воскресенье, 18 апреля 2010 г.

Оид ба як шеъри Муҳаммад Ғоиб

Дирўз рўзноманигори самарқандӣ Шўҳрати Ҳусейн ба хонаи камина сар халонд ва шумораи 3 октябри соли 1989-и ҳафтаномаи «Омўзгор»-ро ба дастам дода гуфт: - Оё медонед, ки дар ин газета як шеър дар васфи шумо чоп шудааст?

Намедонистаам. Аз ин ноогоҳиям шарм доштам.

Ва ба Муҳаммад Ғоиби мўҳтарам дер бошад ҳам арзи сипос мекунам.

Ин шеър як таассуроти хоси ўст оиди ҳолати камина дар он замон.

Агар хонандаи Герби шердор ҳама навиштаҳои дар ин блог гузоштаи каминаро бихонад, хоҳад дарёфт, ки тасаввуроти шоир қисман рост аст ё тамоман.

Оё дар ин бист соли охир дигар шудаам ё ҳамонаму ҳамон?

ДИЛИ УФТОДА

Барои Адаш ИСТАД

Дар сари дуроҳа лол истодааст,
Гўшае афтода монанди дил аст.
Аз ғами ин дил зи тан резад дилаш,
Дорад ў дарде, ки дармон мушкил аст.

Ин мусофир дар сари дуроҳа аст,
Он яке роҳи наву дигар куҳан.
Як ишоратраҳ барии дуроҳа аст,
Ёфтан мушкил аз он роҳи Ватан…

Дар сари дуроҳа лол истодааст,
Дар назар мисли ғарибафтода аст.
Бори ғамҳои гарон бар дўши ўст,
Мўҳри ғамҳояш – лаби хомўши ўст.

Дар Самарқанду Бухорои азиз
Дида кам нақши азизонро ба чашм,
Бар сари худ не, хаёлам мезанад
Бар сари даврони беғам мушти хашм.

Буд девори Самарқанду Бухор
Як замон фарҳанг, ин дам сангҳост.
Гўиё ки дар ҷабини ў фақат
Чун ҳуруфи форсӣ ожангҳост.

Худ ба худ гўяд, ки доғи мондаро
Оби дарёи Зарафшон ҳам нашуст.
Эй Бухоро, хоки шоирхези мо,
Шоире дигар зи хоки ту наруст.

Тарҳи роҳ месозаду хат мекашад,
Хат ба гирди марзи қисмат мекашад.
Ў хаёлан сўи хоки ошно
Дўшбори нанги миллат мекашад.

Меравад сўи Бухорои Шариф
Гар Зарафшон дар лабу дил оҳу доғ.
Аз Самарқанд ў Зарафшон омадаст,
Ҳамзабонони парешонро суроғ…

Муҳаммад ҒОИБ

3 комментария:

Анонимный комментирует...

Бечора Мухаммад Гоиб бемори бистарист. Худо шифояш дихад, шоири хуб аст

Анонимный комментирует...

Шеьри хеле хуб. Сиоми хакикии Шуморо ба калам додааст. Интизори инро надоштам, ки касе дар Ватан ин гуна бо дард аз онхое ёд мекунад, ки дуьдахсола пеш аз сутунхои фарханги точик буданд. Сипоси бекарон аз Мухаммад Гоиб.

Анонимный комментирует...

Устод,ба ин торнигор сар бизанед:

http://mazdo.wordpress.com/