воскресенье, 1 ноября 2009 г.

Донишмандони Эрон оид ба Митро

Ба нишонии блог мақолае оид ба Митро ва Меҳрпарастӣ расид, ки ҳоло манзури шумо мешавад. Барои хатоҳояш таҳиягари мақола масъул аст.

Устод Пурдовуд - мухакики барчаста ва Муаллими хирадманд
Маколаи дуюм: - Мехр (чопи дуюм, Техрон,2004)
Маколаи нахуст - «Бехдинон» бо Пешгуфтор аз др.Шодмон Юсуфи
Барномаи илми: «Пас аз 1400 сол»
Маколаи дигари муаллифи мазкур бо номи - «Бог» омодаи пахш аст: Эрони-хои Кадим (Точикон) худоро – БОГ мегуфтаанд....

Тахиякунандаи чоп,
Проф.Маздопарасти Сутадил. 28.12.04

МЕХР (MEHR)

Мехр дар Авесто,Митро Mithra ва дар порсии Бостон ва Санскрит, Митро Mitra омада аст.Дар Авесто, Митро ба маъни паймон ва муохида аст.Хамчунин номи Изади Фуруг ё фариштаи рушанои аст.Дар Готтхо ки аз сурудахои худи Паёмбар Зардушт аст,Як бор дар Оштудгот (Ясно 46 банди 5) ба маънои пайванд ва бастаги ва таъахуд ба кор рафта.Дар ин бахш аз Авесто,аз Митро –Изади фуруг-ному нишоне нест.
Митро дар Ведо-Veda- номаи дини Хиндувон-вожаи хунс ба маънии дуст (дусти) аст ва вожаи музакар,номи яке аз парвардигорони Бузурги он оин аст ва уро ёд хохем кард.
Дар забони Форси,Мехр бо ин маънихо ки ахд ва мисок ва дусти бошад ва ба маънои хуршед,ба чой монда ва низ номи хафтумин мох аз сол ва шонздахумин руз аз har мох аст.Масъуд Саъд Салмон-аз гуяндагони садаи панчуми хичри (438-515)-хамаи ин маъониро дар як шеър оварда аст.
« Рузи мехру мохи мехру чашни фуруги мехргон
Мехр бифазой эй нигори мехрчуйи мехрубон».
Дар суннати дерини Эрон, дар мехрруз аз мохи мехр,Фаридун ба беворасб ё аждахок (Заххок) даст ёфта уро дар кухи Дамованд ба зиндон афканд.ОН РУЗРО БА ЁДИ ПОЁНИ ФАРМОНРАВОИ ДУШМАН ВА ОГОЗИ ПОДШОХИИ ФАРИДУН ЧАШН ГИРИФТАНД.Фирдоуси дар Шохнома,дар достони ба тахт нишастани Фаридун гуяд:
« Ба рузи хучаста сари мехрмох
Ба сар барниход он Киёони Кулох».
Ва дар чанд шеъри дигар гуяд:
«Бифармуд то оташ афрухтанд
Хаме анбару заъфарон сухтанд
Парастидани мехргон дини уст
Тан осони ва хурдан оини уст
Кунун ёдгор аст азу мохи мехр
Бикуш ва биричи аич менамой чехр».

Абу Чаъфар Мухаммад бин Чарир Табари ки дар садаи севуми хичри (224-310) мезист, дар торихи аломм .ва ал мулук ? хамин суннатро ёд карда.Иборати Форсии торихи Балъами ки тарчумае ст аз торихи Табари ва дар соли 352 анчом ёфта,ин аст:» Офаридун зафар ёфт ва заххокро бигирифт ва бикушт ва хамон рузгор ,точ бар сари Офаридун нихода чахон бар вай супурд ва он мехрруз буд аз мехрмох ва онро мехргон ном карданд ва ид карданд ва Офаридун ба мулк бинишаст».
Дар алмахосин ва Алалзудуд-китобе ки ба Абу Усмон Чоххиз Басри ( дар 255 даргузашт) бозхонда шуда-аз нувруз ва мехргон сухан рафта: „ Дар рузе ки Офаридун, бивуросфро ба зиндон афканд, рузи мехр аз мехрмох буд.Аз он руз аст ки чашни мехрчон ба миён омад. Нувруз ,ёдгоре аст аз чам ва мехрчон аз Офаридун аст. Чашни нувруз,ду хазору панчох сол кухантар аз чашни мехрчон аст».
Абу Райхон Беруни (362- 440) дар китоби «Алтафхим» аз мехргон ба форси чунин ёд карда: «Мехргон,шонздахум руз аст аз мехрмох ва номаш мехр ва андарин руз Офаридун зафар ёфт ба бивурасб чодуонак маъруф аст б а заххок ва ба кухи Дамованд боздошт ва рузхо ки сипас мехргон аст,хама чашнанд бар кирдори Аноч аз паси нувруз буд ва шишум рузи он мехргони бузург буд варомруз аст».
Хамин донишманд дар китоби дигараш-.ал-осор ал Боqie .бештар аз мехргон сухан медорад.Тарчумаи бархе аз матолиби вай ин аст:
Рузи шонздахум аз мехрмох чашне аст Бузург ва ба мехргон,номбардор аст.Номи руз бо номи мох дар ин чашн баробар афтода аст.Гуфта шуда ки мехр, номи хуршед аст.Дар ин руз, хуршед ба дидагони мардум намудор гардида, ин аст ки баду боз хонда шуда аст.Дар оини подшохони Сосони аст ки дар ин чашн, точи хуршедсон ки ба чархе устувор аст, ба сар мегузорданд.Дар ин руз барои Эрониён бозор барпо мекарданд.
Гуянд дар ин руз фариштагон ба ёрии Фаридун омаданд.Дар рузгори подшохон расм бар ин буд ки дар кохи онон мардуми далере хангоми бархостани хуршед ба овози баланд мегуфт:эй фариштагон ба суи гети фуруд оёед,девхо ва бадкунишонро нобуд кунед,чахонро аз газанди онон бирахонед.Бархе мехргонро бо нувруз бартари диханд,он чунон ки поизро ба бахор бартари ниханд ва далелашон посухе аст ки Аристотелис гуфт: Бахор, огози нашъу намои хашарот ва хавом ( харфистарон) аст ва поиз, огози сипари шудан ва нобуд шудани онхост,пас поиз бехтар аз бахор аст.Чун дар суннати Эрониён,аждахок (заххок) хазор сол подшохи ронд,ин аст ки дар чашни мехргон рузи шикасти аждахок аст, Эрониён ба хамдигар аз барои дуруд ва табрик гуянд «Хазор сол бизи».
Масъуди дар «Муруч улзахаб»- китобе ки дар соли 336 хичри поён ёфт –навишта:моххои Эрони, хама си руз доранд.Нахустини онхо фарвардинмох аст ва рузинахустини он чашни нувруз аст.Миёни он чашн ва мехргон,як саду наваду шишруз аст.Дар чои дигари китоб навишта:рузи ки Офаридун,заххокро дастгир кард,чашн гирифтанд ва онро мехрчон номиданд.
Нависандагони дигар чун Суъоллуби дар гарар ахбор мулукул форс ва ибн ал-Асир дар торихи ал-комил ва чузи инон кам у беш матолибе дар бораи мехргон ба чой гузоштаанд.Барои инки сухан дароз нагардад,аз ёд кардани онхо худдори мекунем.Хамчунин аз гуяндагони пешин чакомахо ва ашъори фаровон дар бораи чашни мехргон дар даст аст.Онхоро хам кутох гирифта ,ба ёд кардани чанд байте аз бузургони он басанда мекунем.Гуфтем чашни мехргонро ба Фаридун боз хондаанд.Чуноне ки чашни нуврузро бо Чамшед пайвастанд.
Дакики, ки гуё дар соли 367 аз чахон даргузашта бошад,гуфта:
« Мехргон омад чашни мулки Офаридуно
ОН кучо гов бипарвардаш бармоюно».
Амир Муъзи гуфта:
«Хусраво май хур ки хуррам чашни Фаридун расид
Боги пирузи шукуфту субхи пирузи дамид».
Рудаки ки дар соли 329 хичри даргузашта,гуфта:
«Малако чашни мехргон омад Чашни шохону хусравон омад
Чуз ба чои мулхаму хиргох Чашни шохону хусравон омад
Мурод ба чои сун омад боз Май ба чои аргувон омад».

Манучехри Домгони суруда:
« Бархез hon эй чориа Май дарфикан дар ботиа
Ороста кун мачлис аз Балх то Армениа
Омад хучаста мехргон, Чашни бузурги хусравон
Норичу нору аргувон, Овард аз har нохиа.»

Hamu (хаму)гуяд:
«Шод бошед мехргон омад Бонгу овои корвон омад....»
Унсури гуфта:
«Мехргон омад гирифта фолаш аз неки мисол
Некрузу некчашну некбахту некхол».
Фахрии Систони гуфта:
«Бикушод мехргон дари икбол бар чахон Фархунда бод бар мулк шарк мехргон».
Фахруддин Асъади Гургони дар достони Вис ва Ромин дар соли 440 ба риштаи назм даромада,гуфта:
« Насорат оваридам мехргони Равон чун чашмаи оби зиндагони
Бадин чашнат наёоварад авч кехтар Нисоре аз нисори бандаи бехтар».
Катрони Табризи гуфта:
« Одинаву мехргону мохи нав Боданд хучаста har се бар хусрав».
Мунчики Тармузи гуфта:
«Худоёгоно фархунда мехргон омад Зи боггашт ба тахвили офтоб ахвол».
Чун мехргон дар огози поиз аст, онро ба маъни хазон гирифтаанд.Анвари Абиварди гуфта:
«Фардо ки ба ману ту вазад боди мехргон Он гах шавад падид ки номарду мард кист».
Усмон Мухтори Газнави дар васфи хазон гуфта:
«Бо чамани номехрубон шуд боз бод мехрубон
Мехргона бода пеш ор,эй нигори мехрубон «.

Чашни фарвардин ва чашни мехргон,харду душодуши хамдигар мавзуи чакомахои сухансароён пеш ва майдони хунарнамоии онон буда.Амир Маъзи- з суханварони номи ки дар огози саддаи шишум хичри даргузашт-гуфта:
«Пеши тахти ту Маъзи хонд шукри тахният Хам ба чашни нувбахору хам ба чашни мехргон».
Дар чои дигар суруда:
« Бандаи мухлис Муъзи тахният гуфта туро Гох дар чашни нувбахору гох дар чашни хазон».
Ин чанд фикра ки аз пешиниён ёд шуда,намунаи кучаке аст аз ончи аз ин чашни фархунда дар адабиёти мо ба чо монда аст.Дуруст аст ки дар ин чанд карни гузашта,ин чашн монанди чашни фарвардин гирифта намешавад,аммо хамвора дар адабиёти форси зинда буд ва ашъори дилкаши гуяндагон, рузгори хуррами ин чашни сурурангезро ба ёд меоварад.
Зартуштиёни Эрон монанди ниёгони худ дар порина,мехруз аз мехрмохро хечгох аз ёд надода,чашн мегирифтанд ва инак чанд соле аст дар саросари Эрон ,хама Эрониён чашни мехргон меороянд.Чизе ки хаст дар хамон соле ки мехргон чашни расми ба шумор омад,нигоранда хангом онро рузи шонздахуми мехрмох ёдовари кардам.Бояд донист ки дар Эрони Бостон,har як аз моххои давоздахгонаи сол,бе каму беш дорои си руз буда ва har руз бо номи яке аз Изадон ё фариштагони дини Зартушти хонда мешуда, чун Хурмуздруз, Урдибихиштруз ва чузи инхо.Барои он ки сол, дуруст дорои 365 руз бошад,дар поёни сол,панч руз меафзуданд ва он Бехизак( ва Хечак) мегуфтанд ва har яке аз он панч руз кабиса ё панчавехро бо номи яке аз панч суруди Готтхо меномиданд:охнудруз-Оштудруз-Сипантмадруз-Вахухуштруз-Вахиштвоёшруз.
Номи har яке аз рузхои мох ки бо номи хамон мох баробар меуфтода,хамон рузро чашн мегирифтанд,ин чунин: фарвардинруз (нуздахум) дар фарвардинмох,чашни Фарвардагон; урдибихиштруз (сеум) дар Урдибихиштмох,чашни Урдибихиштагон,Хурдодруз (шишум) дар хурдодмох,чашни Хурдодгон;Тирруз (сездахум) дар тирмох чашни Тиргон; Амрдодруз(хафтум) дар Амрдодмох,чашни Амрдодгон; шахриварруз (чахорум) дар Шахривармох,чашни шахриваргон;Мехрруз (шонздахум) дар Мехрмох,чашни Мехргон; Обонруз (дахум)дар Обонмох,чашни Обонгон; Озарруз (нухум) дар Озармох,чашни Озаргон=Озарчашн; Хурмуздруз (якум) дар Деймох,чашни хуррамруз=Дейдодор чашн;Бахманруз (дувум) дар Бахманмох,чашни Бахмангон=Бахманчуна;Сипандорруз (панчум) дар Сипандормазмох,Испандор чашн.
Дар соли 1925 мелоди ки моххои Эрониро ба чои моххои соири араби баргузиданд,( пас аз касби истиклол дар соли 1991 ХДТ дар барномаи бозгаш ба хештан ният дошт масъалаи баргузидани моххои Эрониро матрах намояд,ки ин барнома мисли барномахои дигари созандагии кишвар, бо дасти пантуркистони хонаги ба хоку хун кашида шуданд,вале масъала,хамчунон мунтазири hал мебошад...хеч касе ё хизбу созмоне,хеч дувлате дар Точикистон наметавонад ё хакк надорад ин масъала ва хамчунин масъалаи бозгашт ба хатти форси-ро нодида бигирад... -М.С.), барои онки дар ин моххои Эрони ниёзе ба гирифтани кабиса набошад,har яке аз шишмохи аввали солро ( Фарвардин- Шахривар) сию як руз гирифтанд.Инчунин чашни Мехргон ба дахуми Мехрмохи кунуни меафтад ва ин баробар аст бо шонздахуми Мехрмохи порина.Пас акнун рузи шонздахуми Мехрмохро чашни Мехргон гирифтан дуруст нест,он чунон ки Масъуди дар муруч-алзахаб навишта ва онро ёд кардем: миёни чашни фарвардин ва чашни Мехргон,як саду наваду шишруз фосила аст ва ин шуморе аст ки азбаршумурдани нахустин рузи Фарвардинмох то ба дахумин рузи Мехрмохи кунуни,ба даст меояд.
Мехр,Изади Фуруг ва рушнои аст ва чашни вай –Мехргон- ки дар навиштахои форси ва араби чи ба наср ва чи ба назм аз он сухан рафта,рохи чандинхазорсолае сипарда,аз парвардигорони Бузурги ориёи яъне Эрониён ва Хиндувон аст ва дар кухантарин асари катби ин ду qавм,дорои ном ва овоза ва пояибаланду арчманд аст.
Аз рузе ки номи мардуми ориёинажод дар торихи чахон ёд гардида,бо номи худованди нигахбони онон –Митро Mitra- ёд шуда аст.Напиштае ки дар тобистони соли 1906 мелоди бо дастёри Винклер H.Winckler-и Олмони дар Бугоз Кухи-Boghaz-Köi-дехе дар Осиёи Кучак-пайдо шуда,яке аз он санадхои кухансол аст ки дар он бо хати Мехи ва забони Хетит-Hettit, номи Mitra бо се парвардигори дигари ориёи дида мешавад. Ин лавха аз саддаи чахордахуми пеш аз мелод аст ва он паймонномае аст миёни подшохи Хетит ва подшохони Митони –Mitanni- ки harду аз аквоми хинду-урупои ва аз хешовандони Эрониён ва Хиндувон буданд.Дар ин паймон, чахор худовандгор ки Митро ва Varuna ва Indra ва Nastya бошанд, монанди гувохони он ахду мисоq, миёни Хетит ва кишвари хамсояаш-Митони-ёд гардиданд.
Дехе ки имруза дар Туркия,Бугоз Кух хонда мешавад,дар иоллоти Анкоро (Angora –Анкора) хамон чои пойтахти кишвари Хетити аст ки Хотушаш-Hattushash хонда мешуда. Дар вайронаи хамин шахри кухансол аст ки номи Мехр ва парвардигорони дигари ниёгони мо нигахдори шуда аст.Гузашта аз Митро, худоёни дигари ин лавха аз парвардигорони Хиндувон хастанд ва Ведо –Veda дар ситоиши онон сурудахое ба чо монда. Бе шакк рузе назди дастаи дигаре аз ориёхо ки Эрониён бошанд,низ сутуда буданд,аммо пас аз барангехта шудани Зартушт ва равоч гирифтани ДИНИ ЯКТОПАРАСТИ (М.С.),гирухи парвардигорони дерин аз худоёни гумрохкунанда ё девхо ба шумор омаданд.Аз гурухи парвардигорони пеш аз Зартушт,аз бархе аз онон дар АВЕСТОе ки имруза дар даст дорем,номе ба чои намонда.Аз онон аст Варуна ки дар номаи осмонии Ведо дар радифи Индра ва Митро ва Агни-Agni сутуда шуда аст.
Бархи дигаре аз ин парвардгорон ки Индра ва Настя бошанд,дар АВЕСТО бо номхои Индра- Indra ва Нованг Хатияа-Naong haithya бар мехурем.Индра деве аст душмани Амушаспанд Урдибихишт ва Нованг Хатияа деве аст душмани Амшоспанд.Ин ду деви нобакор ва бадкуниш дар Фаргарди дахум Вандидод пораи 10 ва Фаргарди нуздахум Вандидод пораи 43 ёд гардиданд ва дар навиштахои Пахлави ва Позанд низ ба онон бармехурем.
Дар миёни гурухи парвардгорони дерин, Митро дигар бора чои худро дар оини МАЗДИСНО боз карда ва аз Изадон ё фариштагони Бузург шумурда шуда аст.
Дар кухантарин пахши номаи СУТРАГ ва бостони бародарони ориёи мо ки РИГВЕДО- Rigveda хонданд ва куддмати бархе аз сурудахои онро беш аз хазору понсад соли пеш аз мелоди Масех донанд,факат як суруд (1113q) ки дорои нух пора аст,аз они Митро аст;ин чунин:
1- касе ки Митро(дуст=) хонда шуда,мардумонро ба хампайвандад.Митрост нигахдори замин ва осмон.Митрост ки хамвора бо дидагони боз, посбони мардумон аст. Ба Митро фадияе шоиста сазад.
2- Эй Митро, эй фарзанди Одити (Aditi),одаме беш аз har чиз некбахт аст ки туро он чунон ки дар оини туст,биситояд.Касе ки дар панохи туст, нести ва тангдасти ва ситам ,чи аз дур ва чи аз наздик баду газанд нарасонад.
3- Бишвад аз зонухои нируманд,бархудор, ва дар руи замин аз нохуши барканор монем ва аз туш ва тавони тозае бахравар бошем ва оини фарзанди Одитиро он чунон ки бояд пайрави кунем то аз бахшоиши Митро хамора бахраманд гардем.
4- Ин Митро ба ситоиш,барозанда ва дустдоштани аст:подшох ва сарвари фармонгузорон зоида шуда аст.Хосторем хаммора ба ситоиши барозандаи вай комёб шавем ва аз бахшоиши бахти неки бархурдор гардем
5- Ба фарзанди бузурги Одити бояд намоз бурдан.Уст ки мардумро ба хам пайвандад ва сурудгарони худро бинавозад.Инак аз барои Митрои бисёр арчманд, фадияи шоистае ба оташ резед.
6- Судбахш аст ёварии худовандгор Митро.Онки мардумро бо хамдигар пайвандад.Фар ва фуругаш бо овози баланд сутудани аст.
7- Митро(худовандгор)бисёр номвар,дар Бузурги бартар аз осмон ва дар шукух низ бартар аз замин аст.
8- Аз Митро панч нажод аз мардумон фармон баранд ва дар тавонои,забардасттар аз онон аст.Уст рахбари хамаи парвардгорон.
9- Мехр,дуст дошташудаи худоён аст.Касе ки гардунаи Мехро биорояд,баду фузун ва фаровон тавонои бахшида шавад.
Ин суруд ки рохи чандин хазорсолае супурда ва дар чузъи номаи осмонии Ведо VEDA ба мо расида,намунаи бисёр дилкаше аст аз ситоиши Митро назди ниёкони порсии мо-Эрониён ва Хиндувон-ки чигуна рузе пеш аз он ки аз хамдигар чудо шаванд,вайро месутуданд.
Гузашта аз ин як суруде ки дар он Митро ба танхои сутуда шуда,басо дар Ригведо, Митро бо худованди Бузург Варуна-Varuna омада аст.Har чанд ки хамеша Митро пеш аз Варуна ёд шуда аммо пояи Варуна бисёр бартар ва бузургтар аст.Аз ин сурудахои фаровон,хасоисе ки битавон аз барои Митро чудогона ё бо иштироки Варуна берун кашид,инхост:хуршед,чашми Митро ва Варуна аст.Митро ва Варуна харду зебо ва оростаанд ва ба партави хуршед саворанд.Митро ва Варуна хаммонанди парвардгорон дигар ба гирдувонаи менави нишаста,дар осмонхо дар гардишанд.Сипехр барин, чоийгохи заррини онон аст, чойгохи бас баланд ки бо хазор сутун ва хазор дарвоза ороста аст.Аз хамин чойгох аст ки хуршед,хамаро нигарон аст ва Варунаро аз кирдори мардум огах созад.Митро подшохи чахон аст.Митрост ки хуршедро ба паймудани осмон мегуморад ва борон меборонад ва сапедидам Фару мефиристад.Руз аз Митро падид омада ва шаб аз Варуна.
Мехр ончунон ки дар Ведо омада,хох дар як суруди чудогона ки ёд кардем ва хох дар бисёре аз сурудахо бо Варуно Varuna дорои хасоисе нест ки битавон онхоро аз мушахассоти вай шумурд.Аз ин сурудахо руи хам рафта дониста мешавад ки у худовандгори бузурге аст ва аз парвардгорони дерини ориёи аст.Аммо назди гурухи Эрониён,дастае аз ориёихо,сутудатар буда.Чизе ки голибан дар Ведо Veda ёд шуда ва дар Авесто сухане аз он ба миён наёмада,ин аст ки Митро ва Варуна ва чанд парвардгорони дигар,аз фарзандони Одати Aditi ё Одатияа Aditya хонда шуда,дар Авесто бо вожаи одити ки дар Ведо Алха дониста шуда, барнамехурем.
Дар сангинпуштхои Хахоманиш, шиш бор Митро ёд шуда ва чанд бор хам бо Анохито ки Нохид бошад, бо хам омада аст.Дуруст аст ки дар ин катибахо факат аз Митро ёвари хоста шуда,вале пойгохи баланди вай дар радифи Ахурамаздо ва Анохито-фариштаи об- дар он рузгорон хувайдост.Хамчунин ахбори намисандагони Юнони хамзамони Хахоманишиён ба хуби гувох аст ки чигуна Эрониён,ин Изад ро Бузург медоштанд ва пушту панохи худ медонистанд ва дар майдонхои чанг аз у ёри дархост мекарданд.
Ардашери дуюми Хахоманиш (404-358 пеш аз мелод) дар як сангинпуштае гуяд:»Ба хости Ахурамаздо ин хадиш hadish (кох) ро ки осоишгохе аст,ман сохтам.Бикунад Ахурамаздо ва Анохито ва Митро маро ва ончиро ман сохтам,аз хама бадкунишон нигахдори кунанд».Боз хамин шоханшохдар сангинпуштаи дигаре дар Шуш пас аз баршумурдани ниёкони хеш гуяд:»Ин Оподоно Apadana (кох) ро Дорюш аз ниёкони ман сохт.Дар Рузгори Ардашер-пидарбузургам-оташ,онро вайрон кард.Ман ба хости Ахурамаздо ва Анахито ва Митро онро дигар бора сохтам.Бикунад Ахурамаздо ва Анохито ва Митро маро нигах доранд ва ончиро ман сохтам, табох насозанд ва аз осиббарканор доранд.»Боз аз Ардашери дуюмдар як поясутун ки дар Хамадон пайдо шуда ва инак дар Музеи Эрони Бостон дар Техрон аст,факат аз Митро ёд шуда ва дар як поясутуни дигар ки он хам дар Хамадон пайдо шуда ва имруза дар Ландан аст,аз Митро ва Ахурамаздо ва Анохито ёри ва пуштибони хоста шуда.
Ардашери сеюми Хахоманиш –писар ва чойнишини Ардашери дуюм-дар як сангинпуштаи тахти Чамшед пас аз баршумурдани ниёкони худ,гуяд:»Бикунад Ахурамаздо ва худовандгор Митро маро ва ин кишварро ва он чиро ман сохтаам,нигах доранд».Дар ин катиба,Митро,БОГ Baga ( боgh=) яъне худованд хонда шуда аст.Богаёдиш Bägayädish ки номи яке аз моххои Порсии Бостон аст,лафзан яъне мохи ситоиши Бог( баъдан «Г» ба GH» табдил шуда-П.С) (худовандгор).Ин мох баробар меафтад бо мохе ки имруза Мехрмох хонем ва баробар аст бо мохи Ошури ва Бобули ташрити Tаshritu (ташрин) ва ин баробар меафтад бо септамбр- уктабр.Инчунин соли нувзоди Эрониён дар огози зимистони Бузург буда ва чашни Мехргон,чашни соли нув буда,чунон ки фарвардин- чашни огози тобистони бузург-баъдхо чашни огози соли нув гардид.
Бояд дар ёд дошт ки назди Эрониён,давоздах мохи сол ба ду фасли бузург пахш шуда ,чунон ки гуфтем огози инкилоби шутуи ,соли нув буда ва худи вожаи «сол» лафзан ба маъни сард аст ва мутобик аст бо важаи Авестои sared ки маънои сол дар Авесто бисёр ба кор рафта ва бо вожаи Порсии Бостон тард Thard ки чандин бор дар катибахои Дорюш омада, яке аст ва ба маънии сол аст.Хамчунин бо вожаи Санскрит сард sarad ки ба маънои поиз аст, яке хаст.Гузашта аз вожаи сол ки дар он харфи «ро» ба харфи «Лом» баргашта,хамонанди ин гуна таъгир дар Форси бисёр аст,чун курфус=кулфус,суфор=сафол,девор=дефол ва чузъи инхо.
Абурайхони Беруни дар Осор ул =Бакоия,моххои Зартуштиёни Сугдро ёд карда, менависад: нахустин мох назди онон навсард хонда шуда ва хафтумин мох назди Сугдиён Фугкон номида шуда,нахустин рузи ин мох назди онон чашне аст номзад ба «Нимсарда»,маъни он нимаи сол бошад.Фугкон ки номи хафтумин мохи Сугдиён аст, хамон Мехрмох аст ва ин дуруст ёдовари номи мохи Порсии Бостон=Богoёдиш Bägayädish- мебошад ва пайдост ки „ Фуг» хамон «БоГ» аст.Дар сари зимистони бузург,чашни Мехргон ки дар Порсии Бостон, Митрокона Mitrakana хонда шуда, чашни бузург ва бисёр сурурангез буда.Басо нависандагони Юнони дар сухан аз Митро (Mithras) аз чашни вай низ ёд кардаанд.Маъмулан Юнониён уро бо номи худи у- Митрас(Mitrhras)- хонда,чанд тан аз онон хам уро Хелиос (Helios) ки ба маъни хуршед аст, номиданд.Херадот, хамзамони Хахоманишён дар саддаи панчуми пеш аз мелоди масех мезист,дар сухан аз оини Эрониён гуяд ки инон хуршед ва моху замину оташу обу бодро меситоянд ва аз Мехр хам дар радифи ин сутудагон ном мебарад.Мехр,посбони ахду мисок ва рости аст ва аз он дар Авесто ёд хохем кард.Бархе аз Юнониён навиштаанд ки дар рузгори Хахоманишиён ба Мехр савганд ёд мекунанд.Ксенафон (Xenophon) дар Курушномаи худ менависад ки подшохони Хахоманиши ба Мехр савганд хуранд.Плутархос (Plutarkhos) 120-46 мелоди) низ навишта:Дорюш дар кори мухиме ба яке аз гумоштагони худ гуфт ки рост бигуяд ва аз Мехр битарсад.Хамин нависанда дар чои дигаре дар сухан аз Хурмузд ва ахриман(Horomazes- Arimanius) гуфта: Зартушт, Хурмузро хамонанди рушнои ва ахриманро хамонанди торики дониста ва Мехр, миёнчи аст миёни чахони рушан ва чахони торик.У назди Эрониён, миёнчи ба шумор меравад.
Gуртиус Руфус (Gurtius Rufus) ки дар нахустин саддаи милоди мезиста,дар сухан аз чанги Дорюши сеюм ва Искандар менависад: Чун Дорюш дар наздикии шахри Арбил Arbela ба газанди душман пай бурд, фармон дод ки асбхоро дар зин ва лачом омода нигах доранд ва сипохиёнаш бо абзорхои чангии худ, омодаи корзор бошанд ва хамвора бедор ва хушёр бимонанд.Оташхои калоне ки аз барои посбони лашкаргох афрухта буданд, дар хама чо медурахшид.Худи Дорюш бо чанд тан аз сардорон ва касони хеш ба сангархо ва анборхои абзорхои чанги саркаши карда,пас он гох хуршед ва Мехр ва Озари поки ва човидониро сутудан гирифт ва ба ёрии хама хонд ки ба лашкариёнаш ниру бахшанд ва аз диловари бахраманд кунанд,ончунон ки дар пирузихои поринаи,ниёгонаш аз пирузи бархурдор буданд ва аз корзор,растагор ба дар омаданд.
Ктезиос Ktesias- пиззишки Юнонии Ардашери дуюми Хахоманиш-дар китоби худ-Персико-Persika- ки имрузхо дар даст нест,матолибе дар бораи Мехр дошта ки дар навиштахои нависандагони дигар ба чо монда.Аз онон аст Дорюс Duris ки пас соли 281 пеш аз мелод китобе навишта буд ки он хам аз даст рафта,аммо пеш аз онки аз миён биравад,нависандагони дигари пеш аз милод онро хонда ва матолибе аз он накл карданд,чунон ки Отенаус Atheneaus гуяд: Дирис дар бахши хафтум аз китоби торихи худ менависад:дар миёни хамаи чашнхои Эрон,факат дар чашни Мехр (Mithras), подшохи Эрон маст мешуд ва Эрониён пойкуби мекунанд (мераксанд).Гузашта аз Эрониён, дигар хеч яке аз мардуми Осиёи чунин коре намекунанд.Эрониён ончунон ки хондан меомузанд, раксидан хам меомузанд ва гуянд ки чунбишхои андомхо дар пойкуби,пайкари одамро устувор дорад.
Бозотанус ки аз соли 193 мелоди китоби худро навишта,дар чои дигаре оварда:Катезиос навишта ки дар миёни Хиндувон,подшох мучоз нест ки ба газоф шароб бинушад.Дар Эрон,подшох факат дар як руз мачоз аст маст шавад ва он руз чашни Мехр( Мехргон) аст.Нависандаи дигар,Истотиос Eustathios ки дар саддаи давоздахуми мелоди мезиста,гуяд:Дар Эрон ба гуфтаи Дорюс Duris,подшох дар хангоми сол факат дар як руз раво буд маст шавадва он рузе буд ки чашни Мехргон меоростанд.
Страбу Strabo-чугрофиёнависи Юнони ки дар соли 63 пеш аз масех зоида шуда ва дар соли 19 мелоди даргузашт-менависад:дар Арманистон хам асбхои хуб бисёр мепарваранд ки пастар аз асбхои сарзамини Мод нестанд. Мазбони (Хуштарпун,сортрап) Арманистон har сол хангоми чашни Мехргон, бист хазор курраи асб ба дарбори шоханшохи Хахоманиш хироч мефиристод.
Боз Страбу дар чои дигари чугрофиёи худ менависад:Эрониён,хуршедро ки Митро (Mithras) номанд,меситоянд,хамчунин мох ва Анохито(Aphrodite) ва оташу замину боду обро.
Чанд тан аз нависандагони Юнони навиштаанд ки дар рузгори Хахоманишиён,Эрониён ба Мехр савганд мехурданд.Бо ин парвардгор ахду паймон сувганд ёд кардан дар рузгори Сосониён низ дар миёни Эрониён роич буд.Мавси Хуранчи- торихнависи армани- ки дар дувумин нима аз саддаи чахорум и мулоди зоида шуда,менависад:Шопури (дувуми) Сосони ,номае ба Деран Diran-подшохи Арманистон –навишт: мо ба Изади Бузург Мехр сувганд ёд мекунем ки аз суи мо хеч гуна осибе ба подшохии ту нахохад расид.
Аз он ки Страбу ва бисёре аз нависандагони дигари Юнони ва Руми, Мехро хамон хуршед донистаанд,иштибохе аст ки аз замони нисбатан кадим руи дода аст.Мехр, фуруг ё партав ва рушанои аст ки пеш аз бархостани хуршед, бармеояд.Аз худи Мехряшт ба хуби пайдост ки Мехр,Изади Фуруг аст на хуршед.Дар пораи 145 он омада:»Мехри бузургвори човидониро меситоем,ситорагон ва моху хуршед ва Мехр,шахриёри кишвархоро меситоем».Дар миёни панч ниёиш ки дар Авестои кунуни аз барои мо ба чо монда,нахустин хуршед ниёиш ва дувуми Мехрниёиш аст,сеюму чахоруму панчум дар ниёиш мох ва обу оташ аст.Хуршедро дар Авесто номи чудогона аст ва он hur (hvar) мебошад ки дар Форси хур(hur) гуем:
« Ки шере натарсад аз як дашти гур ситора натобад хазорон чу hur»
( Фирдоуси)
Бо сифати Хушта xshaeta (шед) ки ба маъни дзахшон аст,дар форси шуда (хуршед),хамчунин дар санскрит,сур svar) ё Сурия Surya ки ба маъни хуршед аст, гайр аз Митро Mitra мебошад.
Аз он чи гузашт,хувайдост ки хеч гох Эрониён дар таи торихи баланди худ, Изади Фуруг-Мехр-ро аз ёд надодаанд.Номи гурухе аз номварони Эрон бо вожаи Мехр таркиб ёфта, аз онон аст ба гуфтаи Херодот,»Мехрдод»ки Куруши Навзод- духтарзодаи охирин подшохи Мод-ро нихадори кард.Дар тоqи Бустон, наздикии Кирмоншох дар кандакории он токи Санг,онки дар дасти чапи Ардашери дувуми Сосони истода ва ба даври сараш нуре дида мешавад,Изади Мехр аст на Зартушт ки бархе чунин пиндоштаанд.Хануз хам Зартуштиёни Эрон дар чашни Мехргон аз барои ин Изад кубони мекунанд.
Мехр дар Авесто аз Изадони Бузург ба шумор аст.Шакке нест ки пеш аз барангехта шудани Вашхур Зартушт,аз худовандони бузурги Эрон буд.Чун пояи дини Зартушти бар яктопарасти аст,ин аст гурухе аз ин худоён,гумрохкунанда хонда шудаанд.Мехр ки ситоиши вай назди Эрониён,рагу реша дошт,пас аз чанде дигарбора дар номаи динии Эрониён ба неки пазируфта шуда,аммо як мухри Зартушти бар вай хурда.Дар хамон огози Мехряшт ки суруди бисёр дилкаше аст,гуфта шуда:Мехр,офаридаи худои ягона- Ахурамаздост-яъне дигар он худовандгор порина нест.чунон ки медонем Мехр дар дини Зартушти аз фариштагон ба шумор меравад.
Дахумин Яшт дар Авесто аз они ин фаришта аст.Ин Яшт ки худ,чакомаи баланде аст,дорои 146 пора аст.монанди бештари Яштхои баланд,манзум аст.Бештари байтхои Мехряшт,хашт хиччои аст.Дар миёни онхо шеърхои дах давоздах хиччои хам дида мешавад.
Ин чакомаи бисёр гаронбахо ки аз ниёкони порсо ва далери мо ба ёдгор монда,гуёи рости ва пахлавонии Эрониён аст.Ин чаком ки дар Эронзамин ва бо яке аз забонхои Бостони ин марзу бум суруда шуда,пас аз гузаронидани чандин хазор сол ба хуби гуёст ки чигуна Эрониёндар рузгороне ки хануз гети чун гуий торик менамуд,аз рушании рости ва дурусти,бархурдор ва пойбанди Мехру паймон буданд.
Дар ин чакомае ки худи Мехр,Изади посубони ахду мисок аст,монанди далерони чанговари Эрон аз сар то по гарки(gharqi) охан ва пуллод аст,ба вижа гирдуна Мехр ки дар он абзорхои чанги анбошта шуда,худ,ганчинаи лугат аст ва номхои бисёре абзорхои гуногун дар он ба чой монда аст.Чанговарони Эрон дар пахнаи корзор аз у пирузи дархост мекарданд.Уст пушту панохи далерони росткирдор.Пойгохи Мехр-Изади ахду паймон-барзабаркухи Хуробарзети (Албурз) аст.Аз ин чост ки хону мони Эрониёнро нигарон аст.Ин Яшт ки аз сар то бун ,милли аст ва гуёи бузургвори ва алока ба чахон ва зиндаги аст,худ як таблуи наккошии бисёр зебост .Гирдувонаи Заррини Мехр бо чахор асби сафед,чусту чолок аз машрик ба суи магриб дар такопу аст.Барои ин ки ин Изад аз ухдаи посбони ва нигахбонии худ ба хуби барояд,Ахурамаздо ба у хазор гуш ва дах хазор чашм дод ва даххазор дидбон ба хидмати вай гумошт ва ин ёдовар аст ончиро дар торихи Эрон мехонем ки пахше аз лашкариёни диловари Эрон дар рузгори Хахоманишиён,чашм ва гуши кишвар хонда мешуданд.
Инак тарчумаи бархе аз фукрахо Мехряшт:
Мехрро меситоем,онки пахнои замин чилвагохи уст.
Гуфт Ахурамаздо он гох ки ман Мехрро офаридам,уро монанди хеш Дархури ситоиш ва ниёиш бифармудам.(1)
Касе ки паймон шиканад ва Мехро биёозорад,ба гунохи бузурге олуда шавадва бо ин монад ки як марди покдинро кушта бошад.Ахд ва паймон бо harки баста шавад, дуруст аст,хох бо Маздопараст ва хох бо пайрави дини дуругин.(2)
Мехр ба касе ки паймон нашиканад,асбхои тундрав дихад ва озари Маздо рохи рост баду намояд ва фурвархои поки ниёкон баду фарзандони кушо дихад.(3)
Мехр ба кишвархои Эрон,хону мони боромиш ва осиш бахшад.(4)
Мехр ки аз гуфтори ростин бархурдор аст,Иле Аст кушода забон ва некуболо бохазор гуш ва дах хазор чашм,болои бурчи баланд бехоб истода,посбони мардум аст.(7)
Чанговарони ду кишвар хамовард дар майдони корзор аз у ёри хоханд.(8)
Мехр, пирузиро азони касе донад ки бо манеши неки ва дили пок баду намоз барад.(9)
Чанговарон дар пахнаи пайкор бар пушти асбхои хеш баду дуруд фиристанд ва ёварии пажухиш кунанд ки бо асбхои онон ниру ва ба худи онон тандурусти бахшад то битавонанд ба душман киначу ва бадандеши хеш чира шаванд.(11)
Мехр,нахустин Изади тавонои Минави аст ки пеш аз баромадани хуршеди тезасб бар забаркух хуро(Huro) ( Албурз) барояд ва бо зиннатхои заррини хеш, аз фарози кухи зебо саросари хону монхои Эрониёнро бинигарад.(13).
Ба хамон ошиёнхое ки дар он чо диловарони разозмо,лашкариёни хешро биёроянд ва бо хамон ошиёнхое ки галла ва рама аз чарогохон хуб бархурдоранд ва рудхои бузург,шитобон ва хурушон ба санги хоро хурда, ба суи Эроншахр сарозер шаванд. (15)
Он Изади минави ва бахшанда фур ва шукухи ба хамаи марзу бум дарояд ва ба ононе пирузи дихад ки покниход ва диногаханд. (16)
Хеч касеро аз хурд ва бузург ёроии он нест ки Мехрро бо дуруг бифиребад,на аз бузургони хонадон ва на сарони русто ва на аз шахриёрони кишвар.(17)
Зеро Мехр,озурда ва хашмгин, дуруггуёнро барандозад ва дудмон ва деи ва кишвари ононро табох ва вайрон созад.(18)
Асбхои паймоншиканон дар зери бори савори хеш хирасари кунанд,аз чои гом берун нагузорад ва агар хам бичунбанд,чандон пеш нараванд.найзае ки душмани бадгуй ба Мехр ба суи хамоварди худ партоб кунад,ба акаб баргардад.(20)
Харчанд ки он найза аз он душмани зиштгуфтор хуб партоб шавад,ба хамовард нарасад ва агар хам бирасад,зиён нарасонад.Фариштаи бод, он найзаро баргардонд.(21)
Касеро ки дуруг нагуфта ва паймон нашикаста,Мехр аз тангно бирахонад ва аз газанд барканор дорад.(22)
Мехр аст ки тавоност мардумонро бениёз созад ва тавоност бим ва харос ба дуруггуён чира кунад ва зур аз бозувону ниру аз пойхои онон дур бидорад ва аз чашмхои онон бинои ва аз гушхои онон шунавои бирабояд.
Ба касе ки Мехри тавоно ва аз хама чиз огох ва фирефтанашудани ва дорандаи дах хазор посбон руи кунад,баду найза ва тири душман корсоз нагардад.(24)
Мехр аст ки марзу буми душманро аз рохи рост бебахра кунад фураи Изади аз он баргирад ва аз пирузи дур бидорад ва хазорхо осиб ба он фуруд оварад.(27)
Эй Мехри диловар аз ту хосторем ки моро тавонгар ва нируманду пирузгар ва растагор аз бахшоиши рости, бархурдор ва номбардор ва озодманиш ва огаху хушёр сози.(33)
То мо пурдил ва шоду хуррам бо хамаи хамовардон даст биёбем ва бадхохонро шикаст дихем ва душманону нобакоронро барандозем.(34)
Мехр, пайкор барангезад ва дар чанг пойдори бахшад ва раддаи сипохи душман аз хам бипошад.Размоварони онро пароканда кунад ва парешон кунад,дили лашкари хунхор биларзонад.(36)
Оре уст ки бим ва харос ба дили душман дароварад ва сархои касонеро дуруг гуфтанд ва паймоншикастанд,аз колбади онон чудо карда,(чун гуи) партоб кунад.(37)
Кошона ва дудмони сахмгини дуругпарастон ва паймоншиканонро барандозад.(38)
Касоне ки Мехрро аз нобакории хеш озурда ва нохушнуд кунанд,дар хангоми корзор,тирхое ба пари укоб Оростаи онон харчанд ки аз камони хуб кашида шавад ва тунду част павоз гирад,ба нишон нарасад ва найзахои сартези онон бо дасти баланд харчанде ки аз нируи бозувони хуб андохта шавад,ба нишон нарасад.(39)
Сангхои фалохини онон кибо зури панча рахо шуда, ба омочгох фуруд наёяд.Шамшерхои охтаи онон бар хамовардон нарасад.Гурзхои хуб партоб шуда бар хамовардон фуруд наёяд.(41)
Мехр,онбадкунишонро аз пеши рашан- фариштаи додгустари-ононро аз паи,ба харос афканад.суруши поки бо хамрохии фариштагони дигар, радахои душманро аз хам бипошад.(41)
Пас онгох Мехр ононро ба хок андар афканад,панчоххо,садхо,садхохазорхо,хазорхо,даххазорхо,садхазорхо.(43)
Мехрро ки аз гуфтори ростин бархурдор аст,меситоем.гумоштагони у бар зебар куххои сарбаркашида,бар чоийхои баланд истода,монанди дидабон ба суи паймоншиканон нигаронад,ба вижа ба касоне дида дузанд ки дуруг гуянд ва ба касоне ёвари диханд ки бо паймоншиканон биситезанд ва дуругпарастонро нобуд кунанд.(45)
Мехр дар миёни ду лашкаргох, асби пахансум барангезад ва дар сафи сипохи душман,дасти паймоншиканонро аз пушт бибандад ва чашмхои ононро нобино ва гушхояшонро ношунаво кунад ва пойхои ононро аз пойдори барандозад.(50)
Офаридагор Ахуромаздо оромгохи Мехрро дар болои кухи баланд ва драхшон бисохт,дар ончое ки на шаб аст на торики ва на боди сарду гарм, на нохуши ва на олоиши ахримани.Аз забари он кух( Албурз),мех барнахезад.Аз он чост ки Мехр,саросари чахонро бинигарад.(51)
Агар марди фурифтор ва бадкирдоре аз паи корзоре ба майдон дарояд,Мехр чусту чолок гурдувонаи тундруи хешро ба такопу дароварад ва суруши поку тавоно ва пайки Изади- наривсанги- он нобакорро, хох дар сафи чанг ва хох дар муборизаи тан ба тан аз по дароварад.(52)
Мехр хамора бо поистода, посбони далеру бедор аст.(62)
Дар миёни чолокон, чолоктарин,дар миёни вафошиносон,вафошиностарин,дар миёни далерон,далертарин,дар миёни забоноварон,забоновартарин,дар миёни гушоишдихандагон,кушоишдихандатарин аст.Касе ки галла ва рама бахшад ва шахриёри бахшад ва фарзанди нек бахшад ва зиндагии хушу растагори бахшад ва бахшоиши рости бахшад.(65)
Мехр ки аз пирузии Ахурамаздо бахравар аст,дар як гирдувонаи баланд и чархи минави нишста,он гардувонаро фариштаи тавонгари Арт Баланд рутубат хамегардонад.(67)
Мехрро меситоем,касеро ки Ахурамаздо чусту чолоки дод,дах хазор дида аз барои нигаристан баду арзони дошт.Аз нируи ин дидагон аст ки у касеро ки паймон нашиканад,бинигарад ва аз партави ин дидагон аст ки харгиз фирефта нашавад.Касе аст ки дах хазор посбон дорад ва ба хамаи чиз огах аст.(82)
Касе ки баду ситам рафта, агар ба Мехр гила кунад,бонги гилааш то ба ситорагони забарин расад ва ба гирдогирди кураи замин печад ва хафт кишвари гетиро фаро гирад.(85)
Бишавад ки ту эй Мехр ба асбхои мо ниру бахши ва моро тандуруст бидори то душманонро аз дур тавонем дидан ва асиби ононро аз худ рондан ва бадхохонро бо як заниш дар хам шикастан.(94)
Мехрро меситоем ки пас аз фуру рафтани хуршед, ду каронаи ин замини фарохро бипаймояд ва ончи дар миёни замину осмон аст,бингарад.(95)
Бо гурзи сад гура ва сад тега ки аз зари сахт сохта шуда, бадонро барафканад.(96)
Хеч гох ба хоб нарафта,зидадилу хушёр,офаридагон Маздоро нигахбони кунад.(103)
Бо дастхои баланди хеш паймоншиканро гирифтор кунад,гарчи у дар ховари Хинд бошад,уро барандозад,гарчи дар бохтар бошад ё дар даханаи руди оранг ё дар маркази замин ба сар барад.(104)
Мехрро меситоем ки сипари симин ба душ андохта ва зараи зарин дар бар карда ва тозиёна багирифта,дар гардиш аст.Рохе ки Мехр мепаймояд,хамора рушан аст.(112)
Бишавад дар он рузе ки аз тозиёна душманон ово бархезад.Аз бинии асбхо хуруш барояд ва аз рохи камонхо тирхои тезпар, ба дар равад, Ахурамаздо ва Мехр ба ёрии мо оянд то хамовардони бадандешро шикаст дихем.(114)
Гирдувонаи Мехро чахор асби сафеди якранги човидони ки обшхури минави хуриш ёбанд,мекашанд.Самохои онхо аз зару сим пушида аст.Юуг ва лагом ва ситоми онхо аз фулози гаробахост.(125)
Дар гирдунаи Мехр,хазор камони хуб сохта шуда,нихода ва бисёре аз ин камонхо бо захи гузон ороста аст-. Ончунон хуб сохта шуда ки тундии нируи андеша,парон ва ба тундии нируи андеша ба суи нобакорон равон гардад.Хазор тир ба пари каргас дарнишонда,бо новаки зарин ва бо суфорхои(1= дахонаи тир- муллиф)аз устухон сохта шуда.Хазор найзаи тега тез,азор табарзин бо ду тигаи пулодин, хазор ханчари дусара, хазор гурзаи оханин дар гирдунаи Мехр нихода шуда ки ба тунди нируи андеша ба суи нобакорон ва паймоншиканон равон гардад.(132)
Мехро меситоем ки ба гирдунаш асбхои сафед баста шуда ва бо чарххои заррин кашида мешавад.(136)
Аз уст ки дар сапедидам,офаридагони некии Изади падидор шаванд.(142)».
(поёни маколаи дуюм)

Комментариев нет: