четверг, 26 марта 2009 г.

Посухи саввум

Ҳеҷ фикр кардаед, ки чаро беъзеҳо бачаҳоро дар аксар маврид Шерзод ва Шербой ном мегузоранд?

Рўи суханам бо президенти Тоҷикистон низ ҳаст, вале асосан бо мардуми тоҷик аст.

Баъзе фикрҳоямро оиди ин масоил дар мақолаҳои
«Байрақи Тоҷикистон чигуна бошад?» («Адабиёт ва санъат» №36, 1991, 5 сентябр)
«Рамзҳои миллӣ кадомҳоянд?» (Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» №2, 27, 1992)
«Байрақи манқуртҳо ё тоҷикон?» («Адабиёт ва санъат» №35, 27 август, 1992)
баён карда будам.

Дар сурати шер чизе ҳаст, аз қудрат, тавоноӣ, ҷасорат, шуҷоат, шукўҳ, ғуруру сарбаландӣ, ки ягон сурати ҷонвари дигар ин гуна маъноҳои зиёди мусбатро дода наметавонанд.

Образи мурғи самандар образи шоиронаи хубест, ҳатто Самандар низ ном мегузоранд. Аммо касе ба худ мурғи самандарро тасаввур карда наметавонад ва самандар мисли шер он қадар густарда ва амиқ ба хаёти мардуми тоҷиик ворид нашудааст. Симурғ аз ин ҷумла аст.

Шерзоди зиёде ҳастанд, вале касе фарзандашро Самандарзод ном намегузорад. Ва он маъноҳои мусбате, ки мо аз дидани тасвири шер бармедорем, ҳатто уқоби кўҳӣ дода наметавонад. Сари баланди пурғурури шер – сумболи озодиро он тавре ки мехоҳем дода метавонад.

Тасвири шер такид ба тафаккури шоиронаи мардум низ мебошад. Агар кўҳро дар герб ба маънои аслиаш ҷой дода бошем, шер он ҷо ифодагари мазмуни худ ҳайвони даранда нест.

Хеле афсўс мехўрам, вақте ки герби ҳозираи Тоҷикистонро мебинам, ки ҳама унсурҳояш фақат маънои аслии худро таъкид мекунанд, на ягон маънои маҷозии волотареро. Айби аз ҳама бузурги унсурҳои герби кунунӣ адами образҳои муассиру неруманди ангезандаи ҳиссиёти баланд аст.

Ҳар сол шанбеи пеш аз Наврўз шанбегӣ гузаронида ҷойҳои ҷамъиятиро тозаю озода ва обод мекунанд. Дар ин рўз аз назди мактаби деҳа гузаштам, як гурўҳ шогирдони мактаб гул мекориданд.
Гуфтам: - Монда набошед, шербачаҳо!
Онҳо ҳама хурсанд шуданд, ки шербача гуфтамашон.

Агар шербачаҳо нею гургбачаҳо ё палангбачаҳо меномидам, президент бошам ҳам аз гиребонам мегирифтанд, ки «чаро моро дашном мекунӣ?».

Ин шери ифтихорӣ бо шири модар аз сина ба сина интиқол ёфта меояд. Дар ягон миллати дигар бачаҳоро шербачаҳо гуфта метавонанд? Не, танҳо дар мо боқи мондааст, зеро ҷавҳари миллии мост.

Идроки шер ба маънои қудсияти миллӣ барои тоҷикон на бо роҳи ақлонӣ, балки интуитивӣ яъне гувоҳи дил ва инстинкт - савқи табиӣ будааст.

Чизе будааст болотар аз сухан, болотар аз шеър, болотар аз Авесто. Робита низ бо ин образ аз роҳи хирад не, аз роҳи дил будааст.

Комментариев нет: