Дирўз дар маъракаи таъзия иттифоқ афтод, ки бо чанд нафар
ҳоҷӣ гирди як миз бошем. Шукри худо сол то сол теъдоди ҳоҷиёни шаҳри мо зиёд
мешавад ва дар сўҳбатҳо ин ҳоҷиён
масъалаҳои ахлоқи ҷомеаро бештар муҳокима мекунанд. Ин дафъа низ ҳоҷие дар ин
боб сухан кард, ки масалан чаро сафи занҳои танфурўш меафзояд.
Чуноне ки медонед идораҳои масъул дар ин боб кор
мекунанд, ин кори онҳоро баъзан аз телевизион намоиш медиҳанд. Аммо ҳолатҳои
зиёдест, ки на ҳама ҷо ва на ҳама касро мешавад назорат кард.