вторник, 8 октября 2013 г.

Аз нақлҳои усто Амриддин



Осори бузургон.

Ин Бухоро манбаи дониш бувад, гуфтааст Мавлоно. Наққошу гачкорони бузурги Бухоро аз худ мероси гаронбаҳо боқӣ гузоштаанд. Ин мерос дар ороиши бисёр иморатҳои олӣ таҷассум ёфтааст. Қисми зиёди он иморатҳо бо мурури асрҳо табиист, ки аз байн рафтаанд. Аммо устоҳои забардасти мо нусхае аз намунаи нақшҳо дар рўи қоғаз доштаанд ва ин қоғазҳо аз насл ба насл даст ба даст мегузаштааст.

вторник, 27 августа 2013 г.

Рисолати равшанфикр дар ҷомеаи муосир



Бисёр чизҳои вобаста аст ба он ки решаҳо муаян карда шаванд.

Воқеаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон равшан нишон дод, ки мафкураи миллии дар замони шўравӣ шаклгирифта ба пурра мутаҳид кардани миллат қодир нест, яъне ин мафкура нуқсҳое доштааст, ки аз он аксарияти рўшанфикрон хабар надоштанд.

Кам касон дарк карда буданд, ки китоби «Тоҷикон» (бо вуҷуди аз рўи сиёсати коммунистӣ навишта шуданаш) оғози ба вуҷуд овардани таърихи тоҷикон аст на анҷоми он.

Кори Б.Ғафуров идомаи чашмгире пайдо накард.

Таассуф ин ҷост.

суббота, 27 апреля 2013 г.

Дар сўҳбати усто Амриддин



Ҳикмати мемории миллӣ

Аз ҷое мошинсавор меомадем ва усто Амриддин бо устои моҳири бинокор Восеъ оиди тарзи хиштчинии иморатҳои ду тарафи кўча сўҳбат мекарданд. Ин ҷо аз сўҳбати онон маълум шуд, ки аз қадим як меъёри фосилаи байни хиштҳо вуҷуд доштааст ва баъзе устоҳо ин меъёрро шикаста лойи байни хиштҳоро ғафс кардаанд. Ман илова кардам, ки кўзачаҳое, ки дар ду барии дарвоза месохтанд, имрўз хеле кам мондаанд.

Меъмор Раҳимҷон Одинаев гуфтанд, ки дарвозасозӣ низ қоидаҳои худро дошт. Масалан курсичаҳое, ки дар ду барии дарвоза зери пешайвони хурди он месохтанд, барои он буд, ки одам пеш аз ба ҳавлии худ даромадан каме нишаста ҳама носозиҳои кору бозорро аз худ берун кунад ва ба хона бо дили шоду чеҳраи кушод дарояд. Вақти ба кўча рафтан низ бояд каме дар ин курсича нишинад ва ғами хонаро аз худ берун карда баъд ба кор равад.

воскресенье, 14 апреля 2013 г.

Филми манъшудаи Сарвиноз ва «ў»-и гумшудаи Янтобте



Филми манъшудаи Сарвиноз

Духтари шоир Бобо Ҳоҷӣ Сарвинозро чанд сол пеш дар Самарқанд ҳангоми тамошои намоиши асарҳои рассомон дар Чорсуи Регистони Самарқанд вохўрдам.

Сарвиноз баробари маро дидан саломи гарму самимии падарашро ба ман расонд. Сипас арз кард, ки оиди рассомони Самарқанд барои телевизиони Тоҷикистон филм ба сурат гирифтанист. Дар даст як дастгоҳи аккосӣ дошт, ки он вақт барои бисёр касон дастнорас буд. Ва аз он ки ў барои харидани чунин як камера пули зиёде харҷ кардааст, (яъне фидоии касби худаст) эҳтиромам зиёд шуд нисбаташ ва гуфтам: - Ман ба шумо кўмак мекунам.

Сарвиноз баъди шиносоӣ бо корҳои рассомони Самарқанд якчанд лавҳаро оид ба рассом Ҷумъа Абдурауфов ва рассомони дигар низ  ба навор бардошт ва дар ин корҳо кўмаки камина  лозим нашуд, чун худаш, ки рассом низ ҳаст, ба ин соҳа хеле хуб сарфаҳм меравад.

суббота, 16 февраля 2013 г.

Блоги Зоҳир Ҳасанзода



Чунин ном дорад торномаи паёмнигори рўзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд Зоҳир  Ҳасанзода.

Номбурда солиёни зиёд дар рўзномаи ноҳияи деҳотии Самарқанд «Гулобод  тонги» масъули саҳифаи тоҷикии он буд, чанд муддат бо телевизиони вилоятӣ ҳамкори намуд.

Ҳоло бошад аз рўзноманигорони шинохтаи Самарқанд аст ва бо эҷоди қиссаву ҳикояҳо низ машғул мебошад.

Мақсад аз таъсиси ин блог,- гуфт ў дар сўҳбат бо ман,- шинос кардани тоҷикони ҷаҳон бо асарҳои бадеии эҷодкардаи худам аст.