пятница, 20 апреля 2018 г.

Баъзе ибораҳои обдори самарқандиён – 22


Аз табақи мис ғелид.
Яъне аз худ рафт. Ба монанди мақоли Хара таъриф кунӣ, худаша ба ҷар мепартояд.

Савори хари ҳамсоя ба ҷаннат рафтанӣ.
Касе, ки ба воситаи каси дигар соҳиби сарват ё мансаб шуданист.

Гапа кӣ занад? Пулдор!
Пулдор дар аксар маврид даҳонкалонӣ мекунад ва ин «Айба кӣ кунад? Маиб» барин садо медиҳад. Аммо дар ҷамъияти сармоядорӣ каси пулдорро маиб (маъюб) гуфта наметавонед, зеро, ки пулдор одами зӯр ба ҳисоб меравад.

На дар бел меистаду на дар табақ.
Оиди суханҳои по дар ҳаво.

вторник, 17 апреля 2018 г.

Оиди аҳамияти зарбулмасалу мақолҳо


Донишманди шинохтаи илми забоншиносии тоҷик, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Амон Воҳидов баъди чопи ду порча аз маҷмӯаи «Ифодаҳои обдори самарқандиён» дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» 7.04.2018 мақолае таҳти унвони «Шираи забон» чоп карданд, ки эҳтироми бузургест нисбати забони модарӣ. Дар ин мақолаи дарҳақиқат олимона фикрҳои дурусти донишмандона баён шудаанд. Воқеан ҳам дар баъзе маврид камина маънои аслии мақолро шаҳр додаам ва аз шарҳи маъноҳои маҷозии он худдорӣ кардаам.

Гуфтаниам, ки ин коре, ки кардам, як навъ ба ёди мардум овардани баъзе мақолҳои аз забонҳо гумшудаистода, ба  онҳо додани як тобиши нав буд. Ба ин сабаб ба он талабҳои илмие, ки илми мақолшиносӣ пеш гузоштааст, кам эътибор додаам.

понедельник, 16 апреля 2018 г.

Ибораҳои обдори самарқандиён – 21


Ба  бача кор фармою аз пасаш дав.
(Аз силсилаи «Ҳикоёти зaрбулмасалдор»)

Ман 15-16-сола ва додарам Аҳмад 12-12-сола буд. Азбаски хонаамон дар ҷои нобоб буд, колхоз барои оилаи мо барои сохтани оморати нав замин дод. Вақте ки деворҳои хона таги болор шуданд, ягон ҷондорро кушта хун мебароранд, то ки балои ба хонаи навсохт меомадагиро ба ҳамин пешгирӣ кунанд. Тибқи ақидаи мардум.

- Ҳеҷ набошад ягонта хурӯсро ҳам кушед, мешавад,- маслиҳат дод устои иморатсоз Нарзуллохон, ки аз дӯстони падарам буд.

среда, 11 апреля 2018 г.

Ибораҳои обдори самарқандиён – 20


Калла гуфта кадуя бардошта гаштас.
Оиди одами нодон.

Майнема туруш накун.
Ба маънои каллаама гаранг накун.

Сайр ҳам сайру саргардонӣ ҳам сайр.

Сараша дута кун.
То сараша дута накунӣ, чӣ будани рӯзғора намефаҳмад, пули кор кардагеша дар кӯча хӯрда омадан мегирад.

понедельник, 9 апреля 2018 г.

Ибораҳои обдори самарқандиён – 19


 Худо кама тияду ғама натияд.
Дар мақоли дигар гуфта мешавад, ки «Одам аз оҳан бошад ҳам ғам занг барин мехӯрад».

Дар вақти харҷ раги дасташ мекашад.
Оиди мумсик мегӯянд.

Раги дасташ кашид.
Яъне пул харҷ кардан нахостам мегӯяд.

Нодонмурӣ биёд.
Бештар занҳо дар вақти зиёд шудани гапу кори аҳмақона мегӯянд, ки «илоҳо нодонмурӣ биёд».

Гапба ҷома мепӯшонад.
Яъне дар сухандонӣ моҳир.

Дар хона ду кадбону,
Хокрӯба то ба зону.
Ба мисли кадбону мӯл шуду зувола гум шуд.

Кайк гуфтаст, ки ба дасти одами чашмсиҳат афтаду ба дасти кӯр не.
Зеро одами бино дидан мехоҳад, ки ин чӣ кайкест ва кайк аз ин истифода карда мегурезад. Нобино бошад ба дидани он эҳтиёҷ надорад ва байни нохунҳо мегираду маҷақ карда мекушад.
Дар он маврид мегӯянд, ки ҳалли ягон масъала ба мансабдори кӯрдил вобаста шавад ва ӯ қандро аз қурут фарқ накарда ҳукм баровардан мегирад.
Қандро аз қурут фарқ накард.
Оиди бесалоҳиятии мансабдоре мегӯянд.

Саллая биёр гӯйӣ, каллая мебиёрад.
Мақоли замони коммунистӣ, ки зидди салладорон муборизаи атеистӣ буд.

Гар ба дил завқе надорӣ, синаҷунбонӣ чӣ суд?
Гӯё ки дар бораи аҳли рақс гуфтта шудааст. Аммо дар он маврид мегӯянд, ки соҳиби касб ихтисоси худро дӯст намедорад ва корҳои қолабӣ мекунад.

Хар чӣ донад маззаи қанду набот,
Тӯрбаи каҳ бошаду кунҷи равот.
Дар мавриде мегӯянд, ки масалан «Шашмақом», опера ё ягон асари дигарро касе нафаҳмад.

Дили нохоҳам – узри бисёр.

Дарахта тар буридӣ,
Боғбона сар буридӣ.

Чашми ошиқ кӯр аст.

Дарахт гуфтааст: Аз табар чи тавр гила кунам, ки дастааш аз худам.
Дар мавриде мегӯянд, ки аз фарзанди худ озор бинанд.

Дилро ба дил раҳест дар ин гунбади сипеҳр,
Аз рӯи кина кинаю аз рӯи меҳр меҳр.
Байти Саъдӣ аст, ки моли мардум шудааст.

Бо нодон дӯст машав, бо лаққи ҳамгап.

Дарс мушкил бошад, нодона хобаш мебиёд.

Асп бо ҷаву зан бо пардоз.
Яъне пардоз як амали муҳим аст.

Зани беноз – оши бепиёз.
Пиёз ошро ширину хуштаъм мекунад.

Остонаи духтардор баланд.

Зебосанам хушрӯй не, ситорагарм хушрӯ.

Ҷанг карданд додару хоҳар, нодон кард бовар.

Лойи зану шӯя худо аз як ҷо гирифтагӣ.
Аз он ки феълашон рафта-рафта монанд мешавад.

Мола аз молдор гиру келина аз қавмдор.
Яъне аз хонаводаи тагҷоии обрӯманд. Хусусан эшонҳо мепурсанд домодшаванда аз эшонҳо ё не. Ба ғайриэшон духтар намедиҳанд. Агар ошиқ шавад, ин қоидаро мешикананд.

Ҳар кас хараке дорад,
Дарди сараке дорад.
Дар бораи мошин.

Гӯшти ҳаррӯзаю нони серӯза.
Яъне дар иқлими гарм, ки замонҳои пеш яхдонҳои маишӣ набуданд, гӯшт зуд вайрон мешуд, ба ҳамин сабаб аз қассоб ба миқдори як ошӣ гӯшт мехариданд – чаряк – 250гр, нисфи чоряк – есирак, нисфи есирак – ғарибак.
Тибқи тибби муосир низ нони обаш гурехтагӣ, яъне ду ё серӯза барои саломатӣ муфидтар аст, нисбат ба нони нави гарм.

Акка агар шақ-шақ кунад,
Меҳмон дара тақ-тақ кунад.
Акка аз шохи  баланди дарахт омадани одамони ноошноро дида шақ-шақ мекунад, барои огоҳ кардани паррандаҳо аз душман.

Барака дар сари чошт.
Чошт ҳамон тӯдаи ҳосил аст. Агар дар Самарқанд, касе аз шиносҳои наздик аз назди хирмани ҳосили нав масалан картошка гузарад, деҳқон мегӯяд: Картошка хӯред!
Ман аввал намефаҳмидам,  ки чаро ба ҷои баред, хӯред мегӯянд. Дертар фаҳмидам, ки хӯред ба маънои чӣ қадар, ки бо худ баред будааст.

Ҳафт кас як касро интизор намешавад.
Як кас набояд ду ё се касро зиёд интизор кунад. Ҳамин, ки вақти ваъдагӣ шуд, яке ин мақолро мегӯяд ва ба ӯ интизор нашуда мераванд.

Ба панҷоҳ чун расидӣ, ёбӣ сустӣ,
Ва баъди шаст наёбӣ тандурустӣ.
Аз чил то шастсолагӣ давраи миёнсолӣ ва аз шаст то 75-солагӣ давраи солхӯрдагист. Дар давраи солхӯрдагӣ бемориҳо меафзоянд.
Нафас ҳар дам зи қасри умр хиште меканад, Бедил,
Паи таъмири ин вайрона меъмор инҷунин бояд.

Бемор бемор не,
Бемордор бемор.
Оиди бемордории бемори хеста наметавонистагӣ мегӯянд.

Барои як каса фаҳмидан, ҳамроҳаш ду пуд намак хӯрдан даркор.
Яъне он қадар таом хӯрдан даркор, ки ду пуд – сию ду кило намак тамом шавад. Ҳамин гуна мақол дар забони русӣ низ ҳаст.

Одама фаҳмидан хоҳӣ, ҳамроҳаш сафар кун.
Ин аз ду пуд намак хӯрдан осонтар ва вақти зиёдро намегирад.

Фарзанди падар мабош, фарзанди башар бош.
Яъне дар ҷои аввал - одамгарӣ.

Дилаша бару пулаша хӯр.
Одами дилбар пулатона хӯрад, мебахшед.

Зани бегона на ҷогаҳата гарм мекунаду на шикамата сер.
Яъне ба қадри зани ҳалоли худ бирас.

воскресенье, 8 апреля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён -18


Шӯрбоя дузд буровардагӣ.
Аз он ки дар Самарқанд палавро дӯст медоранд, ба шӯрбо нописандона нигоҳ мекунанд.

Дар хонаи бачадор ғайбат нест.

Падарҷудо бошу шикамҷудо не.
Фарзандони аз як модар таваллудшуда нисбати ҳамдигар меҳрубонтаранд. Ба ин маъно додараш бошад, аз ишками модараш бошад мегӯянд.

Гапи роста аз кӯдак шунав.

Ҳар кӣ зан надорад, роҳати тан надорад.

среда, 4 апреля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 17


Лабба кулӯха молид.
Яъне таомро аз дигарон рустӣ хӯрд.

Санга хӯр.
Агар бача дар хӯрокхӯрӣ инҷиқӣ кунад, модараш мегӯяд.

Ба рӯй пӯстака кашид.
Яъне ба шармандагӣ қадам ниҳод.

Бетутуруқ.
Дар Самарқанд одамеро гӯянд, ки ба ваъда вафо намекунад, дурӯғ мегӯяд, ба низоми маъмули муносибатҳои шаклгирифтаи байни одамон риоя намекунад. Солҳое, ки идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар азоби  молиявӣ буд, як нафар баъди обед бой шуда ваъда дод, ки 15 ҳазор сӯм кӯмакпулӣ мекунад, агар дар борааш мақолаи ситоишӣ нависем, то ки депутати шӯрои вилоятӣ шавад. Рӯзнома ба ваъдааш вафо кард, аммо ӯ не. Ман худ ба идораи корхонаи шахсии ӯ даҳ бор ба талаби маблағи ваъдакардааш рафта будам. Не намегуфт. Ваъда медоду иҷро намекард. Дар ин давутози талаби пул камина зиёда аз 15 ҳазор сӯм дар нақлиёт харҷ карда ба чунин хулоса омада будам, ки аз бетутуруқ дуртар будан беҳтар аст.

воскресенье, 1 апреля 2018 г.

Ифодаҳои обдори самарқандиён – 16


Расидагӣ ба нордбон, нарасидагӣ ба армон.

Ба ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад.

Сабр кунӣ, аз ғӯра ҳалво мепазад.

Дар назди бача ҳавлӣ нагӯй, ки ҳалво мегӯяд.

Нонат бутун набошад ҳам, дилат бутун бошад.

Ноз кунӣ ба нозбардор кун.

Хоҳӣ нашавӣ расво ҳамранги ҷамоат бош.

Ба худодода ситеза макун, ки ба худодода Худо додааст.