пятница, 23 июля 2010 г.

Формулаи хушбахтӣ

Ду роҳи расидан ба хушбахтӣ барои омма фаҳмост. Якум – ноил шудан ба фаровонии моддӣ. Ин роҳ мушкилиҳои зиёде дорад, ки барои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар муддати кам имконпазир нест.

Ин давлатҳо дар замони шўравӣ на ба саноати сабуку вазнин, балки ба кишоварзӣ (асосан пунбакорӣ) ихтисосонида шуда буданд. Кишоварзӣ бошад, ҳатто дар кишварҳои пешрафтатарин аз бахши камдаромади иқтисодиёт маҳсуб мешавад.

Баъзе соҳаҳои сердаромади кишоварзию чорводори ҳастанд, ки ғайрианъанавӣ биномем, хато нахоҳад буд.

Масалан дар бозори ҷаҳонӣ нархи як кило тухми алмосии моҳӣ 25 ҳазор доллар аст. Ё ки ҷопонҳо гови зоти вагиуро парвариш мекунанд, бо ғалладона ва пиво ва гўшти он марморӣ ном дорад. Нархи як килои ин гўшт аз 500 доллар кам нест.

Чунин маҳсулот ба хоҷагии қишлоқи ғайрианъанавӣ шомил аст, ки донишмандони соҳа барои истеҳсоли чунин маҳсулот дар шароити Осиёи Миёна бояд тавсияҳои худро пешниҳод кунанд.

Роҳи дуюм – роҳе, ки аҳли тақво ва тасаввуф пеш гирифта буданд – яъне нўхта задани нафси бад, дар ботини худ куштани ҳирси сарватғундорӣ.

Дар баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ ба танзими саршумори хонавода оғоз кардаанд. Яъне хуб фаҳмидаанд, ки дар ҳама гуна шароити хуби иқтисодӣ низ оилаи сербача мушкилоти зиёде ва на танҳо иқтисодӣ дар пеш хоҳад дошт. Тарбияи як-ду кўдак осонтар аст.

Агар ба сари ҳар як тоҷик садҳо тангаи тилло пошед низ ў хушбахт нахоҳад шуд. Маъракаҳои зиёде дорем мо, ки сол ба сол харҷи маблағҳои калонтареро талаб мекунанд.

Барои танзими маъракаҳо як қадам пеш рафтем, вале ин кофӣ нест, бояд қадами ҷиддие боз ба пеш гузошт. Тоҷикон аз маъракаҳое, ки на ориёианду на исломӣ бояд тамоман даст кашанд.

Инро танҳо бо эҷоди қонуни нав ҳал кардан мумкин аст.

Маркази Геллап ҳар сол дар асоси пурсишҳо эълон мекунад, ки 93 фоизи мардуми Тоҷикистон худро хушбахт намеҳисобанд. Шаст фоизи мардуми ин кишвар дар ҳолати фақр қарор дорад.

Яъне онҳое, ки камбизоат нестанду худро хушбахт намеҳисобанд, 33 фоизанд. Яъне онҳо манзилу ҷои кор доранд, аммо хушбахт нестанд. Барои хушбахт будан боз омилҳои дигари муҳим ҳастанд – маориф ва тандурустӣ.

Агар фарзандон дар мактабҳо дониши хуб нагиранд ва соҳаи тандурустӣ хуб кор накунад, инсон хушбахт шуда наметавонад. Дар ҳама тадқиқотҳои илмӣ кишварҳои Скандинавия хушбахттарин маҳсуб мешаванд. Сабаби асосии хушбахтии онон дар тиббу маорифи маҷҷонӣ, набудани корупсия, озодии иқтисодӣ, ва озодии баёни фикр (матбуот), иштироки фаъол дар созмонҳои ҷамъиятӣ, баробарҳуқуқии комили миллатҳои камшумор бо миллатҳои асосӣ будааст.

Боз баъзе омилҳо ҳастанд, масалан мардуми Дания аз рўи Қонуни Янте зиндагӣ мекунанд, ки нависанда Аксел Сандемосе дар романи «Гуреза аз болои нақши пои худ мегузарад» баён карда буд. Янте номи деҳаест, ки дар он мардум бо даҳ қоидаи ба ҳамдигар бахилӣ накардан, ғайбат накардан, худро аз дигарон бартар нашумурдан ба хушбахтӣ ноил гардидаанд. Ҳатто эҷодкори нобиға низ наметавонад аз як инсони оддӣ худро болотар шуморад. Дигар ин ки аз чаҳор се нафари мардуми ин кишварҳо бо эҷоди бадеӣ машғуланд.

Бубинед, ки инҳо ҳама реша ба ақидаҳоест, ки мутафаккирони бузурги мо чӣ аҳли тасаввуфу чӣ аҳли донишу адабиёт аз замонҳои қадим талқин карда меомаданд.

Формулаи хушбахтии тоҷикон нисбат ба формулаи хушбахтии миллатҳои дигар фарқ дошта метавонад. Чунки ин формула асоси фарҳанги дошта дар тўли ҳафтҳазор соли охир шакл гирифтааст. Масалан дар замоне, ки оини митроӣ дар байни ниёгони мардуми мо густариш ёфта буд, як меъёри асосии хушбахтӣ тай намудани ҳафт зинаи камолоти мактаби митроӣ ва расидан ба мартабаи шоҳӣ (тоҷ гузоштан бар сари хатмкардаи мактаб ва тоҷик ном гирифтан аз он замонҳои дур аст) маҳсуб мегардид. Сипас дар замони зардуштия талабҳои дигари ин оин ва дар замони ислом мафкураи ин дин меъёри хушбахтиро муайян мекарданд.

Файласуфони тоҷикро мебояд, ки ҷиҳатҳои дигари формулаи хушбахтиро барои мардуми Тоҷикистон бо назардошти талаботи замони нав ва афкори пешқадами замони муосир муайян кунанд. Чун ҷаҳони мутамаддин ва мутараққӣ бо суръати азим пеш меравад ва мо як пораи ин ҷаҳон ҳастем ва наметавонем хушбахт бошем, вақте ки масалан ҳамсояи ўзбеки мо мушкилоте дошта бошад.

Камоли матлуби як миллатро надониста меъёрҳои хушбахтии онро муайян кардан душвор аст. Акнун бигўед, ки камоли матлуби миллати тоҷик аз чиҳо иборат аст?

Дар бораи формулаи хушбахтии як миллат ҳарф задан дар асл кори чун ман адибе нест. Аммо вақте ки дигар интелектуалҳо дар ин бобат лаб фурў бастаанд, маҷбур мешави дар ин бобат чанд ҳарфи донишмандона набошад ҳам оммафаҳмро гўшраси блогхонҳо бисозӣ.