воскресенье, 14 апреля 2013 г.

Филми манъшудаи Сарвиноз ва «ў»-и гумшудаи Янтобте



Филми манъшудаи Сарвиноз

Духтари шоир Бобо Ҳоҷӣ Сарвинозро чанд сол пеш дар Самарқанд ҳангоми тамошои намоиши асарҳои рассомон дар Чорсуи Регистони Самарқанд вохўрдам.

Сарвиноз баробари маро дидан саломи гарму самимии падарашро ба ман расонд. Сипас арз кард, ки оиди рассомони Самарқанд барои телевизиони Тоҷикистон филм ба сурат гирифтанист. Дар даст як дастгоҳи аккосӣ дошт, ки он вақт барои бисёр касон дастнорас буд. Ва аз он ки ў барои харидани чунин як камера пули зиёде харҷ кардааст, (яъне фидоии касби худаст) эҳтиромам зиёд шуд нисбаташ ва гуфтам: - Ман ба шумо кўмак мекунам.

Сарвиноз баъди шиносоӣ бо корҳои рассомони Самарқанд якчанд лавҳаро оид ба рассом Ҷумъа Абдурауфов ва рассомони дигар низ  ба навор бардошт ва дар ин корҳо кўмаки камина  лозим нашуд, чун худаш, ки рассом низ ҳаст, ба ин соҳа хеле хуб сарфаҳм меравад.

Ў маро барои кори дигар шарҳи асарҳои наққош ва гачкор усто Амриддин Наҷмиев даъват намуд. Ман бошам харакат кардам ҳар чизе ки оиди эҷоди усто Амриддин медонистам, нақл кунам. Аз субҳ то шом хеле меҳнат кардем ва хеле хаста шудам.

Он вақт ҳар ду каналро (ҳам телевизиони якуми давлатӣ ва ҳам Сафинаро) дар Самарқанд бемалол дидан мумкин буд.

Оиди Ҷумъа Абдурауфов филмро намоиш доданд, аммо аз филм оид ба усто Амриддин дарак набуд. Сипас ба воситаи яке аз дўстони душанбегиам дарак ёфтам, ки сардабир филмро дида  гуфтааст: - Ана ин аст  маҳалгароӣ! Як самарқандӣ самарқандии дигарро таъриф мекунад.

Аммо ман маҳалгароиро дигар хел мефаҳмам ба мисли ҳама одамоне, ки аз рўи мантиқ фикр мекунанд: Маҳалгароӣ хоҳад буд, агар ҳамшаҳрии беҳунаратро ситоиш кунӣ.


Қадри худро шинохтан

Ба хонаи усто Амриддин аз як давлати ҳамсоя меҳмонҳои ношинос омаданд. Гуфтанд, ки чанд қаср сохтанианд ва устои бомаҳоратро меҷўянд.

Баъди он ки аз албоми суратҳо корҳои эҷодии усто Амриддинро диданду бо меҳмонхонаи ба услуби миллӣ сохтаи ў шинос шуданд, яке аз онҳо гуфт:
- Ҳамин тавр дар Осиёи Миёна ман аз ҳама устоҳои дигар зўртар бигўед?

- Агар дар Осиёи Миёна устои аз ман беҳтарро биёбед, ба ман ҳатман хабар диҳед, ки ба дастбўсии эшон бишитобам ва шогирдашон шавам,- гуфтанд усто.

- Посухи устои беҳтарини Осиёи Миёна аз ҳамин суханҳо пайдост,- гуфт меҳмон.


Фарқи устою ноусто

Як ноустои ҳунаршинос дар назди усто Амриддин худситоӣ кард:
- Ҳамон чизҳое, ки шумо барин устоҳо медонетон, мо низ медонем. Агар чанд моҳ  машқ кунем, кори шумо мекардагиро низ аз худ карда метавонем.

Усто Амриддин гуфтанд:
- Оре, метавонед. Ман ҳар рўз аз Регистон аз назди мадрасаҳо мегузарам, ки дар тармими онҳо иштирок кардаам. Ман гармии дасти устоҳои он замонҳои дур ин нақшҳои мўҷизавӣ офаридаро ҳис мекунам.
Шумо бошед, ҳис карда наметавонед.


«Ў»-и гумшудаи Янтобте

Янтобте Мамадқулов рассоми машҳури Тоҷикистон аст.

Боре дар Самарқанд намоиши асарҳои худро ташкил кард. Як-ду ҳафта меҳмон буд.

- Ягон чизи ҷолиби ман надидаро нишон диҳед,- гуфт рўзе. Ва ман ўро ба ҳавлии усто Амриддин бурдам, ки меҳмонхонаи бо услуби бостонӣ сохтаву наққошию гачкорӣ карда истодаашро бинад.

Янтобте баробари аз дари меҳмонхонаи чаласохт даромадан як ў-ў-ў гуфт ва дигар ҳарфе назад.

Сипас усто Амриддин «ба як пиёла чой» даъват карданд. Пас аз таом чойи кабуд менўшидем ва рассом Мирсаид интизор буд, ки Янтобтеи рассом оид ба корҳои усто чизе гўяд. Аммо Янтобте хомўш менишаст. Сипас Мирсаид пурсид:
-Фикри шуморо оид ба корҳои усто фаҳмиданием.
-Фикрамро гуфта будам,- гуфт Янтобте.
-Чӣ гуфтед, ки мо нашунидем,- гуфт Мирсаид.
-Як «ў» гуфта будам-ку?

Дертар ҳамин ҳарфи «ў»-ро дар Тоҷикистон нест кардаанд. Акнун касе «Ў» гуяд «у» менависанд, ки ҳайрат нею маломатро ифода мекунад. Агар «ўҳў» гўяд «уҳу!» менависанд, ки ба ҷои нидои ҳайрат сулфаро ифода мекунад.

 Ман бошам ба Янтобте гуфтам:
-Шумо он ҷо дар вазифаи муовини раиси Иттифоқи рассомон будаед. Усто Амриддин дар сохтану тазйини даҳҳо иморатҳои Тоҷикистон иштирок кардаанд. Дар замони шўравӣ барои иштирок дар як чунин иморат ба устоҳо ҳам унвон баланду ҳам мукофоти давлатӣ медоданд. Магар намешавад, ки усто Амриддинро ба ягон мукофот ё унвон пешниҳод кунед?

Янтобте гуфт: - Рўзе раиси мо Сўҳроб Қурбонов аз тирезаи идорааш як вазири аз вазифааш сабукдўш шударо ба ман нишон дод ва гуфт: - Янтобте, ана ҳамонро дидӣ? Агар бисёр вақ-вақ кунӣ, ба ҳамон ҳол меафтӣ!


Савобкориро ба мақоми аввал бояд гузошт

Дар ҳавлии шўъбаи самарқандии Академияи бадеии Ўзбекистон ҳашари гулшинони ташкил шуд. Ман ҳам ба он шарик шудам. Маълум гардид, ки ин ҳашар бо ташаббуси шахсии усто Амриддин ташкил шудааст ва ҳама корҳо асосан  ба зиммаи он кас ва шогирдону дўстонашон хоҳад буд.

Таоми нисфирўзиро дар ҳавлии худашон хўрдем.

Дидам, ки ба рўи ҳавлии худашон чизе накоридаанд. Ба суолам дар ин боб гуфтанд: - Аввал кори ҷамиятиро кунем, ба кори шахсӣ ягон рўз вақт меёбем.

Мирсаид Самадови рассом хандида илова кард: - Ё ки намеёбем.


Табиби нақшҳои куҳан

Боре ҳангоми кор (тармими меҳроби яке аз масҷидҳои куҳани Самарқанд) усторо бо куртаи суфи сафеди бегиребон дидам.

- Куртаатон ба либоси табибон монанд,- гуфтам ба усто.

- Мо табибони нақшҳои кўҳнаем,- гуфтан усто,- куртаи сафед ба мо мезебад. Бе таҳорати даруну таҳорати берун, сафедии даруну сафедии берун ин корҳоро карда намешавад.


 Ба эҷодкор фишор наор!

Усто ба академик Худойбердии кулол табақи сафол фармуданд.

- Рангаш чӣ хел бошад?- пурсиданд усто Худойбердӣ.

- Сабз ё кабуд бошад, беҳтараст, зеро ки ин рангҳо инсонро аз пурхўрӣ бозмедоштаанд,- гуфтанд усто Амриддин.

Аз ин воқеа ду сол гузашту рўзе меҳмони усто Амриддин шудем. Дар табақи калонӣ чинии замони шўравӣ палав омад.

Дар табаки сафол оши палав зуд хунук намешавад ва инро усто Амриддин борҳо таъкид кардаанд.

Илова бар ин дар табақи сафол ошро ба миёнааш кашида атрофро холи мемонанд, то ки бо салат гирифтани палав осон  шаваду биринҷро аз салат зиёдтар нахўранд, ки барои организми инсон манфиати зиёд дорад.

- Магар усто Худойбердӣ табақи фармудаатонро насохтанд? – Пурсидам баногоҳ.

- Дасташон банди корҳои аз ин муҳимтар будагист. Ман ба одими эҷодкор фишор намеорам,- гуфтанд усто Амриддин.


Мошкичирӣ ё палав?

Яке аз тоҷирони сарватманд меҳмонхона сохтанӣ шуд. Ба усто Амриддин муроҷииат кард. Усто Амриддин наққошию гачкории бисёр меҳмонхонаҳои шаҳрҳои бостониро анҷом додаанд. Ва доим кўшидаанд, ки анъанаи устоҳои асрҳои гузаштаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.

Дар чунин маврид одами меҳмонхона сохтагӣ ба устои гачкору наққош мегўяд:
- Устои мўҳтарам. Шумо чӣ пешниҳод доред? Коре кунем, ки меҳмонхонаи ман ба меҳмонхонаҳои сарватмандони дигар монанд набошад.

Дар ин маврид усто мекўшад, ки дар шаклҳои анъанавӣ навпардозӣ кунад.

Аммо дар ин маврид тоҷири сарватманд баъзе иморатҳои бо услубҳои гуногун, аз ҷумла махлути услуби аврупоӣ ва таҳҷоиро мисол оварда мегуфт, ки ҳамин нақшҳо бояд шаванд.

Усто гуфтанд: - Тоҷири мўҳтарам, ман мошкичирӣ намепазам.

- Агар ҳамин хел кунед, ман чӣ қадар ки хоҳед, пул медиҳам,- гуфт тоҷир.

- Ман барои пул шуда гўри устодони худро ба замин ҳамвор намукунам,- гуфтанд усто Амриддин, - Барои худ устои дигар ёбед. Ҳоло дар шаҳрамон ин хел устоҳо зиёд шудагӣ.


«Ман бепул дарс доданӣ будам»

Боре оиди камшумории гачкору наққоши мардумии Тоҷикистон сухан рафту усто Амриддин гуфтанд: Баъзе мансабдорони мақоми аввали Тоҷикистон мегўянд, ки ба мисли устоҳои мактаби Самарқанду Бухоро дар Душанбе низ лозиманд. Боре ба Омўзишгоҳи бадеии ба номи Мирзораҳмат Олимов рафтам ва ба директории он гуфтам: - Ман фалониям. Дар Хуҷанд як гурўҳ гачкору наққошро тарбия кардам. Онҳо ҳоло устоҳои номдор шудаанд. Меҳохам ҳамин корро дар Душанбе кунам. Барои ман метавонед аз даҳ то бист нафар талабаро ҷудо кунед, ман ба онҳо аз гачкории мактаби усто Ширин Муродов дарс хоҳам дод.

Директор абрў чин карду гуфт: - Афсўс, мо маблағ надорем, ки ҳаққи дарсатонро диҳем.

Ман гуфтам: - Ман ба қадди умрам барои таълим додам аз давлат ва ё аз ягон шогирдам ягон сўм нагирифтаам. Дар ин ҷо низ бепул таълим хоҳам дод.

Директор базўр лаб ҷунбонд: - Хуб, мо ин пешниҳоди Шуморо фикр карда мебинем.

Ҳатто рақами телефонро напурсид. Тоҷик одам намешавад, то вақте ки маҳалгароӣ ҳаст.


Аҳамияти гунбаз

Ҳафтае як бор усто Амриддин ҳамроҳи дўстон ба гармобаи миллӣ мераванд.

- Дар хонаатон ҳаммом дореду боз ба ҳаммоми шаҳрӣ рафтан магар шарт аст? – Гуфтам боре.

- Вақте ки дар гармхонаи он болои санги тафсони мармар дароз мекашам ва чашм ба гунбази он медўзам, ба сарам фикрҳои аҷиб меоянд. Масалан фикр мекунам, ки ҳамин гунбази гармоба ба мисли гунбази чархи гардун аст, нусхаи хурди он аст. Ва инсон дар ин олам гўё, ки ба гармоба меояд барои покшавӣ. Яъне худи ин олам як гармобаи бузургест. Афсўс, ки одамон инро дарк накардаанд.

- Баъзеҳо барои нопокшавӣ меоянд,- илова кардам ман.

1 комментарий:

Анонимный комментирует...

Устоди азиз як ҷаҳон ташаккур барои расонидани дурдонаҳои беҳамто аз ҳаёти абармардони миллат. Кош мо миллат мешудему аз ин разолати мавҷуда халос...