суббота, 30 июня 2012 г.

Идеали миллии тоҷик


Миллат бе идеал яъне камоли матлуб буда наметавонад. Маҳз идеали муайян ва аниқ ўро чунонки сангрезаҳоро семент ба ҳам мечаспонад, муттаҳид ва яклухт мегардонад, самти пешрафти миллатро таъин мекунад.

Донишмандони тоҷик чанд муроҷиати каминаро оиди муайян намудани идеали миллӣ ба эътибор нагирифтанд.

Акнун маҷбурам, ки худам ин идеалро муайян кунам.

Ба хулосаи қотеъи камина идеали милии тоҷик озодагист.


Онро бори аввал барои ниёгони мо мардуми эрониасл оини нахустини таърихии мо митроизм муайян карда буд. Барои мусалмонон охиратгароӣ бар ҳама мафкураи дигар болотар меистад.

Аммо зардуштия охиратгароии митроиро бо ислоҳоти Зардушт поинтар кардааст.

Фариштаҳо Митроро ба Арш боло мебурданд, натавонистанд аз қабати чоруми осмон болотар раванд ва аз худо пурсиданд, чӣ кор кунем. Худо гуфт: Тафтиш кунед, ки аз моли дунё чизе доштагист, ки монеаи боло рафтани ўст. Гуфтанд, ки сўзане аз либосаш пайдо шуд. Пас чӣ кор кунем? Худо гуфт: Пас ў дар қабати чорум хоҳад монд.

Ин ривоятро дертар масеҳиён дохили саргузашти Исо мекунанд.

Солҳои пеш Анҷумани дўстдорони фарҳанги Эрони бостони Душанбе як донишманди тоҷикро ба маъракаи зардуштиёни Ҳиндустон фиристод. Баъди бозгашт гуфт: Аҷиб инаст, ки вазъи моддии зардуштиён хеле беҳтар аз мусалмонон аст.

Ман гуфтам: Сабаби ин ҳолат дар фалсафаи динии мардуми мост. Мо мусалмонем яъне моддигаро нестем. Тамоми фалсафаи тасаввуф берун ҷастан аз тааллуқот  бар моли дунёст.

Озодагӣ аз ин ҷо ибтидо мегирад. Охиратгароӣ дар митроизм ба чӣ дараҷа аст, аз низоми рўзадории он метавон хулоса кард, дар ҳар моҳи сол ягон намуди рўзадорӣ будааст.

Камоли матлуби замони оини митроии ниёгонамон маҳдуд ба чунин як фикр нест. Зинаҳои камолоти митроӣ, ки ба ҳафт класс (синф) тақсим шудаанд, азбар кардани илми тибу дорусозӣ, илми ҳарбу варзиш, ҳунарҳои дастӣ ва ғайраро дар бар гирифтаанд.

Талаби илму дониш дар ислом низ ҳаст, яъне он арзишҳои волое, ки ниёгони мо ҳафт ҳазор сол пеш доштанд, ислом аз нав устувор кардааст.

Май орад шарафи мардумӣ падид,
Озоданажод аз дирамхарид.
Май озода падид орад аз бадасл,
Фаровон ҳунар аст андар ин набид.

Дар ин байтҳои Рўдакӣ акси садои оинҳои бостонӣ равшан ба назар мерасад.

Оид ба фалсафаи озодагӣ дар адабиёти тоҷик дар блоги Герби шердор маколае ҳаст, таҳти унвони «Шоирӣ озодагист. Аммо озодагӣ чист?». Ба ин сабаб ин ҷо он хулосаҳое, ки доктори фанҳои филологӣ Садрӣ Саъдиев дар китоби худ «Муҳити адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих» овардааст, такрор намекунам.

Ниёгони митроии мо дурўғро душмани асосии инсоният меҳисобидаанд. Аз ин рў  ба дурўғ роҳ надодан беҳтарин сифати инсонӣ маҳсуб мегардад. Хирадмандӣ (ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад) ва эҷодкорӣ аз сифатҳои мардуми озода буд.

Боз ҳам Рўдакӣ гуфтааст:
Ба савти навову ба сити маонӣ,
Тараббахши руҳам, фараҳзои ҷонам!
Хирад дар баҳо нақди ҳастӣ фиристад,
Гуҳарҳои рангин чу зояд зи конам.

Ва боз ин ҳам аз Рўдакист:
Ай дареғо, ки хирадмандро,
Бошад фарзанду харадманд не,
В-ар чи адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.

Яъне мероси асосие, ки падар бояд ба фарзандон мерос гузорад, сарвати моддӣ не, балки адабу дониш, хирадмандӣ будааст.

Адолатпарварӣ низ аз сифати  мардуми озода будааст. Боз ҳам талаби Рўдакӣ:
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ!
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махур,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!

Комментариев нет: