суббота, 4 апреля 2009 г.

Посухи ёздаҳум

Ардашер навишт, ки баъзе ҷашнҳои тоисломии мардуми мо то ҳанўз барқарор нашудаанд. Баъзе мегўянд, ки оиди герби кишварҳои ҳамсоя низ фикри худро бигўям.

Биёед аз мавзўи асосии ин баҳс дур нашавем. Идҳои исломӣ аз куҷо омада баромаданд, Иди Қурбон реша ба одати одамқурбонкунии қабилаҳои сомӣ барои худои борон дошт ё не, масъалаест алоҳида ва ба мавзўи баҳси мо алоқаманд нест. Герби кишварҳои ҳамсоя низ ба доираи масъалаи баҳси мо дохил намешавад. Дигар ин ки дар ин боб ҳарфе пеш оред, ба кори дохилии онҳо дахолат ҳисоб мешвад, ки касе инро нахоҳад кард.

Барои мардуми мо дар сохтмони ҷомеаи нав корҳое ҳастанд бунёдӣ ва мо бо ҳеҷ баҳона худро аз ин амалҳои бунёдӣ канор гирифта наметавонем. Масъалаи нишони давлатӣ аз чунин корҳои бунёдист.

Бубинед, дар ҳама кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шаҳрҳо гербҳои худро доранд, Самарқанд низ дорад. Дар замони шўравӣ, вақте ки дар ягон ҷой нишоне аз шаҳри Душанберо ҷой додани мешуданд, акси як қисми манореро, ки дар сараш герби республика буд, истифода мекарданд.

Ҳоло ба ҷои он дар аксар маврид пайкараи Исмоили Сомонӣ тасвир мешавад. Нишони шаҳр бояд дар шакли герб таҳия шавад ва набояд тағйир ёфта истад.

Агар Хатлон аз қадимзамон бо аспҳои худ машҳур бошад, метавонад сурати аспро асоси герби худ қарор диҳад.

Ҳар як ноҳия ва шаҳри Тоҷикистон аз бозёфтҳои археологӣ як нишони бостонии худро пайдо карда метавонад.

Вақте ки дар сохтани гербҳои шаҳру ноҳияҳо як таҷрибаи кофӣ ба даст омад, пас метавон гуфт, ки ба муҳокимаи чигунагии герби давлати Тоҷикистон нисбатан тайёр шудаем.

Баъд хоҳед дид, ки вакилони мардумии ноҳияҳои кўҳӣ дар ҷаласаи порлумони талаб нахоҳанд кард, ки ба герби ҷумҳурӣ сурати кўҳро дароранд. Ин хел ҳам мешавад, ки ҳама намодҳои бостониро шаҳру ноҳияҳо соҳиби кунанду барои намоди давлатӣ чизе намонад.

Барқарор кардани ҷашнҳои бостонӣ низ аз корҳои бунёдист, аммо ҳама корҳо як навбати худро доранд.

Ҷашни Наврўз ҳамон вақт барқарор мешавад, ки тақвими шамсии худамонро эҳё кунем. Он гоҳ ҷашни соли нав хоҳад шуд.

Эрониҳо солшумориро аз ба тахт нишастани Куруш ҳисоб карда соли ҷориро соли 2568-ум меҳисобанд. То ба кадом дараҷа ин дуруст аст, дар баҳсҳои илмӣ маълум хоҳад шуд. Яъне ҳамаи инро якҷоя бо масъалаи герб муҳокима кардан имкон надорад.

Комментариев нет: