понедельник, 20 июля 2015 г.

Шӯҳрати ҷаҳонии рассом Зокир Собиров



Дар галереяи Ню-Йорк соҳиби ҷоизаи «Уқоби заррин» гардидани асари «Бародарам»-и Зокир Собиров бешак ба ӯ шӯҳрати ҷаҳони овард. Бо ҳамин сабки дар санъати тасвирӣ нави ӯ – параллелизм расман аз ҷониби донишмандони шинохтаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, дар он сӯи уқёнус эътироф гардид. Ин рӯйдод Тоҷикистонро боз сари забонҳо бурд.

Зокир Собировро аз таҳти дил гарму ҷӯшон табрик мекунам!

Бовар дорам, ки барои ривоҷи параллелизм дар санъати тасвирӣ асарҳои дигар нигошта имконияти номаҳдуд доштани ин сабкро исбот хоҳад кард.

Барои ба равияи нав табдил додани ин сабк рассомони дигари Тоҷикистон низ бояд ҷаҳту ҷадал кунанд. Ҳамин тариқ метавон Тоҷикистонро ба зодгоҳи ҷараёни нави ҳунари рангтасвир – параллелизм табдил дода обрӯи онро дучандон кард.

Бори аввал дар таърих рассоми Тоҷикистон ҳамчун эҷодгари сабки нави нотакрор эътироф гардид. Пеш аз ин ба ин монанд навовариро Беҳзод карда буд

Ба ин муносибат барои боз ҳам тақвият додани ин сабк Академияи бадеии Зокир Собировро таъсис додан лозим аст. Давлат бояд барои дар ин академия тарбия кардани рассомони ҷавон бино ва маблағ ҷудо кунад.

Зокир Собировро мебояд, ки дар тамоми мактабҳои кишвар озмуни рассомони наврасро гузаронида дар Академияи бадеии худ беҳтарин рассомони наврасро гирд оварад.
  

Комментариев нет: