четверг, 11 октября 2012 г.

Меҳргон муборак бод!



Эй Меҳргони мардум,
Эй меҳрубони мардум.
Иқдоми нек бигзор
Дар остони мардум.

Эй Меҳргони мардум,
Эй ормони мардум.
Эй яшти ориёӣ
Вирди забони мардум.


Эй Меҳргони мардум,
Тобу тавони мардум.
Эй оташи ниёгон
Дар ҷисму ҷони мардум.

Эй Меҳргони мардум,
Сўзи ниҳони мардум.
Эй рўшноии бахт,
Дар хонадони мардум.

Эй Меҳргони мардум,
Эй шаъну шони мардум.
Эй бўи нони гандум
Дар гирди хони мардум.

Эй Меҳргони мардум,
Ҷашни ҷаҳони мардум.
То зиндагист, эй кош,
Бошӣ азони мардум!

«Адабиёт  ва санъат»
12 октябри соли 1989

Комментариев нет: