вторник, 25 марта 2014 г.

Шӯълаи умед

Ҳикоя

Дар сароғоз сухан буд ва сухан худо буд, навиштаанд дар китобҳои қадим.

Ва ҳар муаллиме, ки ба талабагон дарс медиҳад, инро медонад. Медонад, ки сухан созандаю офаранда аст. Ва илова бар ин нерӯи сӯзандагӣ низ дошта метавонад.

Бо сухан одами ояндаро шакл медиҳад муаллим. Ва ҳамин гуна як муаллим Мирсафо Малакзода, ки фанни таърихро дарс медод инро ба хубӣ эҳсос мекард, балки бештар ва амиқтар нисбат ба дигар омӯзгорони ин мактаби деҳ.

Аммо касе ба шиддат дари синфро кӯфт. Сухани созандаи омӯзгор бурида шуд…

Дар ин ҷо низ ман ҳикоятро ба таъхир меандозам ва тафсилотеро хоҳам гуфт, ки ба фаҳмидани асли воқеа кӯмак кунад.

Дар як замон дар як макон дар домани кӯҳи Дурафшон деҳе буд бо ҳамин ном. Аз дурри ғалтоне, ки таърифашро дар ғазалҳои шоирони бузургамон шунидаӣ чизе надошт. Мардуми пиронсоли деҳа мегуфтанд, ки дар қадимзамон номи деҳа дар асл Дурафтода будааст, чун аз шаҳр хеле дур афтодааст. Мардуми деҳа зиёда аз дусад хонавода иборат буд. Дурафшониҳо асосан дар ду соҳили рӯди санглохи Дурафшондара зиндаги мекарданд ва вақте ки  дар ин дара аҳоли зиёд шуда замин барои кишту хона сохтан намонд, қисман ба дашти назди кӯҳи худ кӯчиданд. Ва чунон ки дар кӯҳ аз лойу санг хонаҳои паст месохтанд, айнан ҳамин хел хонаҳо сохтанд. Вале деворашро сафед мекарданд, агар пул дошта бошанд, ба бомаш шифер мезаданд.

Замини колхоз асосан дар дашт буд ва барои он ки ба ҷои кор наздик бошанд, бисёриҳо мекӯшиданд, ки илоҷе карда дили раисро ёбанду аз дашт барои ҳавлии нав замин гиранд.

Замин асосан азони давлат буд, вале бо қароре онро ба колхоз дода буд. Дар колхоз бошад, комиссияи заминдиҳӣ ба номаш буд, се-чор нафар одами худашро ба он дохил карда буд раис.

Вақте ки тақсимкунии қитъаҳои замин оғоз гардид, замини аз ҳама хуби лаби рӯдро Муҳаббати Сафед - ширдӯши фермаи чорвои калони шохдор соҳиб шуд, ки агар аз боло комиссия биёяд, раис бо газикаш омада ҳамин Муҳаббати Сафедро мебурд, ки дар меҳмонхонаи лаби ҳавзи калони колхоз ба тафтишгарон оши палав пазад бо равғани зағир. Аммо нисбат ба палаваш, ширинтар буд худаш.

Ин ҳам  як зани шӯрбахт буд дар дар қатори занҳои бебахти Дурафшон. Агар ба назар гирем, ки дар дувоздаҳ соли ҳамзистӣ бо шавҳараш Низоми табелчӣ ҳомиладор нашуд ва бо кӯмаки хушдораш раиси колхоз духтурҳоро розӣ кунонд, ки ба Низом бигӯянд: Дар асл танҳо нуқси ҷисмонии туст дар ҳомиладор нашудани Муҳаббат. Айби худро ба гардани дигарон мондан хоси ин Муҳаббати шайтон буд. Сипас аз ғуссаи зиёд ба бемории сил  гирифтор шуд Низом ва мурд. Муҳаббати  Сафед ин лақабро ба  он сабаб гирифта буд, ки аз ӯ сафедтар яъне хушрӯйтар дар ин акнофу атроф кам дучор мешудед занеро. Ду рӯяш аз сафедӣ барқ мезад ва пистонҳояш низ ба мисли пистонҳои говҳои сершири колхоз тарангу барҷаста ва суринҳояш низ  мисли суринҳои аспи Шарифи Хушбурут дар роҳ рафтан аҷаб ҳаракате доштанд, ки дили ҳар як муҷаррадро гумм мезанонданд. Баъди марги шавҳараш Муҳаббати Сафед  мисли аспи ҷавмаст ресмони нӯхтаро канда буд ба тамом ба қавли мӯйсафедони Дурафшондара. Албатта ресмони шарму ҳаёи занонаро дар назар доштанд онон.

Азбаски баъди арақу оши палав баъзе муфатишон розӣ намешуданд ба хаспӯшии камбудиҳо, раис ба бағали онҳо ҳамин занро медароварду корашро буд мекард.

Баъд хешу табори раису ҳамқадаҳҳояш, маъшуқаҳову ришвадеҳон ба чанд нафар одамони ҳалол низ замини зериҳавлӣ дода шуд аз дашт, вале аз қитъаҳои нобобтаре, ки об намебаромад, чун дар миёнаҳои доманаи кӯҳ буд он қитъаҳо.

Оби рӯди Дурафшонро, ки зиёд набуду дар тобистон танҳо як чархи осиёи обиро мегардонд, мардуми ду соҳили сой тақсим карда гирифта буданд, оби боқӣ ба дашт ҷорӣ мешуд, то заминҳои колхозро шодоб кунад.

Ман ба куҷо рафтам бо ин нақлам? Чиро қисса карданӣ будам?

Сухан асосан оиди саргузашти Фаришта ва духтари ӯ Покиза аст.

Фаришта дар колхоз кор карда - кор карда, пӯсту устухон шуда буд ва агар аз дур медидӣ, гумон мекардӣ риштае омада истодааст, дар ҳаво овезон.

Ӯ Фаришта ном дошту мардум Фар меномиданд, чашмони калон-калони сиёҳаш чун чароғҳои мошин гӯё фурӯзон буданд.

Ҳамин Фар як шаб хоб мебинад, ки чор кас тобутеро рӯи китфҳо бардошта бурда истодаанд, як каси миёнбаста пеш-пеши тобут рафта истода дод мегӯяд: – Во худоҷоне! Во худоҷоне!

Наздиктар рафта бинад, ки шахси миёнбаста - шавҳари худаш. Хобашро ба дуохони мазор мулло Абдураҳим гуфтааст ӯ.

Дуохони мазор гуфтааст:
– Лам ялид ва лам юлад. Яъне зода нашудааст худо ва намемурад. Хоби зан - чаппа, яъне чаппа бояд таъбир кард. Яъне ишораест бар ту ва бар ҳамаи мо, ки мардуми аз худо дур шуда дар дилҳои худ худоро аз нав зинда мекунанд.

Хоби нағзе дидаӣ, Фаришта. Бубин, бисёриҳо худоро тамоман аз  ёд бурдаанд, танҳо дар вақти ҷаноза ё рӯзаи рамазон ба ёд меоранд.

Байни хоби Фаришта ва воқеъаи ногаҳонӣ алоқае буд ё не, танҳо худо медонад, аммо ҳодисае рух дод, ки гӯё дар бисёр ривоятҳои омиёна такрор омадааст. Фаришта шомгоҳӣ дар дег чалпак мепухт. Чун дар хона гӯшт набуд, чалпаки равғанӣ беҳтар аст, фикр кард ӯ.

Шавҳараш Шариф аз кор гурусна баргашт ва чанд бор гуфт, ки «занак тезтар ҷунб, шикам танбур навохта истодааст».

– Шикаматон сурнай навозад, ки худо хоҳад дар вақташ мепазад,- ҷавоб дод Фаришта.

– Тезтар ҷунб! – Таъкид кард мард.

– Худо хоҳад мепазад, Худо хоҳад мехӯред! - гуфт зан.

– Чӣ ин қадар «худо хоҳад» мегӯӣ ба як чизи оддӣ?  Худо хоҳад – нахоҳад,ки мехӯрам! - дод зад мард.

Ҳамин вақт дарвозаро сахт кӯфтанд. Дили Фаришта таҳ кашид: Чӣ фалокате сар зада, ки ин гуна бо шиддат дар мекӯбанд?

Мард аз ҷой хеста ба шитоб сӯи дарвоза рафт ва як табақа дарро боз кард.

Ду нафар милисаи шофбурут дар даст таппонча рост меистоданд.

– Шариф писари Шароф ту ҳастӣ?- Пурсид яке аз  онҳо.

– Ҳа ман!- Гуфт марди ҳайратзада.

– Дастота те. Ҳар дуяша.

Яке дастони Шарифро дошта истоду дуввумӣ кишан зад.

– Ман як деҳқони оддӣ, одами бегуноҳ,- гуфт Шариф.

– Пеш даро, ба милисахона равем, баъд мефаҳмӣ, ки гуноҳ дорӣ ё не!

Шариф ба занаш, ки мобайни  ҳавлӣ ҳайрон истода буд, гуфт:

– Хайр, занак, инҷо ягон хато шудагист, ягон кас тӯҳмат кардагист, - гуфт Шариф. – Умри тӯҳмат - кӯтоҳ. Зуд бармегардам, ту бисёр ғам нахӯр! Дар болом - худо, ман гуноҳ надорам!

Зани ӯ Фаришта Шарифро дӯст медошт. Дар тамоми Дурафшон ин хел марди хушққадду қомат, хушбурут бо чашмони мешӣ набуд дигар. Фаришта ӯро бори аввал савори аспу аробаи колхоз дида хуш карда буд. Вақте ки аспро аз ароба ҷудо карда савор мешуд, ҳар як одами дидагӣ дар дил мегуфт: – Ин аспи сафеди хол-холи сиёҳдораш Рахш будагист ва ин Рустами достон!

Вақте ки ба колхоз мошини боркаш доданд, раис аспи дӯсдоштаи Шарифро ба комбинати гӯшту консерва  супорид,, ба эътирози Шариф эътиборе надода. Ӯ аспро аз ҷонаш зиёдтар дӯст медошт. Чӣ қадар ғам хӯрд, ба ягон гӯшаи танҳои рафта чӣ қадар гиря кард.

Шарифро барои он ки аз Шарифҳои дигар фарқ кунанд, дар ғоиб Шарифи Хушбурут ё Шарифи Хушрӯй мегуфтанд.

Шариф бо ҳамин асп дар бузкашиҳо иштирок карда ва ғолиб омада соҳиби обрӯ ва мукофотҳои гаронбаҳо мегардид.

Ин мукофотҳо барои як колхозчии каторӣ,  ки музди меҳнати камее дорад, хеле аҳамиятнок буданд.    

Ҳамон шаб милисаҳо дар милисахона Шарифро бисёр лату кӯб карданд, ки куштани касеро тан гирад. Субҳи рӯзи дигар милисаҳои дигар аз деҳи ҳамсоя як Шарифи дигарро дошта меоранд, ки ҷиноятро ӯ содир карда будааст.

Яъне милисаҳо ба ҷои он Шарифи ҷинояткор ҳамному ҳамфомили ӯ Шарифи покизакорро бурда лату кӯб кардаанд.

Нисфирӯз буд, ки Шарифи Хушрӯй ба таги дарвозаи худ расид ва тақ-тақ кард.

– Вай кист? - Садо дод Фаришта.

– Худо хоҳад шавҳарат мешавам! - Бо шӯхӣ посух дод Шариф.

Баъди ҳамон лату кӯб гурдаҳои Шариф дард мекардагӣ шуданд, пешобаш олудаи хун буд. Мегузарад,- мисли ҳама деҳотиёни сода фикр мекард ӯ, чун дар бачагӣ бо ҳамсолони худ бисёр занозанӣ карда хуни бинӣ резонда буд.

Аммо  гурдаҳо як узви бисёр нозук будаанд, ки доруҳои духтурҳо таин кардаро хӯрад ҳам, ба зудӣ сиҳат шудан намехостанд.

Ба ин сарзамин гоҳ сиклони Сибир меомад, гоҳ сиклони Арабистон.

Сиклони Сибир ояд, ҳаво ногаҳон сард мешуд, сиклони Арабистон гарм буд, аммо дар роҳ гарду хокро аз даштҳои Афғонистон боло бардошта оварда ба ин ҷойҳо мерехт.

Рӯзе, ки хабари пош хӯрдани Шӯравӣ паҳн гардид, мардум дар пахтазор пунба мечид. Сиклони гарм омада буду аз осмони тирафом гарду ғубори зард меборид.

 Сипас колхоз низ барҳам хӯрду заминҳо пора-пора шуда ба иҷоракорҳо тақсим гардид.

Мардум кам бошад ҳам аз колхоз нонпулию чойпулӣ гирифта бо ҳосили замини наздиҳавлигиву ду-се гову се-чор бузу гӯсфанд бори зиндагиро мекашид.

Безаминмондаҳо дигар ҳақ надоштанд, ки говашонро ҳатто ба вотҳои барои хӯрдани алафи бегона бароранд.

Кам-кам ба ҳар тараф ба ҷустуҷӯи кор рафтани мардум сар шуд. Ба Русия, Қазоқистон, Куриёи Ҷанубӣ, Португалия. Агар бахташон хандаду гринкарти ИМА-ро буранд, худро хушбахт меҳисобиданд, бехабар аз он ки агар касбу ҳунари хуб ё илму дониши казоӣ надошта бошӣ, Амрико ё Бритониёро ҳаргиз орзу накун, чун он ҷо низ туро корҳои сахти ғуломона интизор аст. Хоки Ватан аз тахти сулаймон беҳтар.

Дар Дурафшони боло, ки дарунтари сой буду чанд хонаводаи туркҳо маскан доштанд аҳвол тангтар шуда  буд. Онҳо чорвои худро асосан аз ҳисоби алафи кӯҳҳои атроф мепарвариданд, аммо идораи маҳаллии вазорати хоҷагии ҷангал ба кӯҳҳо ниҳолҳои писта шинонда дигар ба ягон кас иҷозат намедод, ки чорворо ба кӯҳҳо сар диҳанд.

Чун мардҳои онон ба Русия рафтанду дар он ҷо ба коркоби моҳҳоро сипарӣ мекарданд, занҳояшон ба мардикорбозори занҳо баромаданд, ки дар он ҷо далолҳои фоҳишахонаҳо ба сайд меомаданд. Баъзе занҳо ба Аморат барин ҷойҳои дур рафтанд.

Занҳои сабукпойи Дурафшони боло аз Дурафшони поён Муҳаббати Сафед барин занҳоро ташвиқ карда бо худ бурда буданд.

Дар Дурафшони поён ва Дурафшони дашт пиронсолон, зану духтарони хонашин, бачаҳои мактабхон монда буданд. Ҳама дигарон рафта буданд ба ҷустуҷӯи кор.

Вақте ки духтари Шариф Покиза дар синфи нӯҳум мехонд, дар мактаб аз муаллимони мард танҳо омӯзгори таърих Мирсафо Малакзода монда буд ба мардикорӣ нарафта.

Ҳамин муаллимро дӯст медоштанд аксари талабагон. Аммо муаллимзанҳо бахилӣ мекарданд, чун хеле боистеъдод буд. Даъво мекарданд, ки чизҳое мегӯяд, ки дар барномаи таълим ва китоби дарсӣ нестанд. Ба ғайри ин китобҳои номаълуми дастхатро, ки ба хати арабианд, бо худ гирифта мегардад ва ҳамон ки вақти холӣ ёфт, онро гирифта мекушояд ва мехонад. Ба ғайри ин бо муллобачаи  ҳамсоядеҳ эшони Мустафо рафтуомад дорад, бо ҳамоне ки бар зидди кирмҳои нави баргипунбахӯр заҳрхимикатҳо таъсир накарданду бо як дуои ин муллобача ҳама кирмҳо дар як шаб кафида мурданд.

Мудири  мактаб барои назорат ҳафтае ду-се бор ба дарси муаллими таърих ягон муаллимаро барои тафтиш медаровард. Билохир овозаи ин хел муаллими ғариб ба гӯши органҳо расид ва як нафар бо либоси ғайринизомӣ омада китоби кӯҳнаи муаллими таърихро кашида гирифта ба экспертиза бурд. Ва баъди як ҳафта худи мудир, ки ба маркази ноҳия рафта буд китобро оварда ба муаллим дода бо зарда гуфт:

– Бо ин хел китобҳо каллаи худатону бачаҳоро гаранг накунед. Китоби илмӣ ва ғайридинӣ бошад ҳам дар программаи мактаби таълими ҳамагонӣ нест.

– Ман аз рӯи барномаи таълим дарс мегӯям,- эътироз кард муаллим, - Ин китобро барои кори илмии худам истифода  мебарам.

Баъд мудир ӯро дар шӯрои мактаб барои тоза накардани чанги болои ҷевонҳои кабинети таърих коҳиш намуда як огоҳии сахт ба дафтарчаи меҳнатиаш сабт кунонд.

Дертар нисфи дарсҳояшро ба як муаллими дигар дода миқдори маошашро панҷоҳ дар сад поин фуровард.

Сипас як воқеаи аҷибу ғарибе рӯй дод: Гови дӯшоии Фаришта гӯсолаи сепоя зоид. Фаришта дар ин бора ба Малакзода хабар дода маслиҳат пурсид, чун ӯро нисбат ба омӯзгорони дигар донишмандтар меҳисобид. «Эҳтимол, худованд бо ин амал мо  инсонҳоро аз хатари бузурге, ки дар натиҷаи вайронии экологӣ пеш хоҳад омад, огоҳ карданист»- гуфт Малакзода. Муаллими таърих ба як дӯсти рӯзноманигораш телефон карда хабар расонид. Аз рӯзномаҳову телестудияҳо омада суратгирӣ карданд.

Сипас дар як рӯзномаи ғайриҳукуматӣ мақолае чоп шуд, ки муаллиф огоҳ мекард: Дар кишоварзӣ истифодаи маводи заҳрхимикатҳо он қадар афзудааст, ки гӯсолаи сепоя он тараф истад, одами чорпоя зоида шавад, набояд тааҷҷуб кард!

Инро хонда раиси колхоз дар ғазаб шуд ва боре ба мудири мактаб бо оҳанги сахт гуфт: – Барои як гӯсолаи сепоя шуда обрӯи колхозамон рехта истодааст. Гӯё ки мо ба экология эътибор надода маводи кимёвиро аз меъёр зиёд истифода мекардаем. Ҷилави як тиррончаро кашида натавонӣ, ман ба таъмири мактабат ҳатто як сӯм пул ҷудо намекунам!

Болои муаллими таърих Мирсафо Малакзода абрҳои сиёҳ ҷамъ мешуданд. Аммо ӯ на ба кам шудани соатҳои дарсаш эътибор доду на ба таҳдидҳои нави мудири мактаб.

Сипас боз нақлеро сар кард, ки на дар китоби дарсӣ буду на дар барномаи таълимӣ:

- Дар замонҳое, ки  мардуми мо аз хилофати араб истиқлолро нав ба даст оварданд, амире будааст одил. Ҳафтае як рӯз беруни дарвозаи қаср баромада аз субҳ то шом арзу доди мардумро гӯш мекардааст. Як рӯз аз саҳар то шом нишастааст, касе ба шикоят наомадааст. Шом шуда торикӣ фаромада истода будааст, ки дар он тарафи майдони пеши қаср касе пайдо мешавад ва ба ҷониби амир нигоҳ мекунаду аз тарс худро оқиб мекашад ва дур шудан мехоҳад. Амир ба навкарҳои худ мефармояд, ки ҳамон мардро дошта биёранд. Вақте ки дошта оварданд, мепурсад: ту чаро аз ман метарсӣ?

– Хонаро аз одам холӣ кунед, баъд  мегӯям,- мегӯяд мард.

Амир фармон медиҳад, ки дарбориён аз ӯ дур шаванд. Вақте амир танҳо монд ва мард бовар мекунад, ки сухани  ӯро ягон каси дигар шунида наметавонад, мегӯяд:

– Сарлашкари шумо ҳафтае як шаб маст шуда ба хонаи ман меояд. Сипас ба номуси зану духтарам мерасад. Баъд мехобад ва саҳар бо таҳдиди «агар ба касе гӯи, мекушам!» баромада меравад.

Тарсам аз он ки вай аз шумо зӯртар аст, дар ихтиёраш тамоми лашкари давлат.

Бо шунидани ин воқеа ашк аз чашмони амир равон мешавад. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло ба хонаат рав ва хамон шабе, ки сарлашкар ба хонаат омад, ба таги давозаи қаср меоӣ. Ё касеро фиристода ба ман маълум мекунӣ.

Бачаҳо ба ин ҳикояти Мирсафо Малакзода бо шавқи калон гӯш медоданд. Муаллим ин ҷо истода гулӯ афшонд. Дар синф агар ҳоло пашшае пар мезад, садои пари онро шунидан мумкин буд. Худи муаллим низ аз чунин воқъа гӯё бори аввал шоҳидаш шуда истодааст, ба риққат омада дар садояш лаҳни ғаму андӯҳи гарон ва гиря падид омада буд.

Мирсафо Малакзода гӯё дар гӯлӯяш чизе дармонда бошад, мушт ба лаб гузошта боз як бор сурфид.

Бачаҳо бесаброна нақли давоми қиссаро интизор буданд.

Ҳамин вақт дари синфро ба шитоб тақ-тақ карданд. Муаллим ба шитоб сӯи дар қадам ниҳод. Як мард, ки эҳтимол ҷӯраи муаллим буд, дарро кушода сар дарун карда гуфт:

– Зуд бош, ки бароят билет ёфтем, самолёт баъди ним соат мепарад.

Муаллими таърих ба бачаҳо «хайр, бачаҳо» гуфту худро ба берун зад ва давида ба мошине, ки дар беруни дар истода буд, савор шуд.

Вақте ки бачаҳо ба берун баромаданд, танҳо аз мошине, ки муаллими онҳоро бурда буд бӯи дуди бензин дар ҳаво монда буд. Чанд кас гиристанд ва Покиза низ. Покиза ва дигарон давоми қисса чӣ шуд ҳамин тавр нафаҳмида монданд.

Муаллими таърих аз кадом як ҷои дур омада буд ва дигар ба ин тарафҳо боре наомад, ки бачаҳо пурсанд: оқибат чӣ шуд, амир тавонист, ҷазои он ҳаромхиштакро диҳад ё не?

Ҳар пойиз, вақте ки пунбаҳо мешукуфтанд, донишҷӯёни ягон факултаи донишгоҳ ба колхози Дурафшон меомаданд, ки ба иҷрои плони чиниши пахта ҳисса гузоранд. Байни онҳо қисме умуман пахта ночида ба табелчӣ ё худ тарозубон ё сардори бригада пул дода пахта мехариданду дар давоми маъракаи чиниши пахта истироҳат  мекарданд. Ба туфайли ҳамин тоифаи бекорхӯҷа баъзан айшу нӯш сурат мегирифт. Онҳо мактабиёни калонсолро низ ба давраи худ мекашиданд.

Боре Покиза, ки дар як қитъа бо онҳо пунба мечид, ба давраи онҳо даромада монд.

Донишҷӯёни айёш аз мағозаи деҳа портвейн ва вермутҳои солҳои зиёд чанг зер карда хобидаро оварда дар байни ҷӯякҳои пунбазор нишаста менӯшиданд. Покиза, ки нав бо онҳо ошно шуда буд, танҳо барои он ки аз давра берун накунанд, лабашро тар мекард. Аммо ҷавонписарон аз даҳони шиша қул-қул ба гулӯ рехта шишаҳоро холи мекарданд. Яке ин рубоии Хайёмро мехонд:

Эй бода, ту маъшуқи мани шайдоӣ,
Ман мехӯраму натарсам аз расвоӣ.
Чандон хӯрамат, ки ҳар ки бинад гӯяд:
«Эй хуми шароб, аз  куҷо меоӣ!»

Дигаре илова кард ин рубоии Хайёмро:

Пок аз адам омадему нопок шудем,
Шодон ба дар омадему ғамнок шудем.
Будем зи оби дида дар оташи дил,
Додем ба бод умру дар хок шудем.

Ҷое, ки онҳо нишаста буданд, дар наздикии роҳ буд ва ин дам аз паҳлӯи он дуохони мазори Авлиёхоҷа мулло Абдураҳим мегузашт. Ӯ наздик омада гуфт:
– Оре, умр бар бод дода истодаед. Рост гуфтааст шоир.

Як ҷавонписари шаттоҳ гуфт: – Салом бобо! Зиқ шудем, камтар дилхушӣ кунем гуфтем-дия.

Покиза бошад аз ҷой хеста гуфт: – Мо маст нашудаем, бобо!

Бобо гуфт: – Маст шудед ё нашудед,  аҳамият надорад. Далели асосӣ он аст, ки шароб нӯшидед. Ҳикоятест машҳур дар ин бобат. Шумо ҷавонони имрӯза на чанги меҳмонхонаро хӯрдаед на чанги мактабхонаро. Яъне бехабаред аз қиссаву ривоятҳои пандомез.

Як одам аз шайтон қарздор шудааст. Қарзро дода наметавонистаст, зеро аз ҳад зиёд калон будас ҳаҷми қарз. Сипас шайтон шарт мегузорад, ки ба ивази пардорхти қарз аз се яки ин корро кунад: Якум як бачаи бегуноҳро мекушад, бо як зан зино мекунад, ё як коса шароб менӯшад.

Марди қарздор як коса шаробро интихоб кард, чун ба фикраш дар байни ин  гуноҳҳо аз ҳама сабуктар буд. Шайтон як кӯза шароб ва як зани кӯдакаш се-чор соларо оварда ғайб зад.

Мард зуд як коса шаробро дам кашид. Шароб он қадар зӯр буд, ки ақлаш дигар кор накард. Боз як коса нӯшиду фикр кард, ин ҷо хилват ва агар ба номуси ин зан бирасад касе намебинад. Бача дуртар рафта саргарми бозӣ шуда буд. Мард занро ба замин афтонда саргарми ҷимоъ буд, ки кӯдак давида омада «бо очам чи карсодӣ» гуфта часпид. Мард ӯро бо даст тела дода буд, ки ба замин афтод ва сараш ба санг заду мурд. Шайтон, ки аз паси кадом бутта ҳамаи инро медид, наздик омада гуфт:

– Ҷое, ки шароб аст, ба макру дасисаву найрангҳои дигари ман ниёз нест. Худи шароб аз шайтон ҳам зӯртар аст.

Мӯйсафед инро гуфта ба роҳаш давом карда буд, ки ҷавоне гуфт: – Мо барои шайтонӣ не, ба эътироз аз ин тарзи зиндагӣ менӯшем.

– Нӯшида ақлро хира кардан осон, аммо мард бояд бо иродаи мустаҳкам душвориҳоро бартараф кунад.- Гуфт мулло Абдураҳим ва бо сари баланд роҳашро идома дод.

***

Ҳамон рӯзи наҳс Покиза оинаи рӯимизиро афтонда шикаст. Моҳ рӯи Офтобро гирифт. Ба қавли мардум Офтоб сӯхт.

Бачаҳои деҳ болои бомҳо баромада ба пушти лагану сатилҳои кӯҳнаи филизӣ бо чӯбу санг зада машҳаре ба по карданд.

Осмонро сиёҳӣ пахш карду замин гӯё аз зери пои Покиза канда шуд.

Бисёр воқеъ шудааст, ки духтарҳои сияҳрӯзи бакорати худро аз даст дода аз даҳшати шаби аввали ҳамхобӣ бо домод ба воҳима афтода, ба сари шахи баланд баромада худро поин андохта мекуштанд.

Аммо Покиза ба таъсири филмҳои ғарбӣ буд ё романҳои ишқие, ки даст ба дасти донишҷӯён мегашту ба дасти ӯ низ мерасид, чунин фикр дошт, ки зиндаги бо ин тамом намешавад, бояд зисту ҷазои ҷинояткорро дод.

Оё имкони шикоят ва ба додгоҳ кашидани раис буд?

Буд, аммо ба фикри Покиза ба даъво кардан ягон далели қатъӣ вуҷуд надошт. Аз худ из боқӣ намегузоранд чунин шайтонҳо.

Покиза  ҳамон қадар дар ёд дорад, ки барои муолиҷаи камхунӣ ба поликлиникаи маркази ноҳия рафта баъди аз назди духтур баромадан аз дорухона дору харид.

Дар сари роҳ, ки ба Дурафшон мебарад, интизори ягон мошин буд.

Мошинӣ сафеди Газ-31 дар сероҳа аз роҳи калон баромада ба тарафи роҳи камбартаре тоб хӯрд ва ба назди Покиза истод. Дар сари чанбар раис нишаста буд, дар паҳлуяш Муҳаббати Сафед.

– Бишин мебаремата, причём муфт! – Гуфт Муҳаббати Сафед аз тирезаи бози мошин сар бароварда.

Покиза ба курсии қафо нишасту мошин ба ҳаракат даромад. Баъди ду-се дақиқа раис ба Муҳаббати Сафед гуфт: – Ту ягон чизата фаромӯш кардагӣ барин менамоӣ.

Муҳаббати Сафед, ки  бо раис бисёр шабҳоро рӯз карда бо як имою ишора таги гапи ӯро мефаҳмид, гуфт:

– Ҳа раисҷон, як ба супермаркет даромаданам даркор буд. Ҳамин ҷо истед. Ман мефуроям ва баъди ягон соат бо мошини дигар меравам.

Муҳаббати Сафед баъди истодани мошин зуд фуромад.

Агар ҳамин Муҳаббати Сафед намебуд, Покиза танҳо худаш ҳаргиз ба мошини раис наменишаст. Дар  ин маврид ӯ низ бояд «ман низ як чизро фаромӯш кардам» гуфта аз  мошин пиёда мешуд, аммо бар асари камхунӣ мағзаш дуруст кор накард ва худро он қадар бемадор ҳис мекард, ки зудтар ба хона расидан мехост.

Раис ба оиначаи болои шишаи пеш ба ранги рӯи қарси сафед барин кандаи Покиза нигариста гуфт: – Чаро рангат парид? Натарс, намехӯрам!

– Духтурҳо гуфтанд, ки хунат кам шудааст. – Гуфт Покиза.

– Бисёртар гӯшт хӯрдан даркор,- гуфт раис,- бачаҳои ман гушт мехӯранд, ягонтаи онҳо камхун не.

– Наввад дар сади занҳои Дурафшон касалҳои камхунӣ доранд. Ба гӯшт харида хӯрдан кӣ пул дорад?- Гуфт Покиза.

– Биё ман туро ба ягон ошхона бурда сихкабоб зиёфат кунам? - Гуфт раис.

– Лозим нест! - Бо қатъият гуфт Покиза.

– Ихтиёрат! - Гуфт раис.

Покиза, ки дар курсии қафо нишаста буд, аз аз пас танҳо ду барии рӯйҳову гардани ғафси сурхи раисро медид. Аз дил гузаронд, ки ин раис аҷаб шакле доштааст, гуё ки калла надорад, ҳамту ки сар давоми гардан ба мисли як табачкаи дароз. Ба фазои салон кам-кам бӯи шароб аз нафаси раис паҳн мегардид.

«Аз зиёфат меояд ин хук» тахмин кард  Покиза.

Раис папирос гиронд, дуди ғализи сархушкунандае фазоро фаро гирифт.

«Эҳтимол тамокуяш банг дорад»- фикр кард Покиза ва шишаи тирезаи нимбози дари паҳлуи худро то поин фуровард.

Роҳи байни маркази ноҳия ва Дурафшон хеле камодам буда аз байни дашти калони беоб мегузарад. Раис папиросро дуд дода мошинро хеле суст меронд, гӯё ки ҷизе гуфтанӣ ҳасту  аммо андеша мекунад.  Покиза бошад ҳис мекард, ки дасту пояш латта шуда истодааст.

Дар нисфи роҳ сари Покиза чарх зада дилаш беҳузур шуд. Ӯ аз раис илтимос кард, ки мошинро боздорад. Аз мошин фуромаданашро дар ёд дорад, дигарашро не. Вақте ки ба худ омад, дид, ки болои  сабзаҳои сари роҳ рӯболо хобидааст.

Ба номусаш расида гурехтааст, раиси номард.

Худро ба тартиб оварду дар канори роҳ хеле интизор нишаст ва бо як мошини дигар ба деҳа расид.

– Эҳ агар падарам зинда мебуд,- фикр мекард вай.

«Ман ҳатман ҷазоятро хоҳам дод, раиси ҳаромӣ» - мегуфт ба дили худ,- ба ҳар навъе ки бошад ҳам барои падарамро азоб доданат ва ҳам маро беномус карданат хоҳам кушт.

Ӯ ба додараш, ки метавонист қасос гирад низ ҳарфе нагуфт. Нахост, ки ӯ барои вай шуда ба раис корд занад ва солҳои дароз дар ҳабс умрашро хазон кунад. Медонист, ки бе туфанг наметавонад раисро кушад. Ва тасаввури худаш буд ё шунида буд, ки як туфанг чанд хазор доллар аст.  

Ба як қарор омада наметавонист, ки чӣ тавр қасос гирад. Аввал ба доми фиреби Муҳабати Сафед афтода ба Дубай рафта омад. Сипас бо даъвати як дугонааш ба Петербург рафта ба мағозаи сабзавот ба кор даромад. Сабзавотро ба навъҳо ҷудо мекард. Ӯ дар ин ҷо ҳамдеҳаи худ Самари кисабурро дучор шуд, ки ба ӯ баъзе сирҳоро боз намуд.

Самари кисабур, ки зану бача намекарду шомро дар ресторану фоҳишахонаҳо мегузаронид, дар мағоза Покизаро дида хурсанд шуд.

Покиза гуфт:

– Дуздӣ ба дилат назад, Самар?

– Аз ғулом барин мардикорӣ кардан дуздӣ магар беҳтар нест?- гуфт Самар.

– Дуздӣ нони ҳалол не, нони мардикорӣ бо ғуломӣ ба даст омада бошад ҳам ҳалол. Чунки заҳматаш ҳаст.

– Дуздӣ низ заҳмат дорад. Вале ман озодам, озод. Мисли ту ғулом нестам.  Беҳтар, аст,  ки ба қишлоқ баргардам ва поруи гови говхонаи раисро тоза кунам? Ту низ наметонӣ дигар баргардӣ. Дар он  ҷо ба Дубай рафтанат овоза шудагӣ. Додарат гуфтаст, ки ба деҳа баргардӣ мекушад туро.

– Ба Дубай рафта чӣ гуноҳ кардаам?- Гуфт Покиза.

– Бо Муҳаббати Сафед ба Дубай рафтӣ?- Пурсид Самари киссабур.

– Вай манҷалақӣ маро бо фиреб ба домаш афтонданӣ шуд. Гуфт, ки танфурӯшӣ не, балки дар як меҳмонхонаи Дубай фаррошӣ хоҳам кард. Аммо дар он ҷо паспортамро кашида гирифта ба танфурӯшӣ маҷбур карданӣ шуд. Гардан нафуровардам. Гуфтам, ки ба полис меравам ва ба идораи газета рафта ҳама корҳои ношоистаи шумоёнро мегӯям.

Намедонам замона  дигар шудагӣ ё худи онҳо, ки раҳо карданд. Аммо Муҳаббати манҷалақӣ ба ҳамқишлоқии мо Сафармоҳ, ки аз Дубай баъзе чизҳо харида оварда ба мағозҳои ноҳиямон тақсим карда медод, гуфтааст, ки Покиза ҳамроҳи вай бо танфурӯшӣ машғул аст. Аз даҳон ба даҳон паҳн шуд ин хабари бад. Бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ бо моҳ шинӣ моҳ  шавӣ! Ҳамин тавр қасос гирифт барои ғулом нашуданам.

Покиза каме хомӯш нишаст, гӯё чизеро фикр мекард.

Вале ба ин ҳол афтодани ман асосан аз касофати раис. Ман бояд пул ҷамъ карда яроқ харам ва ӯро кушам!- Гуфт бо қатъият.– Ту ба ман барои харидани як туфангчаи хуб ёрдам карда метавонӣ?

Аз ин суханони Покиза Самар як қад парид. Наход ба чунин иқдом қодир бошад?- фикр кард ӯ ва сирри падари ӯро боз карда аз роҳ боздоштанӣ шуд: –  Ба худат раҳм намекунӣ, ки дар ҳабс умрат беҳуда мегузарад? Куштан осон, лекин ба ҷони худат ҷабр мекунӣ!

– Бигзор  ҷабр кунам, лекин адолат тантана мекунад.  

– О медонӣ, зани раис  маъшуқаи кӣ буд? Бо падари ту хоб мекард. Ягонтои бачаҳояш ба раис монанд нест. Ҳамаашон чун себи дукафон ба падарат монанд,- гуфт Самар бо лабханд.

– Наход падарам ҳам…- ғурунгид Покиза, ки гӯё забонаш ба комаш часпида буд.

Покиза ҷеҳраи ҳама фарзандони раисро як-як пеши назар оварда бовар кард, ки Самар дурӯғ намегӯяд.

Баъди каме таваққуф гуфт:

– Ҳеҷ мумкин нест, додом раҳматӣ намозхон буданд. Агар бошад ҳам дар байнашон ишқ будагист.

– Эҳтимол будагист, боз худо  медонад. Онҳо дар як синф мехонданд, додот ва зани раис. Зани раис – духтари Саломи савдогар-ку, аз оилаи бой, ҳама додарҳои Саломи савдогар суду прокурору милиса.

Раис аз бачагиаш афирист буд. Ба вай ҳамин хел хешу табор лозим буд, то ки пуштибон шаванду ҳар гуна қонуншикание, ки ҳаст, натарсида кардан гирад.

Вақте ки раис ба хонаи маъшуқаи падарат хостгор фиристодан мегирад, ба ӯ  мефахмонанд: Духтари мо одам доштааст.

Вале раис хостгориро давом додааст.

Сипас падаратро, ки он вақт ҷавони бедару хона будааст, даъват карда мегӯянд: - Синни духтари мо калон шуда истодааст, агар интизор шавем, ки баъди чанд сол пулдор мешавию хостгорӣ мекунӣ, пирдухтар мешавад ва дар ин муддат ту духтари дигарро хуш карданат мумкин. Олами ҳаводис гуфтаанд.

– Ман ҳоло имконият надорам,- рӯирост гуфтааст падарат,- на хона сохтаам, на кор карда барои хароҷоти тӯй пул ғундоштаам.

– Ба қавле сари духтари соддаякро беҳуда гаранг карда гаштаӣ!- гуфта хеле лагадкӯб кардаанд падаратро.

Сипас пеши раис чунин шарт гузоштаанд:

– Агар барои ягон нуқсаш духтарро таъна кунӣ, ҳама корро мекунем, ки туро бурда ба паси панҷараи оҳанӣ шинонем. Агар рӯи кафат бардошта гардӣ, ҳама корро мекунем, ки раиси колхоз шавӣ!

Ба раис хеле писанд афтодааст ин шарт!

– Ман ба Қуръон қасам мехӯрам, ки бӯи ягон гапи бад аз ҳавлии ман берун намеояд! – Гуфтааст ӯ. Қуръонро овардаанд ва савганд хӯрдаст раис.

Аммо баъди никоҳ бо раис низ зани раис мулоқоти худро бо падарат тарк накардааст. Дӯст медошт падари раҳматиатро, охир ин хел марди хушбуруту хушрӯй дар ин атрофу акноф дигар набуд.

Ҳамон рӯзе, ки раисро ба маркази ноҳия, ки 60 километр дур аст, ба маҷлис даъват кунанд, зани раис бо падарат «маҷлис»-и худашонро мегузаронидаанд, гуфта Самари дузд мулоимхунукона хандид.

Покиза ба даҳшат афтод: Наход ҳамаи ин ҳафт нафар ҳаромзодаҳо, ки воқеан ҳам мисли раис шайтону маккоранд, аз ҷиҳати биологӣ бародарони ӯянд?

Ҳатто аз ҳама хурдии ин писарҳо, ки дӯкони доруҳои кишоварзӣ кушодаасту Бобо Санги токпарвар аз ӯ доруи зидди шӯри ток харида баъди задан токҳо сӯхта ҷинҷак шуданд, шайтони шайтонҳост, ки ба Бобо Санг гуфтааст: Шумо аз норм зиёд пошидед! Айби мо нест. Дору ҳамон доруст, ки завод баровардааст.

Ҳамон сол Бобо Санг бо қарз рӯз гузаронид. Якто гови ҷӯшоӣ дошт, ки аз байни ҷӯякҳои токзор  алаф даравида медод, ҳамон низ (ба алафҳо чанги заҳри кимёвӣ расида будааст) касал шуда мурд.

Покиза падарашро дар дил «Сизиф» мегуфт. Ҳамон симои устураии юнонӣ ё римӣ, ки ба болои кӯҳ санги калони лӯндаро ғелонда-ғелонда мебаровард ва худоён он сангро боз ба поён меафтонданд ва ӯ маҷбур буд боз он сангро ба теппаи кӯҳ барорад. Як азоби доимии беохир.

Шариф низ дар колхоз кор мекард, чун корхонаи дигаре набуд дар ин атроф ба масофаи сад-дусад километр.

Раис ба ӯ токзори камҳосилро  медод. Шариф хоку кӯлӯхи кӯҳна кашонда ба таги решаи токҳо рехта заминро нерӯманд мекард ва аз ҳар гектари ток камаш 300-400 центнерӣ ангур гифта ба пункти қабул месупорид. Ҳамин ки ба чунин натиҷа расид, раис ин заминро аз ӯ гирифта ба ягон хеши худ медоду Шарифро ба корам кардани ягон замини санглох мефиристод.

Вақте ки он заминро аз санг тоза карда ҳосилхез мегардонд,  онро аз ӯ гирифта боз ба ягон қитъаи нообод мефиристод.

Масалан сол камбориш омада дар ҷӯйҳо об кам шаваду хатари барои об бо ҳамдигар даст ба гиребон шудани деҳқонҳо пеш ояд, ҳатман Шарифро мироби колхоз месохт. Ва ҳамон  сол деҳқонҳо дар талоши об ӯро на танҳо бисёр дашном медоданд, балки лату кӯб ҳам мекарданд. Раис ӯро чӣ қадар зиёд азоб диҳад, Шариф ҳамон қадар зиёд мекӯшид, ки бо зани ӯ зиёдтар мулоқот намояд, ва ба ин тариқ азоби худро ҷуброн намояд.

Арбоб занад ба ҳар боб гуфтаанд, ки рост будааст.

Раис билохир ба мақсади худ расид. Рӯзе ба Шариф фармуд, ки ба полези картошкаҳои гамбуски Калифорния зер карда заҳрхимикат бипошад. Ҳама гуна заҳрҳое, ки ҳашароти зараррасони маҳаллиро нест мекунад, ба ин гамбуск таъсир намекардааст. Гамбуски Калифорния бо тухми картошкаи нав аз Ғарб омада буд ва дар чанд рӯзи ангуштшумор баргҳои картошкаро пок-покиза мехӯрду навдаҳои холиро мегузошт.  Сипас ба полези боимҷон ҳуҷум мекард.

Раис як халта заҳрхимикатро оварда доду противогазро наовард.

Ин заҳрхимикат нисбат ба доруҳои зидди ҳашароте, ки кор мефармуданд, даҳчанд пуртаъсиртар будааст.

Шариф баробари ғуруби офтоб ба дорупошӣ шурӯъ кард, аммо як шамоли ногаҳонӣ чанги доруро ба чашмаш зад. Ҳамон лаҳза чашмонаш гӯё оташ гирифта ба сӯзиш даромаданд. Ҳарчанд бо оби ҷӯй шуст, дардаш сабук нашуд. Рӯзи дигар тамоман нобино шуд.

Духтури чашм гуфтааст, ки ин заҳр тораҳои асаби чашмро ба тамом нест кардааст.

Шариф ин зарбаи ногаҳониро бардошта натавонист. Як қуттӣ доруи хобро нӯшиду худро аз азоби ин дунё батамом халос кард.

Тақдири модар бо чӣ анҷомид, инро низ ногуфтан наметавон. Фаришта бар асари саратони ҷигар аз олам даргузашт. Саратон худ аз худ пайдо намешавад, ин низ таъсири заҳрхимикатҳое, ки дар кишоварзӣ истифода мешаванд, фикр мекард  Покиза.

Чӣ орзуҳои ширине дошт модар!

Агар ба духтараш хостгор биёяду тӯй кунанд, худаш барои маросими арӯсӣ куртаи аз ҳама зебоеро, ки он духтарашро шаҳбону барин нозанину мисли парӣ фариштачеҳра мекунад, интихоб хоҳад кард. Ва ҳатман «зеби гардан»-и заррини аз модараш мерос мондаро ба гардани духтараш хоҳад овехт.

Аммо солҳо сипарӣ мешуданду хостгоре дари хонаи ӯро намекӯфт.

Вақте ки синни Покиза аз сӣ гузашт, модар гуфт: Ягон марди калонсол ё муйсафед биёяд низ медиҳам духтарамро.

Аммо дар деҳот теъдоди духтарҳои бешавҳармонда зиёд шудан гирифтанду харидор рӯз ба рӯз кам. Ҳар сол аз Русия тобути ду-се ҷавонписари ҳанӯз хонадор нашудаи Дурафшонӣ меомад, дар тобутҳои филизӣ ва теъдоди домодшавандаҳо камшавӣ дошту шавҳаркунандаҳоро ба ноумедӣ мекашид. Ҳамин тавр орзуҳои худро ба таги хок бурд модар.

Баъди шунидани қиссаи муносибатҳои байни падараш ва зани раис дар дили Покиза ҳисси интиқомҷӯӣ аз раис кам шуд, аммо хомӯш нагардид. Фарзандон барои ҷиноятҳои падарони худ ҷавобгар нестанд,- фикр мекард  ӯ.

Ҳамсинфи  Покиза, ки дар Маскав мардикорӣ мекард,  боре ба Петербург ба дидорбинии як додараш, ки дар бемористон бистарӣ будааст омада барои харидани мева ба мағозаи Покиза сар халонид. Покизаро дида бисёр хурсанд шуд. Солҳои мактабхониро ба ёд оварданд. Сипас ӯ гуфт:

– Ман дар Маскав муаллими таърих Мирсафо Малакзодаро дидам. Кӯча мерӯбад!

– Дар куҷои Маскав? - Оташи шавқ дар чашмони Покиза дурахшид.

– Дар сари хиёбони Арбат, дар ҳавлии якум. Шабҳо хавлӣ мерӯбаду рӯзона дар аспирантура мехонад.

– Ман бисёр мехоҳам ӯро бубинам. Баъзе суолҳо дорам,- гуфт Покиза.

Покиза рақами телефони ҳамсинфашро навишта гирифт, ки агар ба Маскав равад, ӯро низ пайдо кунад.

Сипас гуфт: – Ман дар рӯзи истироҳат ҳатман ба наздат меравам, муаллимро огоҳ кун, ки ҳамин якшанбе ба ягон ҷои дигар наравад, маро интизор шавад.

Ҳамин тавр шуду ҳамсинфи Покиза ӯро бо муаллими таърих Малакзода рӯ ба рӯ кард.

Баъди ҳолпурсӣ Покиза ба муаллим гуфт:

– Ҳеҷ аз ёдам намеравад, қиссае ки сар кардеду давомашро нагуфта ба сӯи мошин тохтед, то аз самолёт дер намонед.

– То куҷо нақл карда будам?

– То он ҷо расида будед, ки амир мегӯяд, агар сарлашкар ба хонаат омад, ба назди ман касе фирист ё худат биё.

– Гӯш кун давоми қиссаро. Баъди як ҳафта шабе сарлашкар боз маст шуда ба хонаи ҳамон мазлум меояд. Боз ҳамон ҷинояти мудҳишро такрор мекунад.

Вақте ки хобаш бурд, мард оҳиста хеста берун мебарояд. Ба назди қаср меояд. Вақте ки ба дарвозаи қаср наздик шуд, ҷавшанпӯше бо шамшери луч берун омада мегӯяд: – Рафтем!

Маълум, ки амир хар шаб нахобида ҳамин хел мусаллаҳ дар таги дарвозаи қасраш интизори омадани он мазлум меистодааст.

Амир ба хонаи он мард рафта мебинад, ки дар ҳақиқат сарлашкари худаш, ҳамон касе, ки борҳо ӯро дар ҷангҳо аз душман муҳофизат карда буд, гуфтан мумкин сабаби зинда мондани амир дар ҷангҳои шадид буд.

Бо вуҷуди  ин бо як зарба сари сарлашкарро аз танаш ҷудо кард. Баъд ба мард гуфт: – Нону об биёр!

Мард нону об овард. Амир нишасту ба тановул шурӯъ кард. Дид, ки аз ин кори ӯ мард ҳайрон рост истодааст, гуфт:

– Аз бозе ки ту қиссаи ин ҳаромзодагии сарлашкарро гуфтӣ, дигар чизе аз гулӯям нагузашт. Қариб як ҳафта шуд, ки чизе нахӯрдаам.

– Баъд тақдири он мусибатзодаҳо яъне духари беномусшудаи он мард чӣ шуд?- Пурсид Покиза.

– Ман гунаҳкорам, ки сарлашкарро назорат карда натавонистам,- гуфтааст амир, – Ба ин сабаб амнияти шуморо таъмин карданам зарур. Духтаратро ба ягон ҷавон марди хуб тӯй карда медиҳам. Ту бошӣ аз имрӯз сар карда бо аҳли байтат ба чорбоғи ман мекӯчӣ, боғбони ман мешавӣ.

Баъди нақли давоми достон дар байн хомӯшии гароне ҳукмрон шуд.

Покиза ба хаёл ғӯтавар шуда буд.

– Чаро ин  кадар ғарқи андӯҳ гардидӣ?- Гуфт муаллим.

– Чунки қисса дигару зиндагӣ дигар. Масалан касе наметавонад ҷазои раиси ҳаромро диҳад.

– Магар хабар надорӣ?- Гуфт Малакзода,- Дили раис кафиду мурд ҳамин зимистон. Маст шуда бо занаш ҷанҷол кардааст, занаш гуфтааст, ҳамаи ин бачаҳое, ки дорӣ аз ту нест. Замин сахт ях баста буд. Чукур кофта натавонистанд. Гӯё ки замин низ аз ҳаромхӯриаш хабар доштааст.

Сипас базӯр як метр чуқур кофта болои майит хок кашиданд.

Саҳар барои фотиҳахонӣ ба сари қабр омадагиҳо дидаанд, ки сагҳо мурдаашро аз гӯр бароварда хӯрдаанд…   

Покиза аз ҷои худ баланд шуда гуфт: – Будаст худо!

Ба назараш чеҳраи ҳамон муллои ҷавон намуд, ки дар сари майдони пахтазор бар зидди ҳашароти ба заҳрҳо тобоваршуда дуое мехонд.

Аҷаб  чеҳраи нуроние дошт он муллои ҷавон.

– Мулло Мустафо дар куҷоянд?- Пурсид аз муаллим, – Шумо бо ӯ рафтуомад доштед.

– Ба мадрасаи динӣ дохил шуданӣ буд, пули калон талаб кардаанд. Ҳоло дар Грозный ба бачаҳо Қуръонро меомӯзонад,- гуфт Мирсафо Малакзода. - Мулло Мустафо чанд бор аз ман туро суроғ карда буд.

Дар чашмони шаҳлои Покиза шӯълаи умед дурахшид. Табассуми малеҳе дар атрофи лабони чун гулбарги тар нозукаш мавҷ зад.

Покиза бори аввал он муллои ҷавонро дар воти пахтазор вақти дуохонӣ бар зидди ҳашарот дида буд. Либоси нимдошти обшуста ба тан дошт, аммо аммо шинам буд. Яктаки дарози рах-рахаш қади баландашро боз ҳам дарозтар нишон медод. Дар сар мисли муллоҳои дигар саллаи сафед не, балки тоқии чустӣ ниҳода буд, ки он низ обшуста буд, аммо ҳам туфлиаш, ҳам шимаш, ҳам  яктакаш, ҳам тоқиаш хеле тоза ва покиза буданд.  

 Баъди дуохонӣ падари Покиза муллои ҷавонро «ба як пийла чой марҳамат» гӯён ба ҳавлиаш бурда зиёфат карданӣ шуд, аз рӯи одати ҳамешагии мардум ба пешаш дуто нонро ба рӯймоле баста ба дасташ доданӣ буд ва ҳам чанд сӯм ба кисааш тиққонданӣ буд.

Аммо муллои ҷавон қатъиян рад кард ва вақте ки Шариф ба кисааш пул тиққонданӣ шуд, сахт рад карда гуфт: - Ҳеҷ хел пул лозим нест! Мо дуофурӯш нестем!

Сипас  бо чашмони пур аз оташи меҳр ба сӯи Покиза нигоҳ карду рафт. Аз ин нигоҳ чӣ хеле ки аз шарораи ба сӯятон парида ва ба пӯсти дастатон расида сӯзише ҳис мекунед, дили Покиза низ ҷиззӣ кард.

Покиза бори дуюм мулло Мустафоро авали бахор дар бозори ниҳол дучор шуд. Ӯ ба бозор қаламчаҳои решагирифтаи токро бароварда буд. 

Деҳқони колхоз агар ба умеди ҳаққи меҳнати колхоз шавад, аз гуруснагӣ мемурад. Ба ин сабаб ҳар як колхозчӣ камаш як-ду сар гову госола, ду-се сар бузу гӯсфанд, даҳ-понздаҳ мурғи хонагӣ мепоид. Ба ғайри ин дар қитъаи замини назди ҳавлигиаш, ки аз шаш сотих иборат буд, камтар картошка, сабзӣ, помидор ё ягон чизи дигар корида соле ду-се бор ҳосил мебардошт ва ҳатман дар нимаи дуюми тобистон чуворӣ корида барои хӯроки чорвои хонагӣ дар зимистон бо чуворипоя чортоқи зери бомро пур мекард.

Шариф дар пеши айвони иморати худ, токи ангури ҳусайнии шохи буз ва соҳибиро ба воиш бардошта буд. Ва ҳар сол баъди мавсими токбурӣ навдаҳои буридаи токро барои аз қаламча сабзондани токи нав истифода мекард ва аз фурӯхтани ниҳолҳои ток барои Покиза сарупои нав мехарид.

Мулло Мустафо барои ниҳолхарӣ ба бозор омада буд ва аз дур Покизаро шинохт. Гӯё ки аз дур дар байни хок пораи тиллои соф ҷило дод ва ӯ ба назди Покиза омада аз ӯ ва хонаводааш ҳолпурсӣ кард. Сипас гуфт: - Ба ман навъи ангури қадимаи худамон ниҳоли ангури соҳибӣ даркор.

– Ҳаст,- гуфт Покиза ва табассуми малеҳе атрофии лабони гулбаргаш мавҷ зад.

– Ба Шумо ин ангур чаро хуш омадааст?- Гуфт Покиза.

– Пусти нафиси гулобӣ дорад ва таъми хуш. Ин гуна таъми хуш танҳо хоси ҳамин ангур аст.

– Ба ғайри ин ҳусайнии шохи буз дорем,- гуфт Покиза,- ин хели ҳусайнӣ тилло барин заб-зард ва асал барин ширин мешавад.

– Медонам ин сифати онро,- гуфт муллои ҷавон,- аммо онро дар бозор чӣ гуфта таъриф мекунанд?

– Ангуштони арӯс мегӯянд,- гуфт Покиза.

– Намехоҳам чизеро, ки ба ангушти инсон монанд бошад, бихӯрам,- гуфт мулло Мустафо.

Муллои ҷавон ду дона ниҳоли ангури соҳибиро интихоб кард ва гуфт: - Чанд сӯм мешавад?

– Барои Шумо - бепул, яъне - ҳадя,- гуфт Покиза.

– Ман ин ҳадяро бо ҷону дил қабул кардам,- гуфт Мустафо,- Ҳар бор аз ангури ин токҳо хӯрам, чеҳраи шуморо пеши назар хоҳам овард, чун нотакрор аст.

Аз ин суханон чеҳраи Покиза то бехи гӯшҳо сурх шуда рафт, гӯё ба бакали булӯрӣ шароби сурх андохтанд. Дар осмони пурабри дилаш низ гӯё офтоб аз паси абрҳо сар бароварда дарунашро нуристон кард.

– Мулло Мустафоро чӣ тавр дидан мумкин?- Пурсид Покиза худро аз фазои ширини хотирот раҳонида.

– Барои чӣ?- Пусид Малакзода ва аз ин суоли худ шарм дошт, чун ба назараш беҷо намуд. «Чӣ кор дорӣ ба муносибатҳои шахсӣ?»

Покиза низ шарм дошт ва фикр кард: «муаллим мабодо оиди ман гумоне хато кунад».

Покиза гуфт: - Бисёр саволҳо дар дил дорам. Доим фикр мекунам ва  посух намеёбам. Як суол ин ки чаро мо ба ин ҳол афтодем? Як суоли дигар ин ки дар оянда чӣ хоҳад шуд?

– Агар бераҳбалад бошӣ бирав ту лаб-лаби рӯде ва як рӯзе ба дарё мерасӣ эй дӯст,- гуфтааст шоир. Об рамзи покизагист. Яъне аз покизагӣ дур нашав гуфтааст. Ман ба мулло Мустафо рақами телефонатро медиҳам,- гуфт Малакзода.

Сипас баъд чанд рӯз мулло Мустафо ба Покиза занг зад.

– Покизаӣ?- Пурсид мулло Мустафо.

– Ҳа,- гуфт Покиза. – Покизаи маҷақшуда, обгоршуда. Аз сарам чӣ балоҳое гузаштанд…

– Ба ҳар ҳол покизаӣ, ҳам аз дарун ҳам аз берун. Ман наметавонам туро фаромӯш кунам.

Ҳамин ки хонаи алоҳида ёфтам, меоӣ ба назди ман?

– Меравам, чун ба хаёлам ба ғайри Шумо шахси ба дил наздик дигар надорам.  

Аз ин пас ҳамон рӯъёи асрорангезе, ки модараш Фаришта дида буд, Покиза медид, ба такрор, вале бо каме тағйирот:

Дар сари роҳи хокие, ки ба қабристони деҳ мебарад зери тути калони балхӣ рост истодааст. Раиси луч тобутеро ба ароба бор карда мегузарад, ки ҳама ҷояш бо матои сафед пӯшида.

Пешопеши тобут дар сар шапкаи ситорадори сурх, дар тан гимнастёрка бо тасмаҳои таппончадор ва аз болояш яктак байрақи сурхро  болои сар бардошта муллои қаддарози ҷавон Мустафо меравад. Аз паси онҳо зану  марди зиёде, ки ҳама урёнанд ва шарм намедоранд аз бараҳнагии худ. Покиза ҳам равон мешавад. Дар ҷое, ки гӯр кофтаанду тобутро аз китфҳо гирифта  рӯи замин мегузоранд,  рост меистад.

– Кӣ мурд?- Мепурсад Покиза.

Касе ҷавоб намедиҳад.

Дари болои тобутро кушода китоби калони Қуръонро мегиранд ва даруни гӯр мегузоранд…

Баъди он ки бо белу каландҳо хок партофта Каломи Шарифро гӯр карданд, муллои ҷавон дастаи дирафши сурхро болои хоктеппаи гӯр мехалонад.

Тибки таомул ӯ бояд сураи таборак бихонад. Аммо «Пролетарҳои ҳамаи кишварҳо, як шавед!» гуфта аз ҷой мехезад.

Баъд Покиза наздик рафта ба сӯи дирафши сурх туф мекунад.

Покиза баъди бедор шуданаш хеле пушаймон шуд, ки чаро ин кори ношоистаро кард?

Ва дигар бо як ҳисси норозӣ аз худ дар дил мезист, гарчанде ин воқеа дар зиндагӣ не, балки дар рӯъё буд. 

Комментариев нет: