вторник, 17 апреля 2018 г.

Оиди аҳамияти зарбулмасалу мақолҳо


Донишманди шинохтаи илми забоншиносии тоҷик, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Амон Воҳидов баъди чопи ду порча аз маҷмӯаи «Ифодаҳои обдори самарқандиён» дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» 7.04.2018 мақолае таҳти унвони «Шираи забон» чоп карданд, ки эҳтироми бузургест нисбати забони модарӣ. Дар ин мақолаи дарҳақиқат олимона фикрҳои дурусти донишмандона баён шудаанд. Воқеан ҳам дар баъзе маврид камина маънои аслии мақолро шаҳр додаам ва аз шарҳи маъноҳои маҷозии он худдорӣ кардаам.

Гуфтаниам, ки ин коре, ки кардам, як навъ ба ёди мардум овардани баъзе мақолҳои аз забонҳо гумшудаистода, ба  онҳо додани як тобиши нав буд. Ба ин сабаб ба он талабҳои илмие, ки илми мақолшиносӣ пеш гузоштааст, кам эътибор додаам.


Ба ин сабаб навиштаам, ки масалан дар мақоли «Аз шафтолу боғ намешаваду аз буз мол» шафтолу асосан се сол ҳосил медиҳад, буз бошад моли сергӯшт нест. Яъне маънои аслиро шаҳр додам на маънои маҷозиро.

Фикр кардам, ки мардум маънои маҷозиро медонанд, ки ин ҷо шафтолу ва буз маъноҳои дигар доранд.

Амали нависанда аз амали олим фарқ дорад. Нависанда дар чунин маврид  озодтар аст ва эҷодкорона рафтор намудааст ва бо шаҳр ба мақол як тобиши дигар додан мехоҳад.

«Ибораҳои обдори самарқандиён»-ро донишманди мӯҳтарам мақол, зарбулмасал ва афоризмҳо номидаанд. Дар ҳақиқат онҳо панди рӯзгоранд ва аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд.

Ҷамъоварӣ кардан ва чоп намудани онҳо ба афзоиши сарвати забони зиндаи халқ, забони адабии он хизмат хоҳад кард.

Амон Воҳидов дуруст таъкид кардаанд, ки бадеияти зарбулмасал, мақол ва афоризмҳо дар маҷоз ифода меёбад ва ҳамин ҷиҳати он бояд шарҳу тафсир шавад.

Аммо доираи истифодаи як мақол дар мавридҳои гуногун он қадар зиёд аст, ки ҳамаи онро ёфта шаҳр додан мушкил ва кори каминаро нимтафсилӣ гӯем, хато намекунем.

Олими беамал – занбӯри беасал. Дар Ӯзбекистон забоншиносони тоҷик кам нестанд. Аммо то имрӯз дар ҷамъоварӣ ва тадқиқи ин ҷиҳати забони гуфтории мардум кори илмии назаррас нашудааст. Ҷамъ овардани афоризму мақолҳои халқӣ барои фолклершиносу олими забон кори касбӣ бошад, барои муаллимони забону адабиёти мактабҳо, рӯзноманигорону аҳли қалам, мухлисони забони модарӣ кори савоб ва нишонаи ватандӯстиву арҷ гузоштан ва қадршиносии модар аст.

Ба мавзӯъҳо тақсим кардани ин сарвати забон, ки омӯхтану тадқиқи илмии онро осон мекунад, кори донишмандон аст.

 Камина солҳои охир бисёр мешунавам, ки ҳазорҳо тоҷикони ба Амрико ё кишварҳои дигар рафта муқимӣ гардида аз забони модарии худ дур шуда бо душворӣ ягон мақол ё зарбулмасалро ба ёд меоранд. Бачаҳои тоҷики дар он кишварҳо таваллуд шуда наввад дар сад забони модариашонро намедонанд. Ман хостам ба ёди онҳо расонам, ки забон ҳамту як маҷмӯъи калимаҳо нест, он аз образҳои бадеӣ иборат аст, бо гум кардани забони модарӣ кас образнок фикр кардан, образнок гап заданро гум мекунад. Агар инсон фавқулодда боистеъдод набошад, дар забони ғайр бо калимаву ибораҳое, ки ширае надоранд, аз ибораҳои бадейи дар тӯли ҳазорсолаҳо эҷод намудаи халқ бенасиб гап задан мегирад. Дар натиҷа маънавиёти ӯ сахт зарар мебинад.

Ба ғайри ин зарбулмасалҳо тарзи зиндагии моро, маданияти моро, одамгарии мардуми моро ифода мекунанд. Мақолҳои «Зан кор кунаду мард лоф занад» (масъалаи мардикории имрӯза), Аз худиҳо гила кунӣ, меҳри бегона меравад, Акка роҳравии кабка ёд мегирам гуфта роҳравии худаша гум кардас, Дили мӯъмин – арши худо, Дӯст дӯсту ҳисобаш роҳи рост, Хунро бо хун намешӯянд, Маҷит ҷои г.. нест, Як ман илмба сад ман ақл даркор, Инсоф – пояи тоат, Мусулмонӣ – ба аста секин, Аввал иқтисод баъд сиёсат ва ба ин монанд мақолу  зарбулмасалҳо тарзи зиндагии мардумро ифода мекунанд ва мафкураи одамонро ташаккул додаанд.

Яъне мо як навъ таҷассуми фалсафаи ҳаётро дар  онҳо мебинем. Каси аз забони модарӣ дур гардида баробари гум кардани сарвати забон фалсафаи зиндагиро низ аз даст дода ба қавле як чӯби хушк шуда мемонад.

Барои он  ки пеш аз ҳама аз Ватан дурафтодаҳо аз ин мероси аҷдодӣ бенасиб нашаванд, ман он чӣ ҷамъ овардам, то ҷое шаҳр додам ва ба Интернет дар блоги фарҳангии худам Герби шердор гузоштам.

Ногуфта намонад, ки аҳамияти зарбулмасалу мақол зиёдтар аз он аст, ки менависанду мегӯянд. Масалан донишмандон тадқиқ карда муайян намудаанд, ки аз зарбулмасалҳои тоҷикӣ оиди маргу зиндагӣ танҳо 0.7 фоизи сади он ба мавзӯи марг аст. Ба ин сабаб характери халқи моро аз рӯи ҳамин нишондод оптимист, яъне хушбин гуфтаанд.

Дар Институти забон ва адабиёти Тоҷикистон зиёда аз даҳ ҳазор зарбулмасалу мақол ва зиёда аз панҷ ҳазор ибораҳоро ҷамъоварӣ ва нашр кардаанд. Он чизе, ки камина аз Самарқанд ҷамъ кардам, даҳяки он нест. Дар ин марз ҷазираҳои кашфнашуда ҳанӯз зиёданд.

Забон як чизи зинда, дар он зарбулмасалу мақолҳои нав пайдо мешаванд, зеро халқ эҷодкор аст, табиати шоирона дорад, таҷрибаи ғункардаашро лӯнда ва мухтасар ифода кардан мехоҳад.

Яъне дар гирдоварӣ ва тадқиқи илмӣ, ба халқ боз гардондани ин мероси гаронбаҳо ба воситаҳои ахбори оммавӣ корҳои азиме дар пешанд. Масалан дар байни зарбулмасал ва мақолҳои камина гирдоварда наву обнарасидаи онҳо ё азёдрафтаи онҳо низ ҳастанд.

Камина дар интихоб танҳо ба  аҳамиятнокии онҳо эътибор дода аз мақолҳои камаҳамият ё ба замони нав номуносиб сарфи назар кардам.

Ба ин сабаб унвони умумии онҳоро «Баъзе ифодаҳои обдори самарқандиён» номам, саҳеҳтар хоҳад буд.

Инҳо моли ман не, моли халқанд. Ба камина танҳо шарҳу тафсир ва ҳикоёте, ки барои чанд зарбурмасал навиштам, тааллуқ дорад.

Зарбулмасалу мақолҳо, афоризмҳо пуртаъсиртарин воситаанд дар тарбияи ахлоқии инсон. Барои боз ҳам зиёдтар таъсир карданаш халқ баъзан суханҳои ғайришаръиро ба кор бурдааст, ки хоси мардон аст ва шунидан ё хондани онҳо ба бонувон мувофиқ нест. Аз ин гуна мавод сарфи назар шуд.

Доираи истифодаи зарбулмасалу мақол бисёр васеъ аст. Масалан зарбулмасали «Дар чилсолагӣ танбӯр омӯзӣ, дар гӯр устод хоҳӣ шуд»-ро бигирем. Ба маънои аслиаш низ кор мефармоянд. Ва аксар дар мавридҳое мегӯянд, ки касе дар калонсолӣ ба ягон касби омӯхтанаш солҳои дарозро талаб кунанда даст занад.

Вале аз ҳама муҳимтараш он аст, ки ин зарбулмасал аз маданияти баланди мусиқифаҳмии мардуми онро эҷодкарда гувоҳӣ медиҳад. Яъне дар паси ҳарфҳои ин зарбулмасал мероси гаронбаҳое чун «Шашмақом», анъанаи мақомхонӣ дар ин марз, ки танбӯр яке аз созҳои марказии он аст, истодаанд.

Комментариев нет: