада, ба пода ҳамроҳ шуда рафта истода будам, ки подабон дод зад:

- Ҳўй, мулло-ака! Ба шумо чӣ шуд?

Баъд ба ҳуш омада ҳис намудам, ки кори нағз накардаам. Аз подабон шарм доштам. Қафо гашта ба мошин нишастам. Баъд аз ин омада фикр мекардам, ки ба Эйнштейнча чӣ кор кунам? «Бо шохҳоям зада шикамашро чок мекунам. Э-э… Чӣ ман гов шудаам?».

Дар сари ин андеша будам, ки телефон занг зад.

- Лаббай.

- Аҳмад Аҳмадович шумо? – пурсид хавотиромез ҷонишинам.

- Ҳа ман.

- Ҳозир аз радио як хабари нохуш расид, шунидед?

- Не.

- Зодгоҳамон, шаҳри бостонии азизамон дигар нест.

- Чӣ хел нест?

- Зилзила шуда шаҳр фурў рафтааст. Ақаллан ягон кас зинда намондааст.

- Маълум мешавад, ки ин ҳам боз як гуноҳи азими Эйнштейнча. Охир, мо мошини электронии Эйнштейнчаро барои санҷиш дар он ҷо гузошта будем-ку! Вай, охир зилзиларо пешгўӣ мекард-ку!

- Мо мошинро барои он гузошта будем, ки дар шаҳри азизамон ягон бор зилзила нашудааст ва умедвор будем, ки дар оянда зилзила нахоҳад шуд, кашфиёт аз санҷиш нагузашта, кашшоф пир шуда мемурад.

- Ин тавр бошад, чаро мошин зилзиларо пешгўӣ накардааст?

- Шумо худатон гуфта будед-ку…

- Ман ҳазл карда бошам, шумо ун хел кардед?

- Ҳа, ман як сими лучи дугазиро даруни он фаромўш кардам будам.

- Агар комиссия онро ёбад, каппаатон месўзад.

- Ман аз ин тарафаш хотирҷамъ. Охир сардори комиссия шумо мешавед, ё ки яке аз ошноҳои шумо мешавад.

- Не, дар ин ҳолат аз марказ меоянд.

- Рўям сиёҳ! – гуфт ҷонишин. – Мошинро ман ба истифода дода, мўҳру сурғуч зада омада будам. Аҳмад Аҳмадович, хоки поятон шавам, ягон илоҷашро ёбед.

- Ягон илоҷ меёбем, вале виҷдонатон канӣ?

- Аҳмад Аҳмадович, ман то ҳол ҳамаи гуфтаҳои шуморо бечуну чаро иҷро мекардам. Ва ҳеҷ гоҳ аз худам намепурсидам, ки ин кор аз рўи виҷдон ё не! Виҷдони шумо – виҷдонии ман.

Баъди гўшакро монданам, телефон боз як бор занг зад.

- Аҳмад Аҳмадович? – шунида шуд овози Эйнштейнча.

- Ҳа.

- Гов! Балки аз гов ҳам бадтарӣ. Ту фармон додаӣ, ки ба лабораторияи ман оташ зананд?! Дониста мон, ки лабораторияи ман автоматҳои сўхтор хомўш мекардагӣ доранд, тират хок хўрд! Оташ аз долон гузашта, кабинети худатро хокистар кардааст, омада тамошо кун!

Ман гўшакро партофтам. Ин боз як сиёҳкории ҷонишинам буд. Говигарии худам низ: Магар ман гов шудаам? Не, гов будам. Говигарӣ дар ботини ман пинҳон будааст. Вале акнун баъзе нишонаҳои он аён мегарданд. То ин дам ман онро бо сурати одам хаспўш мекардам. Шамоле хесту хасҳоро тит кард. Гов аён шуд. Гов будан айб не. Сарчашмаи инсоният аз говмардест, ки нима марду нима гов будааст. Рассоми машҳур Пикассо низ дар сураташ одамеро тасвир кардааст, ки сараш ба каллаи гов монанд аст. Ҳоло мебинед, замоне мешавад, ки одам буданро айб медонанд. Ҳамин тавр, ҳама мизоҷи ҳайвонотро аз худ мекунанд. Яке шеру дигаре рўбоҳ, яке гургу дигаре гўфанд, яке мору дигаре моҳӣ мешавад, - фикр мекардам ман. Вале ман ҳоло чӣ кор кунам? Бо ин сурати даҳшатангез ба кўча баромада намешавад. Кору зиндагӣ карда намешавад. Агар ботинан одами накўкортарини олам бошад ҳам, мардуми нек аз ин афти ман тарсида мегурезанд. Мегурезанд, то ки бори ҳазору якум фирефтаи одамсурати ҳайвонмиҷоз гарданд.

Бегоҳӣ ҳаво торик шудан замон ба роҳи оҳан меравам. Поездро интизор мешавам, ки ин сари гов аз танаи одам ҷудо шавад.

Роҳи дигар нест.

Оиди говкаллаҳо

Ба Тоҷвар сипос, ки аз ҳикояи камина 20 ё 30 сол пеш бо унвони «Одами говкалла» чоп намудаам дар гўшаи шарҳу тафсири блог ёдовар шудааст.

Ҳикояҳои фантастикии камина заминаҳои бумӣ доранд, аз ҷумла зидди зуҳуроти бади маҳалгароӣ нигаронида шудаанд.

Маҳалгароӣ дар Тоҷикистон дар замони шўравӣ ба вуҷуд омада хеле ривоҷ ёфт, ки сабабаш ба вуҷуд наомадани консолидацияи тоҷикон дар пойтахти нав шаҳри Душанбе аст.

Мегўянд, ки имрўзҳо маҳалгароӣ авҷу нерўи нав дорад. Намедонам, зеро солҳои охир дар он ҷо набудам. Аммо ёдоварии Тоҷвар аз ин ҳикоя гувоҳӣ дод, ки ҳанўз ҳам ин асар актуалӣ аст ва ба ин хортир манзури блогхонҳо мегардад аз китоби «Баъди ҳазор сол…» Душанбе – 1987. Ба ғайри ин ҳикояҳои «Сарнавишти Кибербой» (маҷмўъаи «Замир») Душанбе, 1978 ва «Бузҳо ва гўсфандон» (маҷаллаи «Садои Шарқ», 1991, №4) ба ин мавзўъ дахл доранд.

четверг, 17 июля 2008 г.

Китоби худро оташ занам?

Дар мақолаи «Авҷи хурофотпарастӣ» муносибати худро ба хурофот муайян кардаам, ки он дар ҳамин блог нашр гардидааст.

Аммо унсурҳои хурофотӣ, мистика дар жанри асарҳои хаёлӣ, илмию фантастикӣ барои офаридани образҳои муассиру хотирмон, ки доимо истифода шудаанд, барои тақвияти хурофот набуда ба мақсади ҳайби таваҷҷўҳ ба аҳодиси пурасрор ва то ҳанўз номакшуф низ ҳаст.

Камина дар ҳикояи фантастикии «Мазори деҳаи Муғон» «арвоҳ»-и гузаштагонро бо вайронкориҳои замони шўравӣ муқобил гузошта ба ҳалли бадеии асар муваффақ гардидаам. Ва андеша ин буда, ки мазор то кадом дараҷа дар шуури мардум мақом дорад.

Аммо дирўз телевизиони Тоҷикистон аз мазори Сангтўда репортажи кадом як журналисти ин телевизионро намоиш дод, ки «ман ҳам ба ин мазор эътиқод дорам» гуфта хоки мазорро болои чашмаш ниҳод.

Аз хонандагони блог узр мехоҳам, агар ҳикояи маро ин тавр нодуруст фаҳмида бошанд.

Ҳоло дар фикри онам, ки агар мазорпарастӣ дар Тоҷикистон ба ин дараҷа расида бошад, ки паёмнигори телевизион ҳам дар қатори як одами бесаводи омӣ фикр мекунад, китоби худро оташ занам?

То ки ин ҳама навиштаҳои камина дар жанри фантастика ангезае барои хурофотпарастӣ нагардад?

вторник, 15 июля 2008 г.

Биёед, биандешем!

Блоги Андеша бо чопи мақолаи Тоҷвар оиди он ки яке аз ҳизбҳои сиёсии Русия касе ду гўши тоҷикро бурида биёрад, ба узвият қабул мекардааст, ҳамаро ҳайрон кард. Ин гапи бофта набудааст, зеро яке аз рўзномаҳои машҳури Русия чоп кардааст.

Биёед биандешем: дар Русия аз ҷумҳуриҳои собиқи шўравӣ мардикорон зиёданд. Ва чаро танҳо тоҷик ҳадаф қарор гирифтааст? Агар барномаи Галустянро дар ТНТ бинед, он ҷо низ тоҷик ҳадафи ҳаҷву масхара қарор мегирад. Чанд бор ў персонажҳои худро умумиосиёимиёнагӣ вонамуд кардан хост, вале дар охир «Тоҷикистон, Тоҷикистон» гуфта суруд хонд.

Яке аз шиносҳоям, ки миллаташ куриёӣ аст, чанд муддат дар Маскав кор карда ба Самарқанд баргашт. Ў ба ман гуфт, ки мардуми Маскав маро аз рўи тарҳи чеҳраам қазоқ гумон мекарданд ва муносибаташон хуб буд.

Мардуми қазоқ мисли тоҷикон Рўдакиву Сино барин бузургону фарҳанги қадима надорад, аммо соҳиби эҳтироми хосе будааст. Сабаби чунин ҳурмат чӣ бошад? Эҳтимол вазъи беҳтари иқтисодии Қазоқистон будагист. Ё ки забон ва урфу одатҳои русиро беҳтар донистани қазоқҳо будагист. Ё ки ҳукумати ўҳдабарои қазоқ будагист, ки пешрафти калони иқтисодиёти кишварро ноил гардид. Худи мо низ гунаҳкорем, ки маданияти баланди халқамонро ба назари мардуми Русия намоён карда натавонистаем.

20-30 сол пеш ба яке аз созмонҳои фарҳангии Тоҷикистон аз Маскав чанд нафар шахсиятҳои машҳур меҳмон мешаванд. Сардори созмони ҷумҳуриявӣ ба шарафи онон гўсфанд мекушад. Қассобе, ки ин гўсфандро куштааст, корд ба гулўи гўсфанд кашида як косаро аз хуни гарми гўсфанд пур карда онро дар пеши назари меҳмонон дам мекашад. Чашми яке аз меҳмонон аз ҳайрат қариб тарки косахона мекунад ва дод мезанад: - Кровопийца! (Яъне – хунхор!)

Ҳамаи қассобҳо чунин одат надоранд, аммо як кас бо чунин рафтори ношоям доғ ба мардуми тоҷик афкандааст.

Биёед биандешем, оё мардуми тоҷик дар назди миллатҳои дигар фарҳангу фазилати бузурги худро намоиш дода тавонист?

Биёед биандешем, ки чанд бор сигори нимсўхтаро ба қутти напартофта ба зери по пахш карда куштем. Чанд бор бемаданиятии худро дар назари мардуми дигар нишон додем?

Магар танҳо айби миллатгароёни рус ҳаст? Магар айби худи мо низ зиёд нест?

Биёед биандешем…

Агар миллати моро аксари мардуми рус то ба ҳол нашинохта бошад, ин ҷо бештар айби худамон ҳаст. Дар корхонаҳоямон бояд маҳсулотеро истеҳсол кунем, ки дар дигар кишварҳо ё кам бошад ё тамоман набошад. Масалан гурҷиён бо шароби ангур ва арманиҳо бо коняки сеоташаи худ шўхрат ёфтаанд.

Хуб гуфтем, ки ин ҳам имконнопазир нест. Пас бояд нерўгоҳҳои атомӣ бисозем! Коре кунем, ки дар ҷаҳон ғулғула афканад!

Биёед, биандешем!

Эҳтимол садҳо блогхонҳо эътироз кунанд ва бигўянд: Шумо адиби фантазиянавис ҳастед, ин гуна фантазияҳоро амалӣ кардан осон нест! Пеш аз ҳама маблағи калон даркор, сармояҳои калони хориҷӣ лозиманд.

Пас биёед омўзед, ки чаро кишварҳои дар саршумори аҳолӣ ва марзу обу ҳаво ба Тоҷикистон баробар ба чӣ сабабҳо ба пешрафт ноил шудаанд? Чаро кишвари Исроил пешрафт дорад?

Биёед, як сол тамоми даромади солонаи кишварро ба харидани компютерҳо барои мактабҳо сарф кунем. Ҳар як талабаро ба Интернет пайваст кунем, то ки илми барои худ заруриро ба воситаи он бигирад.

Ҳам пешрафти миллат таъмин мешавад ҳам обрўи миллат баланд мегардад!

Вале барои ин кор ислоҳотгарони бузург лозиманд.

Боз чӣ корҳои аҷибу ҳайратангез кардан мумкин аст?

Биёед биандешем!

понедельник, 14 июля 2008 г.

Блоги шоири самарқандӣ

Акбар Пирўзӣ – шоири самарқандӣ блоги худро дар Интернет бо номи «Нони Самарқанд» http://nonisamarkand.blogspot.com/ боз намуд.

Ў дар ин блог шеърҳоеро, ки дар китоби «Чашмаҳои меҳрубонӣ» (нашриёти «Зарафшон»-и Самарқанд. 2008) чоп кардааст, манзури блогхонҳо мекунад.

А.Пирўзӣ соли 1947 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Факултаи забонҳои хориҷии донишгоҳи Самарқандро хатм кардааст. Инглисидон аст ва солҳои зиёд ба сифати рўзноманигор ва гид-тарҷумон адои вазифа намудааст.

воскресенье, 13 июля 2008 г.

Номи Самарқандро пул мекунанд

Мудири Осорхонаи сулҳи Самарқанд Анатолий Ионесов ва ходими калони Осорхона – мамнўъгоҳи Самарқанд Фирўза Баҳриддинова дар рўзномаи «Зарафшон»-и Самарқанд мақолаеро таҳти унвони «Самарқанд дар ҷаҳон» чоп карданд.

Тибқи маълумоти дар ин мақола зикргардида дар кишварҳои гуногуни олам ба ғайри меҳмонхона, ресторан, қаҳвахонаву чойхонаҳо садҳо мағозаҳои гуногуни тиҷоратие, ки Самарқанд ва номи давраи истилои юнонии он – Мароқандро доранд, ҳастанд. Аммо ин номҳо барои ҷалби диққати харидорон буда дар онҳо ягон осори ҳунармандони Самарқанд фурўхта намешаванд. Яъне танҳо аз номи Самарқанд фоида мегирифтаанд. Масалан дўконҳои заргарие, ки Самарқанду Мароқанд ном гирифтаанд, ягон осори заргарии самарқандиёнро намефурўшанд.

Аммо чунин ном гузоштагон хуб медонанд, ки бо дидани ин ном дар пештоқи дўкони онҳо чашми муштариён фурўзон шуда шаҳри орзуҳои афсонивӣ ва мўъҷизавӣ пеши назарашон ба ҷилои садранг ба ҷилва меояд ва онҳо бо умеди чизе аз ин шаҳри орзуҳо ба даст овардан беихтиёр вориди дўкон мешаванд. Дигар ин тарафаш ба дасти фурўшандагони соҳир аст, ки сад хел тиллловори кори дасти яҳудиёни Исроилро манзури ў мегардонанд ва бе харид ҳаргиз берун нахоҳад рафт.

(Мебояд, ки Растаи Заргарони қадимро барқарор, кунем, ки дар оқиби мадрасаи Улуғбек буд.)

Аммо хориҷиён бо ин ҳама иктифо накардаанд ва бисёр ширкату кооперативу ва ғайраҳоро Самарқанд номидаанд. Ин фирмаҳо бо таъмини прогромҳои компютерӣ, истеҳсоли мебел, маҳсулоти бофандагӣ, зарфҳои рўзгор, ҳунармандӣ, полиграфӣ ва ғайра машғуланд, ки бо Самарқанд ягон иртиботе надорад.

Масалан дар Фаронса ширкати «Самарқанд» дар бисёр шаҳрҳои он офиси худро мустақар кардааст. Ширкати «Самарқанд»-и Италия дар шаш шаҳри ин кишвар шўъбаҳои худро кушодааст. Дар Ҷексонвилл (ИМА) отельеи мўди «Мароканд кутюр» мавҷуд будаааст. Дар Мадрид бошад мактаби гузаронидани вақти холии «Самарқанд» ҳаст. Ба ғайри ин бо ин ном агентиҳои ҷаҳонгардӣ низ фаъолият мекунанд.

Чунин ширкату фирмаҳо он қадар зиёд, ки номи ҳамаи онҳоро имкони дар ин мақола ғунҷонидан нест. Дар байни онҳо «Самарқанд» ном киновидео ширкати Мадрид, «Самарканд Филмс»-и Фаронса ва ғайраҳо ҳастанд.

Аммо аҷиб он аст, ки барои харидоргир кардани маҳсулоти худ аз зарфҳои хўрокхўрӣ то атру равғани мошин ҳар чизеро, ки хоҳанд «Самарқанд» ном ниҳода фурўхта истодаанд. Масалан дар Маскав фирмаи «Иверия» бо номи «Самарқанд» дастаи дар сохта мефурўшад.

Теъдоди чунин маҳсулот низ садҳост, аммо аз ин ҳама тиҷорат ба худи шаҳри Самарқанд ҳатто ягон сент фоида намерасад, ки ба таъмири ёдгориҳои меъморие, ки боиси шўҳрати ҷаҳонии Самарқанд гардидаанд, сарф кунад.

Танҳо номи Самарқанд ба ширкатҳои хориҷ аз Ўзбекистон ҳар сол садҳо миллион доллар фоида меорад. Магар чунин шаҳри пуровозаву пурфайзи дигаре дар ҷаҳон ҳаст?

Филмҳое, ки Самарқанд ном доранд, бисёранд. Чанд сол пеш синамогарони урупоӣ филми телевизионии «Самарқанд»-ро ба навор гирифта буданд, ки ҳамчун роҳбари маҳфили адабии Маркази фарҳангии тоҷк як лаҳзае дорад, ки иштироки камина зарур шуда буд.

Инак он лаҳза.

пятница, 11 июля 2008 г.

Исм, ҷисм ва маънавият

Оиди номгузории воҳидҳои марзии маъмури ё кўчаву қасру боғҳо як қонун ва низоми муайян бошад, беҳтар аст.

Зеро ин номҳо ҷузъи фарҳанг ба ҳисоб мераванд ва сатҳи маданияту афкори мардуми Тоҷикистонро ба олам намоён мекунанд. Дар ин бобат рўшанфикрони тоҷик дар матбуоти Тоҷикистон баҳсе перомуни ном ва номгузорӣ меоростанд, бисёр паҳлуҳои масъала рўшан мегардид.

Барои мисол мегўям, ки ба ҷои «Ғафуров» номи он шаҳрро Бобоҷонобод гўянд, тибқи суннатҳои номгузории тоҷикӣ мебуд.

Аммо аз рўи талаботи мавкуравии давраи муайян номҳои нав ниҳодан такрори ҳамин гуна амали роҳбарони собиқи шўравист. Орҷоникидзеобод ном ниҳодан хато буд.

Як ҷойро Тоҷикобод ном мондаанд, магар ҷойҳои дигари Тоҷикистон дигармиллатобод аст? Ё ки магар ноҳияҳои Фалғар ва Регарро ба номи устодони сухан гузоштан дуруст буд?

Қонуни номгузорӣ ба ҷои номҳои таърихӣ гуоштани номҳои навро бояд манъ кунад. Ба фикри камина ваҳдат на танҳо ба як ноҳия, балки ба тамоми қаламрави Тоҷикистон тааллуқ дорад. Як кўча ё майдонро дар тамоми шаҳру ноҳияҳо Ваҳдат ном ниҳодан мумкин аст.

Донишмандони забон бояд муайян кунанд, ки дар кадом ҳолат вожае, ки сифат ҳисоб меравад, исм шуда метавонад. Масалан номи тоърихии ин маҳал кай пайдо шудааст? Вожаи кофарниҳон чӣ торихе дар худ нуҳуфтааст? Оё аз замони тоисломӣ қисса намекунад?

Чунон ки дидем, номгузорӣ кори осон набудааст. Ва ман ҳам наметавонам дар ин бобат як маслиҳати ҳамабоб диҳам. Танҳо мехоҳам баҳсе сурат гирад ва ҳақиқати масъала равшан шавад.

Дар бобати гузоштани номи Самарқанд ё Бухоро ба ресторану меҳмонхонаҳои шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон ба чунин ақидаам, ки агар ин биноҳо чизе аз санъати меъмории ин шаҳрҳои бостонӣ дар худ муҷассам накарда бошанд, онҳоро «Самарқанд» ё «Бухоро» ном ниҳодан хатост.

Усто Амриддини Самарқандӣ, ки нисфи умрашро дар ороишу тармими иморатҳои Тоҷикистон сарф кардааст, мегўяд, ки ресторани «Золотая Бухара»-и Маскавро дар услуби гачкорӣ ва наққошию наҷҷории Бухоро сохтааст.

Яъне ҳар як чизро исмаш бояд ба ҷисмаш мувофиқ бошад.

Сипас, агар дар чунин ресторан таомҳои хоси Самарқанд ё Бухороро таҳия карда натавонанд, боз ҳам номувофиқатӣ хоҳад буд.

Фикр мекунам, ки номҳои шаҳрҳои торихиро гузоштан ба баланд шудани маданияту хизмат дар чунин муасисаҳо, барои ба вуҷуд овардани фазои меъмории миллӣ дар шаҳру навоҳӣ таконе хоҳад дод.

Номи баланд масъулиятро низ баланд мекунад. Дар Самарқанд меҳмонхонаеро «Шоҳнома» мавсум кардаанд. Ин ном водор хоҳад кард, ки соҳиби меҳмонхона толорҳои онро ба услуби минётурҳои «Шоҳнома» оро диҳад.

Ман тарафдори чунин номҳои торихи ва ифодакунандаи фарҳанги пурсарвати миллӣ мебошам. Дар Соли гиромидошти забони форсии тоҷикӣ модарватани ин забон Самарқанду Бухороро арҷ гузошта номҳои кўчаву майдонҳоро ба тартиб овардан ҳам фарзу ҳам қарз аст.

Як ресторан ба номи «Хайём» бошад, дигар ресторан ба «Девони Ҳофиз» мавсум шавад, ки дар онҳо шеъру минётурҳо ба мавзўи осори онон ҷой гиранд. Аҷиб аст, агар дар зарфҳо шоҳбайтҳои ин бузургони назми форсӣ ҳаккокӣ шуда бошад.

Оиди аҳамияти ин ду шаҳри бостонӣ дар фарҳанги мардумони Осиёи Марказӣ шеърҳо навиштаам, ки бо яке аз он мақоларо хотима мебахшам.

CАМАРҚАНДУ БУХОРО
Барои устод М.Шакурӣ

Самарқанду Бухороро дилу ҷон метавон гуфтан,
Дилу ҷони санохони Хуросон метавон гуфтан.
Ду алмосе ба тоҷи тоҷдорон метавон гуфтан.
Чу шаҳбайти ғазалҳои бузургон метавон гуфтан.
Якеро қуббатулислому дигар қуббатулирфон,
Ва ҳар дуро зи нури ҳақ чароғон метавон гуфтан.
Яке гар чашмаи Хизр аст, дигар чашмаи Кавсар,
Ва ин дуро Зарафшон дар биёбон метавон гуфтан.
Нахушкиданд гулҳояш зи дасти боди поизҳо,
Бухороро баҳоре дар зимистон метавон гуфтан.
Агар лафзи дарӣ ҷон дардиҳад рўзе ба сад афғон,
“Бухоро – гўри армонҳои Сомон” метавон гуфтан.
Шамида ҷонҳои хаста аз бўи Самарқандам,
Ва атру анбараш бурда ба Юнон метавон гуфтан.
Манори пойбарҷояш бад-ин фарру бад-ин шавкат,
Сутуни қомати айвони Яздон метавон гуфтан.
Дар ин ду шаҳри хушхўён зияд Хизри даригўён,
Ва ганҷашро нигаҳбон шоҳи морон метавон гуфтан.
Мазори Дониёлу Ҷирҷис ин ҷо дар Самарқанд аст,
Варо меҳроби ҳар дину ҳар имон метавон гуфтан.
Гарам аз Бўали Сино Самарқанду Бухороест,
Ба захми бедавои сина дармон метавон гуфтан.
Дар ин ду шаҳри додар ворисони Рўдакӣ бисёр,
Ва мактабҳои онро сардабистон метавон гуфтан.
Бухорою Самарқандам ба дасташ оташи ҷовид,
Чароғи раҳнамое дар шабистон метавон гуфтан.
Ба каф ҷон нақши Хайём андар ин ду шаҳр мегардад,
Ва ин дуро зиёратгоҳи риндон метавон гуфтан.
Ба марзи донишу фарҳангу авҷи сарбаландиҳо,
Ҳимолою Бадахшону Тиёншон метавон гуфтан.
Даригўянд дар ҷаннат ҳама ҳуру париён ҳам,
Ва ин дуро суханзори париён метавон гуфтан.
Самарқанду Бухоро Каъбаи хоки Хуросон аст,
Ва ҳар дуро ду чашми поки Яздон метавон гуфтан.

четверг, 10 июля 2008 г.

Боз як мактуби Афшини Истаравшани

«Номи Самарканд дар Точикистон» гувохи медихад, ки дар ин чумхури ягон низоми дурусти номгузори нест. Конун бошад хам амал намекунад, вагана Вахдат номи нохия намегардид.
Самарканду Бухоро на танхо марказхои фархангии кадимаи точиконанд, балки то дируз дар тули торихи 2-3 хазорсолаи фарханги халки мо чунин бори азим ва миллатсозро бар душ доштанд.
Агар ин шахрхо гизои маънавии дар худ чамкардааашонро ба Рудакиву Сино, Хайёму Дониш, Айниву Гафуров барин бузургон намедоданд, имрўз фарханги точик хам намебуду чумхурии он низ вучуд намедошт.
Ин шахрхо модари фарханги точик, гахвораи тамаддуни точик буданду хастанд.
Сахми бузурги ин шахрхоро дар бунёди фарханги дигар халкхои Осиёи Маркази хусусан узбекон таъкид кардан савоб аст.
Хеле шармандагист, ки берун аз Узбекистон дар тамоми шахрхои ободу пешрафтаи чахон бо ифтихор зиёда аз дусад мехмонхонаву ресторанхоро Самарканд ном гузоранду дар марзи меросхури фарханги ин шахр – Точикистон чунин амали набошад.
Дигар чи мегуям? Hay-hay!!!

среда, 9 июля 2008 г.

Номи «Самарқанд» дар Тоҷикистон

Тибқи гузориши осорхонаи сулҳи шаҳри Самарқанд А.Ионесов дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 200 меҳмонхонаву ресторану қаҳвахонаву чойхона «Самарқанд» ном доштааст.

Дар баъзе шаҳрҳое, ки аллакай ресторане номи Самарқандро гирифтааст, ба дигар ресторанҳо «Гунбазҳои Самарқанд» ва «Бозори шарқонаи Самарқанд» ё Регистону «Суғдиёна» ном ниҳодаанд.

Ба ёдам расид, ки дар Маскав бо капитани киштии «Самарқанд» Станислав Гагарин ҳамроҳ дар семинари фантазиянависони СССР ширкат карда будам.

Ҳини сафарам дар шаҳри Машҳад ба меҳмонхонаи «Самарқанд» дучор шудам. Дар Эрон ду маҷалла «Самарқанд» ва «Бухоро» ном дорад.

Баъди ин гузориши Ионесов бисёр фикр кардам, ки ягон меҳмонхона, рестора, ошхона, чойхона ё кўчаи шаҳри Душанберо ба ёд оварам, ки номи Самарқандро дошта бошад.

Ба ёдам наомад.

Ба номи Бухоро як кўча ҳаст, ки собиқ ба номи Орҷиникидзе буд.

Дар Тоҷикистон, вақте ки оиди Самарқанду Бухоро сухан меравад, бо ифтихор «маркази қадимаи илму маданияти тоҷик буд» мегўянд. Аммо ҳамаи ин нўгизабонист, самимӣ нест.

Агар ин ифтихор ҳақиқӣ мебуд, дар ҳар шаҳри Тоҷикистон як меҳмонхона, ресторан ё як кўча Самарқанд ё Бухоро ном мегирифт.

Номи «Теппаи Самарқанд» берун аз шаҳри Душанбе гувоҳӣ медиҳад, дар дили пешгузаштагон эҳтиром ба марказҳои фарҳангии миллӣ воқеӣ будааст, на мисли имрўз – нўгизабонӣ.

понедельник, 7 июля 2008 г.

АДАШ ИСТАД (маълумоти тарҷумаиҳолӣ ва эҷодӣ)

Насрнавис ва рўзноманигори шинохтаи тоҷик Адаш Истад (Истадов) 7-уми сентябри соли 1946 дар деҳаи Ўташиқи ноҳияи деҳотии Самарқанди вилояти Самарқанд ба олам омадааст. Баъди ёздаҳ соли таҳсил дар мактаби рақами 16-и ноҳияи мазкур соли 1964 ба факултаи суханшиносии тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда онро соли 1969 бо дипломи имтиёзнок хатм мекунад. Фаъолияти рўзноманигориро А.Истад соли 1969 дар идораи рўзномаи ҷумҳуриятии “Комсомоли Тоҷикистон” ба сифати ходими адабӣ шурўъ кардааст. Сипас ў дар идораи рўзномаи “Маданияти Тоҷикистон” (сипас он “Адабиёт ва санъат” ном гирифт), идораи радиои Тоҷикистон дар шўъбаҳои гуногун адои вазифа мекунад. Дар ин солҳо ў радиопйесаеро бо номи “Таркиш” навишт, ки он дар хазинаи радиои тоҷик ҳамчун аввалин пйесаи махсус барои радио ба тоҷикӣ навишташуда нигоҳ дошта мешавад. Ҳикояҳои илмӣ – хаёлии А.Истад аз соли 1966 ин ҷониб чоп мешаванд. Маҷмўаҳои ў “Мавҷи хаёлот”(1970), “Суруди офтоб” (1974), “Замир”(1978), “Дарахти пахтачормағз” (1981), “Баъди ҳазор сол” (1988) ҳикояҳои дар жанри илмӣ – фантастикӣ навиштаи ўро дар бар гирифтаанд.

А.Истад барои бачаҳо афсонаҳои адабӣ низ навиштаст. Асоси афсонаҳои ўро ривоятҳои мардумие ташкил додаанд, ки худ аз мардуми Самарқанд солҳ ои гуногун шунидааст. Чунин афсонаҳои адабӣ дар маҷмўаҳои ў “Парвози меъмор” (1985) ва “Чароғи сеҳрнок” (1989) чоп шудаанд.

А.Истад дар жанри насри таърихӣ низ қувва озмудааст. Силсилаи ҳикояҳои таърихии (маҷмўаҳои) “Борбад” (ба заб.русӣ) ва “Ҳикояҳо аз рўзгори Борбад” (1990)-и ў аз рўзгори мусиқори бузурги Осиёи Марказӣ Борбади Марвазӣ нақл мекунад ва дар шакли китоб ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расиданд.

Соли 2007 дар Тошканд баъзе мақолаҳои ў оиди торихи Самарқанд китоби «Армуғон» (Ҳаммуаллиф Ғ.Маҳмудов) ба забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ нашр гардиданд.

Маҷмўаи нави насру назми ў соли 2008 бо номи «Оҳангҳои Самарқанд» дар Душанбе чоп шуд.

А.Истад муаллифи бисёр ҳикояҳои ҳаҷвӣ низ мебошад, ки онҳо дар маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак”, маҷаллаи адабии “Садои Шарқ”, рўзномаи “Адабиёт ва санъат” ва дигар нашрияҳо рўи чопро дидаанд.

Адаш Истад соли 1975 узви Иттиҳодияи адибони шўравӣ гардид. Соли 1990 барои як силсила мақолаҳои дар руҳияи ошкорбаёнӣ навиштааш ў ба мукофоти ҷумҳуриятии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф шуд.

А.Истад муаллифи мазҳакаҳои “Хўса”(1995) ва “Шайтонпарӣ” (1996) низ мебошад. Театр-студияи “Овози Самарқанд” мазҳакаи “Хўса”-ро соли 1995 дар таҳияи Артисти халқии Тоҷикистон Бурҳон Раҷабов дар Самарқанд ба саҳна гузошт.

Соли 1989 Адаш Истад дар маҷаллаҳои “Чашма” ва “Родник” барои хурдтаракон як силсилаи ҳикояҳоро ба табъ расонид, ки онҳо “Саргузашти Нахўдак” номида шудаанд. Дар ин ҳикояҳо қаҳрамони афсонаҳои халқии тоҷикӣ Нахўдак симои замонавӣ пайдо карда ба як персонажи барои хурдтаракон шавқовар ва ибратомўз табдил меёбад. Ин асарҳо давоми сабки афсонабофии бадеии ўст, ки дар маҷмўаҳои афсонаҳои ў равшан зоҳир шудаанд.

А.Истад то соли 1993 дар идораи ҳафтаномаи адабии “Адабиёт ва санъат” ба сифати муовини сардабир адои вазифа мекард. Ў соли 1993 ба Самарқанд баргашта дар идораи “Овози Самарқанд” дар вазифаи мудири шуъбаи маънавиёт ва баъд дар рўзномаи “Овози тоҷик” паёмнигори вилоятӣ гардид.

Ҳикояҳои Адаш Истад ба забонҳои ўзбекӣ, русӣ, украинӣ, белорусӣ, чехӣ, қирғизӣ, туркманӣ, озарӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд. Адаш Истад низ бисёр ҳикояҳо ва радиопйесаҳои адибони кишварҳои гуногунро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ҳафт ҳикояи хаёлӣ ва фалсафии А.Истад ба забони русӣ дар маҷмўаи “Вселенское время” (нашриёти “Адиб” Душанбе , 1988) дар тарҷумаи Л.Синицина, М.Табачников ва В.Чередниченко ба табъ расидаанд.

Аммо зинаи нави эҷодиёти адиб баъди бозгашти ў ба Самарқанд соли 1993 оғоз меёбад. Дар рўзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Овози Самарқанд” соли 1994 паи ҳам ҳикояҳои “Домоди якрўза”, “Кӣ чӣ мехонад?”, “Иқтисоди бозор дар оила”, “Рўзи охирин” (дар бораи Мирзо Улуғбек), “Санги сарнавишт” чоп шуданд ки аз ҷониби аҳли адабу фарҳанг баҳои баланде гирифт. Дар рўзномаи “Овози Самарқанд” (25 октябри соли 1994) ба ин ҳикоя тақризи доктори улуми филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев чоп шудааст. Ин ҳикояро баъд рўзномаи “Овози тоҷик” (29 апрели соли 1995) ва рўзномаи вилоятии Самарқанд “Зарафшон” (10 сентябри соли 1995 ба забони ўзбекӣ дар тарҷумаи Ҷамол Сироҷиддин) ба табъ расониданд. Соли 1995 А.Истад дар рўзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Овози Самарқанд” ҳикояҳои “Нардбони Ҳоҷа”, “Даҳшатқул”, “Мазори деҳаи Муғон” ва “Пир дар осмон”-ро ба табъ расонид, ки як тарзи инъикоси бадеии қишри рўҳонии ҳаёти маънавии Самарқанд аст.

Эҷодиёти А.Истад дар адабиётшиносии тоҷик ҳаддалимкон баррасӣ шудаст. Дар мақолаҳои доктори улуми филологӣ Ҷўрахон Бақозода “Сухан аз дарди ҷовидона”, Ҷонон Бобокалонова “Чанд ҷиҳати як асар” (рўзномаи “Адабиёт ва санъат” 3 феврали соли 1992), Азим Амин “Афсона ва воқеият” (“Адабиёт ва санъат”, 17 ноябри соли 1992), Болта Ортиқзода “Умри судбахш”, Д.Баҳриева “Китоби дилкаш”, Аслиддин Қамарзода ”Дар хаёлаш замину кайҳон ва маънои ҳаёти инсон” (“Овози Самарканд” 28 сентябри соли 1996) ва ғайра эҷоди А.Истад баррасӣ ва таҳлил гардидаанд. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мақолаи “Нигоҳе ба адабиёти тоҷики садаи бист” (“Садои Шарқ”,№ 1-6, с.1998) асари Адаш Истад “Ҳикояҳо аз рўзгори Борбад”-ро дар қатори асарҳое ном бурдааст, ки барои ташаккули ёди таърихии мардуми тоҷик, барои нав шудан ва амиқ рафтани мундариҷаи он, барои ғаноафзоии поэтикии адабиёт нақши муҳим доштанд. 24-уми августи соли 2006 ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» мақолаи устоди Донишгоҳи Самарқанд Ҷумъакул Ҳамроевро таҳти унвони «Адиби ватанпараст» чоп кард, ки баҳои баландест ба бозёфтҳои эҷодии ў.

Рўзноманигорӣ, кор дар идораҳои нашрияҳои ҷумҳурӣ ва вилоятӣ, радио машғулияти асосии А.Истад аст. Мақолаҳои машҳури А.Истад асосан ба эҳёи фарҳанги ғании миллӣ бахшида шудаанд. Агар дар мақолаи “Анъанаи нек куҷост?” (“Адабиёт ва санъат”,
11 августи с.1988) ў дар бораи эҳёи маданияти либоси тоҷикӣ ҳарф занад, “Номҳо – нишони маърифат” (“Адабиёт ва санъат”, 8 декабри соли 1988) дар бораи суннати номгузории миллӣ баҳс мекунад. Вале мақолаҳои дигари ў чун “Забони миллат – пояи миллат” (“Комсомоли Тоҷикистон”, 7 декабри соли 1988), ”Хоҷа Аҳрор кӣ буд?” (“Тоҷикистони советӣ “, 27 ноябри соли 1988), “Расмулхати бобоӣ – нури басари моӣ!” (Адабиёт ва санъат”, 2 ноябри соли 1989), “Миллати тоҷикро тақсим накунед!” (“Адабиёт ва санъат”, 5 августи соли 1991), “Рамзҳои миллӣ кадомҳоянд?” ва ғайра дар байни зиёиён гарм пазироӣ шуда буданд.

Асосан рў овардани адиб ба масъалаҳои тунду тези эҳёи фарҳанги миллӣ аз чопи мақолаи ў “Интернационализм аз чӣ сар мешавад?” (“Адабиёт ва санъат”, 28 маи соли 1987) оғоз ёфт, ки барои он муалиф ба танқиди доимии котиби дуюми КМ ПК Тоҷикистон П.Лучинский дучор шуда буд. Аммо бозсозӣ ва ошкорбаёнии горбачевӣ, ки аллакай оғоз ёфта буд, ба адиб имкон медод, ки масъалаҳои доғи ҷомеаро чун солҳои собиқ дар ҳикояҳои фантастикӣ нею ба воситаи мақолаҳ ои рўшодгўёнаи публисистӣ ифода кунад.

1. А.Истад мувофиқи фикри адабиётшиносон дар адабиёти тоҷик ба пайдоиш ва устувор шудани жанри ҳикояҳои илмӣ-фантастикӣ сабабгор шуд. То ба ин кор машғул будани ў дар матбуот танҳо ҳикояи “Сандуқи оҳанин”-и А.Баҳорӣ чоп шуда буд. Минбаъд ин фантазиянависи тоҷик, ( яъне А.Баҳорӣ) асосан бо қиссанависӣ ва драмнависӣ машғул гардид.

2. А.Истад дар адабиёти тоҷик ба афсонанависии бадеӣ асос гузошт. Далели ин маҷмўаҳои афсонаҳои адабии “Парвози меъмор” ва “Чароғи сеҳрнок” мебошанд.

3. А.Истад аввалин радиопйесаи тоҷик “Таркиш”-ро навиштааст, ки радиоспектакли он дар хазинаи радиои Тоҷикистон маҳфуз аст. А.Истад минбаъд мазҳакаҳои “Хўса” ва “Шайтонпарӣ”-ро навишт, ки дар рўзномаҳои Самарқанд нашр шудаанд ва “Хўса” ба саҳна гузошта шудааст. Ба ғайри ин ў саҳначаҳои хурди ҳаҷвӣ низ навиштааст, ки дар рўзномаҳо рўи чопро дидаанд.

4. Дар жанри таърихнигорӣ асари бузургтарини А.Истад силсилаи “Ҳикояҳо аз рўзгори Борбад” ҳисоб меравад, ки ба вижагии нигориш ва услуби хоси тасвир аз дигар асарҳои жанри таърихӣ ба куллӣ фарқ дорад.

5. Ҳикояҳои ҳаҷвӣ ҷиҳати дигари эҷодиёти А.Истад мебошад. Дар ҳикояҳои фантастикии ў унсурҳои ҳаҷву мазҳака вомехўранд, аммо махсусияти ин жанр дар ҳикояҳои ҳаҷвие чун “Домоди якрўза”, “Даҳон”, “Иқтисоди бозор дар оила”, “Бузҳо ва гўсфандон”, (“Садои Шарқ” №4, соли 1991), саҳначаи “Кучукатона ман газидам”, мазҳакаҳои “Хўса” ва “Шайтонпарӣ” равшан зоҳир шудааст.

6. А.Истад бо чопи силсилаи ҳикояҳои “Саргузашти Нахўдак” дар маҷаллаҳои “Чашма” ва “Родник” (соли 1989) персонажи афсонавии Нахўдакро ба замони муосир оварда ҳамзамон ва шарикдарси ибратбахшу пандомўзи хурдтаракон намуд.

7. Солҳои бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ фаъолияти публисистии А.Истад вусъат меёбад ва ў оид ба эҳёи суннатҳои миллӣ, пайдоиши забони давлатӣ, ҳимояи фарҳанги тоҷик як қатор мақолаҳо навиштааст, ки дар натиҷа ба мукофоти ҷумҳурии ба номи Лоҳутӣ сазовор гардидааст.

8. Фаъолияти тарҷумонии А.Истад мисли дигар бахшҳои кори ў васеъ набуда аз тарҷумаи баъзе ҳикояҳои адибони кишварҳои гуногун ва радиопйесаҳо иборатанд.

Аз соли 1996 то соли 1999 дар эҷоди А.Истад таваққуф мушоҳида мешавад. Рўзгори нобасомон имкон намедиҳад, ки ў чизе эҷод кунад. Моҳи марти соли 1999 афсонаҳои нави ў “Зарчашма”, “Мўр ва Пуффак” дар рўзномаҳои Ўзбекистон ва як сол пас дар маҷаллаҳои Тоҷикистон ба табъ расиданд. Сипас соли 2001-ум ҳикояи “Моҳе,ки дар зери кўрпа мастур монд” дар ҳар ду ҷумҳурӣ ба табъ расид, ки нишонаи содиқ мондани ў ба афсонагўист. Дар авохири соли 2003 А.Истад ба назм рў овард ва қасидаи ба академик М.Шакурӣ бахшидаи ў “Самарқанду Бухоро” дар ҳар ду ҷумҳурӣ ба табъ расид. Сипас ба шеъри нав таваҷҷўҳи ў меафзояд ва “Ҳавзи Хоҷаи Аҳрор” ва силсилаи “Шеърҳо аз замони мозии Самарқанд” эҷод мешаванд. Сардабири рўзномаи “Овози Самарқанд” адабиётшинос Ғафурҷон Маҳмудов дар сарсухани ин силсила иброз доштааст: “Шеъри озод имкон додааст, ки Адаш Истад ба мавзўи Самарқанд мушаххасан муроҷиат кунад ва образҳои тоза биофарад.”

Адаш Истад солҳои охир оид ба таърихи шаҳри Самарқанд зиёда аз 50 мақолаҳои илмию – оммавӣ навишт, ки онҳо дар рўзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва сайти интернетии Samarkandinfo.uz ба таб расиданд.

А.Истад ҳоло бознишаста буда дар деҳаи Боги тиллои ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанди Ўзбекистон умр ба сар мебарад ва бо корҳои эҷодӣ машгул аст.

Моҳи феврали соли 2008 Веб-блоги худ «Герби шердор»-ро таъсис намуд, ки дар он шеъру ҳикояҳо ва мақолаҳояшро мегузорад.

Таҳияи И.Хушбахт

воскресенье, 6 июля 2008 г.

Ба Сардабири "Озодагон"

Маколаи Дилшод Рахимов ва М. Ахмадзодаро хондам. Максади камина аз навиштани он маколахо тахрик додани рушанфикрони точик сари он масъалахое буд, ки мо дар замони истиклол аз имконияти он истифода намуда сари мерос ва аршишхои милли фикр кунем, ки оё онхо холо низ дар макоми идеологияи коммунисти таъсиснамуда истодаанд ё ба макоми сазовори худ гузошта шуданд. Яъне агар сохаи маорифро бигирем, чи тур, холо хам соатхои барои фолклор чудокардаи замони шурави боки мондааст? Оё соатхои омузиши эчоди Мавлоно зиёд шудааст?

Яъне саволхоро ба ин тарз ба бахшхои гуногун таксим карда ба муаллифон навиштани онхоро фармудан лозим аст.

Набояд ин тавр шавад, ки ман аз фалак сухан кунаму чавобро аз чалак бигирам. Набояд рох дод, ки чавоб навис чумлахоро аз контекст канда гираду танхо оиди як пора абри фалак сухан кунад.

Хар ду маколаи камина хох нохох ба идеология бархурд намудааст. Косалесони ин идеология табиист, ки сахт муковимат хоханд намуд! Барои онхо иттиходи милли лозим нест, онхо мехоханд махалхоро дар чудои нигох доранд ва барои ин максад таргибу ташвики фолклор тавассути телевизион ва озмуну фестивалхо лозим аст. Масъала ин хел гузошта шуда буд, ки китобхои дарсии Эрону дигар кишвархои пешрафтаро бубинем, магар чун мо ин кадар зиёд ба фолклор ахамият додаанд?

Аз фалак донистани сабаби хама носозгорихои рузгор мазмуни асосии матни фалаксарои аст. Яъне хукумат айбдор нест. Д.Рахимов намехохад, ки ин матн дигар шавад.

Ман тарафдори истифодаи фолклор тавассути театри ягонаи фолклорию этнографие будам, ки Малика Чурабекова ташкил карда буд. Зеро ин театр намунахои бехтарини эчоди мардуми точикро таргиб намуда ба умуми шудани фолклори махалхои гуногун хизмат мекард. Намедонам холо театри "Гахвора" вучуд дорад ё не? Яъне сари ин масъала бояд бахс кард, ки ин мероси халк дар адабиёт, театр, маориф замони шурави чи макоме дошту холо чи макоме.

Дар илми чахони фолклор ба илми адабиётшиноси нею ба этнография мутааллик буданашро ман аз фолклоршинос Равшани Рахмони шунидаам. Албатта хамчун бахши этнография омухтани фолклор захмати гарону корхои бисёри ташкилиро мехохад, ки Д.Рахимов (мудири ин бахш дар пажухишгохи забону адабиёт) инро намехохад. Зеро ин вакт уро мебояд, ки илми этнографияро низ биомузад, ки танхо ба донишманди хакики ва дилсузи миллати хеш даст медихад.

Дарди хама фикри мукобилро инкор кардан ба Д.Рахимов бегона нест. Дар мукоиса у Шашмакому фалакро дар як тарозу менихад, хол он ки матни Шашмаком бар ашъори шоирони бузург буда кухнашави надорад.

Бояд як биандешед, ки зери калимаи фалак дар ин гуна сурудхо чи маъное нихон аст. Такдир мегуед, чарх мегуед ва билохир хулоса мекунед, ки худо хам дар назар аст. Яъне эътироз бар худо зери ин матнхо нухуфта аст. Сароянда барои такдири бади хеш худро не, атрофиёнро не, истисморгаронро не, чамъият ва давлатро не, фалакро сабабгор нишон медихад. Ашъори классикон бошад, аксар мазмуни суфиёна дошта ишки илохи дар назар дошта шудааст.

Дар бораи макоми нон дар хаёти точикон боз таъкид кардан мехохам, ки ба сабаби бади иктисоди на танхо дар байни халки точик, балки дар кишвархои хамсоя низ як навъи фетиши он ба вучуд омадааст ва инро танхо хоси точикон донистан хатост.

Агар максад пешрафти миллат бошад, аз бисёр урфу одатхое, ки барои расидан ба ин максад монеъа мегардад, бояд халос шуд. Нонпарасти, агар хамчун вижагии миллат таргибу ташвик шавад, мардум хулоса мекунанд, ки хукумат вазъи иктисодии кишварро бех карда натавониста истодааст ва мехохад, ки халк зиёдтар нон хураду камтар оиди гушт ва дигар гизои сафедадор фикр кунад. Ба ин масъала гуштхурии туркхо чи алока дорад? Дар чахон халкхое зиёданд, ки дар таркиби гизои худ гуштро зиёд истифода мекунанд, аммо ба халкхои туркнажод тааллук надоранд.

Точикон мардуми аз кадим зироаткор, гандумкор бигуему менталитетро бо хамин махдуд кунем, ба чи натича мерасем? Агар масъалахои пешрафти иктисодии мардуми Точикистон ба ривочи зироаткори вобаста мебуд, ин масъалахо дар замони шурави хал мегардид.

Аммо Точикистон он кадар замини ками корам дорад, ки бо татбики технология ва илми пешкадам тахминан нисфи талаботи мардумро бо махсулоти зироат конеъ карданаш мумкин аст. Яъне ин рохе нест, ки ба он арч гузошта шавад. Хусусан хушксоли ва дигар офатхои табиат ба гирифтани хосил аз заминхои корам ва богот доимо зарба зада меистад. Дар Самарканд паи хам се сол хосил надодани зардолуро 2 сол пеш бо чашмони худ дидам.

Олимони Точикистон самти асосии чустучуи мардумро барои бех кардани зиндаги бояд муаяйн кунанд, баробари коридани зироатхои дар бозори чахон харидоргир дар шароити Точикистон кадом намудхои саноат бояд ташкил ва зиёд карда шавад, пешниход намоянд. Масалан пистаи эрониро.

Ширкатхои хоричие, ки дар Точикистон аз берун техника ва технологияи нав меоранд, аз тамоми андозхо ва бочхои гумруки озод карда шаванд. Хамон маоше, ки чунин корхонахо ба коргарон хоханд дод, вазъи иктисодии мардуми Точикистонро хеле бех ва аз мардикори халос мекунад. Давлат хам аз маош андози маълуме ситонида фоида хохад бурд.

Ба масъалаи тахияи гизо бояд ба тавсияхои тибби пешрафтаи чахон такя кард. Фикри галати байни мардум ривочёфта, ки нон бошад руз мегузарад ба он оварда расондааст, ки хазорхо занхои кудакдор азоби камхуниро мекашанду кудакони камхунро ба воя мерасонанд. Мо хамон вакт ба пешрафти милли ноил мешавем, ки халки мо дар бораи он ки чиро чи кадар бояд хурд ва барои бемор нашудан барои организми у хар руз чи кадар витамин, сафеда, канд ва г. лозим аст, бояд донад.

Агар мо тавассути воситахои пурзури электронии пахши ахбор, рузномаву мачаллахо таърифу тавсифи нонро идома дихем, идомаи фетиши кунонии он хохад буд. Таъсиси як институти гизо ва гиёххои шифобахш дар тобеияти Вазорати тандурусти лозим аст.

ТВ ОРТ-и Русия барномаи "Малахов+" дорад, ки дар он истифода аз гиёххо барои табобати мардуми ташвик мешавад. Дар ин барнома "чиро чи кадар хурдан лозим аст" низ барраси мегардад.

Хуб мебуд, ки ягон студияи телевизиони Точикистон низ чунин барномаро сар мекард.

Агар "Озодагон" дар атрофи ин масъалахо нашри маколахоро идома дихад ва агар дар охир навиштани маколаи чамъбасти аз чониби камина лозим шавад, дар хидмати мардум будему доим хастем.

Холо агар чавоб навиштан хохам хам ин корро ба таври бояду шояд анчом доданам дар гумон аст. Ба сабаби дури аз Точикистон ба бисёр маводхои зарури дастраси надорам. Масалан намедонам, ки барномаи соатхои дарсии он чо чи тур аст.

суббота, 5 июля 2008 г.

Прогроми баргардони хат аз форсӣ ба тоҷики ва аз тоҷики ба форсиро ки бояд созад?

Мақоми Интернет ва тоҷикон аз ҷониби рўшанфикрон гарм пазироӣ гардид.

Паёмнигори радиои ҷаҳонии форсии «Замона» Шаҳзода Назарзода бо камина сўҳбати доманадоре дар атрофи мавзуоти ин макола анҷом дод.

Ман дар ин сўҳбат боз як бор таъкид кардам, ки калиди қулфи бисёр муаммоҳои фарҳангии форсизабонон дар Интернет нуҳуфтааст.

Дар Интернет ва дар дохили ҳар як компютер прогроми аз як забон ба забони дигар баргардони хаттӣ ва шифоҳи ҳаст.

Чаро чунин прогроми баргардон барои аз як хат ба хати дигар масалан аз форсии араби ба кириллии тоҷикӣ ё баракс набошад?

Агар муроду орзуи фарҳангиён ҳифзи мероси умумии маданист, бояд ки барои эҷоди чунин прогром саъй ва талош варзанд. Барои ба вуҷуд овардани фазои умумифорсии фарҳангӣ дар Интернет чунин прогром хеле зарур аст, ба мисли Hieroglyph 3.7. (Редактор "Иероглиф").

Ҳар як чунин кор аз фармоишгар сар мешавад. Азбаски робитаҳо бо кишварҳои Афғонистону Эрон инкишоф меёбанд, ба чунин прогроми баргардон пеш аз ҳама Ҳукумати Тоҷикистон ниёзманд аст. Барои сохтани прогроми компютерии баргардони хат кишварҳои форсизабон низ бояд саҳм гузоранд.

Дар ҳалли ин масъала созмони «Пайванд» бояд пеш аз ҳама ибтикор нишон диҳад.

Дар байни эрониёни муқими Аврупову Амрико рўшанфикроне ҳастанд, ки чунин прогромҳоро дар сатҳи баланд эҷод карда метавонанд.

Аз хонандагони блог хоҳиш мекунам, ки дар ин бора фикру пешниҳоди худро ба гўшаи тафсири ин блог нависанд.

четверг, 3 июля 2008 г.

Мактуби Афшини Истаравшани

Маводи садуми илмиву фарханги дар блоги Герби шердор ба устод Адаш Истад муборак бод!

Маколаи охирине, ки мохи июн ин устоди сухан дар блог гузоштанд «Магзи сари точик дар намоишгохи Маскав» ном дорад ва гувох бар он аст, ки устод Адаш хануз хам барои муттахид сохтани миллати парокандаи мо кушида мукобили унсурхое, ки боиси чунин парокандагист, муборизаро давом медиханд.

Ман танхо пас аз хондани ин макола фахмидам, ки чаро илми торих ва точикшиноси дар Точикистон имрузхо окиб мондааст. Хатто манбашиносии сохаи торих низ.

Бисёр осори торихии ниёгони мо ба хати кирилли баргардон ва нашр нашудаанд.

Таъриххои ба форси эчодшудаи Имом Бухориро намегуед?

Рахим Масов дар ин бора чи фикр дорад? Хеч фикре надорад ба гайри ин ки боз як асари дигаре нависад, ки дар Узбекистон боиси норизои шавад. Хидмати хирсона карда истодаанд онхо.

Юсуф Яъкубов ё ки Юсуфшохи Яъкубшох ба чои он ки точиконро ба тозаву нотоза таксим кунад, мебоист илми этнография ва антропологияро амик омузад.

Агар ин торихнависхои точик он зарари азим ва фочиаи дахшатноке, ки Чингизхон бар сари халки точик овард, тасвир карда метавонистанд, Низом Косим асари Чингиз Айтматовро дар бораи Чингизхон ба точики тарчума ва чоп намекард. Дар ин асар Чигизхон шахси худо ба у панохи худ гирифта, ки болои сараш доимо абри сафед мегардад, тасвир мешавад. Яъне хама катли оми мусулмонон аз чониби мугулхои кофир бо хости худо будааст? Низом Косим чураи хамин таърихнависони бесавод аст, ки дар умри худ ягон сатри торихи Чувайниро нахондаанд.

Афшин, ш. Сидней

вторник, 1 июля 2008 г.

«Офарин!»-ро дертар гуфтан мумкин

Маро ба толори бузурги ҳокимияти вилоят барои супоридани мукофоти ҳукумати вилояту шаҳр ва шўъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони республика даъват карда буданд. Барои мақолаҳои дар бораи таърихи Самарқанд он сол навиштаам мақоми аввалро соҳиб шуда будам. Зеро соли ҷашни 2750 – солагии шаҳри Самарқанд буд.

Толор аз рўзноманигорон, намояндагони созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ пур буд.

Ман дар қатори якум дар паҳлўи дигар сазовори мукофот гаштагон менишастам. Дар саҳна ҳокимони вилояту шаҳр нишаста буданд ва ҳокими вилоят комёбиҳои як соли охир ба даст овардаро бо як тартиби муайян аз саноат сар карда гуфтан гирифт. Дар экрани калон ба воситаи компютер ҷадвалу рақамҳоеро нишон медоданд, ки гуфтаҳои ҳокимро тасдиқ мекард.

Дар ман чунин тасаввурот пайдо шуд, ки ҳама корҳо олист. Ва ҳамаи инҳо дар натиҷаи чашми кордонии ҳокими вилоят ба даст омадааст.

Дар охир мукофотсупорӣ сар шуд ва баъзе мукофотгирифта чанд сухани миннатдорона гуфта кордонии ҳокимро таҳсин карда ба ҷои худ омада менишаст.

Вақте ки маро ба саҳна даъват карда грамота ва мукофотро супориданд ва ҳокими вилояту ҳокими шаҳр дастамро сахт фишурданду табрик намуданд, дилам ҷўш мезад, ки ман ҳам ба назди микрофон рафта «Э садҳо офарин ба чунин роҳбарон!» бигўям.

Аммо таҷрибаи собиқа мегуфт, ки «Адаш Истад, каме сабр кун, ин гапҳоро дертар ҳам гуфтан мумкин».

Ҳамин тавр сухан накарда ба ҷои худ омада нишастам. Сипас барои мо ва дигар рўзноманигорон дар ресторани машҳур зиёфати шоҳона ороста буданд, ки ба он ҷо даъват карданд.

Медонистам, ки дар он ҷо албатта ба ман ҳам сухан хоҳанд дод ва боз маҷбур мешавам «Офарин ба роҳбарони шаҳру вилоят!» бигўям.

Ба зиёфат нарафтам, телевизори рангаро гирифта рост ба хонаам омадам. Аз байн се моҳ нагузашта дар вилоят иҷлосияи ғайринавбатиро даъват намуданд. Президенти кишвар худашон омада маърўза карданд ва баробари дастовардҳо ҳақиқати талхро баён намуданд. Аввал ҳокими вилоят, сипас ҳокими шаҳр аз вазифаҳояшон сабукдўш гардиданд.

Ҳамин тавр боз як бор исбот гардид, ки дар «Офарин! Аҳсант!» гуфтан ҳаргиз шитоб кардан лозим нест.

Телевизиони ғайриҳирфаи

Оиди касбияти пасти студияҳои телевизиони Тоҷикистон ҳоло онҳое низ ҳарф мезананд, ки аз нозукиҳои ин касб кам хабар доранд. Ман ба камбудиҳои он умуман эътибор намедодам, аммо як нафар шоири тоҷики самарқандӣ гуфт, ки ин телевизион чеҳраи миллат аст ва мо бояд ҳар гарде, ки дар ин чеҳра мебинем, ба бартараф карданаш бикўшем.

Корҳои хуби ин студияҳои телевизионӣ ба ҳама маълуманд. Дар ин ҷо одамони боистеъдод кор мекунанд. Солҳои шўравӣ имкон буд, ки дар Институти такмили ихтисос дар Маскав асрори касби худро омўзанд. Ҳоло чунин имконият нест. Блоги «Андеша» боре навишт, ки ин студияҳо ғайриҳирфаӣ ҳастанд, корҳои ҳаваскорона мекунанд.

Имкони ба дараҷаи студияҳои телевизионии Маскав баланд бардоштани студияҳои тоҷикӣ ҳаст. Устодони театр ва синамо ҳоло ҳам дар Душанбе кам нестанд. Аз онҳо як шўрои маслиҳатӣ сохтан лозим аст.

Ҳар як рўшанфикр фикри худро оиди сифатҳои барномаҳои телевизионӣ нависад, то ки он хатоҳо дигар такрор нашаванд.

Як субҳи 30 июн як соат «Шабакаи Якум» ва як соати дигар «Сафина»-ро дидам.

Микрофон аз даҳони меҳмони ба студия даъватшуда дур ва садояш ҳамроҳ бо акси садо буд. Аз ин сабаб чӣ мегўяд, фаҳмидан душвор шуд. Мўй муҷрии барнома (мард) ба пешонӣ ҳамоил буд, ки аз набудани стилист дар ТВ-1 гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамин субҳ ТВ Сафина сўҳбате бо Лайло Фуруҳар орост. Лайло номи ҳаммиллатони моро ба ҷои он ки «тоҷик» гўяд, «тоҷикӣ» гуфтан гирифт, аммо муҷрӣ боре ҳам ўро ислоҳ накард. Лайло Фуруҳар аз устодони овозхонии пешрафтаи муосир дар Амрикост. Аз ў оиди ин ҷабҳаи мусиқии миллӣ бояд пурсида мешуд. То ки сарояндаҳои ин навъи мусиқии тоҷик каме бошад ҳам ба дунёи ин гуна мусиқӣ роҳ ёбанд, баҳрае бардоранд. Аммо мухлисон аз даҳони муҷрӣ танҳо суолҳои ғайрикасбиро шуниданд ва Лайло низ тибқи ин суолҳо ҷавоб дод. Агар гўяндаҳои телевизион аз асрори ин гуна мусиқӣ бехабаранд, бояд назди ягон оҳангсоз ё мусиқишинос мерафтанду маслиҳат мегирифтанд. Ё ки ба сўҳбат бо Лайло онҳоро даъват мекарданд.

Дар ТВ-1 вақте ба студия як кас даъват мешавад ва баранда бо ў сўҳбат мекунад, рўи сўҳбаткунанда ба бинандаи телевизион нест. Эҳтимол дорад, ки танҳо бо як камера кор мекунанд ва рў ба рўи меҳмони студия ягон камера нест.

Гўяндаву муҷриҳо ҳоло ҳам калимаи «нафар»-у «нафарон»-ро ғалат истифода мекунанд.

Таъбири хоби ман чист?

(Аз «Хобнома»-е, ки Мавлоно Мушфиқӣ барои хоҷа Насриддин таълиф кардаанд)

ГАРДАН. Агар дар хоб гардани дилбари нозанинеро бинед, донед, ки хатаре ба гардани худатон таҳдид мекунад, яъне маъшуқаи наве ба гардани шумо савор мешавад, агар ў донишҷў бошад, ба ҷои ў рисолаи дипломӣ хоҳед навишт.
Агар гардани ғафсу сиёҳи мардро бинед, сардоратон ба шумо илова ба вазифаатон кореро мефармояд, ки барои иҷрои он танҳо ҳамин хел гардани ғавси сиёҳ лозим.

ДУРЎҒ. Агар хоб бинед, ки дурўғгўй шудаед ё дар мусобиқаи муҳоботчиёну дурўғгўйён ширкат меварзед, бидонед, ки ҳатман рўзноманигор ё шореҳи сиёсии замони рукудро дучор хоҳед омад.

ГЕСЎ. Агар гесўи нозанинеро хоб бинед, ҳушёр бошед, ки доме дар пеш аст. Агар гесў рост бошад, раҳо меёбед, агар каҷ бошад, ҳатман ба чангаш меафтед.

ГЎСФАНДОН. Агар рамаи гўсфандонеро хоб бинед, ки гург чўпонӣ мекунад ва шумо барои кандани пўсти гўсфандии гург талош доред, донед, ки узви ягон созмони ғайрирасмӣ мешавед.

ГУНГ. Дар хоб дидани гунг маънои онро дорад, ки боз чанд рўз радиою телевизори шумо кор нахоҳад кард.

ГЎШИ СУРХ. Агар дар хоб гўши сурхро бинед, рўзона дар ҷои кор ғайбати касеро мешунавед ва ё шуморо ғайбат хоҳанд кард. Бинии сурхро бинед, садта қултимисин мезанед, чашми сурхро бинед, ба ғазаби сардор гирифтор мешавед. Дар ҳолати охирин маслиҳат медиҳам, ки он рўз ба чашми сардор нанамоед.

ТАХТАВУ ТИРАК. Агар тахтаву тиракро хоб бинед, он рўз шумо ба завҷаатон танҳо суханҳои хуш гўеду мум барин мулоиму асал барин ширин шавед, вагарна бо тирак шаттае ба калла мехўред ва ё ки янга шуморо чалпак карда, дар тобаи суханҳои ҷонсўз бирён мекунад.

ХОМЎШАК. Агар хомўшаки нарро хоб бинед, рўзи дигар коратон барор мегирад. Агар хомўшаки дар хоб дидаатон мода бошад, коратон барор намегирад. Оиди гунҷишк ва шапарак ва кайк низ ҳамчунин.

ЗАН. Агар хоб бинед, ки занатон бо табар ё калтак роҳи шуморо мепояд, он рўз ба назди маъшуқаатон наравед, ки хатаре шуморо интизор аст.

САРДОР. Агар дар хобатон сардорро бинед, кўшиш кунед, ки зуд бедор шавед, вагарна ба шумо ё кореро мефармояд ё барои ягон хатои чанд ҳафта пеш кардаатон сарзаниш намуда, кайфи хобро тамоман аз саратон мепарронад.

ШЎРБО. Агар дар хобатон бубинед, ки шўрбо ё таоми ошхонаҳои чиркини шаҳри моро хўрдаед, зуд бедор шаведу доруи дарди шикам хўред, дар акси ҳол он таомҳои дар хоб дидаатон шуморо шикамдард мекунад.

Авҷи хурофотпарастӣ

Ин ҳаҷвияро кай навиштаам ва ба идораи «Овози тоҷик» кай фиристодаам дар ёдам намондааст. Онро 18 июни с.2008 «Овози тоҷик» чоп намуда аст. Ба ёд овардам, ки ман ҳам замоне аҳёнан ҳикояҳои ҳаҷвӣ менавиштам ва ба ин тарз муносибати худро ба рўйдодҳо дар ҷомеа изҳор менамудам. Ин ҳаҷвия як навъ аксуламале буд зидди таъбирномаҳои мунаҷҷимӣ, ки газетаву телевизионро замоне пур карда буд ва мардуми гўлу сода ба онҳо бавар мекарданд. Дар Ўзбекистон ҳоло теъдоди он хеле кам шудааст.

Вақте ки Иттиҳоди шўравӣ пош хўрду мафкура ва идеалҳои он бе муттако бимонд, дар мафкураи мардуми ба ин ғояҳо бовардошта ва бовари худро гумкарда як холигӣ ё вакуум ба вуҷуд омад. Фолбину мунаҷҷимҳо зуд пай бурданд, ки майдон холист, вақти саодату зафари онҳо фаро расид. Ҳурофот авҷ гирифт. Он ба саҳифаи рўзномаҳои бонуфуз ва ҷиддӣ роҳ ёфт ва телевизион низ. Дигар касе аз мафкураи материалистӣ, ки решаҳояш бар илми замонавӣ устувор буд, ёд намекард. Дар авҷи хурофотпарастӣ донишманде, ки оиди ҷину деву пари дар мафкураи тоҷикон рисолаи илмӣ навишта буд, дуохону экстрасенси инҳоро аз сари бемор дур кунанда табдил ёфт.

Акнун мардум тадриҷан ҳис карда истодаанд, ки хурофот чист. Ба зиёрати мазорҳо рафта аз рўҳи шайху авлиёҳо мадад хостан кам мешавад.

Боз асри компютерҳои пуриқтидор, кашфиётҳои кайҳонӣ нуфузи худро намоён мекунад.

Бояд акнун биандешем, ки то ба кадом дараҷа хурофот ба шуури ҷомеъаи тоҷикон реша давондааст ва он чӣ шаклҳое дорад? Муқаддасоти дурўғин магар як навъи хуруфот нест?

Нонро бўсида ба чашм молидан магар як навъи парастиши он, як навъи хуруфот нест?

Ба мазор латта баста ният кардан магар хуруфот нест?

Хуруфот он қадар зиёд аст, ки фарди оддӣ онро аз дагар падидаҳои ростин фарқ карда наметавонад ва баъзеро автоматӣ иҷро мекунад. Масалан, вақти аз ҷой хестан мегўяд: «Ё пирам!» ба маънои «пирам, мадад бикун!». Ҳол он ки дасти пири тариқатеро нагирифтааст ва ҳоло аз рўҳи кадомӣ мадад мехоҳад маълум нест. Дини ислом низ аз аввал бо хурофот мубориза карда меояд.

Асри интернет ва мавҷудияти хурофот. Аҷаб тозоде!