Дар як мақолаам, ки «Чунгул
– чорбоғи Амир Темур» ном дошт, суханро аз он сар карда будам, ки Чунгул номи
дашти Оҳалик аст. Ба ин сабаб чорбоғи темурии назди деҳаи Оҳаликро донишманди
таърихи Самарқанд В.Вяткин чорбоғи Чунгул номидааст.
Аммо ин ном аз куҷо
омад, чизе намегӯяд. Зеро аз ин пештар дар китоби «Материалы к исторической
географии Самаркандского вилаята» (Самарқанд, с. 1900) навиштааст, ки номи кӯҳи
Оҳалик ба тахмини ӯ дар асл Инмак-Данай будааст. Агар дар забони суғдӣ ин
калимот маъное надиҳад, сипас ӯ аз хати арабӣ ғалат рӯбардор кардагист.
Василий Вяткин забони
суғдиро намедонист, ба ин сабаб ба маънои гул (ғул ба гул мубаддал шудааст) дар таркиби
номи Чунгул эътибор надодааст.