воскресенье, 14 мая 2017 г.

Мавлуда – зани занон

(ҳокоя)

Мавлуда гумон надошт, ки дар рӯзи равшани офтобӣ ногаҳон аз осмони мусаффо ба сараш барфу жола меборад. Кошки барфу жола меборид ва он дарди бахайр мебуд.

Охир ӯ зани тоҷири сарватманд аст, ба  қавле хӯрдагиаш дар пешаш, нахӯрдагиаш ба  пасаш. То ин вақт ӯ худро шоҳдухтари замон барин ҳис мекард ва ногоҳ сараш ба девори сангин рафта заду дид, ки шоҳдухтар не, балки хизматгордухтар барин як одами оддӣ будааст. Барои ӯ карру фар бегона буд, бо вуҷуди сарвати зиёд аз худ нарафт, ба ранг баранг куртаҳои гаронбаҳо пӯшидану дасту гарданро бо тиллову алмос пур карданро хуш надошт. Ӯ дар хонаводаи директори фабрикаи қаннодӣ таваллуд шуд. Аз ин ҳодиса падараш хеле хурсанд буд. Зеро баъди ҳафт писар худо ба ӯ духтар дод.

Падар директори фабрика бошад ҳам зиндагии хоксорона дошт. Аз коммунистони ҳалолкор буд. Ягонто хаси фабрикаро ба хона намеовард, ҳатто ягон дона конфетро. Писаронашро низ ба меҳнати ҳалол одат кунонд.


Аммо сиҳатиаш бад шудан гирифт ва бемори бистарӣ гардида аз ҷой хеста наметавонистагӣ шуд. Мавлуда ва модараш аз сари ӯ дур нашуда бемордорӣ мекарданд. Рӯзе, вақте ки Мавлуда ба донишгоҳ ба хондан рафт, занаш ва писаронашро даъват карда васият кард: - Агар умр вафо накунад, Мавлударо ба ягон одами хуб медиҳетон. Одами виҷдонаш пок бошад, соҳиби касбу кор бошад. Фаҳмидетон-мӣ, виҷдонаш пок бошад?!

Падар аз олам гузашту сахтиҳои рӯзгор сар шуд. Бародарон монда нашуда шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта кор карда пул меоварданд ва намонданд, ки модар дар дами солхӯрдагӣ ба кор барояд. Ҳамин тавр солҳо гузаштанду Мавлуда ба курси панҷум гузашт.

Ҳамон сол хостгорҳо омаданд. Чандеро ҷавоби рад доданд. Аммо яке аз онҳо хеле ҷазманд буд ва ба нею нестони модар эътибор надода омадан гирифт. Хостгорҳо мегуфтанд, ки домодшаванда дар Тошканд мудири дӯкони молҳои омехта аст ва шабона дар курси охирини донишкадаи савдо мехонад. Сипас хоҳари ҳамон домодшаванда арӯси ҳамсояашон будааст, ки ҳамчун ҷавонзани хеле хушмуомила ва накӯкор ва ба қавле «ҷони одам» буд ва ӯ омада гуфт, ки дилатон пур бошад, ман чӣ хел бошад додарам Салом низ ҳамин хел. Аз як палак ду хел харбуза намерӯяд. Зани зудбовар ва содда буд модари Мавлуда. Бовар кард.

Агар падари Мавлуда зинда мебуд, духтарашро ҳаргиз ба Салом намедод. Зуд пурсуҷӯ  карда мефаҳмид, ки палаки ин харбуза аз ҷиҳати ахлоқӣ чандон сиҳат нест. Падари Салом дар колхоз шаробпаз буд ва шароби ангурро то ба Қазоқистону Русия бурда мефурӯхт.

Аммо ба сабаби пулҳои бедардимиёнро ба занакбозӣ сарф карданаш ҳеҷ гоҳ яктояш дуто нашуда буд.

- Оҳ, кошкӣ дадем зинда меуданд,- оҳи бадард кашид Мавлуда. 

Баъд розӣ шуданд, ба шарте ки дар Самарқанд зиндагӣ кунанд, зеро духтари ягонаашонро ба ягон шаҳри дигар доданӣ нестанд. Салом ба ин шарт бо хурсандӣ розигӣ дод, зеро дар Тошканд бо як ҷавонзани рус никоҳи ғайрирасмӣ дошт. Он ҷавонзан ба сабаби иллати безурётӣ аз шавҳараш ҷудо шуда буд. Дар идораи савдои шаҳр молшинос буд. Пеш аз ин Салом бо занҳои сабукпой равуо дошт ва дӯстонаш оғоҳ мекарданд, ки рӯзе ягонтаи онҳо ба ӯ часпида мегирад ё ба ягон бемории хоси фоҳишаҳо дучор мешавад.

Муносибати Салом бо ин бевазан баъди тӯй тундтар шуд. Соня - ин бевазани ҷавони малламӯй чашмони зебои кабуд, қади расо дошт. Китобхон буд ва аз Салом низ талаб мекард, ки бештар китоб хонад. Салом бошад баъди як-ду саҳифа хондани китоб хобаш мебурд.

Баъди он ки Салом чанд бор ба Маскав рафту ягон бор ба галереяи Третяков надаромад, Соня ба чунин хулоса омад, ки бо ӯ зиндагӣ кардан оянда надорад. Соня ба воситаҳои ҳамкоронаш дар идораи савдои шаҳр хабар ёфт, ки Салом дар Самарқанд зан гирифтааст ва бо ин баҳона ба ӯ талоқ дода гуфт: - Пошел ты на фиг буржуй нестчастный!  Ин гап овоза шуду ҳамкорон ӯро дар ғайбаш Салим-буржуй мегуфтанд.

Акнун оиди барфу жолаи ногаҳонӣ. Мавлуда як писару се духтар дошт. Писараш Ноил фарзанди калонӣ буд ва баъди хатми донишкадаи тиҷоратӣ дар чанд ҷой кор карда обрӯ ёфта натавонист ва ба фирмаи падараш даромад. Ҳамин Ноил хабар овард, ки падараш дар Тошканд зани дигар ва ду фарзанд доштааст. «Ман ба Тошканд бо корҳои тиҷоратӣ меравам» гуфта як-ду ҳафта гум шуда мерафт, мана баро чӣ мерафтааст!

Мавлуда ба рӯғани худаш бирён шуда сӯхт.

Салом дар солҳои охири замони шӯравӣ дар як мағозаи чети шаҳри Тошканд мудир буд. Азбаски ин дӯкон барои муфатишону нозирон дурдаст буд, касе онро контрол намекард. Салом бошад аз ин имконият истифода бурда аксар молҳои дуздиро мефурӯхт. Яъне молҳое, ки ё дуздида шуданду ё дар корхонаҳои пинҳонкор истеҳсол гардидаанд. Фурӯхтани чунин молҳо дар замони шӯравӣ низ ҷиноят ҳисоб меёфт. Он вақт роҳбарони корчаллони баъзе корхонаҳо аз ҳисоби бе фактура фурӯхтани маҳсулот кисаҳои худро пури пули ҳаром мекарданд. Дар замони хусусигардонӣ Салом он қадар пули ҳаромро ҷамъ карда буд, ки ба осонӣ дӯконро харида моли худ кард.

Як мансабдори вазорати тиҷорат аз Салом илтимос кард, ки занашро ба кор гирад. Зеро хонааш дар ҳамсоягии магазини Салом буду ҷои пешинаи кори ӯ аз хонаашон дур. Салом ин илтимосро қабул кард, зеро мавқеи худро бо чунин алоқаҳо мустаҳкам кардан мехост. Масалан як рафиқаш, ки бо қавле бо ӯ ба як сӯрохӣ мемезид, одами ба Прокурори республика наздик буд.

Ин ҳамсари мансабдор тоторзани хеле зебо ва сабукпой низ будааст. Дар вақти баста шудани магазин, яъне охири кор, вақте ки ҳамкорон рафтанд, ӯ бо ҳар баҳона оқиб мемонду бо Салом айшу нӯш мекард. Сипас он қадар ба боварии ӯ даромад, ки муовин шуда қариб нисфи мағозаро дуздид. Салом рӯзе фаҳмид, ки муфлис шудааст ва маҷбур шуд, ки ба ҳамон тоторзан магазинро бо нархи арзон фурӯшад.   

Салом хеле рӯҳафтода шуд. Аз ҳавлии самарқандиаш берун набаромада аламашро аз арақ мегирифт.

Сипас Мавлуда ба назди шогирди падараш Бурҳониддин, ки директори фабрикаи ширавор буд, рафта илтимос кард, ки Саломро ба кор гирад. Бурҳониддин Саломро ба шӯъбаи фурӯши маҳсулот ба кор гирифт, ки ҷои хеле сердаромад буд, зеро Салом ба фурӯши маҳсулоти дуздӣ таҷрибаи калоне дошт.

Ҳамин тавр дар ду-се сол Салом аз нав ба сарватманди пештара табдил ёфта ба хариду фурӯши шароб сар кард. Яъне савдои яклухт – бо фураҳо. Хеле бой шуда рафт Салом. Дигар танҳо бо сарватмандон нишасту хез мекард. Се духтарашро ба ҳамин табақа доду як духтари онҳоро келин кард.

Мавлуда худро дар осмони ҳафтум ҳис мекард ва ногоҳ…

- Ки будааст вай манҷалақӣ!? – Ба сари Ноил дод зад Мавлуда.

- Ҷалаб набошад ҳам ин бевазан пеш аз дадем бозичаи як шарикашон будагӣ.

- Неъматулло-мӣ?

- Ҳа, ҳамун.

- Занакбоз будани Неъматуллоро ҳама медонанд. Ба дилаш зада башад, ба дадет тутқурӣ кардас-дия.- Гуфт Мавлуда.

- Акнун қатъи назар аз кӣ буданаш ба нисфи боигарии мо ин солҳои зиёд бо азоб ҷамъ кардаамон соҳиб мешавад,- гуфт Ноил.

- Ту – бачаи содда,- гуфт Мавлуда,- вай – гурги борондидаи дар зери чанд мард хобидагӣ аллакай соҳиб шудагист.

- Ҳа, аллакай супермаркети Тошканд, мошин, як ҳавлӣ ва дача ба номи вай гузаштагӣ,- гуфт Ноил.

Осмон ба назари Мавлудда сиёҳ шуда омаду аз ҳуш рафта афтид.

Ноил сахт тарсида аз гуфтааш пушаймон ба рӯи модараш об мезад.

Баъди дақиқае Мавлуда чашм кушода гуфт: - Духтура даъват накунетон. Ман - нагз.

Баъди хеста нишастан ба писараш гуфт: - Мо барои дигарҳо сир бой надоданамон даркор. Ҳамин хел рафтор кардан даркор, ки гӯё аз ин гапҳо хабар надорем. Лекин ман дадаи гӯрсӯхтета ба сих мекашаму дар оташ бирён мекунам. Ман тамоми умри ширини ҷавониамро ба ӯ бахшидаму натиҷааш ҳамин-мӣ?

Чӣ қадар бемордорӣ кардам болои сараш! Эҳ агар ман намебудам, додот кайҳо мемурд бо он астмааш!

Вақте ки шом Салом ба ҳавлӣ даромада омад, ба сараш санги маломат борид.

- О дар мусулмонӣ чор зан гирифтан мумкин,- гуфт Салом.

- Туро кӣ мусулмон мегӯяд? Ягон бор намоз нахонда бошию боз давои мусулмонӣ мекунӣ? – Ба ту-ту гузашт Мавлуда.

- Дигар бойҳо ҳам ҳамин хел. Ҳамаашон ягон зани дигар доранд.

- Ҳамон Ӯсар-мӣ? Кайҳо занҳои тотору арманиаш ба ӯ талоқ додагӣ. Бачаҳояш – нашъаманд. Дигар бойҳо маъшуқа дошта бошанд ҳам занӣ дуюм надоранд.

- Хайр акнун ҳамин хел шуд-дия, ба гузашта салавот!

Салавотро акнун мебинӣ буржуй! – Гуфт Мавлуда бо зарда. Салом як қад парид. О ҳамин калимаи буржуйро Соня гуфта буд.

Баъди ин ҳодиса Мавлуда рӯзи равшанро барои Салом торик кард. Агар ба ҳавлии онҳо ягон кас дарояд, Мавлуда чунин вонамуд мекард, ки чизе рӯй надодааст. Аммо дар асл бо шавҳараш ногап буду умуман ба ӯ эътибор намедод.
Салом акнун дар ошхонаҳои шаҳр таом мехӯрд. Аламашро бо арақ нест карданӣ мешуд. Зани тошкандиаш низ ба ӯ роҳ надод. Ба ӯ дигар ин хел шавҳари арақнӯши шабу рӯз сулфакунанда даркор набуд. Ӯ кайҳо ба доираи сарватмандон даромада буд ва бо навбат бо онҳо ба сафарҳо мерафт.

Ноил бошад бо қиморбозӣ машғул шуду ҳама сарвати ҷамъкардаи падарашро бой дод.

Салом ду-се кило тилловориро ба додараш Анор супорида буд, ки дар ҳавлиаш ба  замин гӯр карда монад. Салом ӯро даъват карда тилловориро талабид.

Анор баъди як соат омада гуфт: - Ако, тиллоҳоро дузд бурдааст!

Чӣ тавр дузд тилловориҳои зери замин гӯронидаро ёфтааст то ҳол муаммост. Чашмонаш аппарати рентген-ми? Ягон кас бовар намекунад. Аммо Салом сирри хонаводагӣ ошкор нашавад, гуфта ҷанҷол накард. 

Аз ин пас, ки пул кам монда буд, Салом арақҳои сифаташон пасти вайронро менӯшидагӣ шуд. Оқибат ҳар ду гурдааш якбора аз  кор монданду вафот кард ба синни нафақа нарасида.

Зани занон Мавлуда бо тарбияи набераҳо машғул мебошад. Ва дар ягон маърака касе гӯяд, ки «шӯтон дар Тошканд зану бача доштен, омаду рафт доретон-мӣ?». Мавлуда мегӯяд: - Ман аз ин гапҳо хабар надорам. Шавҳарам бе душман набуданд, ягон душманашон бофта баровардагис ин хел гапҳоя.

Ва баъзан чунин мегӯяд: - Ман намефаҳмам ин занҳои ғайбатчиро. Шавҳарҳои худашон дар Россия чӣ номаъқулиҳоро карда гаштен, намедонанд. Аммо шавҳари маро ғайбат кардагешон кардагӣ.

Хонааш доим пури меҳмон буд, ҳам барои устою мардикор ҳам барои меҳмону ҳпмкорҳои шавҳараш бо таомпазию меҳмондорӣ бо ҳама ташвиши зиёди ҳавлии калони боҳашамат умри ҷавонаш хазон шуд. Барои ҳамин бо дастархондорӣ обрӯ ёфтанӣ шуда шавҳараш Салом намонд, ки ӯ баъди хатми донишгоҳ дар мактаб омӯзгорӣ кунад. Акнун ки ба синни нафақа расидааст, алам мекунад, ки ҳама ҳамсолони ӯ нафақаи меҳнатӣ мегиранду ӯ намегирад. Шавҳараш метавонист хидматгор гираду занашро ба кор монад. Аммо барои ӯ, ки зан қадру қимати баланд надошт, ба қавле галстуки гардан барин зуд ивазшаванда буд, занашро хидматгори на факат худ карда буд…

Аммо Мавлуда аз рӯи тарбияи падараш, ки марди дастархондор буд, дастархондориро ҳамчун кори савоб меҳисобид ва ҳаргиз аз омадани меҳмон ба дилаш малол намегирифт.

Рӯзе писараш гуфт, ки падараш зинда мебуд, имрӯз ба ҳафтод медаромад. Ман як дастархон мекунам, канӣ бинем, ки аз дӯстонашон кӣ меояд. Миз бо беҳтарин хӯрокиву нӯшокиҳои аҷибу ғариб оро дода шуд. Ноил як рӯз пеш телефонҳои баъзе дӯстони падарашро пайдо карда занг зада даъват намуд. Аммо касе наомад ба ёдбуди Салом-буржуй.

Хатто духтарони худаш низ. Духтарҳо болои модарашон зани дигар гирифтани падарашонро ҳамчун беҳурматӣ ва таҳқир нисбати модарашон фаҳмида буданд. Ва рӯзи марги Салом-буржуй барои мурданаш не, балки барои он гиря мекарданд, ки ба қадри модарашон нарасид…

Мавлуда – зани занон аслан ба касе кина надошт, ҳатто ба зани дуввуми шавҳараш низ кина надорад.

Вақте ки писару духтар – ду нафар фарзандони зани тошкандӣ ба марги падарашон расида омаданд, онҳоро ба оғӯш гирифта хеле гирист, медонист барои чӣ мегиряд… Барои ин сағираҳои бепадар монда.

Зани тошкандӣ бошад, на рӯзи дафн омаду на ба бисту на ба чил. Ҳатто дар Тошканд дар он ҳавлии дакаданг ду табақ ош дам карда як муллоро даъват намуда фотеҳа нахононд.

Мурғ буд-мӣ Салом-буржуй, ё саг  буд-мӣ?

Дар рӯзи ҳар як ид аҳли оила дар сари мақбараи Салом-буржуй ҷамъ шуда фотеҳа мехонанд ва Мавлуда дар қатори ниятҳои дигар ҳатман илова мекунад, ки худованд сарони ҳамон сағираҳои тошкандиро низ дар амон нигоҳ дорад.

Ва дар ин рӯз ба писараш Ноил таъкид мекунад: -Агар ту ҳам дадет барин шаробхӯру  модабоз шавӣ, шири ба ту макондагем – ҳаром!

Ноил аксар дар Маскав бо мардикорӣ машғул аст. Ҷӯраҳои Ноил фарзандони аҳли сарватанд, ва ӯ бо онҳо баъзан нӯшад ҳам ба Мавлуда зоҳир намекунад.

Аммо кӣ медонад, баъди сари модар ба васияти ӯ риоя менамояд ё не. Охир ӯ аз ҳамон палак – палаки бобои шаробфурӯшу занбоз.


Дар зиндагӣ боигарии асосӣ пулу мол не, балки худи инсон аст. Фарзанд инсони хуб шавад, сарвати асосии зиндагист он. 

«Овози Самарқанд» 20-24 майи соли 2017 

Комментариев нет: