Ҳар рӯз ид нест, ки чалпак хӯрӣ. Дар Самарқанд
чалпак – хамири туники дар равған бирёндаро одатан дар арафаи ид пухта ба
ҳамсояҳо медиҳанд. Ин мақолро ба он маъно мегӯянд, ки аз рӯзи оддӣ бештар
маталаб, яъне баднафс набош.
Худашба тӯппа (лахчак) бурида наметавонаду ба дигарон
угро даста мезанад.
Кӯри худу бинои дигарон. Яъне камбудии худро
набинаду айбҳои дигаронро овоза карда мегардад.
Аввал таҳорати дарун, баъд таҳорати берун. Яъне
покии дарун (дил) дар ҷои аввал аст.
Давидани гӯсола то каҳдон. Яъне одами камақл танҳо
хӯрданро фикр мекунад.
Дод гӯм мезанан, дод нагӯм деви мачитро мебаранд (дуздон).