пятница, 26 декабря 2014 г.

Номҳои деринаи Оҳалику Оқсой



Дар як мақолаам, ки «Чунгул – чорбоғи Амир Темур» ном дошт, суханро аз он сар карда будам, ки Чунгул номи дашти Оҳалик аст. Ба ин сабаб чорбоғи темурии назди деҳаи Оҳаликро донишманди таърихи Самарқанд В.Вяткин чорбоғи Чунгул номидааст.

Аммо ин ном аз куҷо омад, чизе намегӯяд. Зеро аз ин пештар дар китоби «Материалы к исторической географии Самаркандского вилаята» (Самарқанд, с. 1900) навиштааст, ки номи кӯҳи Оҳалик ба тахмини ӯ дар асл Инмак-Данай будааст. Агар дар забони суғдӣ ин калимот маъное надиҳад, сипас ӯ аз хати арабӣ ғалат рӯбардор кардагист.

Василий Вяткин забони суғдиро намедонист, ба ин сабаб ба маънои гул (ғул ба гул мубаддал шудааст) дар таркиби номи Чунгул эътибор надодааст.

понедельник, 15 декабря 2014 г.

Мардуми Тоҷикистон ба кадом самт пеш равад? Дарунӣ ё берунӣ? Митроизм ё чеченизм?



Вазъи географии Тоҷикистон барои пешрафти кишоварзӣ ва корхонаҳои саноатӣ мувофиқати каме дорад. Пешрафти техникӣ ё худ фановарӣ низ ба талаботи корхонаҳо вобаста аст ва азбаски корхонаҳои хуб каманд, талабот ба кашфиёт ба дараҷаи ночиз аст. Яъне дар шароити Тоҷикистон дар ин солиёни  наздик ба пешрафти техникаву технология умед бастан наметавон.

Мардуми Тоҷикистон чӣ бояд кунад, ки бо вуҷуди бекорӣ, оқибмонии фановарӣ, ба дараҷаи баланд нарасидани иқтисодиёту кишоварзӣ ӯро ҳамчун мардуми пешрафта бишносанд?

Дар ин бобат мо бояд биандешем, ки танҳо роҳи вижа моро ба пешрафт ноил мекунад. Тамоми пешрафтҳои тамаддуни муосир вобаста ба он аст, ки инсон давоми дасту пои худро дар шакли олоти меҳнат ба мошинҳо аз қабили автомобилу ҳавопаймову ва ғайраҳо ихтиро намуда инкишоф дода меояд. Ҳатто компютер давоми берунии мағзи сари инсон аст. Яъне ҳамаи онҳо дар беруни инсонанд на дар дохили он.

среда, 10 декабря 2014 г.

Ба мо чанд хели мактаб лозим?



Мақолаҳоятонро оиди ислоҳоти маориф ба Вазири маорифи Тоҷикистон ба тариқи нома ё муроҷиатнома фиристед, менависанд баъзе хонандагони блоги Герби шердор.

Агар ин вазорат идораи замонавӣ бошад, кормандонаш компютер доранду аз Интернет оид ба мактабҳои пешрафтаи олам мақолаҳоро пайдо карда иттилооти даркориро ёфта метавонанд, аз ҷумла мақолаҳои каминаро.

Мактаб чист?

Мактаб иборат аст аз муаллими эҷодкор, боз як бор муаллими эҷодкор, боз як бори дигар муаллими эҷодкор ва камтар китоби дарсӣ.

среда, 3 декабря 2014 г.

Иштибоҳоти мафкураи миллии тоҷикӣ



Яке аз иштибоҳоти асосии мафкураи миллии тоҷикӣ  дар баёни решаҳои ваҳдати миллӣ зоҳир мешавад. Бар чунин ақидаанд, ки бе идеали миллӣ маҳалгароиро мағлуб намуда ба ваҳдати миллӣ ноил хоҳанд шуд.

Ин тавр низ мешавад, ки як сарвари давлат аз экрани телевизор бо суханони самимона ва ваъдаҳои ояндаи дурахшон мардумро дар атрофии худ муттаҳид кунад. Аммо ин иттиҳод дер давом нахоҳад кард, чун мардум мехоҳанд ба орзуҳошон зудтар бирасанд, аммо ба ояндаи дурахшон расидан мушкилоти зиёде хоҳад дошт.

понедельник, 1 декабря 2014 г.

Асрори миллати тоҷик



Асрори миллати тоҷик дар он нуҳуфтааст, ки чиро чӣ номе додаст.

Масалан русҳо оиларо «семья» мегӯянд, ки аз вожаи «семена» яъне тухма сохта шудааст.

Дар забони тоҷикӣ бошад, оиларо бо вожаи хонавода ифода мекунанд. Дудмон, дуда низ мегӯянд, ки ин низ маънои хонаро дар худ нуҳуфтааст.

Сарвати тоҷик зиёд шавад, хона месозаду хонаро обод мекунад, сарвати баъзе миллатҳои дигар зиёд шавад, теъдоди занҳоро зиёд мекунанд. Ба ин сабаб дузанагӣ хоси миллати тоҷик нест. Ҳар боре ки ягон эрониро дучор шавам, мепурсидам, ки дар Эрон дузанаҳо ҳастанд ё не. Дар посух мешунидам ҳар доим: касе будагист, аммо мо намешиносем.

пятница, 28 ноября 2014 г.

Ҳаракат ба сӯи мактаби ибнисиноӣ ё баръакс?



Агар дар замони кӯдакии Ибни Сино ҳамин хел мактабҳое, ки имрӯз дорем, мебуданду Абӯалӣ дар он таҳсил мекард, ҳеҷ вақт алломаи бузург намешуд. Зеро дар ин клосе, ки 30-40 бача чун моҳиёни намакзадаи бӯшка зич нашастаанд, муаллим имкон надорад, ки бо ҳар як шогирд алоҳида кор кунад.

Дарс 45 дақиқа аст ва дар ин муҳлат муаллим мавзӯъро фаҳмонида, танҳо бо як-ду савол посух дода дониши 1-2 нафарро санҷида метавонад, агар хеле ӯҳдабаро бошад.

Ибни Сино ягон илмро дар назди ягон донишманд пурра фаро мегирифт, сипас падараш барои гузаштани илми дигар муаллими дигар меёфт. Яъне Ибни Сино дар мактабе таълим гирифтааст, ки як шогирд ба як муаллим будааст.

понедельник, 24 ноября 2014 г.

Модари миллат имрӯз кист?



Афсонаи аз ҳама машҳуру беҳтарин ва дӯстдоштаи мардуми тоҷик кадом аст?

Хато намекунам, агар бигӯям, ки ҳам дар байни шаҳриёну ҳам деҳотиён афсонаи беҳтарину машҳуртарин «Бузаки ҷингилапо» буду ҳаст.

Афсонаро ба гӯши бачаҳо модару модаркалонҳо мегуфтанду мегӯянд. Ва онҳо дар ин афсонаҳо дарду муаммоҳои худро муҷассам мекунанд.

Ин афсона масал ё худ таҷассуми тақдири он модарони тоҷик аст, ки солҳои зиёде бе шавҳар кӯдакони худро тарбия мекунанд, ба воя мерасонанд.

Эътибор диҳед, ки дар ягон варианти ин афсона оид ба падари ин бузғолаҳо ҳарфе нест.  Ягон кас (шунаванда) суол надодааст, ки падарашон куҷост. Зеро ҳама медонистанд, ки барои ёфтани қути лоямут ба кадом шаҳри дуре рафтааст. Ва ин модари бузғолаҳо ҳатто имкон надорад, ки ба таккаҳо – нарбузҳои ҳамсоя муроҷиат кунад, зеро онҳо низ нестанд дар он ҷо. Эҳтимоли қавист, ки онҳо низ ба мардикорӣ рафтаанд.

среда, 19 ноября 2014 г.

Виждонро дар куҷо месозанд?



Дар як филми гурҷи рассоме ба суоли чаро Академияи бадеиро партофта ба деҳот омадед, мегӯяд, ки:

Агар як нафар духтур беистеъдод бошад, сад ё дусад беморро мекушад дар тӯли умр. Агар як нафар муаллим беистеъдод бошад, чанд ҳазор нафар камсавод хоҳанд шуд, яъне суратан зинда бошанд ҳам дар асл мурдаақл хоҳанд шуд.

Аммо эҷодкор беистеъдод бошад, миллатро мекушад.

Маълум, ки мактаби гурҷӣ ин рассомро дуруст тарбия кардааст, яъне бовиждон тарбия кардааст. Ин рассом беистеъдод бошад ҳам манфиати халқу миллатро болотар аз манфиати шахсии худ гузошта ҷои худро дар Академия ихтиёрӣ холи мекунад, то ки шахси боистеъдодтаре ба ҷояш биёяд.

вторник, 18 ноября 2014 г.

Сабабгори асосии заволи давлату миллат



Чаро ҳама  миллатҳо пеш рафтанду мо оқиб мондем? Чаро то ҳанӯз фарзандони мардуми Тоҷикистон дар кишварҳои дигар мардикорӣ мекунанд? Яъне бо корҳое банд ҳастанд, ки барои иҷрои он корҳо донишу маҳорати касбии баланд лозим нест.

Иллати ҳамаи инро аз маориф бояд ҷуст.

Мактаб, агар баробари замонаи пешрафтҳои илмӣ ба пеш ҳаракат накунад, боиси заволи давлат ва миллат мегардад.

воскресенье, 16 ноября 2014 г.

Муаллими эҷодкор лозим!



Дар замонҳои мозӣ бачаҳоро хонавода ва рӯҳонӣ (писарҳоро муллои мактабдор, духтарҳоро биби халифа) тарбия мекарданд.

Дар замонҳои муосир хонавода ба тарбияи бачаҳо вақт надорад, чун зиндагӣ маҷбур кардааст, ки аҳли калонсоли хонавода доимо аз паи коре бошанд.

Муллои мактабдор низ нест, ки расму оинро омӯзонад. Ба ин сабаб бачаҳои имрӯза сол то сол аз ҳаёт зиёдтар дур мешаванд.

Механизми мактаби муосир иборат аст аз объекти тарбиягиранда – шогирдон, дастури таълим – барнома ва китобҳои дарсӣ ва муаллим. Ба ин се директорро низ ҳамроҳ мекунам, чун агар директории лицейи Сарское село ба муаллимон озодӣ дода аз вазорат барои тафтиш оянд, «ман худам посух хоҳам дод» намегуфт, аз ин лицей Пушкин барин шахсиятҳо намебаромаданд. Худи Пушкин гуфтааст, ки дар математика он қадар суст буд, ки чизҳои оддиро намедонист. Аммо муаллимон раҳм накардаанд, балки дидаанд, ки дар фанҳои дигар суст нест. Яъне хулоса кардаанд, ки дар маҷмӯъ Пушкин бадхон ҳисоб намешавад ба хилофи талаботи дарстури вазорат рафтор намуда ӯро аз мактаб нарондаанд.

пятница, 14 ноября 2014 г.

Оиди зарари ҷузъиётхонӣ дар макотиби тоҷикӣ



Баъди пош хӯрдани Шӯравӣ ба мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон аз Тоҷикистон ягон дона китоби дарсӣ наомад. Солҳои авали истиқлол Ӯзбекистон чунин имкониятро надошт ё ба ҳалли ҳама муаммоҳо расида наметавонист. Дертар бошад ҳам Ӯзбекистон китобҳои дарсии тоҷикиро худаш чоп карда ба мактабҳои тоҷикӣ фиристод.

Соли 1995 буд ё дертар (дар ёдам намондааст), ки боре аз Самарқанд ба Душанбе рафтам ва бо Вазири маориф оид ба ҳалли муаммои нарасидани китобҳои дарсии тоҷикӣ маслиҳат карданӣ шудам.

 Дар қабулхонаи вазир котибае менишаст аз ҳамшаҳриёнаш. Ба ӯ бо кадом масъала ва аз кадом шаҳри дур омаданамро гуфтам. Пас таъкид кардам, ки вақти дигар омада наметавонам чун равонам ин бегоҳ. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ омаданд. Дар даст ду китоби  дарсии таърих, чопи Русия. Муаллифи яке аз он китобҳо писарашон будааст. Ба котиба гуфтанд, ки бо масъалаи нав кардани китобҳои дарсии таърих омадаанд ва китоби дарсии таърих чӣ гуна бояд бошад, ҳарф заданиянд.

воскресенье, 2 ноября 2014 г.

Тарзи ислоҳоти мактаби тоҷикӣ



Дар мактабҳои тоҷикӣ ба талаба мегӯянд инро аз китоб хонда мазмунашро бигӯй, ё ки мегӯянд инро аз ёд кун.

Талаба ҳамаи инро мекунад, баҳои аъло мегирад.

Аммо кор фармуда тавонистани ин донишҳоро намепурсанд аз ӯ. Яъне кор фармудани ақлро намеомӯзонанд.

Чанд бор гуфта будам ва боз мегӯям: мактаби тоҷикӣ ба ислоҳот ниёз дорад. Барномаи онро аз нав чунин бояд сохт, ки барои такомулу ташаккулу пешрафти фикрии шогирдон хизмат кунад.

среда, 15 октября 2014 г.

Камбудии асосии мактаби тоҷикӣ



«Ту генерал ва подшоҳ мешавӣ» мегӯяд мактаби митроӣ  ба шогирдони худ. Яъне аз синфи якум сар карда дар пешорӯи ӯ вазифаи бузург – мақсади олиро мегузорад. Ҷаноби олӣ хезед, шуморо корҳои бузурги ҷаҳон интизоранд, гуфта Наполеонро аз хоб бедор мекарданд дар кӯдакиаш ва билохир ӯ фарди бузург шуд.

Мақсади олии мактаби муосир – шаҳодатномаи хатми мактаб аст. Ҳар як шогирди мактаби кунунӣ хуб медонад, ки ин қоғаз дар токчаҳои бисёр касон чанг зер карда хобидааст. Соҳибони шаҳодатнома бошанд кайҳо боз дар Русия бо корҳои сиёҳ машғуланд, яъне мардикорӣ мекунанд.

Нуқси асосии миллати тоҷик



Мактаби митроӣ абардмард месохт. Зардушт шогирди ин мактаб буд.

Мактаби кунунӣ абармард намесозад. Рӯҳу равони мардуми мо хурд гардидааст. Ба абармард сохтани мактаби муосир ягон мансабдор манфиатдор нест.

Охир кадом мансабдор мехоҳад, ки дар ҷомеа аз ӯ бузургтар шахсиятҳо пайдо шаванд ва ба ӯ аз боло ба поён нигоҳ карда бигӯянд:
- Ҳой одамча! Чаро ту ин номаъқулиҳоро мекунӣ?

Баъди муроҷиати зиёде оиди гузаронидани як анҷумани илмӣ оиди таърихи митроизм дар Тоҷикистон ба чунин хулоса омадам.

понедельник, 13 октября 2014 г.

Оид ба маънои вожаи тоҷик



Аввал бо номаи Вориси Сосонӣ шинос шавед, ки шаммае аз вазъи афкори мардуми пойтахти Тоҷикистон аст.


Дуруди бепоён ба устоди гироми Адаш Истад! Хамеша хохони саломатию сарабаландии шумо хастам! Рости ду-се соли охир дигар худамро точик намешуморидам ва аз точик буданам шарм мекардам. Ман дар Донишгохи Милли Точикистон мехонам ва бовар кунед устод то хол дар ин Донишгох ягон муаллим ё ягон донишчуи хирадманду миллатдустро надидаам! На танхо дар Донишгох умуман дар шахри Душанбе чунин инсонеро надидаам,ки ифтихори милли дошта бошаду фикри бехбудии миллаташро кунад хама дар фикри худу нафси худанд кариб,ки хама ришавхуранд ва ман ин хамаро медидаму дилам аз точик буданам сиёх мешуд фикр мекардам,ки дар байни мо точикон дигар инсонхои хирадманд намондааст, вале аз он рузе,ки блоги шумо ё ки блоги андеша-и Точвар истифода карданро шуру кардам фахмидам,ки точик дар асл ки будааст ва тамоми фикру акидахоям дигар шуд ва имрузхо аз форси точик буданам ифтихор мекунам.
Устоди гироми агар боиси озурда шудани хотиратон нагардад аз шумо боз як пурсише дорам. Бархе бар он назаранд,ки номи миллати Точикро ба мо туркхо нисбат додаанд яне вакте,ки арабхо сарзамини моро мухосира карданд ва мардуми моро мусалмон мекарданд ва туркхо хамон форсхои мусалмоншударо Точик номиданд Точик яне форси мусалмоншуда ба фикри шумо ин акида то кадом андоза хакикат дорад? Ва агар тавонед назари худро доир ба пайдоиши номи миллати точик баён кунед? Бо эхтиром хонандаи доимии блоги шумо Герби Шердор Ворис!


Оид ба вожаи тоҷик донишмандони мо бисёр навиштаанд.

Ман бар он ақидаам, ки тоҷ дар таркиби ин калима ба маънои аслии худ аст. Дар замонҳои бостон дар марзҳои аҷдоди мардуми мо пеш аз дини зардуштӣ дини митроӣ устувор будааст. Дар мактаби ин дин касе, ки ҳафт сол хонда барномаи хафт синфро хатм кард, соҳиби тоҷи рамзии шоҳӣ мешудааст.

суббота, 19 апреля 2014 г.

Сайри гули сурх



Аз рузномаи «Овози Самарқанд» 10-уми апрели соли 2014, №15.

Халқи мо аз қадим маросимҳои хубе дошт, ки мутаассифона баъзеи онҳо аз байн рафтаанд. Яке аз онҳо Иди гули сурх буд, ки мардум онро бесаброна интизор мешуд.

Сайри «Гули сурх» чӣ гуна ид аст? Он кай ва дар куҷо гузаронида мешавад?

Барои ба ин саволҳо ҷавоб  ёфтан мо бо кӯҳансолони деҳаи Оқсой, ки дар ин гуна сайрҳои халқӣ иштирок кардаанд, ҳамсӯҳат шудем.

вторник, 25 марта 2014 г.

Шӯълаи умед

Ҳикоя

Дар сароғоз сухан буд ва сухан худо буд, навиштаанд дар китобҳои қадим.

Ва ҳар муаллиме, ки ба талабагон дарс медиҳад, инро медонад. Медонад, ки сухан созандаю офаранда аст. Ва илова бар ин нерӯи сӯзандагӣ низ дошта метавонад.

Бо сухан одами ояндаро шакл медиҳад муаллим. Ва ҳамин гуна як муаллим Мирсафо Малакзода, ки фанни таърихро дарс медод инро ба хубӣ эҳсос мекард, балки бештар ва амиқтар нисбат ба дигар омӯзгорони ин мактаби деҳ.

Аммо касе ба шиддат дари синфро кӯфт. Сухани созандаи омӯзгор бурида шуд…

четверг, 23 января 2014 г.

Оид ба мазори дувуми Меҳтар Боди Ялдои Самарқандӣ, ки муовини Абўмуслими Хуросонӣ буд ва маросими деринакуҳани тоҷикон «Мазорравӣ»

Дар бораи он ки мазори Меҳтар Боди Ялдо дар гузари Фақеҳ Абўлайси шаҳри Самарканд (хамагӣ дар масофаи бист кадам аз масҷиди он) воқеъ гардидааст, аз ин пеш дар рузномаи «Овози тоҷик» мақолае нашр карда будам.  Ин ҷои мазор асрҳои пеш замини мазори машҳури Чокардиза будааст ва азбаски санги пешини сари мазори Боди Ялдо кайроқ будааст, ба куҳан будани он шакке нест.

Аммо «Овози тоҷик» 9 ноябри 2013 (№90 (13960) оиди он ки қабри Боди Ялдо дар деҳаи кўҳии Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз мазори машҳурест маколаи муаллими мактаби рақами 57-и ноҳияи Шаҳрисабз Норали Хўҷаевро чоп кард. Мақола «Маросими «Мазорравӣ» ном дошта дар он оид ба маросими мардумие сухан меравад, ки унсурҳои Меҳргон бо шахсияти Меҳтар Боди Ялдо омехта гардидааст.