вторник, 31 марта 2009 г.

Посухи нўҳум

Камина ҳаргиз нияте надорам, ки ба гўши касе «лапша» овезам. Бисту панҷ сол вазифаам дар матбуоти Тоҷикистон аз инъикоси фарҳанг иборат буд ва дар ин боб хеле чизҳоро омўхтаам. Яъне мутахассиси ин соҳа ҳастам.

Мутахассиси соҳаи иқтисоди Тоҷикистон нестам, ба ин сабаб оиди масоили нон ҳарф намезанам.

Муқаддасоте ҳастанд, ки онҳоро бо будану набудани нон вобаста намекунанд. Чанд сол пеш ҳукумати Эрон барои як қавми навмусулмони африқоӣ масҷид сохтааст ва азбаски мардуми қашшоқ будаанд, ҳафтае як ё ду бор ба тариқи ёрдам ғизо мефиристодааст. Боре ба чӣ сабабе таъхир рух медиҳад ва ҳавопаймо бо маводи ғизоӣ парвоз карда наметавонад. Имомхатиби он масҷиди африқоӣ телеграмма фиристодааст, ки ба намоз касе наомад, ҳама талаб доранд, ки аввал нонашон диҳед, баъд ба худо саҷда мекунем.

Рўшану возеҳ гуфтам, ки герби ҳозира ягон унсури намодӣ надорад, тасвирҳои он танҳо баёнгари ҳамон предметҳо ҳастанд, ки тасвир шудаанд. Намод нест. Ягон унсури зинда нест. Ҳатто офтоб баёнгари сарчашмаи ҳаёт нест. Барои намуна акси хуршеди пештоқи мадрасаи Шердорро пешниҳод мекунам, ки симои инсонии митроӣ дорад.

Магар иқтибос овардан аз китобе лапша ба гуши шумо овехтан аст?

Ман ягон ақидаро ба касе зўран бор кардан намехоҳам. Мисолҳоро оварда истодаам, ки худатон хонда худатон хулоса бароред.

Андеша кунед, ки беҳтарин донишманди намодҳои торихи Осиёи Марказӣ Л.Ремпель, ки худ рассоми чирадасте низ буд ва тамоми умри худро сарфи омўзиши санъати Осиёи Марказӣ кардааст, оиди сурати шери аз Тахти сангин пайдогардида баҳои баландтаринро медиҳад. Ин тасвири намодӣ бо сабки рўшани гералдикӣ беҳтарин асари бадеӣ дар санъата Осиёи Миёна аст, - мегўяд ў. Ва таъкид мекунад, ки дар он шукўҳ ва шаҳомати хоси шоҳаншоҳии ҳахоманишӣ дарҷ аст.

Сипас бо иқтибос аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ман гуфтани ҳастам, ки намоди давлатдорӣ доштани ин шерро президент низ таъкид кардаанд.

Яъне хулосаҳои як донишманди соҳа бо фикри сардори давлат мувофиқ афтодааст. Шумо бошед, ба ҷо он ки аз чунин баҳои баланди як донишманди номӣ ба ин осори ҳунарии ниёгони мо хурсанд шавед, онро лапша меномед? Пас куҷост худшиносӣ ва миллатдўстии Шумо?

Баъзеҳо бовар надоранд, ки президент ба навиштаҳои камина эътибор медиҳаду барои таъсиси лоиҳаи герби нав комиссиюн ташкил мекунад. Ва ин баҳсро як баҳси беҳуда мешуморанд.

Медонед, ман ин чизҳоро фикр намекунам. Пеш аз ҳама онро меандешам, ки ҳамчун як нависандаи тоҷик, ки мутахассиси маънавиёт маҳсуб мешавам, карзи виҷдонии худро адо кунам.

Он тарафашро, ки ягон мансабдор ба ин навиштаҳо эътибор медиҳад ё не, ба виҷдони ҳамонҳо ҳавола мекунам.

воскресенье, 29 марта 2009 г.

Посухи ҳаштум

«Пир во время чумы?» мегўед?

Магар барқарор кардани арзишҳои волои миллӣ базму зиёфатхўрӣ аст?

Ин кор аст, ранҷ кашидан аст, билохир мубориза аст. Ман ба нармӣ фаҳмонидам, ки баъди ҷанги ҷаҳонии дуввум, вақте ки нон набуд, гуруснагӣ ҳукмрон буд, манзилҳо ва корхонаҳо ба хок яксон шуда буданд ва давлатҳояшон дар хазина як пайса надоштанд, миллатҳои Аврупо сараввал ба муҷассамасозӣ ва эҳёи намодҳояшон шурўъ карданд. Зеро онҳоро такягоҳи халқ меҳисобиданд. Ба ҳамин сабаб ба комёбиҳои азим расидаанд.

Ва масъалаи ору номус низ меҳисобиданд. Шумо бошед, масъалаи ору номусро «пир» яъне базму тараб меҳисобед? Оё мефаҳмед, ки фарқ аз куҷо то куҷост?

Ба шумо агар бигўянд, ки аввал нон мехўрӣ ё номусатро ҳифз мекунӣ, пас аввал ба нонхўрӣ метозед? Ҳол он ки имрўз вазъ дар Тоҷикистон он қадар нест, ки касе бе нон монда бошад ё ки вабо ҳукмрон бошад.

Боз як касе суол карда буд, ки ҳамон солҳо оқои Адаш Истад куҷо буданд?

Агар веблоги Герби шердорро аз оғозаш – моҳи феврали соли гузашта кушода то ба имрўз бихонед, хоҳед донист, ки барои ба лоиҳаи герби Тоҷикистон даровардани намоди шери чи корҳое кардаам.

Посухи ҳафтум

Ду сурати шер аз марзи Тоҷикистон

Пажуҳишгари намодҳои бостонии Осиёи Миёна Л.И.Ремпель дар китоби худ «Занҷири замонаҳо» навиштааст, ки сурати шер дар рўи ғилофи устухони филии аз Тахти сангин (Тоҷикистони ҷанубӣ) мутаалиқ ба асри панҷи то солшумории мелодӣ – яъне дуним ҳазор сол пеш беҳтарин тасвир дар санъати нафисаи Осиёи Миёна маҳсуб мешавад. Зеро ин шер ба пойҳои оқиб ба тарзи гералдикӣ рост истодааст, ки хоси талаботи услуби бошукўҳи санъати дарбории ҳахоманишист.

Ба ҷои дарахти ҳаёт оҳу тасвир шудааст. Дар бораи сурати дар чўб кандакоришудаи шер (Панҷакенти асри ҳашт) гуфтааст, ки ин ҷо шер нишонаи ҳукумати шоҳон аст.

Ҳоло ин ду суратро манзури шумо мекунам. Дар бораи суратҳои дигар аз бозёфтҳои археологӣ ба мақолаҳои камина дар моҳи март ба веблоги Герби шердор гузошта муроҷиат кунед.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон «Тоҷикон дар оинаи таърих» (китоби якум, саҳ.26) оиди ин бозёфти нодир навиштаанд:
«Куҳантарин бозёфти маъбади Вахши ғилофи оҷии ханҷари бохтарисохтаи акинак аст… Шер дар қисми болоии ғилоф акс ёфтааст, ки бо пойҳои пеш оҳуеро дошта, бо пойҳои ақиб одамвор рост истодааст. Шер то андозае қиёфаи инсонӣ дошта феълан ба асотири ривоятии ифодаи тавоноиву қудрати шоҳон асос ёфтааст.»

Яъне худи Ҷаноби олӣ таъкид кардаанд, ки ин ҷо рамзи давлатдорӣ ҳаст.



Посухи шашум

Баъди ҷанги ҷаҳонии дуввум миллатҳои Аврупо ҳама ба муҷассама сози часпиданд. Рўзноманигорони хориҷи суол мекарданд: ҳама ҷо вайрону шумо пайкарасози мекунед? Онҳо ҷавоб медоданд: мо такягоҳҳои халқамонро дуруст мекунем

Сипас онҳо ҳама миллатҳои дигарро оқиб гузошта пеш рафтанд. Намодҳои миллӣ такягоҳи асосии миллат ҳисоб мешаванд.

суббота, 28 марта 2009 г.

Посухи панҷум

Аз оини меҳрпарастӣ то ба имрўз ягон матни хаттӣ, ягон ривоят омада нарасидааст, ки мо оиди мақоми намоди шерӣ байни ниёгони тоҷикон тавонем бештар сухан ронем. Ба мо танҳо тасвирҳо омада расидаанд, ки онҳо низ мутааллиқ ба даврони меҳрпарастӣ нестанд, баъдинаанд.

Мо дар бораи оташе, ки дар мағзи кураи Замин ҳаст, чизеро намедонем. Зеро ягон дастгоҳи фаннӣ имкони ба он расида тадқиқ карданро надорад.

Аммо гармии онро ҳис метавон кард, вулқонҳо баъзан гувоҳи медиҳанд. Намоди шер низ дар фарҳанги тоҷик ба мисли ҳамон мағзи хеле тафсони Замин аст. Мо танҳо гармии онро, ки аз замонаи хеле дур меояд, ҳис мекунем.

Мо медонем, ки ин шер дар маркази марказҳои фарҳанги ниёгони мо қарор дошт, дарун мояи онро ташкил мекард, аммо маълумоти пурра надорем. Ба мисли он ки чархи аробаро аз ниёгони мо кӣ кай ихтиро карда буд, маълумоте нест, намоди шерӣ низ айнан ҳамин гуна аст. Ба ақидаи файласуфи олмонӣ Гердер ҳар як миллат маркази бахти худро дар дохили худ дорад, ба мисли курае, ки маркази вазнинаш дар мағзаш ниҳон аст.

Агар ба масал мафҳуми миллат иборат аз чунин курраи чун пиёз аз қабатҳо иборат бошад, вақте ки ҳама қабатҳои онро берун мекунеду ба мағзаш мерасед, мебинед, ки сурати шер истодааст. Тоҷдор ё болдор дар ҳимояи дарахти ҳаёт.

Асоси асосҳои руҳи миллӣ ҳамин шер аст, он барои ташаккули фарҳанги мо таъсири бузурге расонидааст.

Чаро Рўдакӣ дар шеъраш амири сомониро шермард мегўяд, чаро Фирдавсӣ Рустамро шермард мегўяд, чаро Рўдакӣ «Модари озодагон кам зояд» (шер кам зояд) мегўяд?

Чаро мо ба аз худ хурдсолтар «шери ако!» гўён муроҷиат мекунем? Чоро хурдсолонро ситоиш кунем «офарин шербачаҳо!» мегўем?

Агар пажуҳишгарони адабиёти мумтоз ва фолклоршиносон, мардумшиносон сари ин масъала фикр кунанд, мисолҳои бештаре пайдо карда ҳатман ба он хулосае, ки ман расиидам, хоҳанд расид.

Агар бостошиносон кўшиш намоянд, чун шерҳои Панҷакенти қадим тасвирҳои ҷолибтари шерро аз таҳхонаҳои торихи тоҷикон хоҳанд ёфт.

Халқҳои ба мардуми тоҷик ҳамсоя них Алишер, Шермуҳаммад, Шералӣ барин номҳо доранд.

Чун пешгузаштагонашон оини меҳрпарастиро аз сар гузаронидаанд. Аммо дар онҳо ҷойгоҳи шер он қадар густардатар нест, чунон ки дар байни мардуми тоҷик зиёд мушоҳида мешавад, нест.

Дар онҳо Бўриев, Қўзиев, Чориев барин номҳо зиёд вомехўранд, ки ба сабаби ҳамзистӣ дар як марз ба тоҷикон низ гузаштааст. Яъне дар байни қавмҳои турк гургу гўсфанд низ ҷойгоҳи худро дорад.

Барои баъзе қавмҳо гург, гўсфанд, саг, паланг дар замонҳои меҳрпарастию томитроӣ тотем буданд, яъне ҳомии ҳамон қабила аз балову қазоҳо буданд. Решаи чунин номҳо аз он ҷост. Аммо барои ниёгони давраи тоавестоии мо шер аллакай тотеми як қавме аз қавмҳои мардуми ориёӣ набуд. Он аллакайҳо дар оини митроӣ мақоми баландтару густардатареро касб намуда ба муҳофизи аҳуроии дарахти ҳаёт мубаддал гардида буд.

Агар шер барои ниёгони мо танҳо тотем мебуд, ҳатман то ба имрўз одате аз он аз қабили он ки дандонҳот гургро шадда карда ба гардан меовезанд, омада мерасид. Аммо барои як не, балки чандин қавм замоне тотем будани шер, чун шоҳи ҳайвонот ва пурзўр як падидаи табии бояд шинохта шавад.

Агар ба сайри торихии тасвири шер дар фарҳанги худамон назар андозем, мебинем, ки аз ду шери тоҷдор ё болдори муҳофизи дарахти ҳаёт танҳо яке мондааст, ки аз тахтапушти он хуршед тулўъ мекунад. Ин ҷо хуршед ҷои дарахти рамзиро гирифтааст. Дарахти ҳаёти рамзӣ ба нақшҳои меъморӣ кўчидааст, ки намунаҳояш дар шаклҳои гуногун то ба имрўз расидааст ва тасвир намудани онро устоҳои наққошу гочкору кандакори тоҷик идома медиҳанд. Дар табақаи дари қадимае сурати барқади шерро дидаам, ки аз он донишмандони торихи ҳунар хабардор будагистанд. Аммо чунин кор фардист.

Дар он тасвирҳои намоди, ки хуршед аз паси шер тулўъ мекунад, шер на тоҷ дораду на бол. Тоҷу болҳо дар кадом замона афтодаанд, эҳтимол донишмандони торих бидонанд, аммо ман чизе намедонам ва он китобҳоеро, ки донишмандони эронӣ оиди намоди шеру хуршед чоп кардаанд, нахондаам. Агар фикри шахсии маро бипурсед, бароям ҳамон сафолпора, ки дар он ду шери дар сар тоҷдошта аз ду ҷониб дар ҳифозати дарахти ҳаёт истодаанд, хуштар аст. Эҳтимол ба он сабаб, ки ин мазмун шарҳу тафсир намехоҳад, ҳатто барои кўдак низ фаҳмост. Шерҳои болдору тоҷдор намоди оҳуроианд, ба ин шак надорам.

Бо омадани ислом ба сарзаминамон гум шудани ин унсурҳои аҳуроӣ низ фаҳмост.

Шакли шер низ дар шеру хуршеди пештоқҳои мадорис намуди аморфӣ ба худ гирифтааст, на палангу на шер, як шери рамзист. Аммо хуршед митроӣ аст бо чеҳраи зебои зан.

Пас суол ин аст? Мо кадоми инҳоро асоси намодӣ қарор дода метавонем?

четверг, 26 марта 2009 г.

Посухи чорум

Гералдика, ки тамғашиносӣ, гербшиносӣ фаҳмида мешавад, кори ҳирфаии мусаввирон аст. Онҳо бо дарки ин ҳунар тасвирро барои он ки вақти аз он дар марка, сикка задан ё чопҳои сиёҳу сафед ва ранга боз ҳам барҷастатару равшантар мазмунро ифода кунад, омода месозанд. Болои герби кунунӣ рассомони касбӣ кор кардаанд, таносубро риоя намудаанд.

Аммо сурати тоҷ коҳиш ёфтааст, на ҳар кас пай мебарад, ки ин тасвир тоҷ аст. Сипас байни ситораҳо ва тоҷ пайванде нест. Рассомони Ўзбекистон дар ороиши майдонҳои бузург ё идҳо рамзи асосии гербашон мурғи ҳуморо чун рамзи давлати бахтовар истифода мекунанд.

Аммо мусаввирони тоҷик, вақте ки пеш аз чунин корҳо ба герби Тоҷикистон менигаранд, дар он чунин унсури асосиро надида ҳайрон мемонанд.

Посухи саввум

Ҳеҷ фикр кардаед, ки чаро беъзеҳо бачаҳоро дар аксар маврид Шерзод ва Шербой ном мегузоранд?

Рўи суханам бо президенти Тоҷикистон низ ҳаст, вале асосан бо мардуми тоҷик аст.

Баъзе фикрҳоямро оиди ин масоил дар мақолаҳои
«Байрақи Тоҷикистон чигуна бошад?» («Адабиёт ва санъат» №36, 1991, 5 сентябр)
«Рамзҳои миллӣ кадомҳоянд?» (Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» №2, 27, 1992)
«Байрақи манқуртҳо ё тоҷикон?» («Адабиёт ва санъат» №35, 27 август, 1992)
баён карда будам.

Дар сурати шер чизе ҳаст, аз қудрат, тавоноӣ, ҷасорат, шуҷоат, шукўҳ, ғуруру сарбаландӣ, ки ягон сурати ҷонвари дигар ин гуна маъноҳои зиёди мусбатро дода наметавонанд.

Образи мурғи самандар образи шоиронаи хубест, ҳатто Самандар низ ном мегузоранд. Аммо касе ба худ мурғи самандарро тасаввур карда наметавонад ва самандар мисли шер он қадар густарда ва амиқ ба хаёти мардуми тоҷиик ворид нашудааст. Симурғ аз ин ҷумла аст.

Шерзоди зиёде ҳастанд, вале касе фарзандашро Самандарзод ном намегузорад. Ва он маъноҳои мусбате, ки мо аз дидани тасвири шер бармедорем, ҳатто уқоби кўҳӣ дода наметавонад. Сари баланди пурғурури шер – сумболи озодиро он тавре ки мехоҳем дода метавонад.

Тасвири шер такид ба тафаккури шоиронаи мардум низ мебошад. Агар кўҳро дар герб ба маънои аслиаш ҷой дода бошем, шер он ҷо ифодагари мазмуни худ ҳайвони даранда нест.

Хеле афсўс мехўрам, вақте ки герби ҳозираи Тоҷикистонро мебинам, ки ҳама унсурҳояш фақат маънои аслии худро таъкид мекунанд, на ягон маънои маҷозии волотареро. Айби аз ҳама бузурги унсурҳои герби кунунӣ адами образҳои муассиру неруманди ангезандаи ҳиссиёти баланд аст.

Ҳар сол шанбеи пеш аз Наврўз шанбегӣ гузаронида ҷойҳои ҷамъиятиро тозаю озода ва обод мекунанд. Дар ин рўз аз назди мактаби деҳа гузаштам, як гурўҳ шогирдони мактаб гул мекориданд.
Гуфтам: - Монда набошед, шербачаҳо!
Онҳо ҳама хурсанд шуданд, ки шербача гуфтамашон.

Агар шербачаҳо нею гургбачаҳо ё палангбачаҳо меномидам, президент бошам ҳам аз гиребонам мегирифтанд, ки «чаро моро дашном мекунӣ?».

Ин шери ифтихорӣ бо шири модар аз сина ба сина интиқол ёфта меояд. Дар ягон миллати дигар бачаҳоро шербачаҳо гуфта метавонанд? Не, танҳо дар мо боқи мондааст, зеро ҷавҳари миллии мост.

Идроки шер ба маънои қудсияти миллӣ барои тоҷикон на бо роҳи ақлонӣ, балки интуитивӣ яъне гувоҳи дил ва инстинкт - савқи табиӣ будааст.

Чизе будааст болотар аз сухан, болотар аз шеър, болотар аз Авесто. Робита низ бо ин образ аз роҳи хирад не, аз роҳи дил будааст.

Посухи дуввум

Штандарт, яъне ливои президентӣ чизест вижагӣ, яъне мутааллиқ ба як мансабдор, на тамоми давлати тоҷик. Ин штандарт ва муҷассамаи шерҳое, ки назди пайкараи ёдгории Исмоили Сомонӣ дар Душанбе мебинед, далел бар он аст, ки президент Э.Раҳмон бо намоди шерӣ ихтилоф надорад ва зиёда аз он ба он арҷ мегузорад.

Баҳс сари ин масъала нест, балки сухан аз ҳар як рамзи бостонии тоҷикро шинохтану онро ба мақому мартабаи арзишмандаш гузоштан меравад. Сухан аз худшиносии миллист.

Оиди шеру хуршед ҳамчун намодҳои ориёӣ аз ҷониби донишмандони эронӣ чанд китоб навишта шудааст, ки Ризо Фозилӣ низ аз Каноли Як онҳоро тарғиб мекунад, ки бихонанд.

Мақсад ин аст, ки агар мо тоҷикон дар кадимзамон намоди шеру хуршедӣ доштем, он дар чи шаклу сурате буд. Ҳар як намоди бостонии ниёгони тоҷикон номаи онон ба оянда, яъне ба мост. Вазифаи мо онро ёфтан, хондан, ба дигарон фаҳмондан ва агар аз мақоми волояш афтода бошад, ба он мақоми волояш гузоштан аст.

Намоди шер аз замони тоавестоию тозардуштӣ меояд, мутааллиқ ба меҳрпарастӣ – оини митраизм будааст. Аммо ин оин аз байн рафта сумболи он – шеру хуршед ҳоло чизеро аз дини он замон бозгўӣ намекунад. Касе ҳам дар хаёли парастиши онон нест. Ба ин ваҷҳ сурати офтобро дар герби кунунӣ акси офтоб медонанд. На рамзи ягон оин.

Дар боби он ки вақти муроҷиат ба сардори давлат вожаи «мўҳтарам»-ро ба кор бурд ё не, ман муътақидам, ки ҳатто вақте ки ин мансабдор як нафар ройдиҳанда дорад, ўро бояд «мўҳтарам» гуфт.

Шумо ба мўҳтарам гуфтани президент эҳтироми худро ба халқе баён мекунед, ки ўро интихоб кардааст ва ба онҳое низ, ки интихоб накардаанд. Зеро тибқи қонун ў президенти мардуми ўро интихоб накарда низ маҳсуб мешавад.

Сиёсатшиносони эронии мухолифи ҳукумати исломии Эрон ҳамдигарро «ту-ту» мегўянд, вале вақти сухан аз ягон мансабдори калони Эрон рафт, нисбаташ «шумо-шумо» мегўянд. Тақозои одоби муошират чуни наст ва доим чунин хоҳад буд.

Барои як нафар ғайритоҷике, ки муқобили шери герб сухан мегўяд, он сурати шер ҳамагӣ сурати як гурбаи хеле бузурги ваҳшист. Аммо барои тоҷик арзиши волоест. Асоси асосҳо, рамзи решаю ҷавҳари миллати ўст

Дили миллати тоҷик аз дохил бо риштаҳои ноаён бо сурати ин шер пайванд гардидааст. Ин шер ўро аз бисёр корҳои носазо боз медорад.

Тоҷик вақте ки ин рамзи асолати худро гум кард, дигар гўё ҳама чизашро гум кардааст, дигар ў ба ҷонвари сияҳгўше, ки аз паси шер гашта сарқути ўро мехўрад, монанд мешавад, яъне ба мақоми поёнтаре мефурояд.

вторник, 24 марта 2009 г.

Торнигори Хусрав

Хусрав шоири ҷавони сурхандарёӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон имрўзҳо дар магистратураи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил мекунад. Шеърҳояш мазмуни тоза доранд.

Хусрав барои вусъати бештари доираи хонандагони шеъри худ торномаи хусусиашро таҳти унвони «Хусрав» дар Интернет боз намуд.

Ба Хусрав комёбиҳои эҷодӣ орзу намуда ба торномааш роҳи сафед мехоҳам.

Посух ба як хонанда

Шер дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи хосеро доштааст. Оиди дар дарафш истифода шудани нақши шер ин байти Анварӣ далел шуда метавонад:

Ҳар самт ғуборе, ки зи ҷавлони ту хезад,
Чун бод хўрад шери алам шери жаёнро.

Мавлоно низ гуфтааст:

Мо ҳама шерем, вале шери алам,
Ҳамламон аз бод бошад дам ба дам.

Ин байтҳо гувоҳи онанд, ки нақши шер дар дирафшҳо аз қадимзамон ҳамчун нишони давлатдорӣ истифода гардидаанд.

Ба забони тоҷикӣ шуҷоъ ва далерро шердил, паҳлавонони зўрро шербозу, шермард, шерзўр, шертан мегўянд.

Фирдавсӣ нисбати Рустам сифати шермардро истифода кардааст:

Ваз-ин рўй чун Рустам шермард,
Биёмад бари шоҳи Эрон чу гард.

Яке гуфт, ки магар мардуми мо шер аст, ки месазад дар герб ин сифати ўро ҷовидонӣ намуд?

Посух медиҳам: дар герби ягон давлат сифати мардум мунъакис нашудааст. Танҳо он арзишҳое тасвир шудаанд, ки ё волоянд ё қудсиянд ва метавонанд рамзи давлатдорӣ бошанд.

Рўдакӣ гуфтааст:

Маккӣ ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил,
Тарсо ба усқуфу алавӣ б-ифтихори ҷад.

Ин ҷо ба ифтихори дурўғини мардумони гуногун Рўдакӣ тамасхур мекунад. Ҳамин тавр бо кўҳҳои Тоҷикистон фахр карда онро ба герб ворид намудан ба Нил фахр кардани мисриро мемонад. Чаро бо он ифтихор мекунӣ, ки онро бо дастони худ насохтаӣ?

Маълум, ки нишони давлатӣ ҷои чунин ифтихороти дурўғин нест.

Албатта як пораи ватан аст, азизаш медорем, чун пораҳои дигари он.

Мо агар ба сухани як бефарҳанг бовар карда мардуми худро шер нею «мокрая курица» бишморем, албатта чунин хоҳад шуд. Вале мо рўҳбаландкунандаи халқ, аз шердилонем, байрақбардори пешсафи он ҳастем. Бозор гуфтааст:

Шоиру шеъре агар бошад –
Дар сари дасти баланди халқ чарме ҳаст,-
Парчаме аз домани оҳангаре ҳаст
Коваи оҳангарею сангаре ҳаст.

Халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ «мокрая курица» набудааст, мисли мурғи самандар чандин бор сўхта хокистар шуда боз аз нав зинда гардидааст.

Қиссаи мурғи самандар пеши ман афсона нест
Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст
Он, ки месўзад, вале аз тўдаи хокистараш
Мекунад парвоз чун паррандаи оташпараст

Мана яке аз рамзҳои мардуми тоҷик!

Бубинед, ки халқ ба ҷои шермард ягон бор гургмард, говмард, аспмард, палангмард, филмард ё девмард мегўяд?

Аз ҳамин худатон хулоса бароред!

Агар ба баъзе халқҳои дигар диққат диҳед, мебинед, ки хирс ё гург арзиши бештаре доранд.

Дар байни тоҷикон аз ҳайвоноти дарранда танҳо шер мусбат арзёбӣ мешавад. Ҳатто саги вафодори инсон ҳаромтарин ба шумор меравад.

Агар дар дигар забонҳо масалан бо Медведев, Волков, Лисицын барин номҳои хонаводагӣ, ки маънояш хирсу гургу рўбоҳ аст, дучор шавед, дар байни тоҷикон ба ғайри Шермуҳаммад, Шералӣ ё Алишер исмеро пайдо намекунед, ки аз номи ҳайвоне дарак диҳад. Шерак, Ҷавоншер ва Гулшер низ аз номҳои тоҷикианд.

Пас боз суол ин аст: Чаро танҳо шер дар фарҳанги мардуми мо ин қадар мақоми баланд дорад? Инҳо магар шерони қудсӣ – митроӣ нестанд? Ва ҳамон шерони тоҷдори муҳофизи дарахти ҳаёт нестанд?

Бе шинохти чунин арзишҳо худшиносии миллӣ нахоҳад буд.

Муроҷиат ба иштирокчиёни баҳси герб

Ман аз ин мавқеъ ва маврид истифода карда касеро гунаҳкор карданӣ нестам, ки фалонӣ ту фалон вақт фалон корро карда будӣ. Яке аз гунаҳкорон худам ҳастам, ки ҳамон вақт дод назадам: – Мо ба таълифи герби нав тайёр нестем, ба он сабаб ки дар матбуот оиди рамзҳои торихии давлатдории тоҷикон ва гузаштагони мардуми тоҷик – суғдиён, бохтариҳо баҳс ташкил накардем. Яъне ҳоло мо рўшанфикрон сари ин масъала ба ҳамфикрӣ ноил нашудаем.

Чанд мақоае, ки дар «Адабиёт ва санъат» чоп кардем, масъаларо камтарак равшан карду халос баъзе аносири лоиҳаи герби нав баҳсангез буданд. Масалан тасвир шудани кўҳ тақозо мекард, ки мо мардуми кишварро кўҳнишину ҳамворнишин тақсим накунем.

Сурати китобе, ки болои китобмонаки чўбӣ тасвир шудааст, низ баҳсангез аст. Агар ин китоб бошад, кадом китоб? Бештар ба китоби амборхона (конселярӣ) монанд аст, чун ягон хате надорад. Агар хат тасвир ёбад, кадом хат бояд бошад? Мардуми тоҷик ва гузаштагони ў хатеро эҷод кардаанд?

Магар дар он «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек»-ро навиштан мумкин аст?

Герби ҳозираи давлати тоҷик дар муқоиса бо гербҳои давлатҳои дигари дунё чи бурду чӣ бохте дорад?

Бо орзуи комёбиҳои бештари Шумо – Адаш Истад.

воскресенье, 22 марта 2009 г.

Номаи саркушода ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби олии мўҳтарам!

Камина солиёни зиёдест, ки дур аз Тоҷикистон зиндаги мекунам. Бисту панҷ сол дар матбуоти Тоҷикистон дар бахши иникоси санъати нафиса кор кардам. Солҳои охир аз телевизион оиди кушода шудани роҳҳои нав, корхонаҳо, сохта шудани биноҳои зебо хабарҳоро шунида аз комёбиҳои Тоҷикистон шод мешавам. Аммо ҳоло оиди як масъала, ки маро бисёр сол боз ором намегузорад ва гумон мекунам, ки мисли ҳар як фарди миллатдўст нисбати он шумо низ бетараф нестед, сўҳбат ва машварат кардан мехоҳам.

Герби ҳар давлати ҳар як кишвар мазмуну мўҳтавою мақсадҳои асосии давлати он кишварро ифода мекунад.

Агар давлати исломие бошад ба мисли Эрон ҳатман шаклу мазмуни исломӣ дорад.

Герби Иттиҳоди шўравӣ бо досу болғаи худ рамзи иттиҳоди коргару деҳқон буд. Сипас Маскав ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ба пунбакориву гандумкорӣ ихтисос дод ва тасвири онҳоро дар гербҳои давлатии онон ҷовидонӣ гардонид.

Мо аз он тасвирҳо дар эҷоди герби нав даст кашидан нахоста ба тасвири пунбаву гандум маъноҳои амиқтаре доданӣ шудем. Масалан гуфтем, ки пунба рамзи покии дили мардуми ҷумҳурӣ шуда метавонад. Ҳол он ки пунба на танҳо сафед, балки хели зард низ дорад. Баъд гуфтем, ки гандум рамзи аз қадимзамон кишоварз будани мардуми мост ва ғайра.

Сипас кишварамон офтобист гўён сурати хуршеди тулўъкунандаро, кишвари кўҳистонием гўён сурати кўҳро вориди герб намудем.

Ҳеҷ фикр намекардем, ки ҳафтод дар сади кишварҳои дунё офтобианд ва марзи ҷумҳурӣ танҳо аз кўҳ иборат нест, аз нисф зиёди теъдоди мардуми Тоҷикистон дар ҳамвориҳо зиндагӣ ва кор мекунад.

Касе садо дод, ки китоби нахустини тоҷик Авето аст, мо аз қадимтарин миллатҳои китобдор ҳастем. Сипас китобро ба ивази сурати шер ба герб ворид намудем. Ҳол он ки дар китобхониву китобнависиву китобчопкунӣ пешқадам ҳам нестему миёнаҳол ҳам.

Ҳамин тавр аз рамзҳои бостонии давлатдории халқамон танҳо сурати тоҷ, ки болои офтоб муаллақ истодааст, баёнгари давлат бимонд. Аммо ин тоҷ ҳам тоҷи подшоҳист ва мазмуни давлати демокративу ҳуқуқбунёд мувофиқате надорад. Чаро болои он ҳафт ситора насб шудааст, устод Қаноат чизе гуфта буданд, ки аз ёдам рафтааст. Эҳтимол мазмуни хотирмоне надоштааст.

Сурати чунин тоҷи ҳафтситорадорро агар ягон археолог аз ягон шаҳраки бостонӣ пайдо карда бошад ё ягон муаррих дар китоби қадимае дида бошад, пас бигўяд ва ман хоҳам пазируфт. Даъвои асосии ман дар арафаи қабули лоиҳаи герб чунин буд, ки тоҷикон давлатдории бисёр қадим доштанду рамзҳои давлатдориро низ, ба ҳамин сабаб ба эҷоди рамзҳои нав зиёд набояд кўшид.

Эҳтимол касе фикр кунад ё бигўяд: Адаш Истад, аз он ки мо масалан ба герб сурати шерро ворид кунем дар зиндагӣ ягон чиз тағйир меёбад? Магар ҳоло вақти чунин корҳост?

Посухи ман чунин хоҳад буд: Дар олам ҳама чиз дар таҳаввул, тағйирот аст. Фикри одамон бар асари донишҳои нав дигар мешавад ва онҳо тибқи фикри нав амал хоҳанд намуд. Агар мо ба фикрҳои кўҳна маҳдуд шавем, навандешиву навсозиро пеша накунем, дар вартаи қафомондагӣ боз садҳо сол хоҳем монд.

Вазифаи асосии давлати худкома пеш аз ҳама ҳимояи дастгоҳи худ аст, аммо дар давлати демократӣ ҳимояи озодиву ҳаёти шаҳрвандон аст. Магар хуб нест, агар ин мазмун дар герби давлат ифодаи рамзии худро дошта бошад?

Ман узви комиссиюни гимни нав будам. Оҳангсозони тоҷик бисёр кўшиданд, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол гимни наве нависанд, корашон ҳеҷ омад намекард ва аз гимни Сулаймон Юдаков беҳтаре эҷод карда наметавонистанд. Медонед чаро? Зеро ки дар оҳанги он гимн, ки имрўз низ кўҳна нашуда хизмат мекунад, даъват ҳаст. Даъват инсонро ба по мехезонад.

Дар замони шўравӣ ба Даҳаи маданияти Ўзбекистон дар Тоҷикистон бо дигар адибону ҳунарпешаҳои ўзбек Сулаймон Юдаков низ ба Душанбе омад. Ман, ки дар «Адабиёт ва санъат» кор мекардам, ўро дар меҳмонхона пайдо намуда сўҳбате оростам. Пурсидам, ки оҳанги дилангези гимни Тоҷикистонро чӣ тавр ёфтааст. Ў ҷавоб дод: аз шъри Лоҳутӣ ёфтам, ки бо мисраи «Бародарон, бародарон, ба модари ватан вафо кунем!» оғоз меёфт.

Герб низ андаке ҳам бояд аз чунин вижагӣ бархурдор бошад. Ва ҳар як мансабдори идораҳои маъмуриро бояд вазифадор кунад, ки ҳимояи ҳаёти шаҳрвандон кори муҳимтарин ва дараҷаи авали ҳар як идораву маъмури давлатист. Герби ҳозира бошад, касеро ба чизе масъул намекунад.

Акнун сурати герби ҳозираро гиреду ба тоҷи он бо диққат нигоҳ кунед. Ба чӣ далел онро тоҷи ориёӣ метавон номид? Ку ҳамон нишона?

Коргардон Борис Кимёгаров, ки дар наворгирии «Шоҳнома» аз маслиҳати донишмандони торих баҳрабардор буд, бар сари шоҳ тоҷи болдор ниҳодааст. Чунин болҳо, ки рамзи фариштаи муҳофизи ҳаёти инсонанд, то ба рўзҳои мо дар каллапўшҳои тоҷикии чустӣ омада расидаанд.

Дар герб тоҷро метавон ҳар хел тасвир кард, аммо он набояд торихияташро гум кунад. Ҳатман бояд чизе дошта бошад, ки ба бисёрҳазорсолагии давлатдорӣ ишора намояд.

Агар гебрҳои давлатҳои дигарро бинед, ҳатман як унсури он асосӣ ва бузургтар аст. Дар герби Русия чунин мақомро уқоби дусара дорад. Дар табиат уқоби дусара нест, ин рамз аст. Рамзи провославӣ. Зеро то оини провославӣ Русия оини ягона надошт, ки мардумашро дар атрофи давлати мутамарказ муттаҳид кунад. Русҳо тавлиди давлати бузурги Русро ба густариши оини провославӣ вобаста медонанд, ки дуруст аст.

Ё ки герби Ўзбекистонро бинед, аз рамзиҳои бостонӣ мурғи ҳуморо мешиносед, ки қисми азими гербро фаро мегирад. Ин рамзи хушбахтист. Ин герб гўё аз номи давлат гуфта истодааст: Ман рамзи таъмини бахти шумоям!

Дар герби кунунии Тоҷикистон набудани ҳамин гуна як сумболи зинда, ки ба қавли мардум, «агар бубинӣ дилат қувват гирад», хеле таассуфовар аст.

Дар герби собиқи Тоҷикистон дар чунин мақом шер истода буд, ки давлати муҳофизи ҳаёти шаҳрвандонро ифода мекард.

Вақте ки ин сурати ин шерро берун андохтанд, ҳама унсурҳои дигари герб хурду баробар шуданд.

Ҷаноби олӣ!

Бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди фарҳанги мардуми Тоҷикистон моҳи феврали соли 2008 дар Интернет веблоги худро бо номи Герби шердор боз намудам. Дар қатори дигар асарҳо то кунун чанд мақола оиди масъалаи герби Тоҷикистон низ навишта ба ин веблог гузоштаам. Аммо аз рўшанфикрони тоҷик садое барнахост. Ба ин сабаб фикрҳои пасинро дар ин бобат дар сурати нома ба унвони роҳбари давлати Тоҷикистон даровардам.

Бо орзуи комёбиҳои бештари Шумо ва мардуми Тоҷикистон муассиси веблоги Герби шердор нависанда Адаш Истад.

ш.Самарқанд
22 марти с.2009

суббота, 21 марта 2009 г.

Шер – рамзи бостонии давлатдорӣ

Аз суолҳое, ки ба торномаи Герби шердор ворид мешаванд, маълум мегардад, ки аз герби собиқи давлати Тоҷикистон берун андохтани сурати рамзии шер бисёриҳоро ба ҷустуҷўи торихи сурати шер дар рамзҳои давлатдории ниёгони тоҷикон андохтааст.

Пеш аз ҳама бояд таъкид кунам, ки он воқеаи дар иҷлосияи порлумон рўйдода аз иттилои ками вакилони мардумӣ аз рамзҳои бостонии тоҷик гувоҳӣ диҳад, аз ҷониби дигар айби бузурги рўшанфикронро низ нишон дод, ки онҳо оиди ин рамзҳои бостонӣ мақолаҳо навишта халқро бо онҳо шинос накардаанд. Дар натиҷа ба озмуни лоиҳаи герб асарҳое пешниҳод гардида буданд, ки унсурҳои герби шўравиро такрор мекарданд, бо иловаи баъзе унсурҳои нав аз қабили сурати тоҷ. Дар ду-се лоиҳа сурати шер ворид шуда буд, он ҳам бо кўшиши камина ва Муҳиддини Олимпур, ки ҳам бо нишри мақолаҳо дар саҳифаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъан» ҳам бо тарғиботи даҳонӣ байни мусаввирон дар лоиҳаи герб зарурати сурати шерро таъкид мекардем.

Аммо ҳамаи ин хеле ва хеле кам буд, дар баҳси чигунагии герби давлат олимони торихшинос, ки аз бозёфтҳои бостоншиносӣ дар марзҳои тоҷикнишин маълумоти пурра доштанд, ширкат наварзиданд. Дар ҳайати комиссиюни интихоби лоиҳаи герб ягон нафар донишманди торих ё пажўҳишгари торихи ҳунар ворид нашуда буданд.

Яъне ин комиссиюн наметавонист, рассомони майли иштирок дар озмундоштаро гирд оварда, бо онҳо оиди рамзҳои бостонии давлатдории тоҷик сўҳбат гузоранд.

Бо вуҷуди ин бо кўшиши раиси комиссиюн рассом Сўҳроб Қурбонов ва чанд рўшанфикре, ки дар ҳайати ин комиссиюн буданд, аз рамзҳои бостонӣ яке тоҷ ва яке шер ба лоиҳаи герб, ки бояд вакилони мардуми дар иҷлосия муҳокима кунанд интихоб гардиданд.

Дар иҷлосия бошад, ин тарафи корро обрўи баланди шоири бузурги мо Мўъмин Қаноат анҷом дод, ки аз минбар оиди рамзҳои дар лоиҳа тасвиршуда суханронӣ намуд.

Аз рамзҳои қадима дар лоиҳаи герб иқтибосшуда тоҷ ягон баҳс пеш намеовард, зеро сумболи давлатдорӣ ҳисоб мешавад, яъне баромади аслии калимаи тоҷик низ аз ин ҷост. Аммо бо сурати шер бо шубҳа нигоҳ мекарданд, чун онро танҳо дар дирафши Эрони дида буданд.

Оиди сайри торихии рамзи шер дар ҳайати мардуми Осиёи Марказӣ аз китоби Л.И.Ремпель «Занҷири замонаҳо» (Тошканд, 1987) маълумот метавон гирифт.

Гузаштагони мардуми тоҷик дар осори ҳунари ва амалию ороишӣ шерҳоро дар намуди гуногун тасвир кардаанд. Масалан шерҳоеро мебинед, ки дар сар тоҷи подшоҳӣ доранду дарахти ҳаётро муҳофизат мекунанд (бозёфти археологӣ аз Кохи Сомониён), ё шерҳое, ки бол доранд.

Шерҳои болдор ба намуди грифонҳо дохил мешавад (Оид ба сурати шерҳои болдор дар марзи Тоҷикистон маълумот доштан хоҳед, нигаред ба Беленицкий А.И «Монументальное искусство Пенджикента»).

Ба таъкиди Л.И.Ремпель сурати шери тоҷдори муҳофизи дарахти ҳаёт ва шери болдор аз қадим дар шакли герб, дар ороиши кохи ҳокимон ва либосҳои онон истифода шуда омадааст. Мо ин ҷо танҳо ба бозёфтҳои археологии марзҳои тоҷикнишини асрҳои VI-VIII муроҷиат намудем. Зеро бо ҷорӣ шудан ва қувват гирифтани дини ислом ин рамзҳо аз байн рафтаанд.

Ҳоло баъзеи онҳоро аз китоби номбурдаи Ремпель манзури шумо мекунам.






среда, 18 марта 2009 г.

Шер дар герби собиқи Тоҷикистон

(посух ба суоли Манучеҳр Қудратов, Олмон)

Ustodi giromiqadr,
mekhostam az Shumo bipursam, ki sheri dar gerbi (kuhnai) Tojikiston buda az kujo girifta shudaast, jagon asosi ta'rikhi dorad?
Siposguzor
Manuchehr

Посух:

Шер дар герби собиқи Тоҷикистон аз гербҳои ягон давлати дигар гирифта нашудааст. Дар озмуни лоиҳаи герби Тоҷикистони соҳибистиқлол чандин гербҳо бо сурати шерҳо пешниҳод шуда буданд. Ин суратҳои шерҳо решаҳои фарҳанги тоҷикро бо замони оини меҳрпарастӣ таъкид мекарданд, чун шер рамзи хуршед низ ба ҳисоб меравад.

Дар бозёфтҳои бостоншиносии мутааллиқ ба асрҳои VI-XII-и марзҳои тоҷикнишин ду шер дар ду тарафи дарахт ҳамчун муҳофизи дарахти зиндаги тасвир шудаанд. Мафҳуми дарахти ҳаёт реша дар Авесто дорад. Азбаски шер посбони дарахти ҳаёт маҳсуб мешавад, дар як ҷаласаи комиссиюни интихоби лоиҳаи герб ман ин ва дигар маъноҳои шерро гуфта будам.

Баъзе касони дилсиёҳ пайдо шуда даъво карданд, ки мо герби Тоҷикистонро ба намоди шери шамшердори давраи шоҳаншоҳии Эрон монанд карда истодаем. Аммо ба онҳо посух дода шуда буд, ки шерҳои герби Тоҷикистон дар даст шамшер надоранд, ин як. Ва шерҳо дар гербҳои бисёр кишварҳои олам ҳастанд, ин ду.

Рамзи давлатдорӣ будани тасвири шерҳои замони тоисломии марзҳои тоҷикнишин аз он пайдост, ки ҳар ду шери муҳофизи дарахти ҳаёт дар сар тоҷи подшоҳӣ доранд. Герби ҳар як давлат мақсади асосии ҳамон давлатро ифода мекунад. Ба фикри камина мақсади асосии ҳар як давлат пеш аз ҳама муҳофизати дарахти ҳаёт аст, ҳаёти ҳар як шаҳрванди он аст, чи дар дохили марз чи дар беруни он.

Тахмин мекунам, ҳамон зани ғайритоҷике, ки аз камфарҳангии депутатҳои собиқ истифода намуда аз герб берун кардани шерро ба овоз монд ва ба мақсади нопоки худ расид, одами аз ин гапҳо бехабар набуд. Дар иҷлосияи қабули герб оиди маъноҳои ҳар як унсури он Шоири халқии Тоҷикистон Мўъмин Қаноат муфассал суханрони карда буд ва баъд зиёда аз як соат ба суолҳои вакилони мардуми посух дода буд.

Ҳамин тавр ҳам рўшанфикрони тоҷик ҳам ҳукуматдорону мардумро як нафар тавонист ахмақ кунад. Агар ору номус бошад ва вазифаи асосии давлатро ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон бидонанд, герби собиқаро барқарор мекунанд. Рўзе мерасад… Зеро дар герби ҳозира ягон рамзи муҳофизати ҳаёт нест.

Дар вақти муҳокимаи лоиҳаи герб маълум шуда буд, ки ҳама дар қолаби герби замони шўравии ҷумҳурӣ фикр мекунанд. Талаб мекарданд, ки дар герб ҳам пунба, ҳам гандум, ҳам ангур, ҳам кўҳ ва ғайраҳо бошад. Дар натиҷа герб асосан нишони вазорати кишоварзӣ гардид.

Ҳол он ки герби давлатӣ нишони сарзамин, мардум ё вазоратхонаҳо не, бояд пеш аз ҳама нишони давлат бошад. Аз фазифаи асосии ин давлат, фарҳанги хеле бостонии давлатдорӣ огоҳӣ бидиҳад. Агар аз рўи он ки ҷумҳурӣ чӣ бештар истеҳсол мекунад, фикр кунӣ мебояд, ки баъди чанд сол сурати нерўгоҳҳои барқиро бо симчўбҳою трансформаторҳо вориди герб намои.

пятница, 6 марта 2009 г.

РАҲОӢ АЗ «ОЗОДӢ»

(Бознашри мухтасар аз рӯзномаи «Нерӯи сухан»)

МУАРРИФИНОМА

Равшани Темуриён зодаи шаҳри Душанбест. Ӯ соли 1984 гурӯҳи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, аз ҳамон вақт то соли 1992 дар радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳамчун муҳаррир ва шореҳи барномаҳои радиоии «Пайванд», «Ҷавонӣ», «Варзиш», барномаҳои телевизионии «Наврас» ва «Офарин» ва мунаққиди кинои тоҷик ном баровардааст.
Таҳлилу тақризҳои ӯ таҳти назари киношиноси маъруфи тоҷик Ато Аҳроров дар рӯзномаҳои «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва ғайра ба чоп расидаанд. Ӯ барандаи ҷоизаи Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон барои силсилаи мақолаҳо дар соҳаи танқиди кино (1987) ба шумор меравад.
Таҳлилу мақолаҳои сершумори сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Р. Темуриён дар рӯзномаҳои «Сухан», «Тоҷикистон», «Чароғи рӯз», «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва нашрияҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд.
Аз моҳи январи соли 1992 то январи соли 1993 дар вазорати мудофиа ва ҳукумати Тоҷикистон дар симати котиби матбуотӣ адои вазифа намудааст.
Аз соли 1994 ҳамкориро бо радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ оғоз карда, аз моҳи апрели соли 1995 то июни соли 1999 ба ҳайси муҳаррир дар қароргоҳи радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ кор кардааст.
Репортажу мақолот, таҳлилу мусоҳибаҳои Р.Темуриён бо аксари лидерону фармондеҳони ҳукумат ва Иттиҳоди собиқи нерӯҳои оппозитсияи Тоҷикистон, силсилагуфтори журналисти тоҷик «Аз Прага то Толиқон», гуфтори «Роҳи душвор ба сӯи сулҳ» аз музокироти сулҳи Тоҷикистон дар Ашқобод, барномаҳои ёдбуди Ю. Исҳоқӣ, М.Ғуломов, А. Олимов, барномаҳои «Шонаҳоятро барои гиря кардан дӯст дорам….» бахшида ба сарояндаи машҳури эронӣ Ҳоида, барномаи вижаи «Варзиш», гуфторҳои «Тоҷикистон дар имрӯз» ва «Афғонистон дар як нигоҳ» ва ғайраву ҳоказоҳо дар хотири шунавандагон нақш бастаанд.
Аз соли 1999 дар Канада истиқомат мекунад.
Мусоҳиба бо рӯзноманигори тоҷиктабори Канада Равшани Темуриён, ки нахустин шуда, зоҳиру ботини радиои америкоӣ, сиёсати расмии менеҷменти идораи радиои Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва муносибати расмию ғайрирасмии раҳабрияти шӯъбаи тоҷикӣ ва мудирияти барномаҳои радиои Аврупои Озод/радиои Озодиро дар баробари журналистони тоҷик ошкоро ба ҷаҳониён изҳор дошт. Мақолаи муфассал ва бузургҳаҷми Р. Темуриён дар моҳи октябри соли 1999 дар шумораи сеюми «Чароғи рӯз» ба табъ расида буд
(Нигаред: http://charogiruz.ru/nomer/1999-03/1999-03.pdf )

- Дар бораи аз радиои Озодӣ рафтани Шумо овозаҳо гуногунанд. Сухан аз даҳони луқмон хуш аст...
Чӣ боис шуд, ки Шумо тарки радиои Озодӣ кардед?


- Ман дар ин бора хеле муфассал дар «Чароғи рӯз» навишта будам ва аз фурсат истифода бурда, мехостам барои дастгирии банда дар рӯзҳои хеле вазнин аз сармуҳаррири ин нашрия Додоҷон Атовуллоев изҳори миннатдорӣ намоям.
Захмҳои радиои Озодӣ муолиҷанашавандаанд. Аз ҳама аламовараш ин аст, ки ҳамкасбон ва ҳаммиллатони худам, ки барои ҷои ман, вазифа ва худро ширин кардан ба намояндаи америкоиён – мудири шӯъба Аббоси Ҷаводӣ ва америкоиён аз баҳри адолат ва виҷдон гузашта бандаро тӯҳматҳо зада, хоста буданд, ки маро бабалои азиме гирифтор карда, чун зиддиамерикоӣ ва ҳатто террорист аз байн баранд. Вале ин ба ҷаноби Ҷаводӣ ва пайравонаш муяссар нашуд. Ман бо сари баландбо хоҳиши худ ба нишони эътироз ба режими Ҷаводӣ ва сиёсати ҷаводизм дар радиои Конгресси ИМА аз идораи мазкур берун шудам. Мазмуни пурраи аризаам ба номи менеҷменти РАО/РО дар «Чароғи рӯз» нашр шуда буд.
Аммо дар Канада ҳам тими Ҷаводӣ маро ором гузоштанӣ набуд. Хоса, қабл аз чоп ва баъди нашри мақолаи «Ғуломӣ дар «Озодӣ» ҷаноби Ҷаводӣ аз таҳия шудани мақола аз ёварони вафодораш огоҳ шуда, бо ман дар тамос шуда, маро «нарм» карданӣ шуда, роҳи «мусолиҳат»-ро пеша караданӣ шуд:
«Шумо корманди Хуб будед. Вале ҳоло ҳам дер нест. Шумо метавонед хабарнигори мо дар Канада шавед. Маошатонро баланд мекунем. Боз бармегардед....»
Ман ошкоро посух додам:
«Ман нафрат дорам ба Шумо ва ёварони бовафоятон. Ман шумоёнро ба Худованди поку меҳрубон супоридам!»
Дере нагузашта мақола дар «Чароғи рӯз» чоп шуд, ҳамагӣ баъди як моҳи он боз балои азиме ба сари ман омад.
Ба унвони Вазири мухоҷирати Канада Элеонор Каплан ва трибунали муҳоҷирати Канада мактуби «беимзо» дар бораи «саргузашти террористию фундаменталистӣ»-и ман фиристода шуд.
Яку ним соли дигар маро таҳти истинтоқи созмонҳои дахлдори Канада қарор доданд.. Дар ин муддат ба бемориҳои мухталиф печида, се дафъа ҷарроҳӣ шудам.
Баъди қариб ду соли таҳти назорати хос ва мурофиаи Додгоҳи муҳоҷират, ки тамоми иттиҳомоти муаллифи мактуби «беимзо»-ро рад кард, ман ва оилаам ба зиндагии осоишта гузаштем....

- Шумо, ки дар қароргоҳи РАО/РО кор кардед, дар бораи тарзи коргузорӣ чӣ гуфта метавонед?


- Системаи корбарии РАО/РО мутобиқи регламенти махсуси махфии CIA, яъне ЦРУ – раёсати марказии истихбороти ИМА ба роҳ монда шудааст. Зеро РАО/РО дар ибтидои ҷанги сард чун ҷузви ЦРУ ташкил шуда, ҳатто буҷети он аз тарафи Конгресси ИМА ба унвонии ЦРУ (CIA) ирсол мешуд. Танҳо баъди аз байн рафтани девори Берлин маъмурияти вақти ИМА «расман» РАО/РО аз тобеияти ЦРУ баровард.
Ҳарчанд президент Клинтон аз соли 1995 кӯшиш ба харҷ дод радиои ба ном ғайридавлатиро аз чанголи ЦРУ раҳо созад, метавонем гуем, ки то ҳол дар тамоми зинаҳои менеҷменти РАО/РО кормандони касбии истихбороти ЦРУ ва Департаменти Давлатии ИМА фаъолияти ба ном радиожурналистиро пеш мебаранд.
Онҳо метавонанд дар лифт сӯҳбатро оғоз намуда, то ба қаҳванӯшӣ шуморо даъват кунанд ва ё аз соддалавҳии тоҷиконаи мо истифода бурда, бо «дӯстдухтар» (“girlfriend”)-е ба хонаи шумо ғайричашмдошт «меҳмон» шаванд. Мақсал як: бо «наводка»-и баъзе аз ҳамкасбон дар шӯъба ва мудири он ҷамъоварии иттилоот дар бораи шахс, оила, шӯъба ва кишвари аслиатон.
Раёсати президент Буш, ба назарам, дасту пои менеҷменти РАО/РО-ро хеле боз намуд. Сиёсати мубориза бо «душманон»-и ИМА барои муҳофизакорони шахшудамондаи радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ айни мудаост.
Коргузорӣ дар РАО/РО ба тариқи вертикал аз боло ба поин аст. Президенти РАО/РО аз ҷониби президенти ИМА таъин ва аз ҷониби Конгресс тасдиқ мешавад. Мудири раёсати барномаҳо ва муовинони ӯ болои шӯъбаҳо, яъне редаксияҳо мусалат ҳастанд.
Дар таърихи 27 солаи шӯъбаи тоҷикии радиои Озодӣ се мудир иваз карда шуд. Ибтидо, Музаффар Орифӣ журналисти тоҷик то моҳи апрели соли 1995, яъне то ба нафақа баромадан ва баъд бо пешниҳоди М.Орифӣ ҷаноби Аббоси Ҷаводӣ - озаритабори эронӣ раёсати шӯъбаи тоҷикиро бар ӯҳда дошт. Аз соли 2004 президенти РАО/РО Томас Дайн ғайричашмдошт журналисти дигари эронитабор Маъсуами Турфаро ба ҳайси мудири шӯъбаи тоҷикӣ таъин кард. Таъиноти мазкур натиҷаи низоъи шадиди манфиатҳои гурӯҳҳои «кӯҳна» ва «нав» дар шӯъбаи тоҷикии радиои Озодӣ аст.
Тибқи хабарҳо аз манобеи РАО/РО муҳити дилбеҳузуркунандаи шӯъбаи тоҷикӣ тоба дараҷаи инфиҷор расида, аз чор гурӯҳи ба ҳам мухолиф то ба эътилофи ду ҷабҳа ҷойнишини устоди «тоҷикбозиҳо» ҷаноби Ҷаводӣ оварда расонд:
Гурӯҳи тарафдори А.Ҷаводӣ, ки номинатсияи Соҷида Ҷаъфарова (Соҷидаи Мирзо)-ро ба вазифаи мудири шӯъба дастгирӣ мекарданд;
Гурӯҳи мухолифони пешниҳоди А.Ҷаводӣ.
Дар натиҷа, президенти РАО/РО номинатсияи ҷаноби Ҷаводиро рад намуда, аз хориҷ барои худ ёвар интихоб намуд. Аз тарафи дигар, ин иқдоми ҷаноби Дайн зарбаест ба имиҷи А.Ҷаводӣ - яке аз асосгузорони бахшҳои форсӣ, дарӣ-пашту ва арабӣ дар РАО/РО, ки акнун эшон бори дуюм раёсати шӯъьаи озарии ин радиоро бар зимма гирифтаанд.
Бо ин ҷаноби Дайн мисли Кевин Клоузсобиқ президенти РАО/РО дафъаи дуюм дар таърихи шӯъбаи тоҷикии радиои Озодӣ на намояндаи миллати тоҷик ё Тоҷикистон, балки эронитабори аввал Олмон ва алон Британияи Кабирро мудир таъин кард.
Мудири шӯъба салоҳиятҳои беандозаро дорост. Аммо замоне, ки қароргоҳи РАО/РО дар шаҳри Мюнхени Олмон буд, мудирони шӯъба ва умуман менеҷменти америкоӣ чунин салоҳиятро доро набуданд. Бар замми ин системаи сиёсиву ҳуқуқбунёди Олмон америкоиёнро имкон намедод, ки масалан, ҷаноби Ҷаводӣ дар зарфи ҳамагӣ чанд сол даҳ корманди (!) штатӣ ва хабарнигоронро бо ҳар баҳонаи шахсиву ғайришахсӣ маҷбур сохт аз РАО/РО дур созад.
Инҳо:
С.Табарова, М.Сайфиддинов, А.Истад, И.Ҷамолиён, Ҷ.Муқим, Р.Темуриён, О.Шакурзода, М.Шоҳҷамолов (баъди нашри мақола М.Шоҳҷамолов дар вазифааш барқарор карда шуд), М.Назриев, Ҳ.Фараҳманд буданд. Ин даҳ нависанда, драматург, публитсист, рӯзноманигор, сиёсатшинос, устодони риштаи журнализм ва сиёсатшиносӣ дар донишгоҳҳои гуногун буданд ва ҳастанд.
Масалан, сарнавишти яке аз хабарнигорони номдори радиои Озодӣ, устоди факултети журнализми Донишгоҳи Кобул дуктур Ҳабиби Фараҳманд хеле ҳузнангез риққатбор аст. Ҳ.Фараҳманд бо нӯҳ фарзандаш дар хаймаи муҳоҷирини афғонӣ дар атрофи Пешовари Покистон зиндагӣ мекарду ягона хонаи умедаш шӯъбаи тоҷикии радиои Озодӣ ва ҳамеша вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо менамуд. Аммо ҷаноби Ҷаводӣ рӯзгори бе ин ҳам талху нобасомони Ҳ.Фараҳмандро боз ҳам талхтар амуда, ӯро бо баҳонаи ночизе аз радиои Озодӣ ронд. Мегӯянд, ки дуктур Фараҳманд баъди чандин соли азобу машаққат дар ғурбат бо фарзандон ба ватанаш – Афғонистон баргашта, дар факултаи журнализми донишгоҳи азизаш Кобул ба шогирдон дарс мегӯяд.....
Ҳамон вақт додгоҳи Олмон ҳамеша манфиати кормандони одии РАО/РО авлотар аз ҳама чиз медонист. Лекин баъди соли 1995 – замони интиқоли қароргоҳи РАО/РО ба Прага, мақоми кормандони ин идораи америкоӣ якбора заиф шуд. Зеро Чехия Олмон нест!
Мудири шӯъба ҳатман чанд нафар «гӯшу чашм»-и худро дорад ва ҳамин ашхоси бовариноки мудир, мумкин гуфтан, сарнавиштсози «мардуми ом»-ро ҳал мекунанд. Тавре ки таҷруба нишон медиҳад, ягон аргумент ё далели намояндагони «мардуми ом» - кормандон ва хабарнигорони хориҷ наметавонад аз гуфтаҳо ва ё бурҳони мудири шӯъба ва намояндагони хоси ӯ боло бошад ва ё таъсире дошта бошад.
Мудир сиёсати шӯъба, молия ва умуман ҳаёти коллективашро муайян мекунад. Ҳамзамон қариб ҳар ҳафта маълумот дар бораи кормандон ва хабарнигоронро дар компютери шахсиаш, ки мустақиман бо менеҷмент дар тамос аст, ҷамъоварӣ мекунад....
Тавре ки собиқ ҳамкорони афғонии шӯъбаи тоҷикӣ мегуянд, маълумоти ҷамъовардаи ҷаноби Ҷаводӣ ё худ досиеи Самӣ Аббос ва Ҳошим Муманд даҳҳо ва ҳатто садҳо саҳифаро машкил медиҳанд.
Мутаассифона ва ё аниқтар карда гӯем, бадбахтона, системаи коргузорӣ дар яке аз бузургтарин идораи идеолоии Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҳамин ранг аст.

Мусоҳиб Муҳиддини Идизода

(Ихтисоран аз «Нерӯи сухан»,
шумораи 25, 17.06.2004)

P.S. Баъди нашри мусоҳибаи мазкур то ба имрӯз чанд рӯйдоди муҳим дар радиои Озодӣ рух дод. Баъди вазидани «боди тоза» дар шӯъбаи тоҷикӣ - омадани хонум Маъсумаи Турфа, ки бозсозиро дар бахш шурӯъ кард, муддати зиёде нагузашта тарафдорони ҷаноби Ҷаводӣ боз «реванш» гирифтанд. Дар ниҳояти кор тарафдорони «ҷаводизм» бо дастони менеҷменти америкоӣ аввал рӯзноманигори боистеъдод Дорюши Раҷабиёнро аз шӯъба дур намуданд, пасон хонум Турфаро маҷбур сохтанд аз вазифааш истеъфо диҳад. А.Ҷаводӣ аз фурсат истифода бурда Род Шаҳидӣ, озаритабори эронии дигареро, ки мегӯянд яке аз хешовандони худи ҷаноби Ҷаводист, ба маснади раёсати шӯъбаи бадбахттарини РАО/РО шинонд. Род Шаҳидӣ, ки комилан аз тоҷику Тоҷикистон ноогоҳ асту саводи кофии Тоҷикистонро надорад, сиёсати «ҷаводизм»-ро аз нав пурқувват намуда, боз чанд хабарнигори боистеъдод – Холиқи Сангин ва Сайофи Мизробро бо баҳонаҳои бофта аз кори шӯъба дур сохт. Ҳар ду ҳам радиои Аврупои Озод/радиои Озодиро ба додгох кашидаанд.
Худи оқои Ҷаводӣ ҳанӯз корро дар РАО/РО идома медиҳад. Соли 2005 эшон аз вазифаи мудири шӯъбаи озарӣ якбора ба мансаби баландтар - муовини мудирияти барномаҳои РАО/РО таъин шуданд.
Чанд ҳафтаест, ки дар сомонаи радиои Озодӣ ба ҷои Род Шаҳидӣ номи Соҷида Ҷаъфарова (Соҷидаи Мирзо) зуҳур кардааст. Ҳарчанд С.Ҷаъфарова мудири шӯъбаи ӯзбакии РАО/РО-ро бар дӯш дорад. Р.Шаҳидӣ ба маснади раёсати бахши форсии РАО/РО, ки номи радиои Фардоро дорад, шинонда шуд. Бешак, чунин таъиноти муҳим бидуни имои ҷаноби Ҷаводӣ номумкин аст.
Ҳамин тариқ, сиёсати «ҷаводизм» дар радиои Аврупои Озод/радиои Озодӣ то ба имрӯз по бар ҷост ва дастболост...

Оид ба радиои Озодӣ

Муддате мадиде радиои Озодиро гўш накарда будам. Равшани Темуриён, ки репликаи каминаро оиди радиоҳои хориҷӣ дар блоги ман хондааст, чун акси садо маводеро ирсол намуд. Пеш аз он ки ин маводро ба торнома гузорам, субҳи 6-уми март аз «Озодӣ» барномаи «Фарҳанг ва андеша»-ро шунидам. Дар ин барнома фарҳанг буд, андеша набуд. Мусоҳиба садо дод бо коргардони филми бисёрқисмаи эронии «Юсуфи паёмбар» Фараҷуллоҳи Силоҳшўр, ки онро дар ТВ намоиш медиҳанд. Сипас сухан оиди дублаи сериоли «Имом Абў Ҳанифа» (эҷоди Мисри Араб) рафт. Ҳамаи инро паёмнигорони «Озодӣ» падидаи мусбат арзёби намуданд. Яъне аз он ки мардуми дар 70-соли шўравӣ каме аз ботлоқи хурофот раҳо ёфтаи тоҷикро боз ба ин ботлоқ тела додан аз корҳои мусбат будааст.

39 шаб боз мағзи тоҷикро бо мағзобаи динӣ пур мекунанд!

Ҳам ин корҳо ҳам муносибати радиои Озодӣ ба он як ном дорад – исломпарастӣ ва хурофот.

Сипас тасмим гирифтам, ки маводи ирсол кардаи Равшани Темуриёнро ба блоги Герби шердор гузорам.

четверг, 5 марта 2009 г.

Торнигори Аюбзод

Хабари арзи ҳасти намудани Торнигори Аюбзод каминаро низ шод намуд.

Рўзе мерасад, ки ҳамаи ин ба моли торих мубаддал хоҳад шуд. Ва пажўҳишгарони фарҳанги тоҷикии интернетӣ аз ин торнигор барои худ бисёр маводи ҷолиб хоҳанд ёфт ва бовар дорам, ки саҳми бузурги ўро дар густариши рўзноманигорӣ ва фарҳангнависии интернетӣ қайд хоҳанд намуд.

Инак барои мухлисони адабиёти навини тоҷик имкон пеш омад, ки бо асарҳои беҳтарини ин адиби навпардозу жарфандеш шинос шаванд. Аз ин пеш низ навишта будам, ки баъзе асарҳои ў ба дараҷаи асарҳои Франс Кафкаанд.

Салими Аюбзод ба воқеаҳо, одамон, ҷомеа назари хоси худро дорад. Бо ҳамин нуктаи назари хос ва сабки модерни аз дигар достоннависони тоҷик фарқ мекунад. Ин бурди ўст ва далел бар он ки фикрҳояш қолабӣ нестанд.

Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек шиори Салим Аюбзод аст.

Бигузор ин панди бостони шиори доимии торнамои ў бошад!

Бо орзуи комгориҳо Адаш Истад – муассиси блоги Герби шердор.