четверг, 24 марта 2011 г.

Абўрайҳони Берунӣ оид ба митроизм

Аз ин пеш бо истинод ба пажуҳишгари Мавзолейи Сомониён М.Булатов навишта будам, ки дар замоне, ки Абўрайҳони Берунӣ зистааст, яъне дар асри ёздаҳи мелодӣ дар Самарқанд собиён, яъне офтобпарастон ҷамъияти худро доштанд.

Берунӣ низ дар «Осор-ул-боқия» офтобпарастон яъне митроиёнро собиён мегўяд. Ба қавли пажуҳишгари Мавзолейи Сомониён М.Булатов донишманди таърих А.М.Беленицкий оид ба нуҷумпарастӣ ва таъсири он ба шаклгирии афкори мардуми Осиёи Миёна мушоҳидаҳои зиёде доштааст.

Берунӣ дар фасли «Таърихҳои касоне, ки пайғамбариро ба худ бастанд ва умматҳое, ки фиреби эшонро хўрдаанд» оид ба пайдоиши оини митроӣ ба тариқе хома меронад, ки аз ровиёни гуногун шунидааст ва пайравони меҳрпарастиро «собиин» ва ё «собиён» ном мебарад:

Миёни анбиё ва мулук ҷамоате аз мутанабиин зоҳир шуданд, ки китоб аз шумориши онон қосир аст. Баъзе аз эшон ҳалок шуданд, бидуни он ки касе бар ў пайравӣ кунад ва ҷуз номе дар сафҳаи рўзгор нагузоштааст. Баъзе дигарро уммате мутобиат карданд ва эшон дар назди ин уммат боқӣ ва поянда монд. Ва ин умматҳо таърихи эшонро зикр мекунанд. Пас, мо бояд, ки таворихи машҳуртарини эшонро зикр кунем.
Нахустин шахсе, ки аз ин даста зикр мешавад Бузосаф аст, ки чун як сол аз подшоҳии Таҳмурас гузашт, дар Ҳинд зоҳир шуд. Ва китобе ба порсӣ биёвард ва ба миллати Собиин даъват кард ва халқе зиёд ўро пайравӣ карданд.
Подшоҳони Пешдодӣ ва баъзе аз Каён, ки Балхро ҷойгоҳи худ қарор дода буданд, Офтобу Моҳ ва кавокибу куллиёти аносирро то замони пайдоиши Зардушт, дар соли сеюм, аз салтанати Гуштопс, мепарастиданд.

Сипас маълумоте овардааст, ки ба он бовар кардан душвор аст. Чун руҳониёни динҳои нав барои гардондани ихлоси мардуми хеш аз динҳои собиқ ҳар кори қабеҳро ба пайравони динҳои пешин нисбат медоданд. Ин ҷо Берунӣ ба пайравони мазҳаби «Ҳаррония», ки гўё ба сабаби ситорапарастиашон ба шумор собиёнанд, ба ситораи Муштарӣ одам қурбон карданро мансуб медонад ва таъкид меварзад, ки Иброҳим дар аввал пайрави ин оин буд ва писарашро барои Муштарӣ қурбон кардан хост, аммо Муштарӣ дар лаҳзаи охир писари ўро бо қўчқор, яъне гўсфади нар иваз мекунад.

Воқеан ҳам баъзе қабилаҳои Арабистон то ислом барои худои борон дар хушксолӣ одамро қурбон мекарданд, аммо ба одамқурбонкунии митроиён ягон далели боварибахш нест, одамхудо Митро бошад дар ҳама муҷассамаву тасвирҳо таврест, ки гўсоларо қурбон мекунад.

Ба ин сабаб ба навиштаҳои Берунӣ бояд бо назари танқидӣ нигарист ва дар ин маврид шолӣ бо курмаки зиёд омехтааст, ки ҳақиқатро ҷудо кардан корест на чандон осон. Акнун ба ин сатрҳо диққат кунед:

Ва мо аз эшон беш аз ин намедонем, ки мардуме ҳастанд, ки худовандро ягона медонанд ва аз қабоҳат худро тоза нигоҳ медоранд. Ва ўро ба салбӣ васф мекунанд ва ба эҷоб, мисли он ки мегўянд: «Маҳдуд намешаваду дида намегардад ва ситам намекунаду ҷавр наменамояд ва ҳақтаолоро ба номҳои зебо мехонанд», вале ба тариқи маҷоз, зеро дар назди онҳо сифате ҳақиқатан вуҷуд надорад ва тадбири оламро ба фалаку ҷирмҳои он нисбат медиҳанд. Ва ба ҳаёту нутқу самъу басари афлок қоиланд ва нурҳоро таъзим менамоянд. Ва аз осори эшон қуббаест, ки дар болои меҳроб дар ҷомеи Димишқ аст, ки дар аёме, ки юнониён ва Рум бар дини онҳо буданд, намозхонаи эшон буд, баъд ба дасти яҳудиён афтод ва аз барои худ каниса гардониданд. Сипас насоро бар онҳо ғалаба ёфтанд ва аз барои хеш ибодатхона гардониданд, то он ки замони ислом шуд ва мусулмонон он маконро масҷид карданд. (Ин ҷо бо вожаи қубба гунбади ибодатхонаи митроиёнро дар назар дорад, ки Офтоб хар соате дар яке аз равзанаҳои зери гунбад чеҳраи худро намоён мекард барои мардуми дохили маъбад – А.И.)
Ва аз барои ин тоифа се намоз воҷиб аст: Нахуст дар назди тулўи Шамс ҳашт ракъат, дуюм қабл аз заволи Шамс аз васатуссамо панҷ ракъат, сеюм ҳангоми ғуруби Офтоб панҷ ракъат. Ва дар ҳар ракъат аз намозашон се саҷда аст. Ва дар соати дуюми рўз як намози нофила мехонанд ва яке дигареро дар соати нўҳ аз рўз ва сеюмеро дар соати сеюм аз шаб. Ва аз барои намоз таҳорат ва вузўъ ба ҷо меоваранд. Ва аз ҷанобат ҳам ғусл мекунанд. Ва хатна наменамоянд. Чун чунин гумон кардаанд, ки бад-ин амр маъмур нашудаанд ва аксари ҳукмҳои эшон дар никоҳ кардан, ҷазо додан мисли ҳукмҳои мусулмонон аст. Ва дар шустану пок кардани ҷасади мурда ва амсоли ин амр шабеҳ ба «Таврот» аст. Ва аз барои ин қавм қурбониҳоест, ки ба кавокибу санамҳою ҳайкалҳои онҳо мутааллиқ аст. Ва қурбониҳое ҳам доранд, ки коҳинони эшон ва онҳо, ки фиребашон додаанд, мутавалии он ҳастанд. Ва баъзе аз ин ҷамоат Бузосафро Ҳирмиз медонанд. Ва гуфта шуд, ки собиини ҳақиқӣ онҳое ҳастанд, ки дар Бобул аз ҷумлаи қабилаҳое, ки Куруш (Сирус) ва Арташхобс ба Байтулмуқаддас ҳаракат доданд, ихтилоф карданд. Ва аксарашон дар Воситу саводи Ироқ, дар ноҳияи Ҷаъфару Ҷомида в аду наҳри Сила сокинанд ва худро ба Анўш бинни Шис нисбат медиҳанд ва бо Ҳаррония мухолифанд ва мазоҳиби эшонро айб мекунанд.

Дар фасли «Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳи порсиён аст» Берунӣ равшан таъкид кардааст, ки Наврўз эҷоди собиён яъне митроиён аст:

Баъзе уламои Эрон мегўянд: «Сабаби ин ки ин рўзро Наврўз мономанд, ин аст ки да айёми Таҳмурас, собиа ошкор шудаанд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рўзро, ки рўзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврўз бузургу муаззам буд.»
Ман қотеъона намегўям, ки ин ҳама бояд ба китобҳои таърих дарояд. Аммо то ба ҳанўз ҳайронам, чаро торихнависон ба осори нобиғае чун Берунӣ эътиборе надодаанд? Ман танҳо баъзе бобҳои як осори Беруниро дидам.

Комментариев нет: