среда, 10 января 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 2

Қафош замина бӯ намекунад. Дар ин маврид бо ҷои калимаи қафо муродифи онро кор мефармоянд. Дар бораи касе мегӯянд, ки дар як ҷой ором нанишаста бисёр ҳаракат мекунад.

Аспро наъл кунанд, қурбоққа низ поша бардоштааст. Оид ба тақлиди бемаврид мегӯянд.

Аз сад сӯми мусофирӣ як сӯми муҷовирӣ беҳтар аст. Калимаи муҷовир дар забони мардуми Самарқанд танҳо дар ин мақол истифода мешавад ва маънои онро ҳама намедонанд. Ин ҷо маънои ҳамсоя ва наздик омадааст.


 Абр агар аз қибла хезад сахт борон мешавад,
Шоҳ агар одил набошад, мулк вайрон мешавад.
Зарбулмасали машҳур. Бисёр касон фикр намекунанд, ки абру борон ба шоҳ чӣ алоқа дорад. Ин ҷо таҷрибаи ҳазорсолаи халқ ҷамъбаст шудааст. Яъне гуфтанист, ки чӣ хеле ки абр аз қибла хезад ҳатман борони сахт  меборад ва сел хонаҳоро вайрон мекунад, шоҳи одалатро дар мамлакат устувор карда натавониста низ сабабгори вайронию нодориҳо дар ҷамъъият мегардад.

Хоки гирӣ аз хоктӯдаи баланд гир. Дар  бораи интихоби арӯсшаванда мегӯянд.

Валвалакӣ медавад лаб-лаби бом,
Фисфисакӣ мекунад кора тамом.
Муродифи «Нона калон газу гапа калон назан»

Сагбачая калон кунӣ, аз банди пот мегирад. Оид ба фарзандони бетамиз мегӯянд.

Сар кафад, таги тоқӣ, даст шиканад, даруни остин. Ба маънои гапи хонаро ба кӯча набарор.

Фарбегия гӯсфанд мебардорад. Дар мавриде ба одами тағорашикам ба ӯ мегӯянд.

Худо кама тияду ғама натияд. Мақоли хеле маъмул.

Аз сад зани бевафо як саги бовафо беҳтар. Дар ин бобат Фирдавсӣ мегӯяд: Занонро ситоӣ, сагонро сито, ки як саг беҳ аз сад сани порсо.

Ин ҷо умуман паст задани зоти зан нест, балки зиёд будани вафодории сагро нисбат ба бонувон таъкид карданист. Саг дар вафодорӣ аз мард низ беҳтар аст. Бисёр воқеъ шудааст, ки саг баъди вафоти соҳибаш чизе нахӯрда болои қабри ӯ ҷон додааст. 

Моли мумсик – хӯроки кисабур. Дар бобати бойҳое мегӯянд, ки аз хайру саховат дуранд ва дуздону ҳаннотон бо ҳар восита онҳоро ғорат мекунанд.

Харҷи мумсик дучанд. Муродифи мақоли болоӣ.

Кӣ кашад ҷавру  ҷафо, кӣ кунад кайфу сафо. Дар бобати соҳибони сарватманди корхонаҳо ва коргарони каммузди он.

Аз думбаи насия шуши нахт беҳтар. Яъне агар пулат кам бошад, думбаро нею аз он арзонтараш шушро харида ба ҳар ҳол қарздор нашав.

Бовар накун ба дӯстат,
Коҳ ҷой кунад ба пӯстат.
Зарбулмасали дӯстдоштаи навсарватмандон.

Бовар накун ба хешат,
Табар занад ба решет.
Ин низ ба навсарватмандон тааллуқ дорад.

Зани поки бофаросати порсо, кунад марди дарвеша подшо. Дарвешон дар киса як танга надоштанд ва аз рӯи қоидаи сӯфиён бо гадоӣ ё мардикорӣ рӯз мегузарониданд. Аммо занҳои муосир хусусан дар маъракаҳо ба хароҷоти барзиёд роҳ дода сабабгори қашшоқ шудани мардон мегарданд.

Буда доно, набуда гумро(ҳ). Муродифи мақоли «Дошта паҳлавону надошта ҳайрон». Дошта ва буда – ба маънои одами доро, сарватманд.

Боигарӣ – чирки даст. Муродифи «Пул – чирки даст, ҳамин ки шустӣ нест мешавад».

Гоҳ нағмаю усул, гоҳ худою расул. Дар бораи онҳое, ки аз масҷид баромада ба ресторан мераванд ё ба ягон базм.

Бегонаи бовафо хеши ману гурге, ки шир диҳад, меши ман. Гӯсфанди модаро меш мегӯянд. Ин мақоли бади обед бой шудагиҳо, чун онҳо метавонанд ҳатто гургро дошта ширашро дӯшида хӯранд.

Хешама хешаш фалонама нешаш. Ба ҷои фалонам калимаи сахттареро кор мефармоянд. Дар Самарқанд робитаҳои хешутаборӣ суст буда, масалан ба амаку амакбача хоҳару хоҳарзода эътибор диҳанд ҳам хешони онҳоро нодида мегиранд.


Комментариев нет: