четверг, 5 ноября 2015 г.

Коғази самарқандӣ – коғази беҳтарини ҷаҳон



Дар пешинзамон саноати коғазсозӣ дар Самарқанд авҷу барори бемисл дошт. Баъди он ки дар охири асри XIX ва аввали асри XX аз Русия коғази бамаротиб арзони заводҳо омадан гирифт, коғазсозони Самарқанд дучори шикаст шуданд.

Аммо то ҳанӯз дар заводу фабрикаҳо бо мошинҳои навтарин коғази самарқандиро сохта наметавонанд.


- Коғази самарқандӣ дар таъсири ҳавои нам намепӯсад, ба осонӣ намедарад, кирм намехӯрад. Агар умри коғазҳои муосири фабрикаҳо 100 сол бошад умри коғази самарқандӣ аз ҳазор сол зиёд аст, зеро аз пӯстлохи тут сохта шуда монанди абрешим аст,- мегӯяд Зариф Мухторов, ки дар Конигили Самарқанд ҷувози коғазбарори эҳё кардааст. Мӯҳсини Таъсир гуфта:
Чун нависам васфи лаълат нома гулбандӣ бувад,
Дафтаре бошад агар коғаз самарқандӣ бувад.

Коғази самарқандиро барои тармими китобҳои бостонӣ, суратҳои минётурӣ, ва маҳсулоти армуғонӣ истифода мебаранд. Аз он ҳатто куртаҳои миллӣ сохтаанд, ки баъди шустан низ сифати худро гум намекунанд.  

Инак чанд сурат, ки дар он Зариф Мухторов ва коргоҳи коғазбарории ӯ акс ёфтаанд.













Комментариев нет: