четверг, 26 марта 2009 г.

Посухи дуввум

Штандарт, яъне ливои президентӣ чизест вижагӣ, яъне мутааллиқ ба як мансабдор, на тамоми давлати тоҷик. Ин штандарт ва муҷассамаи шерҳое, ки назди пайкараи ёдгории Исмоили Сомонӣ дар Душанбе мебинед, далел бар он аст, ки президент Э.Раҳмон бо намоди шерӣ ихтилоф надорад ва зиёда аз он ба он арҷ мегузорад.

Баҳс сари ин масъала нест, балки сухан аз ҳар як рамзи бостонии тоҷикро шинохтану онро ба мақому мартабаи арзишмандаш гузоштан меравад. Сухан аз худшиносии миллист.

Оиди шеру хуршед ҳамчун намодҳои ориёӣ аз ҷониби донишмандони эронӣ чанд китоб навишта шудааст, ки Ризо Фозилӣ низ аз Каноли Як онҳоро тарғиб мекунад, ки бихонанд.

Мақсад ин аст, ки агар мо тоҷикон дар кадимзамон намоди шеру хуршедӣ доштем, он дар чи шаклу сурате буд. Ҳар як намоди бостонии ниёгони тоҷикон номаи онон ба оянда, яъне ба мост. Вазифаи мо онро ёфтан, хондан, ба дигарон фаҳмондан ва агар аз мақоми волояш афтода бошад, ба он мақоми волояш гузоштан аст.

Намоди шер аз замони тоавестоию тозардуштӣ меояд, мутааллиқ ба меҳрпарастӣ – оини митраизм будааст. Аммо ин оин аз байн рафта сумболи он – шеру хуршед ҳоло чизеро аз дини он замон бозгўӣ намекунад. Касе ҳам дар хаёли парастиши онон нест. Ба ин ваҷҳ сурати офтобро дар герби кунунӣ акси офтоб медонанд. На рамзи ягон оин.

Дар боби он ки вақти муроҷиат ба сардори давлат вожаи «мўҳтарам»-ро ба кор бурд ё не, ман муътақидам, ки ҳатто вақте ки ин мансабдор як нафар ройдиҳанда дорад, ўро бояд «мўҳтарам» гуфт.

Шумо ба мўҳтарам гуфтани президент эҳтироми худро ба халқе баён мекунед, ки ўро интихоб кардааст ва ба онҳое низ, ки интихоб накардаанд. Зеро тибқи қонун ў президенти мардуми ўро интихоб накарда низ маҳсуб мешавад.

Сиёсатшиносони эронии мухолифи ҳукумати исломии Эрон ҳамдигарро «ту-ту» мегўянд, вале вақти сухан аз ягон мансабдори калони Эрон рафт, нисбаташ «шумо-шумо» мегўянд. Тақозои одоби муошират чуни наст ва доим чунин хоҳад буд.

Барои як нафар ғайритоҷике, ки муқобили шери герб сухан мегўяд, он сурати шер ҳамагӣ сурати як гурбаи хеле бузурги ваҳшист. Аммо барои тоҷик арзиши волоест. Асоси асосҳо, рамзи решаю ҷавҳари миллати ўст

Дили миллати тоҷик аз дохил бо риштаҳои ноаён бо сурати ин шер пайванд гардидааст. Ин шер ўро аз бисёр корҳои носазо боз медорад.

Тоҷик вақте ки ин рамзи асолати худро гум кард, дигар гўё ҳама чизашро гум кардааст, дигар ў ба ҷонвари сияҳгўше, ки аз паси шер гашта сарқути ўро мехўрад, монанд мешавад, яъне ба мақоми поёнтаре мефурояд.

Комментариев нет: