суббота, 7 февраля 2009 г.

Бартарии тамаддуни иронӣ

1. Мисри тоисломӣ: кишвари таҳхонаҳои торик. Ирони тоисломӣ: кишвари нур, хуршед ва оташ.
2. Мисри тоисломӣ: кишвари худоҳои зиёди миранда. Ирони тоисломӣ: кишвари Худои нонамоёни ҷовидон.
3. Мисри тоисломӣ: ҳама ба марг хизмат мекунанд. Ирони тоисломӣ: ҳама аз зиндагӣ шаҳодат медиҳад, ҳама меҳнату кўшиш барои ғалаба бар иблис – яъне Аҳримани бадкеш.
4. Мисри тоисломӣ: интизории шодмона барои зиндагии пас аз марг. Ирони тоисломӣ: кўшиш барои хурсандӣ дар ин дунё (сангнавиштаҳои Доро).
5. Мисри тоисломӣ: Аҳромҳо – мавзолейҳо. Ирони тоисломӣ: Кохи шоҳаншоҳии Тахти Ҷамшед, ки таҷассумгари ғояи ҳукмронӣ бар ҷаҳон ва ё ба якчанд кишварҳост. Яъне таъмини амнияти шаҳрвандон дар кишвари абарқудрат бештар аст.
6. Мисри тоисломӣ: мўмиёкунии ҷасади мурдаҳо бо мақсади ҳифзи онҳо барои зиндагии ондунёӣ. Ирони тоисломӣ: нест кардани ҷасадҳои мурда бо мақсади ҳифзи покии об, хок ва ҳаво.

Ба фикри баъзе донишмандон, тамаддуни Ирону Осиёи Марказӣ ба сабаби универсалӣ, зиндагисозиву тавонмандиаш тавонист, ки бо омадани ислом бисёр сифатҳои худро нигоҳ дорад, аммо мисриён ҳам забону ҳам фарҳангу ҳама чизро ки доштанд, аз даст доданд. Дар ҳоле ки маданияти мисриён нисбат ба маданияти тоисломии арабҳои атрофи Макка ва Мадина пешрафтатар буд.

Акнун худатон ба ин услуб Ирони тоисломиро бо дигар кишварҳои тоисломӣ муқоиса кунед. Ин амал имкон медиҳад, ки бо решаҳои тамаддуни бостонии Ирону Осиёи Марказӣ бештар шинос шавед.

1 комментарий:

mohammad hoseyn комментирует...

дуруд бар шумо!устоди арчманд
як бор аз як дусти мисри пурсида будам ки чаро шумо пас аз омадани арабхо забони худро фаромуш кардед? у гуфт " мо пеш аз хамлаи арабхо Яъне дар замони румиён ( romans ) забони худ ро аз даст дода будем ва бо паидо шудани сару каллаи аъроб бори дигар тагири забон додем , хар чи бошад забони арабхо аз забони румиён бехтар аст !! "
вале мо пас аз юриши искандари макдуни , забону фарханги хеш ро аз каф надодем , албатта таъсироте пазируфтем . ва медонем ки агар таъсир пазери , дар андозаи маъкулу муътадил бошад , на танхо бад нест балки мояи пуёииу боландагии забону фарханг хохад буд .
албатта тамаддуни мисриён низ вокиъан штгтфтовар ва хиракунанда ва ситоЯшангез буд .
шод бошеду дер зивед !