пятница, 20 июля 2012 г.

Филми Сафар Ҳақдодов ва митроизм


Филми Сафар Ҳақдодов «Носири Хусрав ва …»-ро 19 июл бахши форсии Би-Би-Си намоиш дод. Ин филми мустанад оид ба маросимҳои мардуми Бадахшон нақл мекунад. Филм соли 2005 ба навор гирифта шудааст, аммо акнун онро аз телевизион  дидам.

Оид ба маросимҳои мардумии помириён мо аҳли фарҳанг хеле кам огоҳӣ дорем. Ин филм эҳтироми моро нисбати мардуми Бадахшон зиёд мекунад.

Вақти дар Душанбе зистанам аз дўстони бадахшониям оиди урфу одати помириён баъзе чизҳои ҷолибро шунида будам. Абаски бо чашми худ надидаам доимо аз зикри онҳо худдорӣ кардаам. Ба назари камина одатҳои урфии помириён аз он чӣ ки гуфтаанду мегўянд пурарзиштаранд.

Як нафар ҷавони помирӣ, ёдаш ба хайр, Хушбахт Ҷангибеков бо ташвиқи камина ба навиштани ҳикояҳо аз рўзгори помириён сар карда буд, сад афсўс он ҷанги шаҳвандӣ ўро ба коми аҷал бурд. Баъзе одатҳои аҷиби мардуми Бадахшонро аз Озод ном ҷавони помирӣ, ки ба Самарқанд фирорӣ буд, шунидаам.

Устоди филмсозӣ Давлати Худоназар низ як филми аҷибе оиди рўзгори помириён ба навор бардошта буд. Аммо ҳамаи онҳо қатрае аз уқёнуси бузурги фарҳанги бостонианд, ки Помир ном дорад. То ҳол бо вуҷуди он ки баъзе адибон аз ҷумла Салимшо Ҳалимшо хеле зиёд оиди Бадахшон менависанд, танҳо як-ду дар сади ин фарҳанг фаро гирифта шудааст.

Дар филми Сафар Ҳақдодов баъзе лаҳзаҳои этнографӣ решаҳои хеле бостонитаре доранд, нисбат ба оне ки шореҳ аз паси кадр мегўяд.

Масалан маросими чароғрўшанкунӣ ё дарахтпарастӣ митроиянд ва онро чӣ қадар зўр занед, ҳам ба дини ислом часпонида наметавонед. Чароғ рамзи офтоб аст, дарахтони арчаву сарву санобар дарахтони ҳаётанд дар митроизм.

Дар филм матоъҳои гулдўзӣ ва дигар нақшу нигори помириён рамзҳои митроизманд.

Ба ғайри ин этнографҳоро мебояд, алоқамандии ғори Носири Хисравро бо ғори митроӣ тадқиқ кунанд. Оне, ки чашмаи Носир ном дорад, дар асл ҷои оби муқаддас барои ғусли тамъиди митроиён буда метавонад.

Носири Хисрав одатҳои бостонии мардумро дар ислом нигоҳ доштааст ва бо ин фикри Сафар Ҳақдодов сад дар сад мувофиқам.
  

Комментариев нет: