пятница, 10 апреля 2009 г.

Посухи шонздаҳум

Меросе, ки ниёгонамон дар тўли торихи дарози 6-7 ҳазорсола ба мо гузоштаанд, он қадар зиёд аст, ки то ҳанўз онро мардуми мо пурра нашинохтаанд. Ба ин сабаб агар ягон намодеро устувор кардан хоҳем, ҳатман як ҳаромзодае пайдо мешавад ва дод мезанад: - Ин нақши мо нест, ин нақши фалониҳост.

Аммо ягон шаҳрванди Русия ба ин тариқ эътироз намекунад: - Уқоби дусара нақши Византия буд ва мо ҳақ надорем, ки ба гербамон ворид кунем.

В.В.Стасов (Маҷмўаи асарҳо, ҷ.I. СПб.1904) соли 1868 таҳти унвони «Сарчашмаҳои афсонаҳои халқии русӣ» асареро чоп мекунад. Ў дар ин асар рўирост гуфтааст, ки қаҳрамони афсонаҳои русӣ – Руслан Лазаревеч ҳамон Рустами достонест, ки ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ворид гардидааст.

Ин ҷо Рустам ба Руслан табдил шудаасту Золи Зар ба Лазар. Кайковусро Киркоус гуфтанду Кайқубодро Киркодон ва Рахшро Араш. Оё ягон кас даъво карда метавонад, ки русҳо Рустамро азони худ медонанду мо бояд аз истифодаи ин образ минбаъд даст кашем?

Не, наметавонад. Сипас Стасов соли 1870 китоби дигареро таҳти унвони «Орнаменти халқии русӣ» нашр мекунад ва байни наққошиҳои эрониву русӣ бисёр шаклҳои якхеларо пайдо мекунад. Дар байни ин нақшҳо мо сурати намодии ду шери дар атрофи дарахти ҳаёт ба пойҳои пеш рост истодаро низ дучор мешавем.

Оё ягон рус иддао дорад, ки ин нақши эронӣ нест ва эрониҳо ба истифодаи он ҳақ надоранд? Не, надорад. Зеро медонад, ки ба мисли халқҳои эронинажод русҳо низ оини митроиро аз сар гузаронидаанд.

Акнун расидем сари масъалаи оини митроӣ ё худ меҳрпарастӣ.

Митро ба пантиони худоёни ҳиндуэронӣ дохил мешавад, ки ин худ аз замонҳои кўч бастани ориёҳо ба Осиёи Марказӣ ва Ҳинд аз бостонитар будани ин асотир шаҳодат меиҳад.

Митро ё худ Меҳр худои офтоб буд, аммо асосан бонии аҳду паймон, сулҳу дўстӣ, қонун мандӣ, оштии миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат, якпорчагии кишвар ва меҳр ба ҳисоб мерафт.

Митро ё худ Меҳр қабл аз Зардушт аз худоёни ҳамсанги Аҳуро Маздо буд. Зардушт бо мақсади ҷорӣ намудани оини яккахудоӣ мақоми Митроро поин намуда аз ў фариштаи аҳду паймон месозад.

Аҳуро Маздо оиди аҳамияти риояи аҳду паймони сулҳ дар кишвар чунин мегўяд: «палидоне (нопоконе), ки аҳду паймони дурўғин кардаанд, тамоми кишварро ба дами марг хоҳанд кашид». Сипас Аҳуро Маздо таъкид мекунад, ки ҳатто нисбати мардуми дурўғгўй аҳду паймонро шикастан нашояд, зеро аҳду паймон чӣ барои дурўғпарастон ва чӣ барои мардуми ростин қувваи баробар дорад.

Форсҳо аз қадимзамон барои нашикастани аҳду паймон ба номи Митро савганд мехўрданд.

Ҳамин тавр Митро кишварро аз зиддиятҳои дохилӣ ва порашавӣ муҳофизат карда кафили ҳамдигарфаҳмию дўстии байни одамон будааст.

Калимаи русии мир, ки маънои сулҳ ва аҳду паймонро дорад, аз ҳамин Митро (Меҳр) пайдошудааст.

Донишмандон тазаккур додаанд, ки дар ташаккули таълимоти масеҳият ва афкоре, ки ба он замина гузоштааст, таъсири меҳрпарастӣ равшан мушоҳида мешавад.

Муҷассамаҳои Митроро мо дар Тоқи Бўстони Эрон (асри IV) ва дар Рим низ мебинем.

Комментариев нет: