пятница, 26 декабря 2014 г.

Номҳои деринаи Оҳалику Оқсой



Дар як мақолаам, ки «Чунгул – чорбоғи Амир Темур» ном дошт, суханро аз он сар карда будам, ки Чунгул номи дашти Оҳалик аст. Ба ин сабаб чорбоғи темурии назди деҳаи Оҳаликро донишманди таърихи Самарқанд В.Вяткин чорбоғи Чунгул номидааст.

Аммо ин ном аз куҷо омад, чизе намегӯяд. Зеро аз ин пештар дар китоби «Материалы к исторической географии Самаркандского вилаята» (Самарқанд, с. 1900) навиштааст, ки номи кӯҳи Оҳалик ба тахмини ӯ дар асл Инмак-Данай будааст. Агар дар забони суғдӣ ин калимот маъное надиҳад, сипас ӯ аз хати арабӣ ғалат рӯбардор кардагист.

Василий Вяткин забони суғдиро намедонист, ба ин сабаб ба маънои гул (ғул ба гул мубаддал шудааст) дар таркиби номи Чунгул эътибор надодааст.


Агар медонист, ки Чунгул дар асл Чинғул ё Чунғул будааст, ҳатман мегуфт, ки ин ном дар асл ба кӯҳи Оҳалик тааллуқ дорад. Эҳтимол ба сабаби зебоияш Чинғул номидаанд ба маънои кӯҳи чинӣ.

Деҳоте, ки пас аз ин русто қадди роҳи Самарқанд – Қаршӣ дар идомаи кӯҳи Чунгул ҳастанд, маҳз ба ҳамин тариқ номгузорӣ шудаанд: Миронғул, Теппағул. Баъд аз Теппағул номи Игриқул меояд, ки он низ дар асл Игриғул аст. Игри ба суғдӣ чӣ маъно дорад намедонам. Аммо ғул, ки ба суғдӣ кӯҳро ифода мекунад (ва суфикси қул дар номҳои самарқандиён низ кӯҳ ро ифода мекардааст) бо итминони комил метавон гуфт, ки кӯҳи пас аз Теппақули имрӯза Игриқул ном доштааст. Ин ном танҳо ба қуҳ тааллуқ доштагист, чун рӯдаки онро Вяткин Насробод мегӯяд. Насробод номи аслии рӯдаке бошад, чун бо «обод» номи ҷӯйро намесозанд, балки номи маҳалии истиқомати одамонро месозанд. Эҳтимол номи русто Насробод будааст ва мардум номи наҳри сойро наҳри Насробод гуфтаанд, чӣ хеле ки имрӯз номи наҳри Оҳаликро Оҳаликсой мегӯянд.

Ҳамин тавр аз рӯи мантиқи илмӣ метавон гуфт, ки Оқсой дар замонҳои қадим Насробод ном доштааст. Вяткин дар китоби номбурда рӯйхати вақфномаҳое, ки оид ба заминҳои Самарқанду атрофии онанд, овардааст, аммо вақте ки оиди номи ягон маҳал сухан меронад, намегӯяд, ки дар кадом вақфнома чунин навиштаанд ва он ба кадом аср тааллуқ дорад.

Зоҳир Ҳасанзода дар як сӯҳбат иброз дошт, ки нависандаи машҳури  тоҷик, зодаи Оҳалик Шодон Ҳаниф номи қадимаи Оҳаликро Шаҳнон мегуфтаанд. Баъзе олимон тахмин кардаанд, ки рустои Рӯдаки Рӯдакӣ зода шуда, маҳз ҳамин Оҳалик аст. Ҳамаи ин тахминҳо дуруст буда метавонанд, чун дар тӯли ҳазор сол номи як деҳа чандин маротиба тағйир ёфта метавонад.

Вяткин пас аз Теппақул рустоеро бо номи Суруш (фариштаи некӣ) ном мебарад, ки онро низ номи деринаи Оқсой пиндоштан мумкин. Баъзе рӯшанфикрони оқсойӣ мегӯянд, ки дар асл Оқсой не, Олисӯй будааст, ин ҳам дуруст будагист.

Аммо ин баҳсҳо ҳамон вақт хотима меёбанд, ки ягон донишманди торих ё забон дастхатҳои бостонии вақфномаҳову санадҳои хариду фурӯши заминҳоро аз нав тадқиқ мекунад ва ба суолҳое, ки Василий Вяткин дар китоби номбурда гузоштааст, равшанӣ меандозад. (Донишманд Ҳазрат Сабоҳӣ ваъда додааст, ки дар бораи номҳои суғдии Самарқанду навоҳии он чизе менависад).

Дар як мақолаи камина оиди ҷӯйи Маздоҳин сухан рафта буд, ки ҷӯйи Навбоғчиён низ ҳамин буд. Аммо Ёқубҷон Норбоев, ки солҳое зиёде мутахассиси номии соҳаи обёрӣ буданду таърихи наҳрҳои Самарқандро медонанд, гуфтанд, ки дар асл ҷӯи Эрониро Маздоҳин мегуфтанд, яъне бо гузашти асрҳо одамон Маздоҳин не, Мазохин талаффуз мекардагӣ шудаанд. Чӣ хеле, ки дар санадҳои замони Хоҷа Аҳрор Ӯташих навиштаанду аммо имрӯз мардум Ӯташиқ мегӯянд.

Комментариев нет: