воскресенье, 19 июля 2009 г.

Сиёваши Авесто оиди ҳафт марҳилаи митроӣ

Сиёваши Авесто оиди ҳафт марҳилаи митроӣ фикри худро дар мақолае дар Интернет дар сомонаи Авесто таҳти унвони «Чӣ гуна Митро тамаддунҳоро поягузори кард?» баён кардааст.

Кўшиш менамоям бо нуктаҳои асосии фикри дар ин мақола баён кардаи ў хонандагони блогро огоҳ кунам.

Тақрибат ҳафт ҳазор сол пеш аз кўҳҳои Помири Тоҷикистон Митро фуруд омад, то як ташкилоти бузургу ҷаҳониро поягузорӣ кунад.

Ў як гурўҳи ҳафт нафараро ба унвони вафодортарин ёрони худ омўзишу парвариш дода буд. Ҳарчанд ин теъдод имрўз фузун шудааст, аммо он адади ҳафт теъдоди ахтароне (сайёраҳо) буд, ки дар гирди хуршед мегаштанд он замон. Дар нигоҳи Митро низ он сайёраҳо ҳафтто буданд. Бадинрў ў ҳафтаро низ бо ҳафтрўза кардан офарид ва солро ба 52 ҳафта ва 12 моҳ ва ҳар моҳро ба 29, 30, 31 рўз тақсим карда ва чаҳор фасли баҳор, тобистон, пойиз ва зимистонро офарид.

Дар он даврон ҳар сол, ки 12 моҳ бошад, чаҳор соли хуршедӣ маҳсуб мешавад ва оғози ҳар фасл оғози соли нав. Баъдҳо бо талоши Митро, ҳар шаш моҳ ва пас аз он ҳар дувоздаҳ моҳ як сол ба ҳисоб гирифта шуд.

Илму дониши митроиён бо илму дониши замон пеш мерафт ва ситорашиносӣ, пизишкӣ (табибӣ), дорусозӣ, фалсафа, омўзишҳои размӣ ва оини шаҳриёрӣ аз маводи аслии дарсҳои Митро буд, ки дар ғорҳои кўҳҳо ва дур аз ғорҳо тавассути гурўҳе, ки муҷаҳҳаз ба паргол ва гунё ва шоқул буданд ба пайвастагон омўзиш дода мешуд. Ҳафт дараҷа дар миёни пайвастагон рамз буд. Вуруди расмӣ ба ғорҳо вижаи пайвастагон аз радаи дувум ба боло буд.

1). Калоғ (калзоғ), яъне одаме ки худашро ақли кул медонад ва куллӣ қор-қор мекунад ва ҳазору як муддаои бехуд дорад.

Барои пайвастан бо гурўҳ бо чашмбастаҳон аз кўҳ боло меравад вориди ғор шуда ва кулли пурсиш посух дода аз имтиҳонӣ вафодорӣ мегузарад, шогирди клоси аввал маҳсуб мешавад, то ин ки пас аз муддате ба дараҷаи дуввум боло биравад.

2). Пайваста: Ва ё пуштибонӣ шуда дар ин марҳала ҷудо аз омўзишҳои муқадамотии илмии матраҳшуда дар боло ва фарогири сангтарошӣ барои сохтани маъбадҳои Митро дар ғорҳо, фарогирии омўзишҳои размӣ низ шурўъ шудааст то инки довталаби номзад сарбозе шавад.

3). Номзад ба касе мегуфтаанд, ки мароҳили нахустини омўзишро гузаронда ва омода аст то ҷонро дар роҳи ормон ва андешаи Митро ва раҳоии инсонҳо ва огоҳии онҳо дар назми ҳоким бар ҳастӣ ба бозӣ бигзорад ва сарбоз шавад.

4). Сарбоз: Марҳилаи сарбозӣ басони ҳамин давраи омўзишии сарбозӣ аст, ки дар саросари ҷаҳон эъмол мешавад.

Инсон зери сахтгирии омўзишҳои размӣ қарор мегирад, то силоҳшўр ва далер шаваду омодаи Рустам шудан гардад.

5). Шер шудан ё Рустаму генерол шудан марҳилаи панҷум бадааст, ки унсури митрогаро ҳам омўзишҳои илмии ситорашиносӣ, пизишкӣ, дорушиносӣ ва ғайраро фаро гирифтааст ва ҳам тамоми қонуни размиву ҷангиро, ба гунае ки метавонад даҳҳо гурўҳи ҳафтнафараи дигарро роҳбари кунад.

6). Марҳилаи шашум. Дар ин марҳила фард унвони порсиро азони худ мекардааст, дар он замони пайдоиши Митро ҳанўз қавму қабилаву ҳукумате ба номи порс, порсиён ва ё порсӣ вуҷуд надоштааст. (ҳафт ҳазор сол пеш).

Порсӣ ба унвони инсони огоҳ ва озодаю фарҳехта ва омодаи хидмат ба дигарон маънӣ мешудааст ва он гоҳ ки касеро порсӣ меномидаанд, яъне ин фард ба шаҳриёрӣ ва падарӣ ва устодӣ наздик мешудааст, то битавонад ҷаҳони хеш ва минтақаи зери нуфузи хешро ба сўи беҳӣ ва некӣ ва хубӣ ҳидоят ва роҳбарӣ кунад.

7). Дараҷаи ҳафтум. Дар маъбадҳо ва ғорҳои Митро, инсони комил – падар бадааст, падар шудан ва ё устоду шаҳриёр шудан будааст. Ў метавонад бе ҳеҷ пешдоварӣ бар мардум ҳукмронӣ кунад ва ононро шаҳриёру роҳбар бошад ва тамоми донишҳои ҳафтгонаи баъди Митроро ба тўдаҳои мардум мунтақил кунад.

Митро ҳангоме, ки бо хушксолии Помир мувозеҳ мешавад дастур медиҳад то рустоиён говони нарро қурбонӣ кунанд то хуни онҳо заминро борвар кунад. Аммо Митро пас аз сохтани гурўҳҳои ҳафтнафара ором-ором рустои худро шаҳри Помир сохта ва барояш полис (шаҳрбон) мегузорад, то ки молу мулк ва ҷони шаҳриён зери ҳимояти посбонҳо қарор бигирад.

Ин ҷо байни фикри Мирҷалолиддини Каззозӣ дар мақолаи «Сўзани Исо» ва Сиёваши Авесто фарқе мебинед, чун ба қавли Каззозӣ шогирди мактаби Митроӣ ҳангоми гузар аз ин санҷишҳо марги намодинро низ аз сар гузаронида тамоман одами нав бо номи нав мешудааст.

Ба ин сабаб Каззозӣ решаҳои тасаввуфро дар оини меҳрпарастӣ медонад. Ва аз ҷумла байни марҳилаи падари митроӣ ва пири тасаввуф монандиро кашф карда таъкид мекунад, ки вожаи пир маънои падарро ифода мекунад, чун тарсоён, ки бисёр нуктаҳои оини меҳриро нусхабардорӣ кардаанд, рўҳониро падар гўён хитоб мекунанд ва поп-и русӣ аз боб, ё бобост.

Сиёваши Авесто баъзе фикрҳои баҳсангез низ дорад. Агар ҳафтаи ҳафтрўза эҷоди Митро мебуд, ҳатман рўзҳои ҳафта номҳои ориёӣ медоштанд. Моли мардуми соминажод будани ҳафта ҷои шакке надорад.

четверг, 16 июля 2009 г.

Митро дар тасвири Х.Мирзозода

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик марҳум Холиқ Мирзозода аввалин донишманде буд, ки ба заминаҳои бостонии афкори фалсафии адабиёти тоҷик бештар эътибор дода, кўшиш намудааст, ки решаҳои ин адабиётро дар ақидаҳои мазҳабии бостонӣ биҷўяд. Ва то ҷое, ки ба адабиёти илмӣ дастрасӣ доштааст, ин масъаларо аз рўи имкон рўшан кардан хостааст.

Ба ин сабаб ҳаводорони фарҳанги бостониро мехоҳам бо баъзе иқтибосҳо аз китоби эшон «Таърихи адабиёти тоҷик» (Душанбе, нашриёти «Маориф» соли 1987) шинос кунам.

«Шакли ин калима дар забони форси қадим «миҳра», дар забони ҳозираи форсӣ ва тоҷикӣ «меҳр» (офтоб, афтоб) аст. Офтоб яке аз предметҳои парастиши (культи) бобоёни қадимии мост, ки он ба ҳаёти инсон, ҳайвонот ва тамоми олами зинда баҳраи зиёд мерасонад. Образи Миҳра ё ки Митра аз давраи сайёрапарастии халқҳои эронӣ боқӣ мондааст. Митра худои рўшнои буда, ба инсонҳо нур, гармӣ ва ҳаёт мебахшад. Вай дар тасаввури парастандагонаш на танҳо бахшандаи нур, балки шахси фаъоли мусаллаҳест, ки ҳатто, дар аспу аробаи нуқрагини худ нашаста осмонро сайр мекунад, ба дили душманон даҳшат меандозад ва дўстони худро аз офатҳои гуногун наҷот медиҳад. Ин образ аз худоҳои пеш аз ақидаи якхудоии аҳуромаздопарастӣ ба вуҷуд омад, дар ин дин инкор карда шуда бошад ҳам, дар китоби муқаддаси динии зардуштӣ «Авесто» ба сифати паҳлавони тавоное, ки қувваи беинтиҳо дорад, тасвир шудааст. Агар аз ин образ ҷиҳати мифологӣ ва фантастикиаш гирифта шавад, офтоб дар ҳақиқат манбаи энергияи беинтиҳост. Вай дар тасвири «Авесто» душманон ва қувваи онҳоро маҳв менамояд. Бадани зиреҳи нуқрагин дорад, бинобар ин, тири душман ба бадани ў намегузарад ва бо қувваи шамол баргашта ба худи душманон мезанад. Митра қаҳрамони тирногузар, дар об ғарқнашаванда, дар оташ насўзанда, бо ифодаи дигар мағлубнашаванда аст. Митра дар тасаввур ва тавсифи парастандагонаш на танҳо ҷанговари мағлубнашаванда, балки сардори лашкар ҳам мебошад: «Мо Митраи лашкарро ба ҷанг тайёркунанда, ҷамъкунандаи ҷанговарон, лашкарро ба ҷанг мувофиқкунанда ва сафороянда, сафи душманро ба ларза оварда, дар сари лашкар истода ба ҷанг дароянда, аз ҳама тавоно ва сардори боқудрат саҷда мекунем… Митра дар ароба истода, аз камоне, ки аз устухон сохта ва аз чарми наввас таранг кашида шудааст, ҳазорон тир мепарронад. Тирҳои ў мисли фикр тез мепарранд, монанди фикр бо тезӣ ба сари девон меборанд… Митра гурзи дурахшони худро бардошта мегардад, гурзи сад нешдор ва сад қиррадори ў ба душман зуд омада мезанад, душманро порча-порча мекунад. Гурзи ў аслиҳаи аз ҳама пурқувват буда, аз оҳани ҷилодор сохта шуда, аз болояш тилло пўшонида шудааст. Ў ин тавр аслиҳаи аз ҳама пурқуввату яксонкунандаи ҳар гуна душманро бо дасти худ мебардорад…»

Аноҳита дар тасаввури пайравон ва парастандогонаш маъбудаи об, замин ва ҳосил аст. Дар мифи қадим ўро ифодакунандаи зебоӣ ва нафосати инсон, ба қаҳрамонҳо қувватдаҳанда, комьёбибахшанда низ тасаввур кардаанд. Аноҳитаро эзиди обу замин ва ҳосилот донистани пайравонаш давраи деҳқонии занон ва модаршоҳиро акс кунонидааст. Ҳар дуи ин образ мифологӣ, чӣ Митра ва чи Аноҳита қувваҳои фавқуттабиаи мавҳумӣ набуда, аз ҳаёт, аз табиат гирифта шудаанд ва бо зиндагонии одамон алоқаи зич доранд, онҳо симоҳоянд, ки аз байни одамон баромадаанд. Агар аз онҳо сифатҳои мифологии романтикӣ гирифта шавад, одамони қадимаи тавоно, ки бо табиат ва душманони худ барои зиндагӣ ва осоиштагӣ муборизаи қаҳрамонона бурда, ба мардум ёри мерасонанд, боқӣ мемонанд ва онҳо асосҳои ҳаётӣ доранд, орзуҳои неки мардумро аск кунонидаанд, вале ба онҳо мафҳуми худоӣ додаанд, зеро «худо дар тасаввури ибтидоии одамон мафҳуми мавҳум ва ягон чизи абстракт набуда, балки як симои бисьёр реалӣ буд, ки бо ягон аслиҳа мусаллаҳ аст. Худо пири ягон ҳунар, устод ва ҳамкори одамон буд».

Аз хислатҳои илоҳии Митра ва Воруна мафҳуми «Рта» фаҳмида мешавад, ки маънояш «олам ва низоми абадии табиат» ва он низомест, ки дар парастиши худоён ва ташрифоварӣ дар назди онҳо лозим аст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки маънои он «ҳақиқат ва қонун» будааст.

Дар ақидаи қадимии динии ҳиндуҳо низ «Рта» ба Воруна вобаста дониста шудааст, яъне вай нигоҳдорандаи тартиботи шаклӣ ва маънавии олам аст. Онҳо «Рта»-ро халқкардаи Воруна медонанд. Ин алоқа ва ягонагии тасаввури қадимии динии эрониёну ҳиндуён аз он вақтҳо мондааст, ки ин ду халқ ҳанўз аз ҳам ҷудо нашуда буданд. Дар номаҳои подшоҳони Сурияи қадим Амарна (1400 п. аз м.) номи чор худо қайд шудааст: Митра (дар санскрит), дар «Авесто» - Митра, Воруна, Индра ва Носатуас. Митра, ки ба маънои дўстӣ аст, худои равшанӣ мебошад ва дар шакли одами мусаллаҳи нуқрарангест, ки аз сару рўи ў нур борида меистад. Вай дар ароба – фойтуни худ нишаста осмонро сайр мекунад ва ба муборизоне, ки равшаниро аз лашкари худои зулмат муҳофизат мекунад, ёрӣ мерасонад. Митра ҳамчун худои нур хислати табиӣ дошта бошад ҳам дорои хислати иҷтимоӣ низ мебошад ва бештар аҳамияти илоҳӣ ба худ гирифтааст. Ин худо (Митра) ба худои бобулии «Шамс» (Офтоб) ва худои осмони юнониҳо Аполлон бисьёр монанд аст. Номи Митра ва Ворунаро пешу оқиб гирифтан ҳам мумкин аст, зеро қадри онҳо паст намешавад. Онҳо низому қонуни дурусти дуньёро ҳифз мекунанд, якҷоя назораткунандаи дилҳои инсонанд. Ҳамаро мебинанд, медонанд. Ба ҳамдигар чунон наздиканд, ки дар як аробаи осмонӣ нишаста ҳаракат ва сайру гашт мекунанд ва дар давидан гўё як рўҳанд. Митра ва Воруна – осмони мунавваранд.

Ба ҳамин тариқ, Митра ва Воруна дар ақидаи эрониёни қадим ҷуфти худоҳои неканд.

Дар усули оини митроӣ, ки давоми назарияи муғони зарвонимазҳаб аст, дар масъалаи раъйи низоми илоҳӣ ва асоси чизҳо чунин ақидае вуҷуд дошт, ки дар он тасаввуре дар бораи замони мутлақ ё ки бениҳоят (зарвони акарана) мавҷуд буд ва ўро баъзан Крунус соақулум ё ки Каюн низ меномидаанд. Одатан, ин вуҷудро ба тақлиди яке аз мавҷудоти табиӣ тасвир мекардаанд: Ўро дар шакли сари шере, ки даври ҷисмашро море печонда гирифтааст, таҷассум мекунонанд. Миқдори зиёди чизҳое, ки ҳангоми таҷассум кунонидан ба вай илова мекарданд, чунин маънӣ доштааст, ки хислат ва сифатҳои ў аниқ ва маҳдуд набудааст. Дар дасти ў, монанди худоҳои бадқаҳр ва ҳоким, асоси фармонфармоӣ мавҷуд будааст ва дар ҳар дасти ў калиде ҳаст ва он чунин маънӣ дорад, ки вай соҳиби осмон аст ва дарҳои осмонро ў хоҳад кушод. Пўзаи ҷоғи нимкушодааш, ки фуки ҳавлангезашро нишон медиҳад, аломати қувваи харобиовари замон аст, ки он ҳамаи чизҳоро фурў мебарад ва ба дамаш мекашад. Болҳояш рамзе аз тезии суръати гашти ўст. Ҳайвону хазандае (море), ки ҳалқаю печи он вайро фушурдааст, ишора ба дури ҳаракати мадори Офтоб аст, аломатҳои минтақаи бурҷҳо, ки дар ҷисми ў нақш бастааст, нишони фаслҳост, ки ифодаи ҳодисаҳои рўизаминӣ аст ва рамзе аз абадӣ гузашта истодани солҳост.

Аз ин нақлҳои дорои хислатҳои мифологӣ маълум мегардад, ки шохаи мазҳабии Зарвония бештар ҷиҳатҳои динӣ ва хаёлии ин ҷараёнро инкишоф дода, аз ҷаҳонбинии ҷараёни материалистӣ ва атеистии он дурӣ ҷустааст. Дар ҷараёни мазҳабии Зарвония мафҳуми сайёраҳои наҳс ва беҳаракат (савобит) ҳастанд. Зарвон, ки сипеҳр (осмон) ҷасади ўст, ҳам адл дорад ва ҳам сарнавишт аст.»

среда, 15 июля 2009 г.

Берунӣ оиди дини меҳрпарастӣ

Баъзеҳо гуфтанд, ки ҳафтҳазорсолагии тақвими миллиро аз куҷо пайдо кардед, ки он замонҳо солҳоро ниёгони мо ҳисоб намекарданд. Ба посухи чунин суол бояд бигўям, ки солшумории яҳуду насорову ва ғайра решаи динӣ дорад. Ҳама оғози солшумориро вобастаи ахборе, ки дар китобҳои динияшон ҳаст кардаанд.

Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» (Душанбе, соли 1990, саҳ.67) навиштааст: «Сабаби ин ки панҷ рўзи зоидро ба охирҳои обонмоҳ ва миёни озармоҳ қарор медоданд, ин буд, ки форсиён чунин гумон мекарданд, ки пайдоиши солҳои эшон аз оғози офариниши нахустин инсон аст ва он рўзи ҳурмузд дар моҳи фарвардин буда, ки Офтоб дар нуқтаи эътидоли рабеӣ ва дар миёни осмон будааст. Ва ин вақт оғози соли ҳафт ҳазоруми аз ҳазор соли олам аст. Ва асҳоби аҳком аз мунаҷҷимин низ ин тавр гуфтанд, ки «Саратон толеи олам аст». Ва байни ин матлаб он аст, ки Офтоб дар аввали даврҳои «Синдуҳинд» дар миёни ду ниҳояти иморати Замин будааст ва чун амр бад-ин қарор шуд. Саратон толеи олам мешавад ва назди эшон барои давр ва пайдоиш ибтидо мешавад.»

Чунон ки дидед, Берунӣ ба ҳафтҳазорсолагии тақвими ниёгони мо дар замони худ шак наовардааст. Бо иловаи ҳазор соли пас аз Берунӣ ҳашт ҳазор сол ҳосил мешавад. Берунӣ пайравони меҳрпарастиро бо ибораи «маҷусиёни қадим» ифода кардааст. Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» фасле ба идҳои маҷусиёни қадим ва иду рўзаҳои собиён бахшидааст. Аз ҷумла навиштааст: «Маҷусиёни қадим онҳоеро гўянд, ки пеш аз Зардушт будаанд. Ва имрўз наметавон шахсеро аз эшон пайдо кард, ки ба гуфтаи Зардушт мўътақид набошанд. Ба бинобар як райи маҷусиёни қадим аз ҳамин қавманд, ки Зардушт будааст. Ва ба райи дигар Зардушт аз қавме будааст, ки «мазҳаби меҳр» доштаанд. Ва зардуштиҳо порае аз умурро дар кеши худ зикр мекунанд, ки аз аз «мазҳаби меҳр» ва қудамои Ҳаррония гирифта шудааст.
Дар пеш гуфтем, ки собиёни ҳақиқӣ онҳоеро, гўянд, ки аз асироне, ки Бухтанассар ба Бобул оварда буд, дар он ҷо бозмонданд. Ва пас аз он ки дер гоҳе дар Бобул бимонданд, ба ҳамон диёр хў гирифтанд. Ва чун усули саҳеҳе дар даст надоштанд, ин буд, ки порае аз гуфтаҳои маҷусро, ки дар Бобул шуниданд, бовар доштанд. Ва кеши собиён аз маҷусуяту яҳудият омехта аст. Чунон ки ҳамин ҳолат барои ашхосе, ки аз Бобул ба Шом омаданду ба Сомира пеш омад.»

Берунӣ дар байни идҳои собиён ҷашнҳоеро ном мебарад, ки метавон мутааллиқ ба оини меҳрӣ донист. Масалан дар боби иди «Ҳилоли шубот» мегўяд, ки рўзи бистум барои Офтоб иди Байтуларўс аст ва рўзи бисту дуюм иди Мантас аст, барои Офтоб.

Дар боби иди «Ҳилоли об» бошад, чизҳоеро мегўянд, ки аз ғусли тамъиди меҳрпарастон берун омадааст.

Берунӣ дар фасли «Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст» аз бозмондаҳои оини меҳрӣ, ки мардумӣ гардидааст, низ нақл мекунад. Ва оиди Меҳргон навиштааст: Меҳрмоҳ, рўзи аввали он Ҳурмуздрўз аст. Ва рўзи шонздаҳум рўзи Меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки Хазони Дуюм башад. Ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дўстии ҷон аст. Ва мегўянд, ки Меҳр номи Офтоб аст… дар оини Сосониён дар ин рўз буд, ки тоҷеро, ки сурати Офтоб дар ў буд, ба сар мегузоштанд. Ва Офтоб (Меҳр) бар чархи худ дар он тоҷ савор буд.

Берунӣ таъкид мекунад, ки Меҳргонро 30 рўз ид мекарданд, ҳар табақа 5-рўзӣ.

Дар осори Берунӣ оиди оини Меҳрӣ ин гуна ишораҳоро бисёр метавон ёфт.

вторник, 14 июля 2009 г.

Иди Ангурро эҳё кунем!

Оиди ба тамаддуни нишот тааллуқ доштани фарҳанги бостонии тоҷик аз ин пеш низ нависта будам. Пешниҳод карда будам, қи агар ниятҳоямон оиди тақвияти решаҳои фарҳанги миллӣ самимона бошад, бояд ҳатман баъзе ҷашнҳои бостониро зинда кунем. Оиди мавҷудияти Иди Сайри харбуза дар Самарқанд ва бо қарори ҳукумати маҳаллӣ аз нав расм гардонидани он иттилоъ дода будам. Акнун навбати эҳёи Ҷашни Ангур расидааст.

Абўрайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» ҳазор сол пеш аз ин ба забони форсии тоҷикӣ чунин навиштааст: «Иди Хазон суғди нест, ҳарчанд суғдиён ба кор доранд, валекин тахорӣ аст. Ва тахориён инро гаштани ҳаво доранд ба сармо. Ва Хазони хосса рўзи ҳаждаҳум бувад аз моҳи шаҳривар. Ва Хазони омма рўзи дуввум аз меҳрмоҳ. Ва ҳар ду иданд. Ва пиндорӣ, ки аз баҳри оғози чархушт аст ва фишурдани ангур.»

Ин ҷо Берунӣ ишора ба он дорад, ки яке аз рўзҳои иди бостонии Хазон барои оғози фишурдани ангур дар чархушт аст.

Эҳтимоли қавӣ дорем, ки решаи ин ид ба оини меҳрпарастист. Бино ба устураи оини меҳрӣ аз хуни гови муқаддасе, ки Митро қурбон кард, бори нахуст навдаи токи ангур падид омадааст. Ин устура далел бар он аст, ки ангур дар зиндагии ниёгони мо ҷойгоҳи қудсӣ доштааст, чун аз нахустофаринҳои аҳуроист.

Бозёфтҳои бостоншиносони тоҷик низ гувоҳӣ медиҳанд, ки ангур дар зиндагии ниёгони мо мақоми волое доштааст ва тасвири он дар осори ҳунари дастӣ хеле зиёд мушоҳида мешавад.

Осори шоирони бузургамон низ ин фикрро тақвият медиҳад.

Зинда кардани Иди Ангур ба ҷои Ҷашни Хазони ориёӣ ҷойгузини сазовори ин иди бостонии азёдрафта қарор хоҳад гирифт. Ва Иди Ангурро дар аввали моҳи сентябр, вақте ки дар хўшаи он нишонаи туршӣ намонад ва ба фишурда гирифтани шарбат тайёр шавад, гузаронидан беҳтар аст.

Таъсиси Ҷашни Ангур, таваҷҷўҳи кишоварзонро ба парваришу зиёд кардани намудҳои он, вусъати майдони ангурзорҳо хоҳад афзуд ва фоидаи иқтисодии он хеле зиёд хоҳад буд.

Оид ба истиқболи дурахшони ангурпарварӣ дар ҳикояи «Ангуробод» хеле ҳарфҳо гуфтаам.

Зинда бод Ҷашни Ангур!

воскресенье, 12 июля 2009 г.

Сулолаи кандакорон

Назаре ба кандакориҳои усто Мирҷамол Асадов

Аҳли ҳунар вобаста ба касби худ ҳар тоифа пире доранд, ва ибтидои пайдоиши пешаи худро аз ў медонанд. Масалан челонгарону сарояндагон Ҳазрати Довудро, ки аз паёмбарони тоисломӣ аст, пири худ меҳисобанд. Дуредгарони Самарқанд паёмбар Ҳазрати Нўҳро пири худ меҳисобанд ва мегўянд, ки худо нахустин бор бо чўб кор карданро ба ў омўзонд ва ин паёмбар аз чўб киштии худро сохту инсону ҳайвонотро аз ғарқшавӣ дар тўфон наҷот дод. Дар ҳақиқат дуредгарон ба сифат кардан меарзанд, зеро зиндагиро бе ҳунари онон тасаввур натавон кард. Хона месозед ё ҷевону мизу курсӣ лозим аст, бе дуредгар намешавад.

Аммо дуредгарон вобаста ба маҳорат ду тоифаанд. Онҳое, ки дару тиреза, кат ё мизу курсиҳои оддӣ ва арзонро месозанд ва онҳое, ки сутунҳои миллии кандакорӣ, муқарнасҳо, дарҳои бағдодӣ, мизу курсиҳо, ҷевонҳо вакатҳои пурнақшунигор меофаранд. Инҳоро дуредгарони кандакор, ҳаккок мегўянд ва онҳо суннатҳои ниёгонро аз аҷдод ба авлод мерос мегузоранд. Сулолаи Асадовҳо яке аз сулолоҳои дуредгарони машҳури Самарқанд аст.

Ҳунари ҳаккокӣ яъне кандакории чўб, ба мисли касби гачкорӣ торихи қадима дорад. Ҳанўз дар асри даҳи мелодӣ торихнавис Норшахӣ дар китоби «Торихи Бухоро» нависта буд, ки дар бозорҳои Бухоро бутҳои аз чўб тарошида шударо дуредгарону ҳайкалтарошон мефурўхтанд ва дар торихномаҳо сабт аст, ки дарҳои масҷиди дар Бухоро сохтаи Қутайба соли 713 сурати аз чўб тарошидаи одамонро доштааст, вале чеҳраи ононро тарошида партофтаанд. Ҳайкалҳои чўбини аз Панҷакенти бостонӣ ёфтаи бостоншиносон, хусусан раққосаҳои зебои суғдӣ аз ҳунари баланди ниёгон гувоҳӣ медиҳад. Суратҳои дар чўб кандашудаи парандагону ҷонварони дигар аз бисёр деҳаҳои болооби Зарафшон пайдо гардидаанд, ки заминаҳои нерўманди таҳҷоии ин ҳунарро собит мекунад. Баъди ҷорӣ шудани дини ислом тасвири ҷонварону одамон дар дару девор мамнўъ ҳисоб шуд ва кандакорони чўб ба тасвири рустанӣ ва нақшҳои ҳандасӣ бипардохтанд ва дар ин ҷода мўъҷизаҳо офариданд.

Донишмандони торихи санъати кандакории чўб аз мавҷудияти як мактаби бузурги ин ҳунар дар Суғд ҳарф зада оиди бозёфтҳои тасвири ҳайвоноти тахайюлӣ дар Шоҳи Зинда аз мақбараи Қусам ибни Аббос таъкид меварзанд.

Яъне ҳар як асар хоҳ сутуну хоҳ дари хона дар шаклу сурат нотакрор аст. Устоҳои кандакори чўб дар ҳар як вилояти Ўзбекистон ҳастанд ва услуби хосаи худро доранд. Дар Самарқанд низ ин ҳунар ба туфайли истиқлол ривоҷ намуд ва ҳоло фурўши катҳои чўбини кандакории миллиро дар кўчаи ин шаҳри бостонӣ дидан метавон.

Аммо дуредгарҳое низ ҳастанд, ки бо эҷоди маҳсулоти ба якдигар монанд не, балки бо офаридани асарҳои нотакрори кандакории чўб машғуланд ва сухани банда оиди яке аз онҳо усто Мирҷамол хоҳад буд, ки пешаи падари худ усто Мирусмонро давом медиҳад.

Хусусан хонаводаи усто Насрулло Соҳибназаровҳо дар кандакории чўб мўъҷизаҳое доранд, яъне Самақанд дорои як мактаби дорои устодони бузург аст ва нақли мо доири яке аз намоёнтари онҳост, ки тавассути усто Амриддин Наҷмиев шинос шудаам.

Дар гузашта аҳли ҳар як касб ҷомеаи худро дошт ва раиси ҷомеа аз беҳтарин устоҳои мўйсафед интихоб мегардид, ки ин вазифаро раис ё оқсаққол мегуфтанд. Вазифаи асосии оқсаққол назорат кардан ба риояи оинномае буд, ки худ онҳо рисола меноманд. Ин рисолаҳо ба тариқи оиннома ё худ устав навишта шуда дар онҳо барои устои ҳар як касб талабҳои асосӣ дарҷ шудаанд. Дастхати баъзе ин рисолаҳо то ба имрўз расидаанд ва аҷиб он аст, ки дар онҳо сухан асосан аз саховатпешагӣ, мардумдўстӣ, ҳақпарастӣ барин сифатҳои олии инсонӣ ва оини ҳаракати ҷавонмардӣ меравад.

Тарбияи шогирд яке аз рукнҳои асосии кори ҳар як усто буда, агар шогирд яке аз фарзандони ў бошад, талабҳои усто боз ҳам сахтгиронотар мешаванд. Ҳатто барои камтарин гуноҳ ҷазои сахт медиҳанд. Талаб ба риояи меъёрҳои ахлоқии мусулмонӣ ҳамчунон баланд аст. Ҳам усто Мирусмон ҳам писари ў усто Мирҷамол ва ҳам писари усто Мирҷамол усто Мансур дар натиҷаи чунин талабҳои сахт тарбия ёфта устодони бузурги касби худ гардидаанд.

Дар замонҳои пешин маданият ва дороии сокинони шаҳру деҳотро аз рўи дару дарвозааш муайян мекардаанд. Агар дарвозаю дари кандакори дошта бошад, маълум, ки чӣ касест. Дарҳои бе нақшу нигорро ба хонае, ки дар он ғуломону хизматгорон зиндагӣ мекарданд, мешинонданд. Ба ҳамин сабаб дарҳои ҳаккокӣ шуда бағдодӣ номида шудааст, зеро «Бағдод» - пойтахти Хилофат буд ва дар Самарқанд дар деҳаи Бағдод низ бисёр ҳунармандони аз Бағдод Амир Темур оварда буданд. Дарҳои бенақшро убайдӣ номидаанд, маънои «убайд» ғулом аст. Солҳои аввали истиқлол ва каме пештар аз он дар Самарқанд шинондани дарвозаҳои кандакорӣ оғоз гардид, аммо бо таъсири чанде аз сарватмандон, ки ба ҷои дарвозаҳои кандакории чўбӣ дарвозаҳои оҳании рангаш сурх шинондаанд, ин анъанаи неки қадима умри дароз надид. Аммо ба фикри усто Амриддин Наҷмиев таваҷҷўҳи мардум ба санъати кандакории чўб кам нашудааст, сарватмандоне, ки меҳмонхонаҳо месозанд ва ба бизнеси сайёҳӣ машғуланд, мехоҳанд, ки дар меҳмонсарои онҳо ҳама чиз аз дару тиреза то сандалию зинапояҳо рангу бори миллӣ дошта бошанд ва талаботи сайёҳони хориҷиро қонеъ гардонанд. Зеро сайёҳи хориҷӣ ба Самарқанд барои он намеояд, ки боз ҳамон дару тиреза ва мебели аврупоиро бубинад, вай мехоҳад дар муҳити миллӣ истиқомат кунад, бо ҳунари ҳунармандони миллӣ шинос шавад, чизеро аз маҳсули дастии онон харида ҳамчун армуғон бо худ барад.

Устоҳои дуредгар дар ин бобат имконияти калон дошта метавонанд. Асбобҳои миллии мусиқиро, нарду шоҳмот, сандукчаҳои кандакорӣ, курсиву мизҳои қадима бо нафосату назокати нотакрор танҳо устоҳои дуредгари ҳаккок сохта санъати баланди миллии моро дар назари ҷаҳониён ҷилвагар карда метавонанд. Дар зиндагӣ ҳаррўзаи оддӣ бошад, мақоми онон доимо баланд буду ҳаст ва ҳар як инсон аз гаҳвора то тобут бо маҳсули дасти онон рўбарўст.

Аммо ҷойгоҳи баланд ва мақоми хоси Самарқанд дар рушду равнақи ин ҳунари миллӣ қобили қайд аст. Дар водии Зарафшон намунаҳои барҷастаи ҳунари кандакории чўб дар Бухоро зиёд аст, аммо ба сабаби он ки ҷангал асосан дар кўҳҳои атрофии Самарқанд будааст, чўбро ба оби Зарафшон партофта ба Бухоро мебурдаанд, ки ба сабаби камобии дарё кори заҳматталаб будааст.

Дертар дарҳоро дар Самарқанд сохта баъд ба Бухоро бурда фурўхтан расм гардидааст. Ба ин сабаб имрўз, ки санъатшиносон оиди хусусиятҳои нозуки санъати кандакории Бухоро ҳарф мезананд, баъзан ин ҷиҳати онро фаромўш мекунанд. Устоҳои ҳаккок ба дарҳои сохтаи худ имзо намегузоранд. Ин ҷо як дари торихии мақбараи Қусам ибни Аббоси Шоҳи Зинда истисност. Умуман дарҳои кандакорӣ он қадар зиёд будаанд, ки Н.Бочинский ном олими рус мегўяд, ки будани онҳо дар ҳавлиҳо не, агар дар ҷое набошад тааҷҷубовар аст.

Яъне дару дарвозаи кандакорӣ муҳимтарин ва асоситарин рукни маданият ва умуман ҳаёти мардуми мо будааст. Устоҳои дуредгари ҳаккок ба ғайри иморату асбобҳои зарурии рўзгор боз барои косибони дигар масалан читгар қолабҳои заруриро месохтаанд. Сохтани қолабҳо низ маҳорати баландро талаб мекунад. Дуредгарҳоро дарсоз, наҷҷор ва харрот низ мегўянд. Калимаҳои наҷҷор ва харрот арабианд. Азбаски ин ҳунар қабл аз ислом ҳам дар Осиёи Марказӣ ривоҷ дошт, мо истифодаи калимаи қадимтар – дуредгарро мақул донистем. Дар забони халқ бошад «дарсоз» гуфтан зиёд мушоҳида шавад ҳам қобили қабул нест, зеро устоҳои ин пеша ба ғайри дар боз даҳҳо намуди дигарро низ месозанд. Дар байни халқ ба ҷои дуредгар шакли дигари он «дурезгар»-ро истифода мекунанд, ки ин тавр гуфтан ҳам хато нест.

Усто Мирусмони раҳматӣ устоди усто Амриддин низ маҳсуб мешуданд ва усто Амриддин боре вохўрии маро бо ин пири ҳунари кандакорию гачкорӣ ташкил карда буданд. Усто Мирусмон нақл карда буданд: «Асоси касби моро андешаи ба манфиати мардум кор кардан ташкил мекунад. Вақти маросими додани унвони усто ба шогирд, бобои усто Абдуҳафиз ба дастам дода гуфтанд: - Ҳамчун теша мабош, ки доим ба ҷониби худ метарошӣ. Сипас арраро дода гуфтанд: - Ҳамчун арра бош, гоҳ ба сўи худу гоҳ ба сўи дигарон.

Сарвари сулолаи дуредгарон Асадовҳо усто Мирусмон Асадов аст, бародари Қаҳрамони Ўзбекистон Мирумар Асадов. Усто Мирусмон соли 1921 дар гузари Кулолон таваллуд шудааст. Хонаи тобистониашон дар гузари Сафедӣ будааст. Як сол пеш вафот намуд.

Бобои усто Мирусмон усто Абдуҳафиз оқсақол (аз ҷониби модар) устои кандакори чўб будааст ва чўбкории айвони масҷиди мазори Хоҷа Аҳрор ва меҳмонхонаи Аброми Қалам (ҳоло осорхонаи кишваршиносӣ) ва дар Выставкаи умумиитифоқи хоҷагии халқи СССР чўбкории павильони Ўзбекистонро анҷом додаст. Усто Абдуҳафиз Ҷалилов ва усто Ширин Муродови Бухороӣ солҳои пеш аз ҷанг дар мадрасаи Шердори Самарқанд мактаби ҳунармандони меъмории миллиро таъсис дода буданд ва бисёр устоҳои тармимгари ёдгориҳои меъморӣ парвардаи ҳамин мактабанд. Усто Абдуҳафиз ба ин мактаб набераи худ Мирусмонро овардааст ва ў шогирди ин мактаби машҳур мебошад. Дар ин мактаб усто Ширин аз гачкории миллӣ ва усто Абдуҳафиз нозукиҳои санъати кандакории чўбро меомўзонданд. Дар ин мактаб тағои усто Мирусмон усто Муҳаммадамин низ таҳсил кардааст. Усто Абдуҳафизро барои он оқсақол мегўянд, ки пири устоҳои чўбкор ҳисоб меёфт ва агар байни корфармою усто баҳсе хезад, ба ў муроҷиат мекарданд, ки қазоват кунад.

Усто Абдуҳафиз Ҷалилов соли 1941 вақте ки ба ҷанги зидди фашизм писаронаш рафтанду аз ду фарзандаш хати сиёҳ омад, ба ин ғам тоб наёварда аз олам даргузашт. Шогирдони мактаби ҳунармандиро низ ба ҷанг сафарбар карданд, бисёриҳо дар фронт қурбон шуданд ва фаъолияти мактаби ҳунармандии Шердор ҳам ба охир расид.

Усто Мирусмон Асадов, ба сабаби он ки ба устои кандакори чўбкор талаб кам буд, ҳунарҳои дигари меъмории миллӣ гачкорӣ, кошинкорӣ ва иморатсозиро аз бар намуда дар сохтану ороиши Чойхонаи «Роҳат», иморати бинои Кумитаи марказии Тоҷикистон, Театри Лоҳутӣ, Қасри маданияти деҳаи Арбоби Хуҷанд, Осорхонаи Панҷакент ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намудааст.

Усто Мирусмон панҷ фарзандро ба камол расондааст. Ду писар ва се духтар. Писарҳо Миркамол ва Мирҷамол ном доранд ва пешаи падарро давом медиҳанд. Ҳар ду ҳунари дуредгарию кандакориро дар назди падари худ усто Мирусмон омўхтаанд. Усто Мирҷамол ба ёд меорад, ки дар 12-13 солаги баъди дарси мактаб ва рўзҳои истироҳат ва таътил ба падари худ дар сохтмонҳо кўмак менамуданд. Солҳои 70-80-ум дар таъмиру тармими мақбараю масҷиди Имом Бухорӣ дар деҳаи Хартанги Самарқанд, масҷиди ҷомеъи Бибихоним, мадрасаҳои Регистон иштирок кардаанд.

Кори аз ҳама ҷолиби онҳо бо роҳбарии падари худ рост кардани пештоқи афтодаистодаи равоқи шимолии мадрасаи Тиллокорӣ буд. Усто Мирусмон зери таҳкурсии равоқ сутунҳои фўлодӣ гузошта онҳоро болои домкратҳо устувор кард, сипас бо ресмонҳо аз боло баста ба қафо оҳиста-оҳиста кашидани онҳоро ташкил намуд. Сипас то соли 1975 тармими равоқҳою ҳуҷраҳои мадрасаи Тиллокорӣ ва дигар мадрасаҳои Регистон давом кард.

Кори заҳматталаб аст, кандакорӣ. Масалан 20 нафар се дари кандакории маҷмўаи мақбараи Имом Бухориро дар ҳашт моҳ ба анҷом расониданд. Нақшҳои онҳоро аз шогирдон Мансур Асадов (писари усто Мирҷамол) бо истифодаи шаклҳои кандакории дари мақбараи Қусам ибни Аббоси Шоҳи Зинда эҷод кардааст. Панҷараи болои дар ва дигар корҳо ҳама эҷодкоронаанд.

Дарҳои ёдгории меъмории Имом Мотурудӣ ки эҷоди падару писар усто Мирҷамол ва усто Мансур аст ва дар он низ услуби дари машҳури қадимаи даромадгоҳи мақбараи Қусам ибни Аббос истифода шудааст. Панҷараи масҷиди калони ёдгории меъмории масҷиди ҷомеъ (Бибихоним) низ ҷустуҷўи эҷодиро талаб кард, то ки нақшҳои онро бо нақшҳои қадимаи миллӣ мувофиқ кунонанд. Дарвозаҳои онро мувофиқ ба сабки миллӣ эҷод кардаанд.

Усто Мирҷамол бо роҳбарии усто Мирусмон дар тармиму сохтмони маҷмўаи Ҳазрати Имоми Тошканд, ҳаммоми Тблисии Гурҷистон, сохтмони бинои пажўҳишгоҳи ангурпарварии Ростови лаби Дон, мағозаи «Зарафшон»-и Москва, масҷиди Калон, мадрасаи Улуғбек ва зиёратгоҳи Баҳовваддин Нақшбанди Бухоро, дар мақбараи Ҳаким-ат-Тирмизии Сурхондарё, дар бинои театри шаҳри Ҷиззах, хона-музейҳои Ғафур Ғулом, Ойбек ва Мухтор Ашрафии Тошканд, театри миллии ба номи Ҳамзаи Тошканд, Майдони Хотираи Тошканд иштирок кардааст.

Пурра номбар кардани ҳама корҳои эҷодию тармимии сулолаи устоҳо Мирусмону Мирҷамолу Мансур аз имкон берун аст. Зеро усто тамоми умр дам нагирифта кор мекунад, ҳам нони ҳалолаш ҳам зиндагию эҷодаш маҳсули дастонашанд. Устоҳо пеши худ мақсад нагузоштаанд, ки номи корҳо, номи эҷоди он, ҳаҷму сурати ҳамаи онҳоро дар дафтаре ҷамъ оваранд. Зеро дар байни кандакорон ҳатто зери асари худ имзо – «амали усто фалон» навиштан расм набудааст.

Чўби кадом дарахт барои кадом намуди кор мувофиқ аст, устоҳои дуредгар тўли садсолаҳо омўхтаанд. Агар дар Хоразм аз норван (як намуди сада, қайроғоч) дару сутунҳо созанд, аз сафедор бештар панҷара месозанд.

Чўби мурўд барои қолиби читгарӣ мувофиқ буда, аз чўби тут асбобҳои мусиқӣ месозанд. Чўби бед барои панҷарасозӣ мувофиқтар аст.

Вобаста ба шароит чўби арча, чинор, чормағз, булутро истифода мекунанд. Чормағз баъди суфта шудан нафосати худро намоён мекунад ва чўби дарахти чормағзи 50-сола беҳтарин ҳисобида мешавад. Чунин чормағзро ҷустуҷў карда ёфта соҳиби онро ба афтонда фурўхтани он розӣ кунондан худаш як машақат аст. Усто Мирҷамол мегўяд, ки асосан бо чўби чормағзу чинор кор мекунад. Дар катҳои кандакории ў асосан чормағз ба кор рафтааст ва дар панҷараи онҳо чўби чинор истифода шудаанд. Азбаски ранги чўби чинор сафеду чормағз тиратар аст, ин усул ба кори ў намуди хосае дода нотакрории нақшҳои ислимии панҷараҳоро равшан таъкид менамояд.

Чормағз дар байни дуредгарон чўби аз ҳама зеботарин ва мустаҳкам ҳисоб мешавад. Таркиби он сахт буда дарахташ чӣ қадар куҳансолтар бошад, ранги он тиратар аст. Ранги дарахти ҷавони чормағз сафед аст ва онро кандакорон ба инобат мегиранд. Ҳатто дар як дарахт ду хел чўб будааст ва чўби тарафи офтобрўяи тана сахттару мустаҳкамтар мешудааст ва баъди суфта кардан ҷило медодааст. Баъди тайёр шудани тахтаҳо усто дар қоғази ахта (калька) нақшҳоро кашида бо хокаи сиёҳӣ ба тахта мегузаронад. Ин ҷо байни кори кандакору гачкор монандие ҳаст. Аммо мушкилоти кандакори чўб он аст, ки бо ягон ҳаракати ноҷо вақти ҳаккокӣ нақшро вайрон кунад, илоҷи ислоҳ кардани он нест. Тамоми заҳмати бисёрмоҳа барбод рафтанаш мумкин.

Усто Мирҷамол соҳиби услуби хоси худ мебошад. Агар ба сутунҳои сохтаи ў бо диққат нигаред, равшан мешавад, ки ин устои моҳир дар вақти сохтани сутунҳои айвонҳои зиёратгоҳи Имоми Бухорӣ асосан ба анъанаи мавҷудаи сутунсозии миллӣ такя намудааст. Агар дар «кўзагӣ»-и сутунҳои ин зиёратгоҳ шакли «тарбузӣ» истифода шуда бошанд, дар сутунҳои чойхонаи назди масҷиди Қўшҳавз усули «дегӣ» истифода шудааст. Байни кўзагӣ ва филпоя боз шаклҳои мудаввар ҳаст, ки симои хоси онро муайян мекунанд. Навпардозӣ асосан дар муқарнаси сутункалла ба назар мерасад. Сутункаллаҳои ин чойхона аз парракҳо сохта шуда зоҳиран муқарнасро ба ёд меоранд.

Дар сутунҳои айвонкаравот (ҳавлии шахсӣ дар Тошканд) бошад, нақши кандакорӣ шиками кўзагиро низ фаро гирифтааст. Аммо усто Мирҷамол ҳамаи ҷои сутунро ҳаккокӣ накарда танҳо як кисми миёна – ба чашми бинанда намоёни онро бо нақш фаро гирифта як меъёри муайянро риоя мекунад. Аммо чӣ қадар нақшҳои ҳандасиву ислимӣ дар сутун зиёд бошад ҳам нафосати сутунро, мавзунии онро, ки баъзан ба сарву баъзан ба танаи инсон монандии рамзӣ пайдо мекунад, ҳамон кўзагӣ ё худ кўзагулиҳои болои филпоя таъин мекунанд. Боз як шакли «кўзагӣ»-ро, ки эллипсшакл аст, тухумӣ мегўянд ва устоҳо барои боз ҳам хушнамудтар намудани қомати сутун ба кор мебаранд.

Сутун дар корҳои эҷодии усто Мирҷамолу писари ў Мансур симои хоси худро дорад, вақте ки бо пояҳои каровот якҷоя мешавад, хусусан дар айвонкаровот. Ин ҷо сутун бо пояҳои каровот ҳам аз ҷиҳати шаклу ҳам аз ҷиҳати сабки нақшофарӣ тавъам, яъне ҷудонопазир аст. Баробари ин рўҳияи миллие, ки дар тасвири кўшку айвонҳои қадимаи минётурнигорони шарқ вуҷуд дорад, нигоҳ дошта шудааст.

Сутунҳои кандакории чўбии «кўзагӣ»-дор бо филпоя ва сутункаллаҳои муқарнасу бошагиҳо аз замони ҳукмрониии сомониён маълуманд ва қасру кўшкҳои ононро шукўҳи хоса мебахшиданд. Устоҳои дуредгар кўшидаанд, ки сифатҳои чунин сутунҳо кам нагардад, анъанаи ниёгонро ҳифз намоянд ва ба ояндагон расонанд. Агар ин сутунҳоро бо сутунҳои румиву юнонӣ муқоиса кунед, равшан хоҳед дид, ки сутунҳои кандакории миллӣ дар нафосату назокат ва умуман бадеият чӣ афзлияти бузургеро соҳибанд. Устои гачкор Амриддин Наҷмиев низ дар сутунҳои гачӣ анъанаро пурра риоя мекунад.

Усто Мирҷамол ва писари ў усто Мансур дар вақти сохтани сутунҳои айвони шашкунҷа (ҳавлии шахсӣ, Тошканд, с. 2000) низ тариқи навпардозиро пеш гирифтаанд. Мо ин ҷо дар сутункаллаҳо ба ҷои муқарнасу бошаҳои анъанавӣ парракҳои дар сутунҳои чойхонаи Қўшҳавз ба коррафтаро мебинем. Сохти сутунҳо кўзагии дегианд, аммо аз филпоя сар карда то сутункалла бо нақшҳои ҳаккокии ислимӣ фаро гирифта шудаанд. То ин вақт дар эҷоди устоҳои Самарқанд филпоя ва шиками кўзагиро бо нақшҳои барҷаста ҳаккокӣ кардан расм набуд. Ҳаккокии шифти чўбии ин айвон низ аз корҳои тозаи онҳост. Сутунҳои панҷараи ин айвон низ, ки бо баландии филпояҳо сохта шудаанд, шакли кўзачаҳои нафисро хотиррасон мекунанд.

Сутуни меъмории миллӣ маҳсули эҷоди ҳазорсолаҳо буда ҳазор сол пеш дар кўшку қасрҳои шоҳони Сомонӣ шакли комили худро пайдо кардааст ва барои он ба он як чизи нав илова кардан усто бояд шахси фавқулодда боистедод бошад. Чуноне ки гуфтем, қисми аз ҳама поёнии сутун, яъне курсии он филпоя ном дорад. Худи ҳамин ном шакли онро муайян кардааст. Яъне дар поён васеъ ва дар боло бориктар мешавад. Дар торихи меъмории миллӣ филпояҳои гуногунро вомехўрем. Дар аксар маврид онро алоҳида ва аз санг сохтаанд. Баъзан чун дар сутунҳои масҷиди Хоҷа Зудмурод мебинем, аз чўян ҳам рехтаанд. Шаклҳо ҳам гуногун – аз шаклҳои ҳандаси (геометри) то мудаввар.

Усто Мирҷамол вобаста ба вазифаи иншоот ва шароит филпояҳоро метарошад. Филпояҳои ў қисми ҷудонопазири сутунанд ва сутунҳо чун ниҳол аз поя чун сарв сабзида қад кашидаанд. Вақте ки ин сутунҳо дар байни иморат нею дар боғ (айвонкаравоту айвончаҳои чорбоғӣ) чой гирифтаанд, барои таъмини ҳамоҳангии он бо табиат усто дар онҳо низ нақшҳои ислимиро ҳаккокӣ кардааст. Ва ин ба назар кам намудааст ва нақшҳо чун гули ошиқи печон ба шиками ҳамвору лайси «кўзагӣ»-и сутун низ печидаанд. Донишмандони санъати меъмории миллӣ бояд ба ин эҷодкориҳои усто эътибор диҳанд ва соҳиби завқи баланд будани ўро эътироф кунанд. Ва умуман аҷиб ин аст, ки филпоя дар куҷо тамом мешаваду қисми «кўзагӣ»-и сутун оғоз меёбад, аниқ кардан душвор аст, зеро дар қисми болои филпоя усто як шакли мудавваре месозад, ки монанди шакли кўзагии сутун мебошад. Эҳтимол ҳамин чиз пайванди даруниву эстетикии филпояро бо сутун таъмин мекунад. Айвонкаравот эҷоди усто Мирҷамол ва писари ў усто Мансур мебошад. Ин ҷо афзоиши заковати нақшҳои ҳаккокии каравот яъне кати чўбин ва дар панҷараи онҳо истифода шудани нақшҳои ислимӣ ҷолибанд. Ва сифати олии ин кор таъмини пайванди узвии каравоту айвон мебошад. Айвонкаравот боз хонтахта ва як курсии дарози секаса дорад, курсии секаса панҷараву нақшҳои ҳаккокии такягоҳи каравотро такрор намуда узви ҷудонопазир будани курсиро бо айвонкаравот таъкид мекунанд. Яъне ҳар касе, ки дар болои каравот пойҳоро қат карда нишаста наметавонад, ба ин курси мемалол мешинад. Ин ҷо усто на танҳо анъанаҳои миллиро ҳифз кардааст, балки онро ривоҷ дода ба талаботи асри ҳозира низ мувофиқ гардондааст.

Оиди «кўзагӣ»-и сутунҳо баъзе муҳаққиқон навиштаанд, ки як намуди кўзагулест, ки дар наққошии рангтасвири миллӣ ва гачкории миллӣ мебинем. Решаи онро «дарахти мунаббат» номидан то кадам дараҷа дуруст аст, муайян кардан душвор мебошад. Аммо ҳама гуна нақшҳое, ки дар қадимзамон ба дару девор ҳаккокӣ мекарданд ё мекашиданд, маънои динӣ доштанд ва дарахти ҳаёт низ гуфтаанд. Сипас бисёр намуди нақшҳоро ҳамчун балогардон истифода мебурдаанд. Дар асрҳои охир бошад ин нақшҳо маънои эстетикӣ, шоирона ба худ гирифтаанд. Чӣ қадар навпардозӣ кунед ҳам ба ҷои кўзагии сутун шакли ҷолибтаре пайдо карда наметавонед. Кўзагӣ ҳамчун миёни борики нозанин нафосату назокати худро дорад.

Дар як мақола оиди ҳама корҳои эҷодии усто Мирусмону усто Мирҷамолу усто Мансур ҳарф задан аз имкон берун аст.

Аз навиштани ин мақола мақсад ин буд, ки хонанда дар мисоли як хонаводаи кандакорон оид ба ин бахши ҳунари мардумӣ каме тасаввурот ҳосил кунад.

Усто Мирҷамол акнун 52-ро пур кардааст, писараш усто Мансур хеле ҷавон аст. Умед аст, ки онҳо анъанаҳои падаронро пайваста давом дода ба мисли устоҳои машҳури дерини Самарқанд ҳунари кандакории миллиро шўҳрати олам мекунанд.