суббота, 18 ноября 2017 г.

Оиди Осорхонаи меъморӣ-этнографӣ

Чанде пеш аз шагирдони усто Амриддин Наҷмиев ба Самарқанд аз Хуҷанд шигирдони он кас усто Абдуқодир ва усто Фозил ба тӯи никоҳии набераи усто Амриддин омада буданд.

Дар гирди дастархон сухан аз зебоиҳои Душанбе оғоз ёфту камина гуфтам: Душанбе як камбудии калон дорад. Дар он ёдгориҳои таърихие, ки туристони хориҷиро ҷалб мекунад, нестанд. Бо ташаббуси ҷаноби олӣ пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бисёр иморатҳои олӣ қомат афрохтаанд. Аммо ҳамаи онҳоро баъди сад сол таърихӣ гуфтан мумкин аст.


- Чӣ бояд кард?- Пурсид усто Абдуқодир.

Гуфтам: - Дар замони Шӯравӣ дар Тифлис будам. Гурҷиҳо ба мо – иштирокчиёни фестивали театрҳо Осорхонаи меъмории мардумии худро нишон дода буданд. Дар як кӯҳдоман ҳама гуна хонаҳои қадимаро яктогӣ аз ҳар маҳал ба ин ҷо кӯчонидаанд. Дертар фаҳмидам, ки чунин осорхонаҳо дар Аврупо зиёд будааст ва ба он этнографияро илова кардаанд.

Ба ёд оред, ки дар Тоҷикистон дар ҳар як ид ҳунармандони халқӣ дар идгоҳ на танҳо ашёи сохтаашон, балки тарзи корашонро низ намоиш медиҳанд. Баъд таронаву мусиқӣ ва рақси халқӣ.

Дар осорхонаи меъмории мардумӣ ва этнографӣ чунин амал барои сайёҳони хориҷӣ ҳамарӯза ташкил мешавад.

Намоишеро оиди чунин осорхона аз Шветсия аз ТВ дидам, ки дар чунин хонаҳо устоҳо бо аҳли оила 6-моҳӣ зиста кор мекарданд ва баъди 6 моҳ устои дигар ба ҷои ӯ кӯҷида меомадааст.

Ҳамин  тавр ҳам осори миллӣ тарғиб мешудаасту ҳам устоҳо маҳсуоти худро ба хориҷиён фурӯхта рӯзгори худро обод мекардаанд.

Дар ин сӯҳбат, ки усто Амриддин иштирок дошт, изҳор намуд, ки ҷаноби олӣ ҳама гуна ташаббуси некро тарафдорӣ мекунанд ва бовар дорам, ки агар имкон бошад дар Душанбе ҳатман чунин осорхона сохта хоҳад шуд.


Комментариев нет: