среда, 10 декабря 2014 г.

Ба мо чанд хели мактаб лозим?



Мақолаҳоятонро оиди ислоҳоти маориф ба Вазири маорифи Тоҷикистон ба тариқи нома ё муроҷиатнома фиристед, менависанд баъзе хонандагони блоги Герби шердор.

Агар ин вазорат идораи замонавӣ бошад, кормандонаш компютер доранду аз Интернет оид ба мактабҳои пешрафтаи олам мақолаҳоро пайдо карда иттилооти даркориро ёфта метавонанд, аз ҷумла мақолаҳои каминаро.

Мактаб чист?

Мактаб иборат аст аз муаллими эҷодкор, боз як бор муаллими эҷодкор, боз як бори дигар муаллими эҷодкор ва камтар китоби дарсӣ.


Ҳеҷ надидаем ва касе нашунидааст, ки муаллими эҷодкор дар катакҳои шаблони Вазорати маориф бигунҷад.

Вазорати маориф як намуди низоми девонсолорӣ яъне бюрократӣ аст.

Барои ин ваорат мактабҳои хуб кам ё зиёд фарқе надорад. Мактабҳои хуб ба мисли литсейи Пушкин озодкор камтар бошанд ё умуман набошанд, ташвиши чиновникҳои ин вазорат ҳамон қадар камтар хоҳад шуд ва онҳо манфиатдор нестанд, ки мактабҳои намуди литсейи  Пушкин пайдо шаванд, агар пайдо шаванд ҳам зуд бо мошини  пуроби сӯхторнишон ба ҷонибаш метозанд ва муаллими эҷодкори бачаҳоро дар гирди гулхани эҷодкорӣ сарҷамъ намударо бо гулхану муаллим якҷоя рӯфта мепартоянд.

Чунинанд ин чиновникҳо!

Барои аз фишори ин бюрократҳо халос кардани мактабҳо мактабҳоро аз тобеяти ин вазорат бароварда ба ихтиёри донишкадаву донишгоҳу ҳукумати шаҳру ноҳияҳо додан лозим аст.

Баъд ҳар як ҳукумати маҳаллӣ худаш тасмим гирад, ки аз кадом намуди мактаб чандтогӣ лозим.

Яъне ба ғайри мактабҳои давлатӣ мактабҳои хусусӣ низ бояд бошанд. Он вақт мо бо дили пур гуфта метавонем, ки барои пайдо шудани муаллими эҷодкору мактаби эҷодкор шароит муҳайё гардид.

Назорати сифати таълимро дар мактабҳо бояд ба ихтиёри профессорҳои мактаби олӣ вогузор кард. Яъне таъминоти дастурҳои методи ба зиммаи донишкадаҳо бояд бошад.

Охир, ҳамин профессорҳо доим зиёд шикоят мекунанд, ки мактаби таълими ҳамагонӣ ба шогирдон таълими заруриро надода ба онҳо аз будаш зиёд баҳоҳои баланд монда аз сараш соқит карда меояд.

Ҳоло аксари муаллимони эҷодкор ба сабаби камии маош ба корҳои дигар рафтаанд. Барои баргардондани онҳо ба мактабҳо бояд чораҳо андешид. Якум моҳонаи муаллимро зиёд кардан лозим. Дуввум мартабаи муаллимро ба дараҷаи якум гузоштан лозим.

Барои истироҳату табобати муаллимон осоишгоҳҳои махсус сохтан лозим, то ки муаллимон тавонанд дар он ҷо бо адабиёти беҳтарин шинос шавад, дар семинарҳо  иштирок кунад ва сиҳатиашро барқарор намояд.

Бисёр касон тааҷуб карданд, ки дар охири силсилаи мақолаҳо оид ба ислоҳоти маорифи Тоҷикистон баногоҳ оиди камоли матлуби миллӣ ҳарф задам. Ин бесаб нест. Зеро камоли матлуб набошад, муаллифони китобҳои дарсии фанҳои гуманитарӣ наметавонанд шогирдонро бо чӣ гуна мавод таъмин кунанд.

Албатта пеш аз ҳама давлати демократии ҳуқуқбунёд, толерантнокӣ, баробарии ҳуқуқи ӯзбекҳои Тоҷикистон бо тоҷикон, яъне ҳуқуқҳои инсонпарварона аз ҳадафҳои асосианд.

Мақсад аз конфедерация аз осебпазирӣ муҳофизат кардани Тоҷикистон аст. Муҳим он аст, ки самти ҳаракат ба фардо маълум бошад. Доду фарёд оиди нажоди ориёӣ танҳо зарар меорад. Давлати якмиллата дар дунё кариб ки нест. Бубинед, ки миллатгароӣ ба сари Украина чӣ балое овард.

Мо тоҷикон бояд дар ин масъала хеле боэҳтиёт бошем. Вақте ки оиди аҳолии Тоҷикистон гап мезанем, мардуми тоҷик не, бояд балки мардуми Тоҷикистон, ё тоҷикистониён бигӯем.

Комментариев нет: