понедельник, 30 апреля 2012 г.

Оид ба аҳамияти шахсиятсолорӣ


Дирўз дар маъракаи таъзия иттифоқ афтод, ки бо чанд нафар ҳоҷӣ гирди як миз бошем. Шукри худо сол то сол теъдоди ҳоҷиёни шаҳри мо зиёд мешавад ва дар  сўҳбатҳо ин ҳоҷиён масъалаҳои ахлоқи ҷомеаро бештар муҳокима мекунанд. Ин дафъа низ ҳоҷие дар ин боб сухан кард, ки масалан чаро сафи занҳои танфурўш меафзояд.

Чуноне ки медонед идораҳои масъул дар ин боб кор мекунанд, ин кори онҳоро баъзан аз телевизион намоиш медиҳанд. Аммо ҳолатҳои зиёдест, ки на ҳама ҷо ва на ҳама касро мешавад назорат кард.

Замони шўравиро мисол оварданд, ки ин гуна ҳолат кам буд. Намедонам режими шўравӣ сахт буд ё кодекси ахлоқии бинокори коммунизм таъсире дошт, ба ҳар ҳол ақалан дар хориҷа аз ин қадар ҳамватанҳомон фоҳишаи зиёде надоштем.

Озодии демократие, ки сохти нав дод, аз ҷониби баъзе ашхос озодии куллӣ маънидод шуд. Яъне дигар ту озодӣ, дигар танҳо обрўи ту пули зиёд аст, бо ҳар роҳе, ки бошад, роҳи ҳаром ё ҳалол пулро ба даст ор.

Чанде пеш ба як деҳа сафар доштем. Вақти шом чароғи барқиро гиронданд, мисли шам хеле хира буд. Сабаб ин будааст, ки корхонаи сарватманди деҳа нерўи барқро зиёдтар мекашидааст. Гуфтам: Магар ҳамон сарватманди шумо шарм намедорад?
Гуфтанд: - Рўшноии ками чароғҳо дарди бахайр, насосҳои обкашамон аз камии барқ кор намекунанд. Чанд бор мағал кардем, «Ҳама кори ман мувофиқи қонун аст» мегўяд.

Дар ин хел вазъият ҳатто идораҳои ҳукуматӣ наметавонанд дахолат кунанд.

Дар давраи ҳоҷиён сухан, ки ба ман расид, гуфтам,  ки мақоми имом-хатибҳоро хеле баланд бардоштан лозим. Ҳоло  онҳо баъди кормандони маорифу матбуот онон масъулони ахлоқи ҷомеа маҳсуб мешаванд.

Пеш аз замони шўравӣ низ дар Самарқанд ҳамин гунна озодӣ буд, фоҳишаҳо буданд, аммо чуноне ки аз маълумоти дар китоби «Духтари кўҳистон» овардаи Мирзо Қўқандбой Абдухолиқзода маълум мегардад, дар теъдод камтар будаанд. Ў дар саҳ. 218-и ин роман (Самарқанд, 2006) овардааст:
Дар  замони гузашта дар ҳама шаҳрҳои мамлакати Туркистони собиқ, аз ҷумла дар Самарқанд ду хел фоҳишаҳо мавҷуд буданд. Якеро махфӣ дигареро ошкоро мееномиданд. Фоҳишаҳои махфӣ дар гузару кўйҳои шаҳр танҳо-танҳо ба ин «кор» машғул буданд. Ин тарзи фоҳишагӣ аз рўи қонун, фақат ба ном манъ буд, зеро он манбаи калони даромад ва пулҷамъкунӣ буд, фоҳишагони ошкор бошанд аз 700-800 зану «духтароне» иборат буданд, ки онҳо дар як гўшаи шаҳр, дар ҷои махсус истиқомат мекарданду  ин ҷо фоҳишахона ё  «ҷалабхона» номида мешуд. Чунин ҷой аз фатҳи Самарқанд ба дасти русон то соли 1907 дар беруни дарвозаи «Пойиқабоқ», (дар самти шимоли ғарбии шаҳр, ки ҳоло дар сари роҳи беморхонаи Республикавӣ) вокеъ буд. Дар соли мазкур онро ба мавзеи Мавлонобод, ки дар наздики вокзал аст кўчониданд. Ин  фоҳишагон «расмӣ» шуморида шуда, дар таҳти ҳимояи қонун буданд ва барои калони политсия чунонки мегўянд «гови сершири дўшоӣ» ҳисоб меёфтанд.

Аз куҳансолони шаҳрамон шунида будам, ки аз қисми мусулмоннишин ба қисми аврупоинишини шаҳр кўчондани фоҳишахона бо фишори мавлоно Хубӣ рух додааст.

Ин вақтҳо фоҳишаҳои махфии ба ном мардикор низ зиёд шудаанд, ки дар он замон набуданд.

Ба фикри шахсии камина ба он сабаб ки таъсири дини ислом зиёдтар буд, имом-хатибҳо масъулияти бештаре доштанд.

Дар ҳамон замонҳои то шўравӣ имом-хатибу мударриси масҷид-мадрасаи Тиллокорӣ шоир Хубии Самарқандӣ буд. Ў зану фарзанд надошт, тамоми умри худро фидои дини ислом карда буд.

Аз ин ҷост, ки эталони ахлоқ буд ва мардуми Самарқанд ба ў он қадар ихлоси баланд доштанд, ки агар Хубӣ касеро нафрин кунад, ҳаргиз бо он шахс саломалек намекардаанд.

Имом-хатибҳои муосир бошанд ҳама хонаву дар ва зану фарзанд доранд. Ба ин сабаб ба хайрияи сарватмандоне, ки зикр кардем ниёзманданд. Агар хато кардам, бигўед, аммо ба назарам, ҷомеа ба имом-хатибҳои мисли мавлоно Хубӣ эҳтиёҷи сахте дорад.

Дар замонҳои пеш аҳли тариқат низ ба ҷомеа таъсири бузурге доштанд. Дар Тоҷикистон баъди вафоти эшони Тўраҷон ягон нафар аҳли тариқат монд ё не намедонам.

Дар сўҳбат бо ҳоҷиён камина таъкид кардам, ки агар кишварҳои арабӣ аз Осиёи Марказӣ мардикорҳоро қабул накунанду мардикорони мо мисли ҳамасола танҳо ба кишварҳои ғайриисломӣ раванд, беҳшавии ахлоқи мусулмонони моро набояд интизор шуд.

Эҳтимол ман хато мекунам, шумо чӣ мегўед?

Комментариев нет: